بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
سَأَلَ سَآئِلُۢ بِعَذَابٍ وَاقِعٍ ١Пурсандае аз азобе пурсид, ки لِّلۡكَٰفِرِينَ لَيۡسَ لَهُۥ دَافِعٌ ٢бар кофирон фуруд хоҳад омад ва кас онро дафъ натавонад кард مِّنَ ٱللَّهِ ذِي ٱلۡمَعَارِجِ ٣аз ҷониби Худо, ки соҳиби осмонҳост تَعۡرُجُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَٱلرُّوحُ إِلَيۡهِ فِي يَوۡمٍ كَانَ مِقۡدَارُهُۥ خَمۡسِينَ أَلۡفَ سَنَةٍ ٤Дар рӯзе, ки миқдораш панҷоҳ ҳазор сол аст, фариштагон ва рӯҳ ба он ҷо боло раванд فَٱصۡبِرۡ صَبۡرًا جَمِيلًا ٥Пас сабр кун, сабре некӯ إِنَّهُمۡ يَرَوۡنَهُۥ بَعِيدًا ٦Онҳо он рӯзро дур мебинанд وَنَرَىٰهُ قَرِيبًا ٧ва мо наздикаш мебинем يَوۡمَ تَكُونُ ٱلسَّمَآءُ كَٱلۡمُهۡلِ ٨рӯзе, ки осмон чун филиз гудохта гардад وَتَكُونُ ٱلۡجِبَالُ كَٱلۡعِهۡنِ ٩ва кӯҳҳо чун пашм (дар сабукӣ) وَلَا يَسۡـَٔلُ حَمِيمٌ حَمِيمًا ١٠ва ҳеҷ хешованде аз ҳоли хешованди худ напурсад يُبَصَّرُونَهُمۡۚ يَوَدُّ ٱلۡمُجۡرِمُ لَوۡ يَفۡتَدِي مِنۡ عَذَابِ يَوۡمِئِذِۭ بِبَنِيهِ ١١якдигарро баробари чашмашон оранд. Гуноҳкор дӯст дорад, ки худашро бозхарад ба фарзандонаш وَصَٰحِبَتِهِۦ وَأَخِيهِ ١٢ва занаш ва бародараш وَفَصِيلَتِهِ ٱلَّتِي تُـٔۡوِيهِ ١٣ва аширааш (хешонаш), ки ӯро макон додааст وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعًا ثُمَّ يُنجِيهِ ١٤ва ҳамаи онҳо, ки дар рӯи заминанд ва наҷот ёбад كـَلَّآۖ إِنَّهَا لَظَىٰ ١٥Ҳаргиз на, ки он шӯълаи оташ аст نَزَّاعَةً لِّلشَّوَىٰ ١٦пӯсти сарро меканад تَدۡعُواْ مَنۡ أَدۡبَرَ وَتَوَلَّىٰ ١٧ҳар киро, ки ба ҳақ пушт кард ва аз фармон сар печид, ба тарафи худ мехонад وَجَمَعَ فَأَوۡعَىٰٓ ١٨ва онро, ки ҷамъ меоварду ҷой мекард ۞ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ خُلِقَ هَلُوعًا ١٩Албатта одамиро ҳарису бесабр офаридаанд إِذَا مَسَّهُ ٱلشَّرُّ جَزُوعًا ٢٠Чун бадие ба ӯ расад, беқарорӣ кунад وَإِذَا مَسَّهُ ٱلۡخَيۡرُ مَنُوعًا ٢١Ва чун моле ба дасташ афтад бахилӣ мекунад إِلَّا ٱلۡمُصَلِّينَ ٢٢магар намозгузорандагон ٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَاتِهِمۡ دَآئِمُونَ ٢٣онон, ки ба намоз мудовамат (давом) мекунанд وَٱلَّذِينَ فِيٓ أَمۡوَٰلِهِمۡ حَقٌّ مَّعۡلُومٌ ٢٤ва онон, ки дар молҳояшон ҳаққест муъайян لِّلسَّآئِلِ وَٱلۡمَحۡرُومِ ٢٥барои гадову маҳрум وَٱلَّذِينَ يُصَدِّقُونَ بِيَوۡمِ ٱلدِّينِ ٢٦ва касоне, ки рӯзи қиёматро тасдиқ мекунанд وَٱلَّذِينَ هُم مِّنۡ عَذَابِ رَبِّهِم مُّشۡفِقُونَ ٢٧ва касоне, ки аз азбоби Парвардигорашон тарсонанд إِنَّ عَذَابَ رَبِّهِمۡ غَيۡرُ مَأۡمُونٍ ٢٨ки аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِفُرُوجِهِمۡ حَٰفِظُونَ ٢٩ва касоне, ки шармгоҳи худ нигаҳ медоранд إِلَّا عَلَىٰٓ أَزۡوَٰجِهِمۡ أَوۡ مَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُهُمۡ فَإِنَّهُمۡ غَيۡرُ مَلُومِينَ ٣٠магар барои ҳамсаронашон ё канизонашон, ки дар ин ҳол, маломате бар онҳо нест فَمَنِ ٱبۡتَغَىٰ وَرَآءَ ذَٰلِكَ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡعَادُونَ ٣١Ва онон, ки ғайри инро биталабанд, аз ҳад гузаштагон ҳастанд وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِأَمَٰنَٰتِهِمۡ وَعَهۡدِهِمۡ رَٰعُونَ ٣٢Ва касоне, ки амонатҳову аҳдхои худро риъоят мекунанд وَٱلَّذِينَ هُم بِشَهَٰدَٰتِهِمۡ قَآئِمُونَ ٣٣ва касоне, ки шоҳидии худ ба ҳақ адо мекунанд وَٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَاتِهِمۡ يُحَافِظُونَ ٣٤ва касоне, ки бар намозҳошон мувозибат (давом) доранд أُوْلَٰٓئِكَ فِي جَنَّٰتٍ مُّكۡرَمُونَ ٣٥инҳо дар биҳишт гиромн ҳастанд فَمَالِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ قِبَلَكَ مُهۡطِعِينَ ٣٦Пас чист, ки кофирон ба сӯи ту мешитобанд عَنِ ٱلۡيَمِينِ وَعَنِ ٱلشِّمَالِ عِزِينَ ٣٧Даста-даста аз ҷониби чапу, аз ҷониби рост أَيَطۡمَعُ كُلُّ ٱمۡرِيٍٕ مِّنۡهُمۡ أَن يُدۡخَلَ جَنَّةَ نَعِيمٍ ٣٨Оё ҳар як аз онҳо тамаъ мекунад, ки ба биҳишти пурнеъмат дохил шавад كـَلَّآۖ إِنَّا خَلَقۡنَٰهُم مِّمَّا يَعۡلَمُونَ ٣٩Ҳаргиз на, онҳо худ медонанд,, ки аз чӣ чиз онҳоро офаридаем فَلَآ أُقۡسِمُ بِرَبِّ ٱلۡمَشَٰرِقِ وَٱلۡمَغَٰرِبِ إِنَّا لَقَٰدِرُونَ ٤٠Пас савганд ба Парвардигори машриқҳову мағрибҳо, ки Мо тавоноем عَلَىٰٓ أَن نُّبَدِّلَ خَيۡرًا مِّنۡهُمۡ وَمَا نَحۡنُ بِمَسۡبُوقِينَ ٤١ки ба ҷои онҳо мардуме беҳтар биёварем ва дар ин кор нотавон нестем فَذَرۡهُمۡ يَخُوضُواْ وَيَلۡعَبُواْ حَتَّىٰ يُلَٰقُواْ يَوۡمَهُمُ ٱلَّذِي يُوعَدُونَ ٤٢Пас бигузорашон то ба беҳудагӣ машғул шаванду ба бозича, то ба он рӯзе, ки ваъдаашон додаем, бирасанд يَوۡمَ يَخۡرُجُونَ مِنَ ٱلۡأَجۡدَاثِ سِرَاعًا كَأَنَّهُمۡ إِلَىٰ نُصُبٍ يُوفِضُونَ ٤٣рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо бадар оянд, чунон ки гӯӣ назди бутон мешитобанд خَٰشِعَةً أَبۡصَٰرُهُمۡ تَرۡهَقُهُمۡ ذِلَّةٌۚ ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمُ ٱلَّذِي كَانُواْ يُوعَدُونَ ٤٤ваҳшат бар чашмонашон ғолиб шуда ва ба хори афтодаанд: ин аст ҳамон рӯзе, ки онҳоро ваъда дода буданд