Millat al-Islam

Chapter 84 · 25 verses · Khoja Mirov

Surah Al-Inshiqaq in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah Al-Inshiqaq (1262 reciters)

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنشَقَّتۡ ١Чун осмон дар рӯзи қиёмат шикофта шавад وَأَذِنَتۡ لِرَبِّهَا وَحُقَّتۡ ٢ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад وَإِذَا ٱلۡأَرۡضُ مُدَّتۡ ٣ва ҳангоме ки замин бозкашида ва паҳн мешавад ва кӯҳҳои он дар ҳам кӯбида шавад وَأَلۡقَتۡ مَا فِيهَا وَتَخَلَّتۡ ٤ва ҳар чиро ки дар дарун дорад аз хазинаҳо ва мурдаҳо берун партояд ва холӣ гардад وَأَذِنَتۡ لِرَبِّهَا وَحُقَّتۡ ٥ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَىٰ رَبِّكَ كَدۡحًا فَمُلَٰقِيهِ ٦Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, баъд аз он ба Парвардигори хеш дар рӯзи қиёмат дидор мебинӣ, пас мукофоти амалатро ба фазлу адли Аллоҳ хоҳӣ дид فَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ ٧Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд, ӯ мӯъмин аст فَسَوۡفَ يُحَاسَبُ حِسَابًا يَسِيرًا ٨ба зудӣ аз ӯ ба таври осон ҳисоб кунанд وَيَنقَلِبُ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ مَسۡرُورًا ٩ва шодмон дар ҷаннат ба сӯи аҳлаш бозгардад وَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ وَرَآءَ ظَهۡرِهِۦ ١٠Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолаш аз пушти сар дода шавад, вай кофир аст فَسَوۡفَ يَدۡعُواْ ثُبُورًا ١١ба зудӣ нобудӣ ва ҳалокиро талаб кунад وَيَصۡلَىٰ سَعِيرًا ١٢Ва ба оташи афрӯхта дарояд إِنَّهُۥ كَانَ فِيٓ أَهۡلِهِۦ مَسۡرُورًا ١٣Зеро ӯ да р дунё назди аҳли худ шодмону мағрур зиста буд إِنَّهُۥ ظَنَّ أَن لَّن يَحُورَ ١٤Ва мепиндошт, ки ҳаргиз ба назди Парвардигораш барои ҳисоб, бознахоҳад гашт بَلَىٰٓۚ إِنَّ رَبَّهُۥ كَانَ بِهِۦ بَصِيرًا ١٥Оре, Парвардигораш ба аҳволи ӯ бино буд, аз замоне, ки ӯро биёфарид, то замоне ки ӯро аз нав зинда гардонид فَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلشَّفَقِ ١٦Пас, Аллоҳ мегӯяд: ба сурхии канораи осмони шом савганд мехӯрам وَٱلَّيۡلِ وَمَا وَسَقَ ١٧ва савганд ба шаб ва ҳар чиро ки фаро бигирад аз чорпоён ва ҳашарот ва ғайраҳо وَٱلۡقَمَرِ إِذَا ٱتَّسَقَ ١٨ва савганд ба моҳ, чун пурра шавад нури он لَتَرۡكَبُنَّ طَبَقًا عَن طَبَقٍ ١٩ки эй одамон, ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид فَمَا لَهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ ٢٠Ононро чи шудааст, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон намеоваранд وَإِذَا قُرِئَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقُرۡءَانُ لَا يَسۡجُدُونَۤ ۩ ٢١Ва ҳангоме ки Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يُكَذِّبُونَ ٢٢Балки кофирон ҳақро дурӯғ мешуморанд وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا يُوعُونَ ٢٣Ва Аллоҳ ба он чӣ дар дил доранд, донотар аст فَبَشِّرۡهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ ٢٤Пас эй Расул, ононро ба азоби дардоваре мужда бидеҳ إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمۡ أَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُونِۭ ٢٥магар касоне, ки ба Аллоҳ ва Расули Ӯ имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, подоши ҳамешагӣ доранд

Translation: Khoja Mirov.