بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
وَٱلصَّٰٓفَّٰتِ صَفًّا ١Савганд ба он фариштагон, ки барои Худо саф бастаанд فَٱلزَّٰجِرَٰتِ زَجۡرًا ٢савганд ба он фариштагон, ки абрҳоро меронанд فَٱلتَّٰلِيَٰتِ ذِكۡرًا ٣савганд ба он фариштагон, ки зикри Худоро мехонанд إِنَّ إِلَٰهَكُمۡ لَوَٰحِدٌ ٤ки Худои шумо Худои яктост رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا وَرَبُّ ٱلۡمَشَٰرِقِ ٥Парвардигори осмонҳову замин аст ва ҳар чӣ дар миёни онҳост. Ва Парвардигори машрикҳост إِنَّا زَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنۡيَا بِزِينَةٍ ٱلۡكَوَاكِبِ ٦Мо осмони дунёро ба зинати ситорагон биёростем وَحِفۡظًا مِّن كُلِّ شَيۡطَٰنٍ مَّارِدٍ ٧Ва аз ҳар шайтони нофармон нигаҳ доштем لَّا يَسَّمَّعُونَ إِلَى ٱلۡمَلَإِ ٱلۡأَعۡلَىٰ وَيُقۡذَفُونَ مِن كُلِّ جَانِبٍ ٨То сухани сокинони олами болоро нашнаванд ва аз ҳар сӯй ронда шаванд دُحُورًاۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ وَاصِبٌ ٩То дур гарданд ва барои онҳост азобе доим إِلَّا مَنۡ خَطِفَ ٱلۡخَطۡفَةَ فَأَتۡبَعَهُۥ شِهَابٌ ثَاقِبٌ ١٠Ғайри он шайтон, ки ногаҳон чизе бирабояд ва ногаҳон шӯълаи сӯзандае дунболаш кунад فَٱسۡتَفۡتِهِمۡ أَهُمۡ أَشَدُّ خَلۡقًا أَم مَّنۡ خَلَقۡنَآۚ إِنَّا خَلَقۡنَٰهُم مِّن طِينٍ لَّازِبِۭ ١١Пас, аз кофирон бипурс, ки оё офариниши онҳо душвортар аст ё он чӣ Мо офаридаем. Мо онҳоро аз гиле часпанда офаридаем بَلۡ عَجِبۡتَ وَيَسۡخَرُونَ ١٢Ту дар тааҷҷуб шудӣ ва онҳо масхара мекунанд وَإِذَا ذُكِّرُواْ لَا يَذۡكُرُونَ ١٣Ва чун ба онҳо панд дода шавад, панд, намепазиранд وَإِذَا رَأَوۡاْ ءَايَةً يَسۡتَسۡخِرُونَ ١٤Ва чун ояе бубинанд, аз якдигар мехоҳанд, то онро ба масхара гиранд وَقَالُوٓاْ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٌ مُّبِينٌ ١٥Ва мегӯянд: «Ин чизе ғайри ҷодуи ошкор нест أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ ١٦оё вақте ки мо мурдем ва хоку устухон шудем, моро зинда мекунанд أَوَءَابَآؤُنَا ٱلۡأَوَّلُونَ ١٧ё падарони моро?» قُلۡ نَعَمۡ وَأَنتُمۡ دَٰخِرُونَ ١٨Бигӯ: «Бале, ва шумо хору бечора мешавед!» فَإِنَّمَا هِيَ زَجۡرَةٌ وَٰحِدَةٌ فَإِذَا هُمۡ يَنظُرُونَ ١٩Ва онон худ хоҳанд дид, ки ба як фармон ҳамаро зинда мекунанд وَقَالُواْ يَٰوَيۡلَنَا هَٰذَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ ٢٠Мегӯянд: «Вой бар мо, ин ҳамон рӯзи ҷазост!» هَٰذَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِ ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ ٢١Ин ҳамон рӯзи довари аст, ки дурӯғаш мепиндоштед ۞ ٱحۡشُرُواْ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ وَأَزۡوَٰجَهُمۡ وَمَا كَانُواْ يَعۡبُدُونَ ٢٢Ононро, ки зулм мекарданд ва ҳамроҳонашонро ва онҳоеро, ки ба ҷои Худои якто мепарастиданд, ҷамъ оваред مِن دُونِ ٱللَّهِ فَٱهۡدُوهُمۡ إِلَىٰ صِرَٰطِ ٱلۡجَحِيمِ ٢٣Ҳамаро ба роҳи ҷаҳаннам роҳ нишон диҳед وَقِفُوهُمۡۖ إِنَّهُم مَّسۡـُٔولُونَ ٢٤Ва нигаҳ доредашон, бояд бозхост шаванд مَا لَكُمۡ لَا تَنَاصَرُونَ ٢٥«Чаро якдигарро ёрӣ намекунед?» بَلۡ هُمُ ٱلۡيَوۡمَ مُسۡتَسۡلِمُونَ ٢٦На, имрӯз ҳама таслимшавандагонанд وَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٍ يَتَسَآءَلُونَ ٢٧Ва он гоҳ рӯй ба якдигар кунанд ва бипурсанд قَالُوٓاْ إِنَّكُمۡ كُنتُمۡ تَأۡتُونَنَا عَنِ ٱلۡيَمِينِ ٢٨Гӯянд: «Шумо будед, ки аз дари некхоҳӣ бар мо медаромадед» قَالُواْ بَل لَّمۡ تَكُونُواْ مُؤۡمِنِينَ ٢٩Гӯянд: «На, шумо имон наёварда будед وَمَا كَانَ لَنَا عَلَيۡكُم مِّن سُلۡطَٰنِۭۖ بَلۡ كُنتُمۡ قَوۡمًا طَٰغِينَ ٣٠Моро бар шумо ҳеҷ ғолибияте набуд. Шумо худ мардумоне нофармон будед فَحَقَّ عَلَيۡنَا قَوۡلُ رَبِّنَآۖ إِنَّا لَذَآئِقُونَ ٣١Гуфтаи Парвардигорамон бар мо воҷид шуд. Акнун бояд бичашем فَأَغۡوَيۡنَٰكُمۡ إِنَّا كُنَّا غَٰوِينَ ٣٢Мо шуморо гумроҳ кардем ва худ низ гумроҳ будем» فَإِنَّهُمۡ يَوۡمَئِذٍ فِي ٱلۡعَذَابِ مُشۡتَرِكُونَ ٣٣Дар он рӯз ҳама дар азоб шариканд إِنَّا كَذَٰلِكَ نَفۡعَلُ بِٱلۡمُجۡرِمِينَ ٣٤Мо бо гунаҳкорон чунин мекунем إِنَّهُمۡ كَانُوٓاْ إِذَا قِيلَ لَهُمۡ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱللَّهُ يَسۡتَكۡبِرُونَ ٣٥Чун ба онон гуфта мешуд, ки ғайри Худои якто худое нест, такаббур мекарданд وَيَقُولُونَ أَئِنَّا لَتَارِكُوٓاْ ءَالِهَتِنَا لِشَاعِرٍ مَّجۡنُونِۭ ٣٦ва мегуфтанд: «Оё ба хотири шоири девонае худоёнамонро тарк гӯем?» بَلۡ جَآءَ بِٱلۡحَقِّ وَصَدَّقَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ٣٧На, он паёмбар ҳақро овард ва паёмбарони пешинро тасдиқ кард إِنَّكُمۡ لَذَآئِقُواْ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡأَلِيمِ ٣٨Шумо азоби дардоварро хоҳед чашид وَمَا تُجۡزَوۡنَ إِلَّا مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٣٩Дар баробари амалҳоятон ҷазо хоҳед дид إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ ٤٠Ғайри бандагони мухлиси Худо أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ رِزۡقٌ مَّعۡلُومٌ ٤١ки онҳоро ризқе муъайян аст فَوَٰكِهُ وَهُم مُّكۡرَمُونَ ٤٢аз меваҳо, ва гиромӣ доштагонанд فِي جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ ٤٣дар биҳиштҳои пурнеъмат عَلَىٰ سُرُرٍ مُّتَقَٰبِلِينَ ٤٤бар тахтҳое, ки рӯбарӯи ҳаманд يُطَافُ عَلَيۡهِم بِكَأۡسٍ مِّن مَّعِينِۭ ٤٥Ва ҷоме аз чашмаи хушгувор миёнашон ба гардиш дарояд بَيۡضَآءَ لَذَّةٍ لِّلشَّٰرِبِينَ ٤٦сафед асту нӯшандагонашро лаззатбахш لَا فِيهَا غَوۡلٌ وَلَا هُمۡ عَنۡهَا يُنزَفُونَ ٤٧на дарди сар орад ва на нӯшанда маст шавад وَعِندَهُمۡ قَٰصِرَٰتُ ٱلطَّرۡفِ عِينٌ ٤٨Заноне фарохчашм, ки танҳо ба шавҳарони худ назар доранд, ҳамдами онҳоянд كَأَنَّهُنَّ بَيۡضٌ مَّكۡنُونٌ ٤٩Ҳамонанди тухми мурғҳое дур аз дастрас فَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٍ يَتَسَآءَلُونَ ٥٠Рӯ ба якдигар кунанд ва гуфтугӯ кунанд قَالَ قَآئِلٌ مِّنۡهُمۡ إِنِّي كَانَ لِي قَرِينٌ ٥١Яке аз онҳо гӯяд: «Маро ҳамнишине буд يَقُولُ أَءِنَّكَ لَمِنَ ٱلۡمُصَدِّقِينَ ٥٢ки мегуфт: «Оё ту аз онҳо ҳастӣ, ки тасдиқ мекунанд أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَدِينُونَ ٥٣Оё он гоҳ, ки мурдему хоку устухон шудем, ҷазоямон медиҳанд?» قَالَ هَلۡ أَنتُم مُّطَّلِعُونَ ٥٤Гӯянд: «Метавонед аз боло бинигаред?» فَٱطَّلَعَ فَرَءَاهُ فِي سَوَآءِ ٱلۡجَحِيمِ ٥٥Аз боло бинигарад ва ӯро дар миёни оташи дӯзах бинад قَالَ تَٱللَّهِ إِن كِدتَّ لَتُرۡدِينِ ٥٦Гуядаш: «Ба Худо савганд, наздик буд, ки маро ба ҳалокат афканӣ وَلَوۡلَا نِعۡمَةُ رَبِّي لَكُنتُ مِنَ ٱلۡمُحۡضَرِينَ ٥٧Ва агар мавҳибати (бахшиши) Парвардигорам набуд, ман низ аз ҳозиршудагони азоб мебудам أَفَمَا نَحۡنُ بِمَيِّتِينَ ٥٨Оё моро марге нест إِلَّا مَوۡتَتَنَا ٱلۡأُولَىٰ وَمَا نَحۡنُ بِمُعَذَّبِينَ ٥٩ҷуз он марги нахустин? Ва дигар азобамон намекунанд?» إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ ٦٠Ҳар оина (албатта) ин аст комёбии бузург لِمِثۡلِ هَٰذَا فَلۡيَعۡمَلِ ٱلۡعَٰمِلُونَ ٦١Амалкунандагон бояд барои чунин мукофоте амал кунанд أَذَٰلِكَ خَيۡرٌ نُّزُلًا أَمۡ شَجَرَةُ ٱلزَّقُّومِ ٦٢Оё хӯришро ин беҳтар ё дарахти заққум إِنَّا جَعَلۡنَٰهَا فِتۡنَةً لِّلظَّٰلِمِينَ ٦٣Мо он дарахтро барои ибтилои (гирифтории) ситамкорон падид овардаем إِنَّهَا شَجَرَةٌ تَخۡرُجُ فِيٓ أَصۡلِ ٱلۡجَحِيمِ ٦٤Дарахтест, ки аз қаъри ҷаҳаннам мерӯяд طَلۡعُهَا كَأَنَّهُۥ رُءُوسُ ٱلشَّيَٰطِينِ ٦٥Мевааш монанди сари шайтонҳо аст فَإِنَّهُمۡ لَأٓكِلُونَ مِنۡهَا فَمَالِـُٔونَ مِنۡهَا ٱلۡبُطُونَ ٦٦дӯзахиён аз он мехӯранд ва шикам пур месозанд ثُمَّ إِنَّ لَهُمۡ عَلَيۡهَا لَشَوۡبًا مِّنۡ حَمِيمٍ ٦٧ва бар сари он омехтае аз оби сӯзон менушанд ثُمَّ إِنَّ مَرۡجِعَهُمۡ لَإِلَى ٱلۡجَحِيمِ ٦٨Сипас бозгашташон ба ҳамон ҷаҳаннам аст إِنَّهُمۡ أَلۡفَوۡاْ ءَابَآءَهُمۡ ضَآلِّينَ ٦٩Онҳо падарони худро пеш аз худ гумроҳ ёфтанд فَهُمۡ عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِمۡ يُهۡرَعُونَ ٧٠ва аз паи онҳо шитобон мераванд وَلَقَدۡ ضَلَّ قَبۡلَهُمۡ أَكۡثَرُ ٱلۡأَوَّلِينَ ٧١Ва пеш аз онҳо бештар пешиниён гумроҳ шуданд وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا فِيهِم مُّنذِرِينَ ٧٢Ва Мо бимдиҳандагоне ба миёнашон фиристодем فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُنذَرِينَ ٧٣Пас бингар, ки саранҷоми он бимёфтагон чӣ гуна буд إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ ٧٤Ғайри бандагони мухлиси Худо وَلَقَدۡ نَادَىٰنَا نُوحٌ فَلَنِعۡمَ ٱلۡمُجِيبُونَ ٧٥Нӯҳ Моро нидо кард ва Мо чӣ нек посухдиҳандае будем وَنَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥ مِنَ ٱلۡكَرۡبِ ٱلۡعَظِيمِ ٧٦Ӯ ва касонашро аз андӯҳи бузург наҷот додем وَجَعَلۡنَا ذُرِّيَّتَهُۥ هُمُ ٱلۡبَاقِينَ ٧٧Ва фарзандонашро боқӣ гузоштем وَتَرَكۡنَا عَلَيۡهِ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ ٧٨Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ ниҳодем سَلَٰمٌ عَلَىٰ نُوحٍ فِي ٱلۡعَٰلَمِينَ ٧٩Салом бар Нӯҳ бод дар саросари ҷаҳон إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ ٨٠Мо некӯкоронро чунин мукофот медиҳем إِنَّهُۥ مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٨١Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд ثُمَّ أَغۡرَقۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ ٨٢Сипас дигаронро ғарқ сохтем ۞ وَإِنَّ مِن شِيعَتِهِۦ لَإِبۡرَٰهِيمَ ٨٣Иброҳим аз пайравони ӯ буд إِذۡ جَآءَ رَبَّهُۥ بِقَلۡبٍ سَلِيمٍ ٨٤Он гоҳ ки бо диле холи аз шубҳа рӯй ба Парвардигораш овард إِذۡ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦ مَاذَا تَعۡبُدُونَ ٨٥Ба падараш ва қавмаш гуфт: «Чӣ мепарастед أَئِفۡكًا ءَالِهَةً دُونَ ٱللَّهِ تُرِيدُونَ ٨٦Оё ба ҷои Худои якто худоёни дурӯғинро мехоҳед فَمَا ظَنُّكُم بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٨٧Ба Парвардигори ҷаҳониён чӣ гумон доред?» فَنَظَرَ نَظۡرَةً فِي ٱلنُّجُومِ ٨٨Нигоҳе ба ситорагон кард فَقَالَ إِنِّي سَقِيمٌ ٨٩ва гуфт: «Ман беморам!» فَتَوَلَّوۡاْ عَنۡهُ مُدۡبِرِينَ ٩٠Аз ӯ рӯйгардон шуданд ва бозгаштанд فَرَاغَ إِلَىٰٓ ءَالِهَتِهِمۡ فَقَالَ أَلَا تَأۡكُلُونَ ٩١Пинҳонӣ назди худоёнашон омад ва гуфт: «Чизе намехӯред مَا لَكُمۡ لَا تَنطِقُونَ ٩٢Чаро сухан намегӯед?» فَرَاغَ عَلَيۡهِمۡ ضَرۡبَۢا بِٱلۡيَمِينِ ٩٣Ва дар ниҳон дасте бақувват бар онҳо зад فَأَقۡبَلُوٓاْ إِلَيۡهِ يَزِفُّونَ ٩٤Қавмаш шитобон наздаш омаданд قَالَ أَتَعۡبُدُونَ مَا تَنۡحِتُونَ ٩٥Гуфт: «Оё чизҳоеро, ки худ метарошед, мепарастед وَٱللَّهُ خَلَقَكُمۡ وَمَا تَعۡمَلُونَ ٩٦Худои яктост, ки шумо ва ҳар чӣ месозед, офаридааст» قَالُواْ ٱبۡنُواْ لَهُۥ بُنۡيَٰنًا فَأَلۡقُوهُ فِي ٱلۡجَحِيمِ ٩٧Гуфтанд: «Барояш биное оозед ва дар оташаш андозед» فَأَرَادُواْ بِهِۦ كَيۡدًا فَجَعَلۡنَٰهُمُ ٱلۡأَسۡفَلِينَ ٩٨Хостанд то бадандешӣ кунанд, Мо низ онҳоро зердаст (хору мағлуб) гардонидем وَقَالَ إِنِّي ذَاهِبٌ إِلَىٰ رَبِّي سَيَهۡدِينِ ٩٩Гуфт: «Ман ба сӯи Парвардигорам меравам. Ӯ маро роҳнамоӣ хоҳад кард رَبِّ هَبۡ لِي مِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ ١٠٠Эй Парвардигори ман, маро фарзанде солеҳ ато кун!» فَبَشَّرۡنَٰهُ بِغُلَٰمٍ حَلِيمٍ ١٠١Пас ӯро ба писаре бурдбор хушхабар додем فَلَمَّا بَلَغَ مَعَهُ ٱلسَّعۡيَ قَالَ يَٰبُنَيَّ إِنِّيٓ أَرَىٰ فِي ٱلۡمَنَامِ أَنِّيٓ أَذۡبَحُكَ فَٱنظُرۡ مَاذَا تَرَىٰۚ قَالَ يَٰٓأَبَتِ ٱفۡعَلۡ مَا تُؤۡمَرُۖ سَتَجِدُنِيٓ إِن شَآءَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلصَّٰبِرِينَ ١٠٢Чун бо падар ба ҷое расид, ки бояд ба кор сар кунанд, гуфт: «Эй писаракам, дар хоб дидаам, ки туро забҳ мекунам. Бингар, ки чӣ меандешӣ». Гуфт: «Эй падар, ба ҳар чӣ фармон шудаӣ, амал кун, ки агар Худо бихоҳад, маро аз собирон (сабркунандагон) хоҳӣ ёфт» فَلَمَّآ أَسۡلَمَا وَتَلَّهُۥ لِلۡجَبِينِ ١٠٣Чун ҳар ду таслим шуданд ва ӯро ба пешонӣ хобонид وَنَٰدَيۡنَٰهُ أَن يَٰٓإِبۡرَٰهِيمُ ١٠٤Мо нидояш додем: «Эй Иброҳим قَدۡ صَدَّقۡتَ ٱلرُّءۡيَآۚ إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ ١٠٥хобатро ба ҳақиқат паивастӣ», Ва Мо некӯкоронро чунин мукофот медиҳем إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلۡبَلَٰٓؤُاْ ٱلۡمُبِينُ ١٠٦Ин озмоише ошкор буд وَفَدَيۡنَٰهُ بِذِبۡحٍ عَظِيمٍ ١٠٧Ва ӯро ба забҳе бузург бозхаридем وَتَرَكۡنَا عَلَيۡهِ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ ١٠٨Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем سَلَٰمٌ عَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِيمَ ١٠٩Салом бар Иброҳим كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ ١١٠Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем إِنَّهُۥ مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١١١Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд وَبَشَّرۡنَٰهُ بِإِسۡحَٰقَ نَبِيًّا مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ ١١٢Ӯро ба Исҳок — паёмбаре шоиста мужда додем وَبَٰرَكۡنَا عَلَيۡهِ وَعَلَىٰٓ إِسۡحَٰقَۚ وَمِن ذُرِّيَّتِهِمَا مُحۡسِنٌ وَظَالِمٌ لِّنَفۡسِهِۦ مُبِينٌ ١١٣Ӯ на Исҳоқро баракат додем. Ва аз фарзандонашон баъзе некӯкор ҳастанд ва баъзе ба ошкоро бар худ ситамкор وَلَقَدۡ مَنَنَّا عَلَىٰ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ ١١٤Мо ба Мӯсо ва Ҳорун неъмат додем وَنَجَّيۡنَٰهُمَا وَقَوۡمَهُمَا مِنَ ٱلۡكَرۡبِ ٱلۡعَظِيمِ ١١٥Он ду ва мардумашонро аз ранҷе бузург наҷот бахшидем وَنَصَرۡنَٰهُمۡ فَكَانُواْ هُمُ ٱلۡغَٰلِبِينَ ١١٦Ононро ёрӣ додем, то ғолиб шуданд وَءَاتَيۡنَٰهُمَا ٱلۡكِتَٰبَ ٱلۡمُسۡتَبِينَ ١١٧Ва китобе равшангарашон додем وَهَدَيۡنَٰهُمَا ٱلصِّرَٰطَ ٱلۡمُسۡتَقِيمَ ١١٨Ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем وَتَرَكۡنَا عَلَيۡهِمَا فِي ٱلۡأٓخِرِينَ ١١٩Ва номи некашонро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем سَلَٰمٌ عَلَىٰ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ ١٢٠Салом бар Мӯсо ва Ҳорун إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ ١٢١Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем إِنَّهُمَا مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١٢٢Он ду аз бандагони мӯъмини Мо буданд وَإِنَّ إِلۡيَاسَ لَمِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٢٣Ва Илёс аз паёмбарон буд إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِۦٓ أَلَا تَتَّقُونَ ١٢٤Ба мардуми худ гуфт: «Оё аз Худо наметарсед أَتَدۡعُونَ بَعۡلًا وَتَذَرُونَ أَحۡسَنَ ٱلۡخَٰلِقِينَ ١٢٥Оё Баълро ба худои мехонед ва Он беҳтарини офаринандагонро тарк мекунед ٱللَّهَ رَبَّكُمۡ وَرَبَّ ءَابَآئِكُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٢٦Парварднгори шумо ва Парвардигори падаронатон Худои яктост» فَكَذَّبُوهُ فَإِنَّهُمۡ لَمُحۡضَرُونَ ١٢٧Пас дурӯғаш бароварданд ва онон аз ҳозиркардагонанд, (дар азоб) إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ ١٢٨Ғайри бандагони мухлиси Худо وَتَرَكۡنَا عَلَيۡهِ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ ١٢٩Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем سَلَٰمٌ عَلَىٰٓ إِلۡ يَاسِينَ ١٣٠Салом бар хонадони Илёс إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ ١٣١Мо некӯкоронро инчунин подош (мукофот) медиҳем إِنَّهُۥ مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١٣٢Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд وَإِنَّ لُوطًا لَّمِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٣٣Ва Лут аз паёмбарон буд إِذۡ نَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ ١٣٤Ӯ ва ҳамаи касонашро наҷот додем إِلَّا عَجُوزًا فِي ٱلۡغَٰبِرِينَ ١٣٥Ғайри пиразане, ки бо мардуми шаҳр бимонд ثُمَّ دَمَّرۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ ١٣٦Сипас дигаронро ҳалок кардем وَإِنَّكُمۡ لَتَمُرُّونَ عَلَيۡهِم مُّصۡبِحِينَ ١٣٧Шумо бар (маскани) онҳо мегузаред бомдодон وَبِٱلَّيۡلِۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ ١٣٨ва шомгоҳон. Оё ақл намекунед وَإِنَّ يُونُسَ لَمِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٣٩Ва Юнус аз паёмбарон буд إِذۡ أَبَقَ إِلَى ٱلۡفُلۡكِ ٱلۡمَشۡحُونِ ١٤٠Чун ба он киштии пур аз мардум гурехт فَسَاهَمَ فَكَانَ مِنَ ٱلۡمُدۡحَضِينَ ١٤١қуръа заданд ва ӯ дар қуръа мағлуб шуд فَٱلۡتَقَمَهُ ٱلۡحُوتُ وَهُوَ مُلِيمٌ ١٤٢Моҳӣ фурӯ бурдаш ва ӯ лоиқи сарзаниш буд فَلَوۡلَآ أَنَّهُۥ كَانَ مِنَ ٱلۡمُسَبِّحِينَ ١٤٣Пас агар аз тасбеҳ гуён намебуд لَلَبِثَ فِي بَطۡنِهِۦٓ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ ١٤٤то рӯзи қиёмат дар шиками моҳӣ мемонд ۞ فَنَبَذۡنَٰهُ بِٱلۡعَرَآءِ وَهُوَ سَقِيمٌ ١٤٥Пас ӯро, ки бемор буд, ба хушкӣ афкандем وَأَنۢبَتۡنَا عَلَيۡهِ شَجَرَةً مِّن يَقۡطِينٍ ١٤٦Ва бар болои сараш бӯтаи кадуе рӯёнидем وَأَرۡسَلۡنَٰهُ إِلَىٰ مِاْئَةِ أَلۡفٍ أَوۡ يَزِيدُونَ ١٤٧Ва ӯро ба пайғамбарӣ бар сад ҳазор кас ва бештар фиристодем فَـَٔامَنُواْ فَمَتَّعۡنَٰهُمۡ إِلَىٰ حِينٍ ١٤٨Онҳо имон оварданд ва то зинда буданд, бархурдорияшон додем فَٱسۡتَفۡتِهِمۡ أَلِرَبِّكَ ٱلۡبَنَاتُ وَلَهُمُ ٱلۡبَنُونَ ١٤٩Аз онҳо бипурс; «Оё духтарон аз они Парвардигори ту бошанд ва писарон аз они онҳо?» أَمۡ خَلَقۡنَا ٱلۡمَلَٰٓئِكَةَ إِنَٰثًا وَهُمۡ شَٰهِدُونَ ١٥٠Оё вақте ки Мо малоикаро зан меофаридем, онҳо медиданд أَلَآ إِنَّهُم مِّنۡ إِفۡكِهِمۡ لَيَقُولُونَ ١٥١Огоҳ бош, ки аз дурӯғгӯияшон аст, ки мегӯянд وَلَدَ ٱللَّهُ وَإِنَّهُمۡ لَكَٰذِبُونَ ١٥٢«Худо соҳиби фарзанд аст». Дурӯғ мегӯянд أَصۡطَفَى ٱلۡبَنَاتِ عَلَى ٱلۡبَنِينَ ١٥٣Оё Худо духтаронро бар писарон бартарӣ дод مَا لَكُمۡ كَيۡفَ تَحۡكُمُونَ ١٥٤Шуморо чӣ мешавад? Чӣ гуна ҳукм мекунед أَفَلَا تَذَكَّرُونَ ١٥٥Оё намеандешед أَمۡ لَكُمۡ سُلۡطَٰنٌ مُّبِينٌ ١٥٦Ё бар даъвои худ далели равшане доред فَأۡتُواْ بِكِتَٰبِكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ١٥٧Агар рост мегӯед, китобатонро биёваред وَجَعَلُواْ بَيۡنَهُۥ وَبَيۡنَ ٱلۡجِنَّةِ نَسَبًاۚ وَلَقَدۡ عَلِمَتِ ٱلۡجِنَّةُ إِنَّهُمۡ لَمُحۡضَرُونَ ١٥٨Ва миёни Худову ҷинниён хешовандӣ қоил шуданд ва ҷинниён медонанд, ки ҳозиркардашудагонанд. (дар азоб) سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ ١٥٩Аз он сифат, ки меоварданд, Худо пок аст إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ ١٦٠ғайри бандагони мухлиси Худо فَإِنَّكُمۡ وَمَا تَعۡبُدُونَ ١٦١Шумо ва бутоне, ки мепарастед مَآ أَنتُمۡ عَلَيۡهِ بِفَٰتِنِينَ ١٦٢натавонистед гумроҳ кунед إِلَّا مَنۡ هُوَ صَالِ ٱلۡجَحِيمِ ١٦٣магар он касро, ки роҳии ҷаҳаннам бошад وَمَا مِنَّآ إِلَّا لَهُۥ مَقَامٌ مَّعۡلُومٌ ١٦٤«Ва ҳар кас аз мо ҷое муъайян дорад وَإِنَّا لَنَحۡنُ ٱلصَّآفُّونَ ١٦٥Албатта мо сафзадагонем وَإِنَّا لَنَحۡنُ ٱلۡمُسَبِّحُونَ ١٦٦Ва албатта мо тасбеҳгӯяндагонем» وَإِن كَانُواْ لَيَقُولُونَ ١٦٧Агарчи мегуфтанд لَوۡ أَنَّ عِندَنَا ذِكۡرًا مِّنَ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٦٨«Агар аз пешиниён назди мо китобе монда буд لَكُنَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ ١٦٩мо аз бандагони мухлиси Худо мебудем» فَكَفَرُواْ بِهِۦۖ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ ١٧٠Онҳо ба он китоб кофир шуданд ва ба зуди, ки хоҳанд фаҳмид وَلَقَدۡ سَبَقَتۡ كَلِمَتُنَا لِعِبَادِنَا ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٧١Мо дар бораи бандагонамон, ки ба пайғамбарӣ мефиристем, аз пеш тасмим гирифтаем إِنَّهُمۡ لَهُمُ ٱلۡمَنصُورُونَ ١٧٢ки албатта онон ёрӣ мешаванд وَإِنَّ جُندَنَا لَهُمُ ٱلۡغَٰلِبُونَ ١٧٣Ва лашкари Мо худ ғолибанд فَتَوَلَّ عَنۡهُمۡ حَتَّىٰ حِينٍ ١٧٤Пас то муддате аз онҳо рӯй бигардон وَأَبۡصِرۡهُمۡ فَسَوۡفَ يُبۡصِرُونَ ١٧٥Оқибаташонро бубин, онҳо низ хоҳанд дид أَفَبِعَذَابِنَا يَسۡتَعۡجِلُونَ ١٧٦Оё азоби Моро ба шитоб металабанд فَإِذَا نَزَلَ بِسَاحَتِهِمۡ فَسَآءَ صَبَاحُ ٱلۡمُنذَرِينَ ١٧٧Чун азоб ба майдонашон фарояд, ин бимдодашудагон чӣ бомдоди баде хоҳанд дошт وَتَوَلَّ عَنۡهُمۡ حَتَّىٰ حِينٍ ١٧٨Аз онҳо то чанде рӯй бигардон وَأَبۡصِرۡ فَسَوۡفَ يُبۡصِرُونَ ١٧٩Пас оқибаташонро бубин, онҳо низ хоҳанд дид سُبۡحَٰنَ رَبِّكَ رَبِّ ٱلۡعِزَّةِ عَمَّا يَصِفُونَ ١٨٠Муназзаҳ (покаст) аст Парвардигори ту — он Парвардигори пирӯзманд — аз ҳар чӣ ба васфи Ӯ мегӯянд وَسَلَٰمٌ عَلَى ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٨١Ва салом бар паёмбарон وَٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٨٢Ва ҳамд аз они Парвардигори ҷаҳониён аст