Millat al-Islam

Chapter 68 · 52 verses · Abdolmohammad Ayati

Surah Al-Qalam in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah Al-Qalam (1262 reciters)
Meccanسورة القلم52 verses

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

نٓۚ وَٱلۡقَلَمِ وَمَا يَسۡطُرُونَ ١Нун, савганд ба қалам ва он чӣ менависанд مَآ أَنتَ بِنِعۡمَةِ رَبِّكَ بِمَجۡنُونٍ ٢ки ту ба фазли Парвардигорат девона нестӣ وَإِنَّ لَكَ لَأَجۡرًا غَيۡرَ مَمۡنُونٍ ٣ва турост мукофоте бепоён وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِيمٍ ٤ва турост хулқе азим فَسَتُبۡصِرُ وَيُبۡصِرُونَ ٥Ба зудӣ ту бубинӣ ва онҳо низ бубинанд بِأَييِّكُمُ ٱلۡمَفۡتُونُ ٦ки девонагӣ дар кадом як аз шумост إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِۦ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُهۡتَدِينَ ٧Албатта Парвардигори ту беҳтар медонад чӣ касе аз тариқи Ӯ гумроҳ гашта, ва Ӯ ба роҳёфтагон донотар аст فَلَا تُطِعِ ٱلۡمُكَذِّبِينَ ٨Пас ба такзибкунандагон (дурӯғ шуморандагон) итоъат макун وَدُّواْ لَوۡ تُدۡهِنُ فَيُدۡهِنُونَ ٩Дӯст доранд, ки нармӣ кунӣ, то нармӣ кунанд وَلَا تُطِعۡ كُلَّ حَلَّافٍ مَّهِينٍ ١٠Ба ҳар фурӯмояе (пасте), ки бисёр: савганд мехӯрад пайравӣ макун هَمَّازٍ مَّشَّآءِۭ بِنَمِيمٍ ١١айбҷӯе, ки барои суханчинӣ ин ҷову он ҷо меравад مَّنَّاعٍ لِّلۡخَيۡرِ مُعۡتَدٍ أَثِيمٍ ١٢боздоранда аз хайр, аз ҳад гузаранда, гуноҳкор عُتُلِّۭ بَعۡدَ ذَٰلِكَ زَنِيمٍ ١٣дағалмарде, ношинохтанасаб أَن كَانَ ذَا مَالٍ وَبَنِينَ ١٤ба он ҷиҳат, ки соҳиби молу фарзанд аст إِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِ ءَايَٰتُنَا قَالَ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٥Чун оёти Мо бар ӯ хонда шавад, гӯяд: «Афсонаҳои пешиниён аст» سَنَسِمُهُۥ عَلَى ٱلۡخُرۡطُومِ ١٦Ба зудӣ бар биниаш доғ гузорем إِنَّا بَلَوۡنَٰهُمۡ كَمَا بَلَوۡنَآ أَصۡحَٰبَ ٱلۡجَنَّةِ إِذۡ أَقۡسَمُواْ لَيَصۡرِمُنَّهَا مُصۡبِحِينَ ١٧Мо онҳоро озмудем, чунон ки соҳибони он бустонҳоро озмудем. Он гоҳ., ки қасам хӯрданд, ки фардо бомдод меваҳоро хоҳанд чид وَلَا يَسۡتَثۡنُونَ ١٨Ва иншооллоҳ нагуфтанд فَطَافَ عَلَيۡهَا طَآئِفٌ مِّن رَّبِّكَ وَهُمۡ نَآئِمُونَ ١٩Пас шабҳангом, ки ба хоб буданд, офате аз осмон омад فَأَصۡبَحَتۡ كَٱلصَّرِيمِ ٢٠ва бӯстонҳо сиёҳ шуд فَتَنَادَوۡاْ مُصۡبِحِينَ ٢١Ва саҳаргоҳон якдигарро нидо доданд أَنِ ٱغۡدُواْ عَلَىٰ حَرۡثِكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰرِمِينَ ٢٢«Агар мехоҳед, мева бичинед, бомдодон ба киштзори худ биравед!» فَٱنطَلَقُواْ وَهُمۡ يَتَخَٰفَتُونَ ٢٣Ба роҳ афтоданд ва оҳиста мегуфтанд أَن لَّا يَدۡخُلَنَّهَا ٱلۡيَوۡمَ عَلَيۡكُم مِّسۡكِينٌ ٢٤ки имрӯз набояд бенавое ба бӯстони шумо дарояд وَغَدَوۡاْ عَلَىٰ حَرۡدٍ قَٰدِرِينَ ٢٥Субҳгоҳон ба ин ният, ки метавонанд бенаворо манъ кунанд, берун шуданд فَلَمَّا رَأَوۡهَا قَالُوٓاْ إِنَّا لَضَآلُّونَ ٢٦Чун бӯстонҳои худро диданд, гуфтанд: «Роҳро гум кардаем بَلۡ نَحۡنُ مَحۡرُومُونَ ٢٧На, мо аз ҳосил маҳрум шудаем» قَالَ أَوۡسَطُهُمۡ أَلَمۡ أَقُل لَّكُمۡ لَوۡلَا تُسَبِّحُونَ ٢٨Некмардашон гуфт: «Шуморо нагуфгам, чаро Худоро тасбеҳ намегӯед?» قَالُواْ سُبۡحَٰنَ رَبِّنَآ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ ٢٩Гуфтанд,: «Пок аст Парвардигори мо, мо ситамкор будем» فَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٍ يَتَلَٰوَمُونَ ٣٠Пас забон ба маломати якдигар кушуданд قَالُواْ يَٰوَيۡلَنَآ إِنَّا كُنَّا طَٰغِينَ ٣١Гуфтанд: «Вой бар мо, мо мардуме саркаш будаем عَسَىٰ رَبُّنَآ أَن يُبۡدِلَنَا خَيۡرًا مِّنۡهَآ إِنَّآ إِلَىٰ رَبِّنَا رَٰغِبُونَ ٣٢бошад, ки Парвардигори 'мо дар иваз чизе беҳтар аз он моро диҳад, Мо ба Парвардигори худ рӯй овардаем!» كَذَٰلِكَ ٱلۡعَذَابُۖ وَلَعَذَابُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَكۡبَرُۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ٣٣Инчунин аст азоб! Ва агар бидонанд, азоби охират бузургтар аст إِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ عِندَ رَبِّهِمۡ جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ ٣٤Барои парҳезгорон дар назди Парвардигорашон бӯстонҳоест пурнеъмат أَفَنَجۡعَلُ ٱلۡمُسۡلِمِينَ كَٱلۡمُجۡرِمِينَ ٣٥Оё бо таслимшудагон чун ба гунаҳкорон рафтор мекунем مَا لَكُمۡ كَيۡفَ تَحۡكُمُونَ ٣٦Шуморо чӣ мешавад? Чӣ тавр доварӣ мекунед أَمۡ لَكُمۡ كِتَٰبٌ فِيهِ تَدۡرُسُونَ ٣٧Оё шуморо китобест, ки аз он мехонед إِنَّ لَكُمۡ فِيهِ لَمَا تَخَيَّرُونَ ٣٨Ва ҳар чӣ ихтиёр кунед, дар он ҳаст أَمۡ لَكُمۡ أَيۡمَٰنٌ عَلَيۡنَا بَٰلِغَةٌ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ إِنَّ لَكُمۡ لَمَا تَحۡكُمُونَ ٣٩Ё бо Мо паймоне, ки то рӯзи қиёмат кашад, бастаед, ки ба ҳар чӣ ҳукм кунед, ҳаққи шумо бошад سَلۡهُمۡ أَيُّهُم بِذَٰلِكَ زَعِيمٌ ٤٠Аз онҳо бипурс, кадом якашон зомини чунин паймонест أَمۡ لَهُمۡ شُرَكَآءُ فَلۡيَأۡتُواْ بِشُرَكَآئِهِمۡ إِن كَانُواْ صَٰدِقِينَ ٤١Ё онҳоро шариконест? Агар рост мегӯянд, шарикони худро биёваранд يَوۡمَ يُكۡشَفُ عَن سَاقٍ وَيُدۡعَوۡنَ إِلَى ٱلسُّجُودِ فَلَا يَسۡتَطِيعُونَ ٤٢Рӯзе, ки он воқеъаи азим рӯй диҳад ва онҳоро ба саҷда даъваткунанд, вале натавонанд خَٰشِعَةً أَبۡصَٰرُهُمۡ تَرۡهَقُهُمۡ ذِلَّةٌۖ وَقَدۡ كَانُواْ يُدۡعَوۡنَ إِلَى ٱلسُّجُودِ وَهُمۡ سَٰلِمُونَ ٤٣Ваҳшат дар чашмонашон пайдост, хори бар онҳо ғолиб шудааст, пеш аз ин низ онҳоро дар айни тандуруст ба саҷда даъват карда буданд فَذَرۡنِي وَمَن يُكَذِّبُ بِهَٰذَا ٱلۡحَدِيثِۖ سَنَسۡتَدۡرِجُهُم مِّنۡ حَيۡثُ لَا يَعۡلَمُونَ ٤٤Пас Маро ба онҳо, ки ин суханро дурӯғ мебароранд вогузор, то андак-андак,: чунон ки дарнаёбанд, ба азоб гиремашон وَأُمۡلِي لَهُمۡۚ إِنَّ كَيۡدِي مَتِينٌ ٤٥ва ба онҳо мӯҳлат диҳам. Албатта макри Ман макре устувор аст أَمۡ تَسۡـَٔلُهُمۡ أَجۡرًا فَهُم مِّن مَّغۡرَمٍ مُّثۡقَلُونَ ٤٦Ё аз онон музде талабидаӣ ва акнун аз адои он дар ранҷанд أَمۡ عِندَهُمُ ٱلۡغَيۡبُ فَهُمۡ يَكۡتُبُونَ ٤٧Ё илми ғайб медонанд ва онҳо, менависанд فَٱصۡبِرۡ لِحُكۡمِ رَبِّكَ وَلَا تَكُن كَصَاحِبِ ٱلۡحُوتِ إِذۡ نَادَىٰ وَهُوَ مَكۡظُومٌ ٤٨Дар баробари фармони Парвардигорат собир бош ва чун соҳиби моҳӣ мабош, ки бо диле пурандӯҳ нидо дардод لَّوۡلَآ أَن تَدَٰرَكَهُۥ نِعۡمَةٌ مِّن رَّبِّهِۦ لَنُبِذَ بِٱلۡعَرَآءِ وَهُوَ مَذۡمُومٌ ٤٩Агар неъмати Парвардигораш набуд, дар айни бадҳолӣ ба саҳрое беобу гиёҳ меафтод فَٱجۡتَبَٰهُ رَبُّهُۥ فَجَعَلَهُۥ مِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ ٥٠Пас Парвардигораш ӯро ихтиёр кард ва дар зумраи солеҳонаш даровард وَإِن يَكَادُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَيُزۡلِقُونَكَ بِأَبۡصَٰرِهِمۡ لَمَّا سَمِعُواْ ٱلذِّكۡرَ وَيَقُولُونَ إِنَّهُۥ لَمَجۡنُونٌ ٥١Ва кофирон чун Қуръонро шуниданд, наздик буд, ки туро, бо чашмони худ билағжонанд ва мегӯянд, ки ӯ девона аст وَمَا هُوَ إِلَّا ذِكۡرٌ لِّلۡعَٰلَمِينَ ٥٢ва ҳол он ки Қуръон барои ҷаҳониён фақат панде аст

Translation: Abdolmohammad Ayati.