Millat al-Islam

Chapter 56 · 96 verses · Khoja Mirov

Surah Al-Waqi'a in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah Al-Waqi'a (1348 reciters)

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

إِذَا وَقَعَتِ ٱلۡوَاقِعَةُ ١Ҳангоме ки воқеъа барпо шавад, (яъне, қиёмат воқеъ шавад) لَيۡسَ لِوَقۡعَتِهَا كَاذِبَةٌ ٢ки воқеъ шудани онро ягон касе дурӯғгӯянда нест خَافِضَةٌ رَّافِعَةٌ ٣қиёмат душманони Аллоҳро дар дӯзах пасткунандааст ва дӯстони Аллоҳро дар ҷаннат баландкунанда إِذَا رُجَّتِ ٱلۡأَرۡضُ رَجًّا ٤Он гоҳ ки замин ба сахтӣ биларзад وَبُسَّتِ ٱلۡجِبَالُ بَسًّا ٥Ва кӯҳҳо ба пуррагӣ реза-реза карда шаванд فَكَانَتۡ هَبَآءً مُّنۢبَثًّا ٦Ва чун ғуборе дар ҳаво пароканда гарданд وَكُنتُمۡ أَزۡوَٰجًا ثَلَٰثَةً ٧Ва шумо эй мардум се гурӯҳ хоҳед шуд فَأَصۡحَٰبُ ٱلۡمَيۡمَنَةِ مَآ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَيۡمَنَةِ ٨Пас гурӯҳи рост, соҳиби ҷойҳои олианд. Чи хуб аст ҷойгоҳашон وَأَصۡحَٰبُ ٱلۡمَشۡـَٔمَةِ مَآ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَشۡـَٔمَةِ ٩Ва гурӯҳи чап, соҳиби ҷойҳои пастанд. Чи бад аст ҳолашон وَٱلسَّٰبِقُونَ ٱلسَّٰبِقُونَ ١٠Ва пешсафон сӯи хубиҳо дар дунё, онҳо пешсафон сӯи дараҷаҳо дар охират мебошанд. Касоне, ки дар дунё дар анҷом додани корҳои хуб пешсафанд, дар охират пеш аз ҳама вориди ҷаннат мешаванд أُوْلَٰٓئِكَ ٱلۡمُقَرَّبُونَ ١١Инҳо муқаррабони даргоҳи Илоҳӣ ҳастанд, наздик карда шудагонанд дар назди Аллоҳ فِي جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ ١٢дар биҳиштҳои пурнозу неъмат хоҳанд буд ثُلَّةٌ مِّنَ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٣Дохил мешавад ба ҷаннат, гурӯҳе аз пешиниёни ин уммат ва умматони дигар وَقَلِيلٌ مِّنَ ٱلۡأٓخِرِينَ ١٤Ва шумораи андаке аз пасомадагон ҳастанд عَلَىٰ سُرُرٍ مَّوۡضُونَةٍ ١٥бар тахтҳои гавҳарнишон хоҳанд нишаст مُّتَّكِـِٔينَ عَلَيۡهَا مُتَقَٰبِلِينَ ١٦Такязада рӯ ба рӯйи якдигар нишаста бошанд يَطُوفُ عَلَيۡهِمۡ وِلۡدَٰنٌ مُّخَلَّدُونَ ١٧Бар гирди онҳо мегарданд, барои хидмати онҳо писарони ҳамеша ҷавон, ки пир намешаванд ва на мемиранд بِأَكۡوَابٍ وَأَبَارِيقَ وَكَأۡسٍ مِّن مَّعِينٍ ١٨Бо қадаҳҳову кӯзаҳо ва ҷомҳое аз шаробе, ки дар ҷаннат ҷорист لَّا يُصَدَّعُونَ عَنۡهَا وَلَا يُنزِفُونَ ١٩ки аз нӯшидани он сардард нашаванд ва на аз ҳуш мераванд وَفَٰكِهَةٍ مِّمَّا يَتَخَيَّرُونَ ٢٠Ва ин ходимон барои ҷаннатиҳо биёранд ҳар навъ меваеро, ки мехоҳанд وَلَحۡمِ طَيۡرٍ مِّمَّا يَشۡتَهُونَ ٢١Ва гӯшти парранда, аз ҳар навъе, ки писандашон бошад وَحُورٌ عِينٌ ٢٢Ва барои онҳост ҳурони занони шаҳлочашм كَأَمۡثَٰلِ ٱللُّؤۡلُوِٕ ٱلۡمَكۡنُونِ ٢٣монанди марворидҳое дар садаф пинҳон кардашуда جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٢٤Ин ҳама неъматҳое, ки барояшон дода мешавад, мукофоти амалҳои некест, ки дар дунё мекарданд لَا يَسۡمَعُونَ فِيهَا لَغۡوًا وَلَا تَأۡثِيمًا ٢٥Дар ҷаннат на сухани беҳуда мешунаванд ва на ҳарфе, ки гуфтани он гуноҳ бошад إِلَّا قِيلًا سَلَٰمًا سَلَٰمًا ٢٦ҷуз сухане, ки солим аз ин айбҳо бошад ва ба якдигар салом гӯянд وَأَصۡحَٰبُ ٱلۡيَمِينِ مَآ أَصۡحَٰبُ ٱلۡيَمِينِ ٢٧Ва аҳли саодат, чи бузург аст макон ва подоши онҳо فِي سِدۡرٍ مَّخۡضُودٍ ٢٨Дар зери дарахтони сидри бехор وَطَلۡحٍ مَّنضُودٍ ٢٩Ва дарахтони мавз (банан), ки меваҳояшон бар якдигар чида шудаанд وَظِلٍّ مَّمۡدُودٍ ٣٠Ва сояи доимӣ وَمَآءٍ مَّسۡكُوبٍ ٣١Ва оби ҷорӣ وَفَٰكِهَةٍ كَثِيرَةٍ ٣٢Ва дар миёни меваҳои фаровон ҳастанд لَّا مَقۡطُوعَةٍ وَلَا مَمۡنُوعَةٍ ٣٣ки на тамом мешавад ва на манъ мегардад وَفُرُشٍ مَّرۡفُوعَةٍ ٣٤Ва бистарҳои баланд إِنَّآ أَنشَأۡنَٰهُنَّ إِنشَآءً ٣٥Мо биёфаридем занҳои аҳли ҷаннатро ғайри офаринишие, ки дар дунё буданд, яъне, офариниши комиле, ки нобуд намешаванд فَجَعَلۡنَٰهُنَّ أَبۡكَارًا ٣٦Ва ононро дӯшиза (бикр) гардонидем عُرُبًا أَتۡرَابًا ٣٧Назди шавҳарони дӯстдоранда ҳамсинну сол لِّأَصۡحَٰبِ ٱلۡيَمِينِ ٣٨Ҳамаи ин неъматҳо барои аҳли саодат аст ثُلَّةٌ مِّنَ ٱلۡأَوَّلِينَ ٣٩Гурӯҳи бисёре аз пешиниёнанд وَثُلَّةٌ مِّنَ ٱلۡأٓخِرِينَ ٤٠Ва гурӯҳи зиёде аз пас омадагонанд وَأَصۡحَٰبُ ٱلشِّمَالِ مَآ أَصۡحَٰبُ ٱلشِّمَالِ ٤١Ва аҳли шақоват, он бадбахтон чӣ ҳоли баде доранд فِي سَمُومٍ وَحَمِيمٍ ٤٢Дар боди гарми ҷаҳаннам ва оби ҷӯшонанд وَظِلٍّ مِّن يَحۡمُومٍ ٤٣дар сояи дуди сиёҳ لَّا بَارِدٍ وَلَا كَرِيمٍ ٤٤ки ин соя на хунук бошад ва на боиззат إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَبۡلَ ذَٰلِكَ مُتۡرَفِينَ ٤٥Ҳамоно аҳли дӯзах, пеш аз ин дар дунё дар нозу неъмати ҳаром буданд ва саркашӣ мекарданд аз он чизе, ки паёмбарон барои онҳо оварда буданд وَكَانُواْ يُصِرُّونَ عَلَى ٱلۡحِنثِ ٱلۡعَظِيمِ ٤٦Ва ҳамеша бар гуноҳи бузург (ширк) мудавомат мекарданд. Ва нияти тавба надоштанд аз ширку гуноҳ وَكَانُواْ يَقُولُونَ أَئِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ ٤٧Ва мегуфтанд он мункирони рӯзи қиёмат: «Оё замоне, ки мо мурдему хоку устухон шудем, оё боз мо зинда мешаваем أَوَءَابَآؤُنَا ٱلۡأَوَّلُونَ ٤٨Оё падарони наухстини мо низ зинда мешаванд قُلۡ إِنَّ ٱلۡأَوَّلِينَ وَٱلۡأٓخِرِينَ ٤٩Бигӯ эй Паёмбар: «Албатта, ҳамаро аввалин ва охирин фарзандони Одам لَمَجۡمُوعُونَ إِلَىٰ مِيقَٰتِ يَوۡمٍ مَّعۡلُومٍ ٥٠бегумон дар ваъдагоҳи он рӯзи муайян (қиёмат) ҷамъ карда шаванд ثُمَّ إِنَّكُمۡ أَيُّهَا ٱلضَّآلُّونَ ٱلۡمُكَذِّبُونَ ٥١Спас шумо, эй гумроҳони роҳи ҳидоят, дурӯғшуморандагони ваъда ва азоби Аллоҳ لَأٓكِلُونَ مِن شَجَرٍ مِّن زَقُّومٍ ٥٢ҳатман аз дарахти заққум хоҳед хӯрд فَمَالِـُٔونَ مِنۡهَا ٱلۡبُطُونَ ٥٣Ва шикамҳои худро аз он пур хоҳед кард فَشَٰرِبُونَ عَلَيۡهِ مِنَ ٱلۡحَمِيمِ ٥٤Ва бар болои он оби ҷӯшоне, ки ташнагиро намешиканад, хоҳед нӯшид فَشَٰرِبُونَ شُرۡبَ ٱلۡهِيمِ ٥٥Ва монанди шутурони мубтало ба бемории ташнагӣ менӯшед هَٰذَا نُزُلُهُمۡ يَوۡمَ ٱلدِّينِ ٥٦Он чизеро, ки дучор мешаванд аз азоб, зиёфатест, ки тайёркарда шудааст барои онҳо дар рӯзи қиёмат نَحۡنُ خَلَقۡنَٰكُمۡ فَلَوۡلَا تُصَدِّقُونَ ٥٧Мо шуморо эй одамон аз нестӣ ба ҳастӣ офаридем, пас чаро аз нав зинда шуданро бовар намекунед أَفَرَءَيۡتُم مَّا تُمۡنُونَ ٥٨Оё шумо мебинед он чи (оби маниро), ки мерезонед дар баччадони зан ءَأَنتُمۡ تَخۡلُقُونَهُۥٓ أَمۡ نَحۡنُ ٱلۡخَٰلِقُونَ ٥٩Оё шумо он маниро ба сурати инсон меофаринед ё Мо офаринандаем نَحۡنُ قَدَّرۡنَا بَيۡنَكُمُ ٱلۡمَوۡتَ وَمَا نَحۡنُ بِمَسۡبُوقِينَ ٦٠Мо муайян кардем дар миёни шумо маргро ва ҳаргиз оҷиз карда шуда нестем عَلَىٰٓ أَن نُّبَدِّلَ أَمۡثَٰلَكُمۡ وَنُنشِئَكُمۡ فِي مَا لَا تَعۡلَمُونَ ٦١аз ин, ки тағйир диҳем халқияти шуморо дар рӯзи қиёмат. Ва шуморо ба сурате, ки аз он бехабаред, аз нав биёфаринем وَلَقَدۡ عَلِمۡتُمُ ٱلنَّشۡأَةَ ٱلۡأُولَىٰ فَلَوۡلَا تَذَكَّرُونَ ٦٢Ва ҳамоно шумо хуб донистед, ки Аллоҳ таъоло нахустин бор шуморо аз нестӣ офарид, пас чаро қудрати Аллоҳро ба ёд намеоред бар ин, ки ӯ қодир аст шуморо дубора халқ мекунад أَفَرَءَيۡتُم مَّا تَحۡرُثُونَ ٦٣Дар он чизе, кишт мекунед, андешидаед ءَأَنتُمۡ تَزۡرَعُونَهُۥٓ أَمۡ نَحۡنُ ٱلزَّٰرِعُونَ ٦٤Оё шумо мерӯёнедаш аз замин ё Мо рӯёнандаем لَوۡ نَشَآءُ لَجَعَلۡنَٰهُ حُطَٰمًا فَظَلۡتُمۡ تَفَكَّهُونَ ٦٥Агар мехостем, ҳароина он зироъатро гиёҳи хушку дарҳамшикаста мегардонидем, ки аз он фоидае намедидед, пас дар ин ҳол, таъаҷубкунон мегӯед إِنَّا لَمُغۡرَمُونَ ٦٦Албатта мо зиёнкардаву азобкардагонем بَلۡ نَحۡنُ مَحۡرُومُونَ ٦٧балки мо аз ризқу рӯзӣ бенасиб мондагонем أَفَرَءَيۡتُمُ ٱلۡمَآءَ ٱلَّذِي تَشۡرَبُونَ ٦٨Оё дар обе, ки менӯшед, андешидаед ءَأَنتُمۡ أَنزَلۡتُمُوهُ مِنَ ٱلۡمُزۡنِ أَمۡ نَحۡنُ ٱلۡمُنزِلُونَ ٦٩Оё шумо онро аз абр фуруд овардаед сӯи замин, ё Мо фуруд орандагонем لَوۡ نَشَآءُ جَعَلۡنَٰهُ أُجَاجًا فَلَوۡلَا تَشۡكُرُونَ ٧٠Агар мехостем, ин обро шӯр мегардонидем, ки аз он фоидае намедидед. Пас, чаро шукри Парвардигоратонро бар фуруди ин оби ширин намегӯед أَفَرَءَيۡتُمُ ٱلنَّارَ ٱلَّتِي تُورُونَ ٧١Оё дар оташе, ки аз шохҳои дарахт меафрӯзед, андешидаед ءَأَنتُمۡ أَنشَأۡتُمۡ شَجَرَتَهَآ أَمۡ نَحۡنُ ٱلۡمُنشِـُٔونَ ٧٢Оё дарахташро шумо офаридаед ё Мо офаринандаем نَحۡنُ جَعَلۡنَٰهَا تَذۡكِرَةً وَمَتَٰعًا لِّلۡمُقۡوِينَ ٧٣Мо он оташеро, ки меафрӯзед ҳушдоре аз дӯзах ва барои манфиъати мусофирони роҳгузар матоъе сохтем فَسَبِّحۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلۡعَظِيمِ ٧٤Пас ба покӣ ёд кун эй Паёмбар номи Парвардигори бузургатро ۞ فَلَآ أُقۡسِمُ بِمَوَٰقِعِ ٱلنُّجُومِ ٧٥(Савганд ёд карда мегӯяд Аллоҳ таъоло:) Савганд ба ҷойгоҳи фӯру рафтани ситораҳо дар ғурубгоҳи осмон وَإِنَّهُۥ لَقَسَمٌ لَّوۡ تَعۡلَمُونَ عَظِيمٌ ٧٦Ва ин ҳароина, хеле савганди бузург аст, агар бидонед إِنَّهُۥ لَقُرۡءَانٌ كَرِيمٌ ٧٧Адбатта, ин Қуръоне, (ки ба Муҳаммад нозил шудааст,) Қуръони бузургу гиромиқадр ва фоидаовар аст فِي كِتَٰبٍ مَّكۡنُونٍ ٧٨Дар китобе нигаҳ дошта шудааст, ки аз чашми халқ пӯшида аст (ва ин китоби пинҳон Лавҳи Маҳфузаст, ки дар назди Аллоҳ ва фариштагон манзалати бузург дорад) لَّا يَمَسُّهُۥٓ إِلَّا ٱلۡمُطَهَّرُونَ ٧٩Даст намерасонад ба Қуръон, магар фариштагони гиромиқадре, ки Аллоҳ таъоло онҳоро аз офату гуноҳон пок гардонидааст. (Ва инчунин даст намерасонад Қуръонро магар касоне, ки пок ҳастанд аз ширк, ҷанобат ва бе таҳоратӣ) تَنزِيلٌ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٨٠Ин Қуръони карим, нозилшудааст аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён. (Пас он ҳақ аст) أَفَبِهَٰذَا ٱلۡحَدِيثِ أَنتُم مُّدۡهِنُونَ ٨١Оё нисбати ин калом сустӣ ва бепарвоӣ мекунед وَتَجۡعَلُونَ رِزۡقَكُمۡ أَنَّكُمۡ تُكَذِّبُونَ ٨٢Ва ба ҷои шукри неъматҳое, ки Аллоҳ ба шумо додааст, шумоён онро дӯруғ мебароред ва кофир мешавед فَلَوۡلَآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلۡحُلۡقُومَ ٨٣Пас, чаро ҳангоме, ки ҷон ба ҳулқум мерасад тавоноии бозгардонидани онро надоред وَأَنتُمۡ حِينَئِذٍ تَنظُرُونَ ٨٤Ва шумо дар ин ҳангом ҳозирастеду менигаред? (Албатта наметавонед) وَنَحۡنُ أَقۡرَبُ إِلَيۡهِ مِنكُمۡ وَلَٰكِن لَّا تُبۡصِرُونَ ٨٥Ва Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале шумо намебинед فَلَوۡلَآ إِن كُنتُمۡ غَيۡرَ مَدِينِينَ ٨٦Пас агар метавонед ин ки дар баробари аъмолатон ҷазо дода намешавед تَرۡجِعُونَهَآ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ٨٧агар рост мегӯед, он руҳро боз гардонед. (Ҳаргиз наметавонед) فَأَمَّآ إِن كَانَ مِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ ٨٨Пас, чун мурда аз муқаррабони даргоҳи Илоҳӣ бошад فَرَوۡحٌ وَرَيۡحَانٌ وَجَنَّتُ نَعِيمٍ ٨٩пас барои ӯст ҳангоми маргаш раҳмату осоишу гули хушбӯй ва биҳишти пурнеъмат дар охират وَأَمَّآ إِن كَانَ مِنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلۡيَمِينِ ٩٠Ва аммо агар мурда аз ёрони рост (аҳли саъодат бошад) فَسَلَٰمٌ لَّكَ مِنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلۡيَمِينِ ٩١пас гуфта мешавад ба ӯ: Салом ва амон бод ба ту аз ҷониби ёрони рост (аҳли саъодат) وَأَمَّآ إِن كَانَ مِنَ ٱلۡمُكَذِّبِينَ ٱلضَّآلِّينَ ٩٢Ва аммо агар мурда аз дурӯғшуморандагони баъсу гумроҳони роҳи ҳидоят бошад فَنُزُلٌ مِّنۡ حَمِيمٍ ٩٣пас ӯро ба оби гарму ҷӯшони дӯзах меҳмонӣ кунанд وَتَصۡلِيَةُ جَحِيمٍ ٩٤Ва саранҷоми ӯ дарафтодан ба дӯзах аст إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ حَقُّ ٱلۡيَقِينِ ٩٥Албатта ин хабарҳое, ки эй Паёмбар ба ту зикр кардем, ҳама росту дуруст аст فَسَبِّحۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلۡعَظِيمِ ٩٦Пас, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯй ва Ӯро пок шумор аз он чи золимон мегӯянд

Translation: Khoja Mirov.