Millat al-Islam

Chapter 72 · 28 verses · Abdolmohammad Ayati

Surah Al-Jinn in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah Al-Jinn (1221 reciters)
Meccanسورة الجن28 verses

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

قُلۡ أُوحِيَ إِلَيَّ أَنَّهُ ٱسۡتَمَعَ نَفَرٌ مِّنَ ٱلۡجِنِّ فَقَالُوٓاْ إِنَّا سَمِعۡنَا قُرۡءَانًا عَجَبًا ١Бигӯ: «Ба ман ваҳй шудааст, ки гурӯҳе аз ҷин гӯш андохтанду гуфтанд,- ки мо Қуръоне аҷиб шунидем يَهۡدِيٓ إِلَى ٱلرُّشۡدِ فَـَٔامَنَّا بِهِۦۖ وَلَن نُّشۡرِكَ بِرَبِّنَآ أَحَدًا ٢ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас мо ба он имон овардем ва ҳаргиз касеро шарики Парвардигорамон намесозем وَأَنَّهُۥ تَعَٰلَىٰ جَدُّ رَبِّنَا مَا ٱتَّخَذَ صَٰحِبَةً وَلَا وَلَدًا ٣Азамати Парвардигори мо олист. На ҳамсаре гирад, ва на фарзанде дорад وَأَنَّهُۥ كَانَ يَقُولُ سَفِيهُنَا عَلَى ٱللَّهِ شَطَطًا ٤Ва бехиради мо дар бораи Худо суханоне ба ноҳақ мегуфт وَأَنَّا ظَنَنَّآ أَن لَّن تَقُولَ ٱلۡإِنسُ وَٱلۡجِنُّ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا ٥Ва мо мепиндоштем, ки одамиву ҷин дар бораи Худо дурӯғ намегӯянд وَأَنَّهُۥ كَانَ رِجَالٌ مِّنَ ٱلۡإِنسِ يَعُوذُونَ بِرِجَالٍ مِّنَ ٱلۡجِنِّ فَزَادُوهُمۡ رَهَقًا ٦Ва низ мардоне буданд аз одамиён, ки ба мардоне аз ҷин паноҳ мебурданд ва бар саркашиашон меафзуданд وَأَنَّهُمۡ ظَنُّواْ كَمَا ظَنَنتُمۡ أَن لَّن يَبۡعَثَ ٱللَّهُ أَحَدًا ٧Ҳамчунон ки шумо мепиндоштед, онҳо ҳам мепиндоштанд, ки Худо ҳеҷ касро дубора зинда намесозад وَأَنَّا لَمَسۡنَا ٱلسَّمَآءَ فَوَجَدۡنَٰهَا مُلِئَتۡ حَرَسًا شَدِيدًا وَشُهُبًا ٨Мо ба осмон расидем ва онро пур аз нигаҳбонони қудратманду шиҳобҳо (чароғ, оташак) ёфтем وَأَنَّا كُنَّا نَقۡعُدُ مِنۡهَا مَقَٰعِدَ لِلسَّمۡعِۖ فَمَن يَسۡتَمِعِ ٱلۡأٓنَ يَجِدۡ لَهُۥ شِهَابًا رَّصَدًا ٩Мо дар он ҷойҳо, ки метавон гӯш андохт, менишастем. Аммо ҳар кӣ акнун (ба) гӯш нишинад, шиҳоберо (оташпораеро) дар камини худ ёбад وَأَنَّا لَا نَدۡرِيٓ أَشَرٌّ أُرِيدَ بِمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ أَمۡ أَرَادَ بِهِمۡ رَبُّهُمۡ رَشَدًا ١٠Аз ин рӯй намедонем, ки оё барои касоне, ки дар рӯи замин ҳастанд, бадӣ тақдир мешавад ё Парвардигорашон мехоҳад ба роҳи росташон бибарад وَأَنَّا مِنَّا ٱلصَّٰلِحُونَ وَمِنَّا دُونَ ذَٰلِكَۖ كُنَّا طَرَآئِقَ قِدَدًا ١١Баъзе аз мо солеҳанд ва баъзе ҷуз он ва мо фирқаҳое гуногунем وَأَنَّا ظَنَنَّآ أَن لَّن نُّعۡجِزَ ٱللَّهَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَن نُّعۡجِزَهُۥ هَرَبًا ١٢Мо медонем, ки Худоро дар замин нотавон намекунем ва бо гурехтан' низ нотавонаш насозем وَأَنَّا لَمَّا سَمِعۡنَا ٱلۡهُدَىٰٓ ءَامَنَّا بِهِۦۖ فَمَن يُؤۡمِنۢ بِرَبِّهِۦ فَلَا يَخَافُ بَخۡسًا وَلَا رَهَقًا ١٣Ва чун сухани ҳидоят шунидем, ба он имон овардем. Ва ҳар кӣ ба Парвардигораш имон оварад, на аз нуқсон метарсад ва на аз зулм وَأَنَّا مِنَّا ٱلۡمُسۡلِمُونَ وَمِنَّا ٱلۡقَٰسِطُونَۖ فَمَنۡ أَسۡلَمَ فَأُوْلَٰٓئِكَ تَحَرَّوۡاْ رَشَدًا ١٤Ва баъзе аз мо мусалмонанд ва баъзе аз ҳак, дур. Ва онон, ки ислом овардаанд, дар ҷустуҷӯи роҳи рост будаанд وَأَمَّا ٱلۡقَٰسِطُونَ فَكَانُواْ لِجَهَنَّمَ حَطَبًا ١٥Аммо онон, ки аз ҳақ дуранд, ҳезуми ҷаҳаннам хоҳанд буд» وَأَلَّوِ ٱسۡتَقَٰمُواْ عَلَى ٱلطَّرِيقَةِ لَأَسۡقَيۡنَٰهُم مَّآءً غَدَقًا ١٦Ва агар бар тариқаи рост пойдорӣ кунанд аз обе фаровон ба онҳо менушонем لِّنَفۡتِنَهُمۡ فِيهِۚ وَمَن يُعۡرِضۡ عَن ذِكۡرِ رَبِّهِۦ يَسۡلُكۡهُ عَذَابًا صَعَدًا ١٧то онҳоро биёзмоем. Ва ҳар кӣ аз зикри Парвардигораш рӯй гардонад, ӯро ба азобе душвор меандозад وَأَنَّ ٱلۡمَسَٰجِدَ لِلَّهِ فَلَا تَدۡعُواْ مَعَ ٱللَّهِ أَحَدًا ١٨Ва масҷидҳо аз ояи Худост. Ва бо вуҷуди Худои якто касе дигарро ба худоӣ махонед وَأَنَّهُۥ لَمَّا قَامَ عَبۡدُ ٱللَّهِ يَدۡعُوهُ كَادُواْ يَكُونُونَ عَلَيۡهِ لِبَدًا ١٩Чун бандаи Худо барои парастиши Ӯ бар пой истод, гирли ӯро гирифтанд قُلۡ إِنَّمَآ أَدۡعُواْ رَبِّي وَلَآ أُشۡرِكُ بِهِۦٓ أَحَدًا ٢٠Бигӯ: «Танҳо Парвардигорамро ибодат мекунам ва ҳеҷ касро шарики Ӯ намесозам» قُلۡ إِنِّي لَآ أَمۡلِكُ لَكُمۡ ضَرًّا وَلَا رَشَدًا ٢١Бигӯ: «Ман наметавонам ба шумо зиёне бирасонам ё шуморо ба салоҳ оварам» قُلۡ إِنِّي لَن يُجِيرَنِي مِنَ ٱللَّهِ أَحَدٌ وَلَنۡ أَجِدَ مِن دُونِهِۦ مُلۡتَحَدًا ٢٢Бигӯ: «Ҳеҷ кас маро аз уқубати Худо паноҳ надиҳад ва ман ғайри Ӯ паноҳгоҳе намеёбам إِلَّا بَلَٰغًا مِّنَ ٱللَّهِ وَرِسَٰلَٰتِهِۦۚ وَمَن يَعۡصِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ فَإِنَّ لَهُۥ نَارَ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدًا ٢٣он чӣ метавонам фақат расондани паёми Ӯ ва анҷом додани рисолатҳои Ӯ аст. Ва ҳар кӣ Худову паёмбарашро нофармонӣ кунад, насиби ӯ оташи ҷаҳаннам аст, ки ҳамеша дар он хоҳад буд حَتَّىٰٓ إِذَا رَأَوۡاْ مَا يُوعَدُونَ فَسَيَعۡلَمُونَ مَنۡ أَضۡعَفُ نَاصِرًا وَأَقَلُّ عَدَدًا ٢٤то он гоҳ ки он чиро ба онҳо ваъда дода буданд, бингаранд. Пас хоҳанд донист, чӣ касеро ёрони нотавонтар ва шумори камтар будааст» قُلۡ إِنۡ أَدۡرِيٓ أَقَرِيبٌ مَّا تُوعَدُونَ أَمۡ يَجۡعَلُ لَهُۥ رَبِّيٓ أَمَدًا ٢٥Бигӯ: «Ман намедонам, ки оё он ваъдае, ки ба шумо додаанд, наздик аст ё Парвардигори ман барои он замоне нисҳодааст عَٰلِمُ ٱلۡغَيۡبِ فَلَا يُظۡهِرُ عَلَىٰ غَيۡبِهِۦٓ أَحَدًا ٢٦Ӯ донои ғайб аст ва ғайби худро бар ҳеҷ кас ошкор намесозад إِلَّا مَنِ ٱرۡتَضَىٰ مِن رَّسُولٍ فَإِنَّهُۥ يَسۡلُكُ مِنۢ بَيۡنِ يَدَيۡهِ وَمِنۡ خَلۡفِهِۦ رَصَدًا ٢٧магар бар он паёмбаре, ки аз ӯ хушнуд бошад, зеро ки барои нигаҳбонӣ аз ӯ пеши рӯй ва пушти сараш нигаҳбоне қарор медиҳад لِّيَعۡلَمَ أَن قَدۡ أَبۡلَغُواْ رِسَٰلَٰتِ رَبِّهِمۡ وَأَحَاطَ بِمَا لَدَيۡهِمۡ وَأَحۡصَىٰ كُلَّ شَيۡءٍ عَدَدَۢا ٢٨то бидонад, ки онҳо паёмҳои Парвардигорашонро расонидаанд ва Худо ба он чӣ дар назди онҳост, иҳота дорад (бо илми худ) ва ҳама чизро ба адад шумор кардааст»

Translation: Abdolmohammad Ayati.