Millat al-Islam

Chapter 89 · 30 verses · Khoja Mirov

Surah Al-Fajr in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah Al-Fajr (1331 reciters)
Meccanسورة الفجر30 verses

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

وَٱلۡفَجۡرِ ١Аллоҳ савганд мехӯрад ба вақти субҳ وَلَيَالٍ عَشۡرٍ ٢ва савганд ба шабҳои даҳгона, даҳ шаби Зулҳиҷҷа, шабҳои пурфайз وَٱلشَّفۡعِ وَٱلۡوَتۡرِ ٣ва савганд ба ҷуфту тоқ, аз ҳама ашё وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَسۡرِ ٤ва савганд ба шаб, чун бигзарад هَلۡ فِي ذَٰلِكَ قَسَمٌ لِّذِي حِجۡرٍ ٥Оё хирадмандонро ин савгандҳо басанда нест أَلَمۡ تَرَ كَيۡفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِعَادٍ ٦Эй Расул, оё надидӣ, ки Парвардигори ту бо қавми Од чӣ кард إِرَمَ ذَاتِ ٱلۡعِمَادِ ٧Қавми Ирам, ки соҳиби қоматҳои баланд ва сутунмонанд буданд ٱلَّتِي لَمۡ يُخۡلَقۡ مِثۡلُهَا فِي ٱلۡبِلَٰدِ ٨Ки монанди он дар қувват ва бузургии ҷасад дар ҳеҷ шаҳре офарида нашудааст وَثَمُودَ ٱلَّذِينَ جَابُواْ ٱلصَّخۡرَ بِٱلۡوَادِ ٩Ва чӣ гуна кард бо қавми Самуд, ки дар он водӣ тахтасангҳои бузургро тарошида ва аз он барои худ хонаҳо гирифта буданд وَفِرۡعَوۡنَ ذِي ٱلۡأَوۡتَادِ ١٠Ва чӣ гуна кард бо Фиръавн, подшоҳи Миср соҳиби лашкари азим, ки мулкашро устувор ва амрашро қавӣ доштанд ٱلَّذِينَ طَغَوۡاْ فِي ٱلۡبِلَٰدِ ١١Ҳамон касоне, ки дар шаҳрҳо аз ҳад таҷовуз карданд فَأَكۡثَرُواْ فِيهَا ٱلۡفَسَادَ ١٢ва дар онҳо бисёр фасод карданд فَصَبَّ عَلَيۡهِمۡ رَبُّكَ سَوۡطَ عَذَابٍ ١٣пас Парвардигори ту тозиёнаи азобро сахт бар сарашон фуруд овард إِنَّ رَبَّكَ لَبِٱلۡمِرۡصَادِ ١٤Эй Расул, ҳамоно Парвардигорат дар камингоҳ аст. Касоне, ки Ӯро нофармонӣ карданд, андаке мӯҳлат медиҳад ва баъд аз он онҳоро ба азоби сахт гирифтор мекунад فَأَمَّا ٱلۡإِنسَٰنُ إِذَا مَا ٱبۡتَلَىٰهُ رَبُّهُۥ فَأَكۡرَمَهُۥ وَنَعَّمَهُۥ فَيَقُولُ رَبِّيٓ أَكۡرَمَنِ ١٥Аммо одамиро, чун Парвардигораш биёзмояд ва гиромиаш дорад ва неъматаш диҳад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро гиромӣ дошт» وَأَمَّآ إِذَا مَا ٱبۡتَلَىٰهُ فَقَدَرَ عَلَيۡهِ رِزۡقَهُۥ فَيَقُولُ رَبِّيٓ أَهَٰنَنِ ١٦Ва чун биёзмоядаш ва ризқашро бар ӯ танг гирад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро хор доштааст» كـَلَّاۖ بَل لَّا تُكۡرِمُونَ ٱلۡيَتِيمَ ١٧На! Чунин нест, балки гиромӣ доштан бо тоъати Аллоҳ аст ва хорӣ доштан ба нофармонбардории Ӯст, шумо ятимро гиромӣ намедоред وَلَا تَحَٰٓضُّونَ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِينِ ١٨ва ҳамдигарро ба таъом додани мискин тарғиб намекунед وَتَأۡكُلُونَ ٱلتُّرَاثَ أَكۡلًا لَّمًّا ١٩ва моли меросро ҳарисона мехӯред وَتُحِبُّونَ ٱلۡمَالَ حُبًّا جَمًّا ٢٠ва молро бисёр дӯст доред كـَلَّآۖ إِذَا دُكَّتِ ٱلۡأَرۡضُ دَكًّا دَكًّا ٢١На! Ҳаргиз чунин нест, ки мегӯед, чун замин шикаста шавад ва пора-пора гардад وَجَآءَ رَبُّكَ وَٱلۡمَلَكُ صَفًّا صَفًّا ٢٢ва Парвардигори ту барои ҳисобу китоби халқаш ояд ва фариштагон саф - саф ҳозир шаванд وَجِاْيٓءَ يَوۡمَئِذِۭ بِجَهَنَّمَۚ يَوۡمَئِذٍ يَتَذَكَّرُ ٱلۡإِنسَٰنُ وَأَنَّىٰ لَهُ ٱلذِّكۡرَىٰ ٢٣Ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир оранд, кофир панд гирад ва тавба кунад. Ва чӣ ҷои панд гирифтан бошад يَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي قَدَّمۡتُ لِحَيَاتِي ٢٤Мегӯяд: «Эй кош, ки барои ҳаёти ҷовидонаи худ пешопеш некиҳое мефиристодам». Ва чӣ ҷои пушаймонӣ аст, ки дар дунё пушаймон нашуд ва тавба накард فَيَوۡمَئِذٍ لَّا يُعَذِّبُ عَذَابَهُۥٓ أَحَدٌ ٢٥Пас дар он рӯзи душвор касе чун азоби Ӯ азоб накунад وَلَا يُوثِقُ وَثَاقَهُۥٓ أَحَدٌ ٢٦ва ҳеҷ кас монанди занҷири Ӯ ба занҷир накашад يَٰٓأَيَّتُهَا ٱلنَّفۡسُ ٱلۡمُطۡمَئِنَّةُ ٢٧Гуфта шавад: Эй рӯҳи оромишёфта, ба зикри Аллоҳ ٱرۡجِعِيٓ إِلَىٰ رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرۡضِيَّةً ٢٨хушнуду писандида ба сӯи Парвардигорат бозгард فَٱدۡخُلِي فِي عِبَٰدِي ٢٩ва дар зумраи бандагони солеҳи Ман дохил шав وَٱدۡخُلِي جَنَّتِي ٣٠ва ба ҳамроҳашон ба биҳишти Ман дарой

Translation: Khoja Mirov.