بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَغۡشَىٰ ١Савганд ба шаб, он гоҳ ки чаҳонро бо торикиаш бипӯшад وَٱلنَّهَارِ إِذَا تَجَلَّىٰ ٢ва савганд ба рӯз, он гоҳ ки ошкор шавад وَمَا خَلَقَ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰٓ ٣ва савганд, ба он ки нару модаро биёфарид إِنَّ سَعۡيَكُمۡ لَشَتَّىٰ ٤ки ҳосили кӯшишҳои шумо гуногун аст فَأَمَّا مَنۡ أَعۡطَىٰ وَٱتَّقَىٰ ٥Аммо касе, ки бахшоишу парҳезгорӣ кард وَصَدَّقَ بِٱلۡحُسۡنَىٰ ٦ва он беҳтаринро тасдиқ кард (калимаи тайибаро) فَسَنُيَسِّرُهُۥ لِلۡيُسۡرَىٰ ٧пас барои биҳишт омодааш мекунем وَأَمَّا مَنۢ بَخِلَ وَٱسۡتَغۡنَىٰ ٨Аммо он кас кӣ бахиливу беэҳтиёҷӣ кард وَكَذَّبَ بِٱلۡحُسۡنَىٰ ٩ва он беҳтаринро такзиб кард (дурӯғ баровард) فَسَنُيَسِّرُهُۥ لِلۡعُسۡرَىٰ ١٠ӯро барои дӯзах омода месозем وَمَا يُغۡنِي عَنۡهُ مَالُهُۥٓ إِذَا تَرَدَّىٰٓ ١١Ва чун ҳалокаш даррасад, дороияш ба ҳолаш фоида набахшад إِنَّ عَلَيۡنَا لَلۡهُدَىٰ ١٢Ва он чӣ бар Мост, роҳнамоист وَإِنَّ لَنَا لَلۡأٓخِرَةَ وَٱلۡأُولَىٰ ١٣Ва аз они Мост он ҷаҳону ин чаҳон فَأَنذَرۡتُكُمۡ نَارًا تَلَظَّىٰ ١٤Пас шуморо аз оташе, ки забона мезанад, метарсонам لَا يَصۡلَىٰهَآ إِلَّا ٱلۡأَشۡقَى ١٥ҷуз аҳли бадбахтӣ ба он дарнаяфтад ٱلَّذِي كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ ١٦он ки дурӯғ баровард ва рӯйгардон шуд وَسَيُجَنَّبُهَا ٱلۡأَتۡقَى ١٧Ва парҳезгортарин мардумро аз он дур доранд ٱلَّذِي يُؤۡتِي مَالَهُۥ يَتَزَكَّىٰ ١٨он кӣ моли худ мебахшояд ва покӣ меҷӯяд وَمَا لِأَحَدٍ عِندَهُۥ مِن نِّعۡمَةٍ تُجۡزَىٰٓ ١٩Ва ҳеҷ касро бар (гардани) ӯ ҳаққе набошад, ки акнун мукофот хоҳад إِلَّا ٱبۡتِغَآءَ وَجۡهِ رَبِّهِ ٱلۡأَعۡلَىٰ ٢٠Ғайри ҷустани хушнудии Парвардигори баландмартабаи худ وَلَسَوۡفَ يَرۡضَىٰ ٢١Ва ба зудӣ хушнуд шавад