بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلۡبُرُوجِ ١Қасам ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡمَوۡعُودِ ٢ва қасам ба рӯзи мавъуд وَشَاهِدٍ وَمَشۡهُودٍ ٣ва қасам ба шоҳидидиҳанда ва он чӣ ба он шоҳидӣ диҳанд قُتِلَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡأُخۡدُودِ ٤ки соҳибони уҳдуд ба ҳалокат расиданд ٱلنَّارِ ذَاتِ ٱلۡوَقُودِ ٥Оташе афрӯхта аз ҳезумҳо إِذۡ هُمۡ عَلَيۡهَا قُعُودٌ ٦он гоҳ ки бар канори он оташ нишаста буданд وَهُمۡ عَلَىٰ مَا يَفۡعَلُونَ بِٱلۡمُؤۡمِنِينَ شُهُودٌ ٧ва бар он чӣ бар сари мӯъминон меоваранд, шоҳид буданд وَمَا نَقَمُواْ مِنۡهُمۡ إِلَّآ أَن يُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَمِيدِ ٨Ва ҳеҷ айбе дар онҳо наёфтанд, ҷуз он ки ба Худои ғолиби лоиқи ситоиш имон оварда буданд ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٍ شَهِيدٌ ٩он Худое, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст ва бар ҳар чизе нозир аст إِنَّ ٱلَّذِينَ فَتَنُواْ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ ثُمَّ لَمۡ يَتُوبُواْ فَلَهُمۡ عَذَابُ جَهَنَّمَ وَلَهُمۡ عَذَابُ ٱلۡحَرِيقِ ١٠Албатта онон, ки мардону занони мӯъминро шиканҷа карданд ва тавба накарданд, азоби ҷаҳаннам ва азоби оташ барои онҳост إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمۡ جَنَّٰتٌ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡكَبِيرُ ١١Барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист ва он комёбии бузургест إِنَّ بَطۡشَ رَبِّكَ لَشَدِيدٌ ١٢Ба азоб гирифтани Парвардигори ту сахт аст إِنَّهُۥ هُوَ يُبۡدِئُ وَيُعِيدُ ١٣Ӯст, ки нахуст меофаринад ва пас аз марг зинда месозад وَهُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلۡوَدُودُ ١٤Ӯ бахшояндаву дӯстдоранда аст ذُو ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡمَجِيدُ ١٥Ӯст соҳиби арши бузург فَعَّالٌ لِّمَا يُرِيدُ ١٦Ҳар чиро ирода кунад, ба анҷом мерасонад هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ ٱلۡجُنُودِ ١٧Оё достони лашкарҳоро шунидаӣ فِرۡعَوۡنَ وَثَمُودَ ١٨Лашкарҳои Фиръавну қавми Самуд بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فِي تَكۡذِيبٍ ١٩Оре, онон, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, ҳамчунон дар дурӯғбарорӣ ҳастанд وَٱللَّهُ مِن وَرَآئِهِم مُّحِيطُۢ ٢٠ва Худо аз ҳама сӯ бар онҳо иҳота дорад بَلۡ هُوَ قُرۡءَانٌ مَّجِيدٌ ٢١Бале, ин Қуръони маҷид аст فِي لَوۡحٍ مَّحۡفُوظِۭ ٢٢дар лавҳи маҳфуз