Millat al-Islam

Chapter 16 · 128 verses · Khoja Mirov

Surah An-Nahl in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah An-Nahl (1182 reciters)
Meccanسورة النحل128 verses

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

أَتَىٰٓ أَمۡرُ ٱللَّهِ فَلَا تَسۡتَعۡجِلُوهُۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ١(Эй мушрикон, он чи Аллоҳ ба шумо дар рӯзи қиёмат аз азоб ваъда додааст), наздик омад, инак барои вуқӯъи он фармони Аллоҳ даррасид, пас онро бо шитобзадагӣ талаб макунед ва барои расулонаш масхаракунон нагӯед, ки агар рост мегӯед, ки қиёмате ҳаст аз Аллоҳ бихоҳед ҳар чи зудтар азоби онро бинамояд. Ӯ пок аст аз сифатҳое, ки мушрикон дар бораи Ӯ ба забон меронанд ва аз ҳар чӣ, ки шарики Ӯ месозанд, болотар аст يُنَزِّلُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةَ بِٱلرُّوحِ مِنۡ أَمۡرِهِۦ عَلَىٰ مَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦٓ أَنۡ أَنذِرُوٓاْ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱتَّقُونِ ٢Фариштагонро ҳамроҳи ваҳй, ки фармони Ӯст, бар ҳар яке аз бандагонаш, ки бихоҳад, фурӯ мефиристад, то бим диҳед бандагони Маро аз шарик овардан ба Ман, ки ҷуз Ман, ҳеҷ маъбуди барҳақе нест, пас аз Ман битарсед бо адо намудани фарзҳо ва холис Маро ибодат кунед خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّۚ تَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ٣Осмонҳову заминро бар ҳақ биёфарид, аз ҳар чӣ бо Ӯ шарик месозанд, пок аст خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ مِن نُّطۡفَةٍ فَإِذَا هُوَ خَصِيمٌ مُّبِينٌ ٤Одамиро аз нутфа биёфарид, чун ӯ тавоноӣ ёфт, ба он мағрур мешавад. Пас, он гоҳ ӯ ошкоро хусумат мекунад бо Офаридгори худ, ба монанде, ки мегӯяд: "кӣ устухонҳои пӯсидаро зинда мегардонад وَٱلۡأَنۡعَٰمَ خَلَقَهَاۖ لَكُمۡ فِيهَا دِفۡءٌ وَمَنَٰفِعُ وَمِنۡهَا تَأۡكُلُونَ ٥Чаҳорпоёнро (чун гову, бузу, шутуру гӯсфанд) бароятон биёфарид, шуморо аз пашм ва пӯсти онҳо гармӣ дод ва дигар фоидаҳоест чун насл гирифтан ва ширу саворӣ дарёфт кардан. Ва аз гӯшти ҳалоли онҳо мехӯред وَلَكُمۡ فِيهَا جَمَالٌ حِينَ تُرِيحُونَ وَحِينَ تَسۡرَحُونَ ٦Ва бароятон дар онҳо зебоиву ҳусну ҷамол аст, чун ҳангоми шаб онҳоро аз чарогоҳон бозмегардонед ва бомдодон онҳоро ба саҳро берун меронед وَتَحۡمِلُ أَثۡقَالَكُمۡ إِلَىٰ بَلَدٍ لَّمۡ تَكُونُواْ بَٰلِغِيهِ إِلَّا بِشِقِّ ٱلۡأَنفُسِۚ إِنَّ رَبَّكُمۡ لَرَءُوفٌ رَّحِيمٌ ٧Борҳоятонро ба шаҳрҳое, ки ҷуз ба ранҷи бисёре ба онҳо натавонед расид, ба худ бардошта мебаранд. Ҳамоно Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст وَٱلۡخَيۡلَ وَٱلۡبِغَالَ وَٱلۡحَمِيرَ لِتَرۡكَبُوهَا وَزِينَةًۚ وَيَخۡلُقُ مَا لَا تَعۡلَمُونَ ٨Ва аспону уштурону харонро барои он офаридааст, ки саворашон шавед ва низ зиннати шумо бошанд. Ва Аллоҳ чизҳоеро меофарад, ки шумо намедонед وَعَلَى ٱللَّهِ قَصۡدُ ٱلسَّبِيلِ وَمِنۡهَا جَآئِرٌۚ وَلَوۡ شَآءَ لَهَدَىٰكُمۡ أَجۡمَعِينَ ٩Ҳидояти мардум бар Аллоҳ аст, ки роҳи ростро бинамояд роҳе, ки ба хайру ҳақ мерасад ва он Ислом аст. Аз миёни роҳҳо низ роҳе каҷ ҳаст, ки ба хайр ё ҳақ намерасад ва он роҳи тамоми миллатҳои куфр аст. Агар Аллоҳ мехост, ҳамаи шуморо ҳидоят мекард هُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءًۖ لَّكُم مِّنۡهُ شَرَابٌ وَمِنۡهُ شَجَرٌ فِيهِ تُسِيمُونَ ١٠Ӯ зоте аст, ки аз осмон бароятон борон нозил кард. Аз он менӯшед ва аз он гиёҳ ва дарахт мерӯяд ва чорпоёнро дар он мечаронед يُنۢبِتُ لَكُم بِهِ ٱلزَّرۡعَ وَٱلزَّيۡتُونَ وَٱلنَّخِيلَ وَٱلۡأَعۡنَٰبَ وَمِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةً لِّقَوۡمٍ يَتَفَكَّرُونَ ١١Ва бо он борон бароятон киштзор ва зайтуну хурмоҳо ва ангур ва ҳар навъ мева бирӯёнад. Албатта, дар ин боридани борон ва рӯёнидани гиёҳ ибратест барои мардуме, ки меандешанд وَسَخَّرَ لَكُمُ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَۖ وَٱلنُّجُومُ مُسَخَّرَٰتُۢ بِأَمۡرِهِۦٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٍ لِّقَوۡمٍ يَعۡقِلُونَ ١٢Ва мусаххару тобе кард шабро барои роҳати шумо ва рӯзро барои дарёфти зиндагиатон ва хуршедро бароятон равшан сохт ва моҳро бароятон партави нур гардонд ва ситорагон ҳама дар осмон фармонбардори амри Ӯ ҳастанд. Албатта, дар ин кори офаридан ва мутеъ сохтан, ки хирадмандон меандешанд, ибоатҳост وَمَا ذَرَأَ لَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُخۡتَلِفًا أَلۡوَٰنُهُۥٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةً لِّقَوۡمٍ يَذَّكَّرُونَ ١٣Дар замин чизҳое бо рангҳои гуногун офарид аз чорпоён, дарахтҳо ва меваҳо, ҳамоно дар ин ибратест барои мардуме, ки панд мегиранд وَهُوَ ٱلَّذِي سَخَّرَ ٱلۡبَحۡرَ لِتَأۡكُلُواْ مِنۡهُ لَحۡمًا طَرِيًّا وَتَسۡتَخۡرِجُواْ مِنۡهُ حِلۡيَةً تَلۡبَسُونَهَاۖ وَتَرَى ٱلۡفُلۡكَ مَوَاخِرَ فِيهِ وَلِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ ١٤Ӯст, ки дарёро мусаххар сохтааст, то аз он гӯшти моҳие, ки сайд мекунед тоза бихӯред ва зеварҳое аз он берун оред ва хештанро бо он биороед ва киштиҳоро бинӣ, ки баҳрро мешикофанд ва пеш мераванд ва меоянд ва саворашон мешавед, то аз фазли Аллоҳ рӯзӣ биталабед, бошад, ки шукр гӯед бар он неъмати бузурге, ки ба шумо арзонӣ кард, пас ғайри Ӯро ибодат макунед وَأَلۡقَىٰ فِي ٱلۡأَرۡضِ رَوَٰسِيَ أَن تَمِيدَ بِكُمۡ وَأَنۡهَٰرًا وَسُبُلًا لَّعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ ١٥Ва бар замин кӯҳҳоро устувор ва мустаҳкам қарор дод, то шуморо наларзонад. Ва дарёҳову роҳҳо падид овард. Шояд ҳидоят ёбед وَعَلَٰمَٰتٍۚ وَبِٱلنَّجۡمِ هُمۡ يَهۡتَدُونَ ١٦Ва дар рӯз нишонаҳоеро қарор дод чун дарёҳо ва кӯҳҳо ва дар шаб ба василаи ситорагон роҳ меёбанд أَفَمَن يَخۡلُقُ كَمَن لَّا يَخۡلُقُۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ ١٧Оё он касе, ки меофарад ҳамаи чизҳоро, монанди касест, ки намеофарад? Оё аз бузургии Аллоҳ панд намегиред, то Ӯро ба ягонагиаш парастиш намоед وَإِن تَعُدُّواْ نِعۡمَةَ ٱللَّهِ لَا تُحۡصُوهَآۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَغَفُورٌ رَّحِيمٌ ١٨Агар бихоҳед неъматҳои Аллоҳро шумор кунед, пас аз сабаби бисёр ва гуногун буданаш ҳисобидан натавонед. Албатта, Аллоҳ барои шумо омурзандаву меҳрубон аст ва аз камбудиҳоятон неъматашро аз шумо қатъ намекунад ва шуморо тез ба уқубат намегирад وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا تُسِرُّونَ وَمَا تُعۡلِنُونَ ١٩Он чиро, ки пинҳон мекунед ва ё ошкор месозед, Аллоҳ ба он огоҳ аст. Ва аз он дар рӯзи қиёмат ҳисобатон хоҳад кард وَٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ لَا يَخۡلُقُونَ شَيۡـًٔا وَهُمۡ يُخۡلَقُونَ ٢٠Ва онҳоеро, ки ба ҷои Аллоҳ маъбуд мехонанд аз бутон, наметавонанд чизе биёфаринанд ва худ офарида мешаванд أَمۡوَٰتٌ غَيۡرُ أَحۡيَآءٍۖ وَمَا يَشۡعُرُونَ أَيَّانَ يُبۡعَثُونَ ٢١Он бутҳоеро, ки мепарастанд мурдаанд ва беҷонанд, намедонанд, ки чи вақт зинда мешаванд إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٌ وَٰحِدٌۚ فَٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ قُلُوبُهُم مُّنكِرَةٌ وَهُم مُّسۡتَكۡبِرُونَ ٢٢Аллоҳи шумо ягона маъбудест, ки Ӯст сазовори ибодат. Ва онон, ки ба охират имон намеоваранд, дилҳояшон ягонагии Аллоҳро инкоркунандааст ва аз сабаби натарсиданашон аз азоби Парвардигор худашон мутакаббир ҳастанд لَا جَرَمَ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعۡلِنُونَۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُسۡتَكۡبِرِينَ ٢٣Ба ростӣ, ки Аллоҳ медонад, ки чӣ дар ақидаҳо, гуфторҳо ва кирдорҳо пинҳон медоранд ва чӣ чизеро аз он ошкор месозанд ва Ӯ мутакаббиронро дӯст намедорад ва рӯзи қиёмат мувофиқи аъмолашон онҳоро ҷазо хоҳад дод وَإِذَا قِيلَ لَهُم مَّاذَآ أَنزَلَ رَبُّكُمۡ قَالُوٓاْ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ ٢٤Чун ба онҳое, ки ба охират имон намеоранд аз мушрикон гуфта шавад: «Парвардигоратон чӣ чизҳоеро нозил кардааст?» Ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд: «Афсонаҳои гузаштагонро нозил кардааст» لِيَحۡمِلُوٓاْ أَوۡزَارَهُمۡ كَامِلَةً يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَمِنۡ أَوۡزَارِ ٱلَّذِينَ يُضِلُّونَهُم بِغَيۡرِ عِلۡمٍۗ أَلَا سَآءَ مَا يَزِرُونَ ٢٥То дар рӯзи қиёмат ҳамаи бори гуноҳи хеш ва бори гуноҳи касонеро, ки ба нодонӣ гумроҳашон карда буданд, бардоранд. Огоҳ бош, ки чи бори баде бар дӯш мебардоранд قَدۡ مَكَرَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ فَأَتَى ٱللَّهُ بُنۡيَٰنَهُم مِّنَ ٱلۡقَوَاعِدِ فَخَرَّ عَلَيۡهِمُ ٱلسَّقۡفُ مِن فَوۡقِهِمۡ وَأَتَىٰهُمُ ٱلۡعَذَابُ مِنۡ حَيۡثُ لَا يَشۡعُرُونَ ٢٦Дар ҳақиқат пеш аз мушрикон ахли куффор низ бар паёмбаронашон ва барои рад кардани он чи аз даъвати ҳақ оварда буданд, ҳилаву найрангҳоро ба кор бурданд. Пас, фармони Аллоҳ даррасид ва он биноҳояшонро аз поя вайрон сохт ва сақф аз болои сарашон фурӯ афтод ва азоби Аллоҳ аз ҷое, ки фикрашро намекарданд, ба онон расид, балки гумони он доштанд, ки комилан дар амонанд ثُمَّ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ يُخۡزِيهِمۡ وَيَقُولُ أَيۡنَ شُرَكَآءِيَ ٱلَّذِينَ كُنتُمۡ تُشَٰٓقُّونَ فِيهِمۡۚ قَالَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ إِنَّ ٱلۡخِزۡيَ ٱلۡيَوۡمَ وَٱلسُّوٓءَ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ ٢٧Пас, дар рӯзи қиёмат хорашон месозад ва мефармояд: «Бутоне, ки шарики Ман мехондед ва бар сари онҳо бо якдигар ихтилоф мекардед, акнун куҷоянд то ки аз шумо азобро дур кунанд?» Донишмандони мӯъминон мегӯянд: «Ба ростӣ, имрӯз насиби кофирон хориву ранҷ аст!» ٱلَّذِينَ تَتَوَفَّىٰهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ ظَالِمِيٓ أَنفُسِهِمۡۖ فَأَلۡقَوُاْ ٱلسَّلَمَ مَا كُنَّا نَعۡمَلُ مِن سُوٓءِۭۚ بَلَىٰٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٢٨Касоне ҳастанд, ки бар худ ситам раво доштаанд дар ҳоли куфрашон, чун фариштагон ҷонашонро биситонанд, сари таслим фуруд оранд ва гӯянд: «Мо ҳеҷ кори баде (ширке) намекардем». Фариштагон барояшон гӯянд: Оре, Аллоҳ аз корҳое, ки мекардед, огоҳ аст ва бар он амалҳоятон ҷазоятон хоҳад дод فَٱدۡخُلُوٓاْ أَبۡوَٰبَ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَاۖ فَلَبِئۡسَ مَثۡوَى ٱلۡمُتَكَبِّرِينَ ٢٩Сипас аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед, дар ҳоле ки дар он ҷо ҷовидона хоҳед буд. Чи бад аст ҷойгоҳи мутакаббирон ۞ وَقِيلَ لِلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ مَاذَآ أَنزَلَ رَبُّكُمۡۚ قَالُواْ خَيۡرًاۗ لِّلَّذِينَ أَحۡسَنُواْ فِي هَٰذِهِ ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةٌۚ وَلَدَارُ ٱلۡأٓخِرَةِ خَيۡرٌۚ وَلَنِعۡمَ دَارُ ٱلۡمُتَّقِينَ ٣٠Ва аз парҳезгороне, ки аз Аллоҳ метарсанд, пурсанд: «Парвардигори шумо бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чӣ чиз нозил кардааст», мегӯянд: «Хайр ва хубӣ, ки барои некӯкорон дар ҳамин дунё некӣ аст ва сарои охират беҳтар хоҳад буд ва чи хуб аст сарои парҳезгорон» جَنَّٰتُ عَدۡنٍ يَدۡخُلُونَهَا تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ لَهُمۡ فِيهَا مَا يَشَآءُونَۚ كَذَٰلِكَ يَجۡزِي ٱللَّهُ ٱلۡمُتَّقِينَ ٣١Ба боғҳои биҳишт, ки ба он ворид мешаванд, ҷуйборҳое дар зери дарахтони он равон аст, дар он ҷо ҳар чӣ бихоҳанд, хоҳанд дошт. Аллоҳ инчунин ба парҳезгорон подош медиҳад ٱلَّذِينَ تَتَوَفَّىٰهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ طَيِّبِينَ يَقُولُونَ سَلَٰمٌ عَلَيۡكُمُ ٱدۡخُلُواْ ٱلۡجَنَّةَ بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٣٢Онон, ки фариштагон дар ҳоле ҷонашонро мегиранд, ки бар тақвои Аллоҳ пойдор буданд, мегӯянд: «Салом бар шумо! Ба подоши корҳое, ки мекардаед, ба биҳишт дароед» هَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّآ أَن تَأۡتِيَهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ أَوۡ يَأۡتِيَ أَمۡرُ رَبِّكَۚ كَذَٰلِكَ فَعَلَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ وَمَا ظَلَمَهُمُ ٱللَّهُ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ ٣٣Оё мунтазиранд, ки фариштагон наздашон биёянд ва дар ҳоли куфрашон ҷонашонро бигиранд, ё фармони Парвардигорат фаро расад ва ба азоб ҳалокашон созад? Гурӯҳе низ, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мекарданд, пас Аллоҳ ҳалокашон кард ва Аллоҳ ба онон ситам накард, балки онон худ ба худ ситам мекарданд فَأَصَابَهُمۡ سَيِّـَٔاتُ مَا عَمِلُواْ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ ٣٤Пас, ба ҷазои кирдори бадашон расиданд ва ҳамон чизҳоеро, ки ба масхара мегирифтанд, (яъне азоб) бар сарашон омад وَقَالَ ٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْ لَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَا عَبَدۡنَا مِن دُونِهِۦ مِن شَيۡءٍ نَّحۡنُ وَلَآ ءَابَآؤُنَا وَلَا حَرَّمۡنَا مِن دُونِهِۦ مِن شَيۡءٍۚ كَذَٰلِكَ فَعَلَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ فَهَلۡ عَلَى ٱلرُّسُلِ إِلَّا ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ ٣٥Мушрикон аз рӯи истеҳзо ва тамасхӯр гуфтанд: «Агар Аллоҳ мехост, мову падаронамон ғайр аз Аллоҳ ҳеҷ чизеро намепарастидем ва он чиро ҳаром кардаем, ҳаром намекардем». Мардуме ҳам, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мекарданд (ва бо ин гуна баҳонаҳо ва ҳаром гардонидани чизҳо мақсадашон қабул накардани ҳақ буд, вале худашон медонистанд, ки ин дар назди Аллоҳ ҳуҷҷат намешавад.) Бар паёмбарон ҷуз таблиғи ошкоро вазифаи дигаре нест وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةٍ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتَۖ فَمِنۡهُم مَّنۡ هَدَى ٱللَّهُ وَمِنۡهُم مَّنۡ حَقَّتۡ عَلَيۡهِ ٱلضَّلَٰلَةُۚ فَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُكَذِّبِينَ ٣٦Ва ба таҳқиқ дар миёни ҳар миллате паёмбаре фиристодем, ки Аллоҳро бипарастед ва аз тоғут дурӣ ҷӯед. Баъзеро, ки Аллоҳ ҳидоят кард, ки илман ва амалан пайрави паёмбарон буданд ва бар баъзе гумроҳӣ муқаррар гашт, ки онон пайрави роҳи гумроҳӣ буданд. Пас, дар замин бигардед ва бинед, ки оқибати кори касоне, ки паёмбаронро ба дурӯғ нисбат медоданд, чӣ гуна будааст إِن تَحۡرِصۡ عَلَىٰ هُدَىٰهُمۡ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي مَن يُضِلُّۖ وَمَا لَهُم مِّن نَّٰصِرِينَ ٣٧Ва агар ту ба ҳидояти онҳо ҳарис бошӣ, ҷаҳди худро дар онҳо сарф намоӣ, Аллоҳ онро, ки гумроҳ кардааст, ҳидоят намекунад ва ин гумроҳонро ҳеҷ ёридиҳандае нест, ки аз азоби Аллоҳ наҷоташон диҳад وَأَقۡسَمُواْ بِٱللَّهِ جَهۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡ لَا يَبۡعَثُ ٱللَّهُ مَن يَمُوتُۚ بَلَىٰ وَعۡدًا عَلَيۡهِ حَقًّا وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ٣٨Ва ба таври ҷиддӣ ба Аллоҳ қасам хӯрданд, ки Аллоҳ мурдаро рӯзи қиёмат аз нав зинда намекунад, аммо Аллоҳ ин қасамҳои онҳоро дурӯғ бароварда мегӯяд: Оре, ин ваъдаест (яъне дубора зинда кардани Аллоҳ мурдагонро), ки бешубҳа, анҷом додани он бар ӯҳдаи Ӯст, вале бештари мардум аз сабаби ҷаҳлашон намедонанд ва мухолифати паёмбарон карда дучори куфр мешаванд لِيُبَيِّنَ لَهُمُ ٱلَّذِي يَخۡتَلِفُونَ فِيهِ وَلِيَعۡلَمَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَنَّهُمۡ كَانُواْ كَٰذِبِينَ ٣٩Оре, Аллоҳ ҳама бандагонро зинда мегардонад, то он чиро, ки дар он ихтилоф мекарданд, барояшон ошкор кунад ва ҳамоно кофирон бидонанд, ки ҳақиқатан дурӯғ мегуфтанд إِنَّمَا قَوۡلُنَا لِشَيۡءٍ إِذَآ أَرَدۡنَٰهُ أَن نَّقُولَ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ ٤٠Ҳаргоҳ фармони Мо ба ҳар чизе, ки иродаашро бикунем, ин аст, ки мегӯем: «Мавҷуд шав!», пас мавҷуд мешавад وَٱلَّذِينَ هَاجَرُواْ فِي ٱللَّهِ مِنۢ بَعۡدِ مَا ظُلِمُواْ لَنُبَوِّئَنَّهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةًۖ وَلَأَجۡرُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَكۡبَرُۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ٤١Ва ононе, ки мавриди ситам қарор гирифтанд ва дар роҳи Аллоҳ муҳоҷират карданд, дар ин ҷаҳон ҷойгоҳе некӯ медиҳем. Ва агар инҳо, пасмондагон медонистанд, чӣ гуна аҷри охират бузургтар аст, ҳеҷ кас аз муҳоҷират кардан дар роҳи Аллоҳ дар ватанаш боқӣ намемонд ٱلَّذِينَ صَبَرُواْ وَعَلَىٰ رَبِّهِمۡ يَتَوَكَّلُونَ ٤٢Ононе, ки сабр пеша карданд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ إِلَّا رِجَالًا نُّوحِيٓ إِلَيۡهِمۡۖ فَسۡـَٔلُوٓاْ أَهۡلَ ٱلذِّكۡرِ إِن كُنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ ٤٣Ва нафиристодем пеш аз ту эй Расул, магар паёмбаронеро, ки ваҳй фиристодем ба сӯяшон аз мардони башарият буданд на фариштагон. Ва агар худ намедонед эй мушрикони Қурайш, пас аз уламои аҳли китоб бипурсед, ки оё паёмбарон башар буданд بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَٱلزُّبُرِۗ وَأَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلذِّكۡرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيۡهِمۡ وَلَعَلَّهُمۡ يَتَفَكَّرُونَ ٤٤Онҳоро ба далелҳои равшан ва китобҳои осмонӣ фиристодем. Ва ба сӯи ту эй Расул, низ Қуръонро нозил кардем, то он чиро барои мардум нозил шудааст, барояшон баён кунӣ ва бошад, ки бияндешанд ва итоат кунанд أَفَأَمِنَ ٱلَّذِينَ مَكَرُواْ ٱلسَّيِّـَٔاتِ أَن يَخۡسِفَ ٱللَّهُ بِهِمُ ٱلۡأَرۡضَ أَوۡ يَأۡتِيَهُمُ ٱلۡعَذَابُ مِنۡ حَيۡثُ لَا يَشۡعُرُونَ ٤٥Оё он мушрикони араб, ки муртакиби бадиҳо мешаванд, магар эминанд аз ин, ки замин ба фармони Аллоҳ онҳоро фурӯ барад ё азоб аз ҷое, ки намедонанд, бар сарашон фуруд ояд أَوۡ يَأۡخُذَهُمۡ فِي تَقَلُّبِهِمۡ فَمَا هُم بِمُعۡجِزِينَ ٤٦Ё ба ҳангоми омаду рафт онҳоро фурӯ бигирад, пас онҳо оҷиз карда наметавонанд Аллоҳро أَوۡ يَأۡخُذَهُمۡ عَلَىٰ تَخَوُّفٍ فَإِنَّ رَبَّكُمۡ لَرَءُوفٌ رَّحِيمٌ ٤٧Ё ин ки дар ҳоли бим ва ҳаросе аз марг, беморӣ, тангдастӣ ва дигар балову мусибатҳо азобашон кунанд? Пас, ҳароина, Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст, зуд ба уқубат намегирад أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَىٰ مَا خَلَقَ ٱللَّهُ مِن شَيۡءٍ يَتَفَيَّؤُاْ ظِلَٰلُهُۥ عَنِ ٱلۡيَمِينِ وَٱلشَّمَآئِلِ سُجَّدًا لِّلَّهِ وَهُمۡ دَٰخِرُونَ ٤٨Оё инҳо кофирон чизҳоеро, ки Аллоҳ офаридааст, наменигаранд, ки барои саҷда ба даргоҳи Ӯ сояҳояшон аз росту чап ҳаракат доранд ва дар баробари Ӯ фурӯтан шудаанд وَلِلَّهِۤ يَسۡجُدُۤ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ مِن دَآبَّةٍ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَهُمۡ لَا يَسۡتَكۡبِرُونَ ٤٩Ва он чӣ дар осмонҳову замин аст аз ҷунбандагон ва фариштагон Аллоҳро саҷда мекунанд ва онҳо такаббур намеварзанд يَخَافُونَ رَبَّهُم مِّن فَوۡقِهِمۡ وَيَفۡعَلُونَ مَا يُؤۡمَرُونَ ۩ ٥٠Малоикаҳо аз Парвардигорашон, ки дар болои сарашон аст, метарсанд ва ба ҳар чӣ амр шудаанд, ҳамонро мекунанд ۞ وَقَالَ ٱللَّهُ لَا تَتَّخِذُوٓاْ إِلَٰهَيۡنِ ٱثۡنَيۡنِۖ إِنَّمَا هُوَ إِلَٰهٌ وَٰحِدٌ فَإِيَّٰيَ فَٱرۡهَبُونِ ٥١Аллоҳ ба бандагонаш гуфт: «Ду маъбудро мапарастед ва ҷуз ин нест, ки Ӯ таоло маъбуди ягона. Пас аз Ман битарсед!» وَلَهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَهُ ٱلدِّينُ وَاصِبًاۚ أَفَغَيۡرَ ٱللَّهِ تَتَّقُونَ ٥٢Ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст аз фариштагону бандагон, аз они Ӯст ва ҳамеша бо ихлос парастиш кардан хоси Ӯст. Оё аз ғайри Аллоҳ метарсед وَمَا بِكُم مِّن نِّعۡمَةٍ فَمِنَ ٱللَّهِۖ ثُمَّ إِذَا مَسَّكُمُ ٱلضُّرُّ فَإِلَيۡهِ تَجۡـَٔرُونَ ٥٣Ва ҳар неъмате, аз саломатӣ, фарохии ризқ ва фарзанд шумо доред, аз ҷониби Аллоҳ аст ва чун ранҷе ба шумо расад аз камбағалӣ, беморӣ ва қаҳтӣ, пас, ба сӯи Ӯ зорӣ ва илтиҷо мекунед ثُمَّ إِذَا كَشَفَ ٱلضُّرَّ عَنكُمۡ إِذَا فَرِيقٌ مِّنكُم بِرَبِّهِمۡ يُشۡرِكُونَ ٥٤Ва боз чун сахтиро аз сари шумо бардорад, гурӯҳе аз шумо ба Парвардигорашон мушрик мешаванд لِيَكۡفُرُواْ بِمَآ ءَاتَيۡنَٰهُمۡۚ فَتَمَتَّعُواْ فَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَ ٥٥Бигузор, то неъматеро, ки ба онҳо додаем, ношукрӣ кунанд. Пас, баҳраманд шавед, дар дунё андаке ба зуди хоҳед донист оқибати исён ва куфри худро وَيَجۡعَلُونَ لِمَا لَا يَعۡلَمُونَ نَصِيبًا مِّمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡۗ تَٱللَّهِ لَتُسۡـَٔلُنَّ عَمَّا كُنتُمۡ تَفۡتَرُونَ ٥٦Ва он гоҳ аз он чӣ рӯзиашон додаем, барои бутоне, ки ҳеҷ фоида ва зараре намерасонанд, ҳиссае муъайян мекунанд. Ба Аллоҳ савганд, ба сабаби дурӯғе, ки мебандед, пурсида мешавед وَيَجۡعَلُونَ لِلَّهِ ٱلۡبَنَٰتِ سُبۡحَٰنَهُۥ وَلَهُم مَّا يَشۡتَهُونَ ٥٧Ва кофирон барои Аллоҳ духтаронро муқаррар мекунанд, ки Ӯ пок аст ва ниёз ба фарзанд надорад ва барои худ ҳар чӣ дӯст доранд аз писарон, онро муқаррар мекунанд وَإِذَا بُشِّرَ أَحَدُهُم بِٱلۡأُنثَىٰ ظَلَّ وَجۡهُهُۥ مُسۡوَدًّا وَهُوَ كَظِيمٌ ٥٨Ва чун ба якешон муждаи таваллуди духтар диҳанд, сияҳрӯй шавад аз ғаме, ки ба ӯ расидааст ва хашмгин гардад يَتَوَٰرَىٰ مِنَ ٱلۡقَوۡمِ مِن سُوٓءِ مَا بُشِّرَ بِهِۦٓۚ أَيُمۡسِكُهُۥ عَلَىٰ هُونٍ أَمۡ يَدُسُّهُۥ فِي ٱلتُّرَابِۗ أَلَا سَآءَ مَا يَحۡكُمُونَ ٥٩Ба хотири ин муждаи бад аз мардум пинҳон мешавад ва ба андеша афтад, ки оё бо хорӣ духтарро нигоҳаш дорад ё зинда дар зери хок қарораш кунад? Огоҳ бошед, ки чи қазовати баде мекарданд لِلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ مَثَلُ ٱلسَّوۡءِۖ وَلِلَّهِ ٱلۡمَثَلُ ٱلۡأَعۡلَىٰۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ٦٠Сифати бад аз они касонест, ки ба қиёмат имон намеоваранд ва сифати бартар ва олӣ аз они Аллоҳ аст. Ва Ӯст пирӯзманду ҳаким وَلَوۡ يُؤَاخِذُ ٱللَّهُ ٱلنَّاسَ بِظُلۡمِهِم مَّا تَرَكَ عَلَيۡهَا مِن دَآبَّةٍ وَلَٰكِن يُؤَخِّرُهُمۡ إِلَىٰٓ أَجَلٍ مُّسَمًّىۖ فَإِذَا جَآءَ أَجَلُهُمۡ لَا يَسۡتَـٔۡخِرُونَ سَاعَةً وَلَا يَسۡتَقۡدِمُونَ ٦١Ва агар Аллоҳ бихоҳад, ки мардумро ба гуноҳашон ҳалок кунад, бар рӯи замин ҳеҷ ҷунбандае боқӣ нагузорад, вале Аллоҳ бо меҳрубониаш ононро то муддате муайян ба таъхир меафканад. Ва чун аҷалашон фаро расад, на соате бозмонанд ва на соате пеш раванд وَيَجۡعَلُونَ لِلَّهِ مَا يَكۡرَهُونَۚ وَتَصِفُ أَلۡسِنَتُهُمُ ٱلۡكَذِبَ أَنَّ لَهُمُ ٱلۡحُسۡنَىٰۚ لَا جَرَمَ أَنَّ لَهُمُ ٱلنَّارَ وَأَنَّهُم مُّفۡرَطُونَ ٦٢Ва он чиро намеписанданд барои худашон аз духтарон, ба Аллоҳ нисбат мекунанд ва забонҳояшонро бо дурӯғ пардохта мегӯянд, ки хубиҳо (яъне ҷаннат) аз они онҳост. На, бешак, насиби онҳо дар охират оташ аст ва онҳоро ба шитоб ба сӯи он баранд تَٱللَّهِ لَقَدۡ أَرۡسَلۡنَآ إِلَىٰٓ أُمَمٍ مِّن قَبۡلِكَ فَزَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَعۡمَٰلَهُمۡ فَهُوَ وَلِيُّهُمُ ٱلۡيَوۡمَ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ ٦٣Ба Аллоҳ савганд чунон ки ба ин уммат паёмбар фиристодаем, барои мардуме ҳам, ки пеш аз ту будаанд, паёмбароне фиристодаем. Ва шайтон аъмоли бадашонро дар чашмашон биёрост. Пас, имрӯз шайтон дӯст ва ёри онҳо аст ва барои онҳо дар охират азоби дарддиҳанда ҳаст وَمَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ إِلَّا لِتُبَيِّنَ لَهُمُ ٱلَّذِي ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِ وَهُدًى وَرَحۡمَةً لِّقَوۡمٍ يُؤۡمِنُونَ ٦٤Мо ин китоб (Қуръон)-ро бар ту нозил кардаем, барои он ки ҳар чиро, ки дар он ихтилоф доранд, барояшон баён кунӣ. Ва низ роҳнамову раҳмате барои мӯъминон бошад وَٱللَّهُ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَأَحۡيَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَآۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةً لِّقَوۡمٍ يَسۡمَعُونَ ٦٥Ва Аллоҳ аз осмон борон фиристод ва замини мурда (хушк)-ро бо он зинда кард. Бегумон барои мардуме, ки гӯши шунаво доранд, дар ин ибратест وَإِنَّ لَكُمۡ فِي ٱلۡأَنۡعَٰمِ لَعِبۡرَةًۖ نُّسۡقِيكُم مِّمَّا فِي بُطُونِهِۦ مِنۢ بَيۡنِ فَرۡثٍ وَدَمٍ لَّبَنًا خَالِصًا سَآئِغًا لِّلشَّٰرِبِينَ ٦٦Ва бегумон дар вуҷуди чорпоён барои шумо пандест. Аз шири холис, ки аз шикамашон, аз миёни саргину хун, берун меояд, ба шумо менӯшонем. Шире, ки барои нӯшандагон гуворост وَمِن ثَمَرَٰتِ ٱلنَّخِيلِ وَٱلۡأَعۡنَٰبِ تَتَّخِذُونَ مِنۡهُ سَكَرًا وَرِزۡقًا حَسَنًاۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةً لِّقَوۡمٍ يَعۡقِلُونَ ٦٧Ва бароятон низ ибратест аз меваҳои дарахтони хурмоҳову ангурҳо шароби мастиоваре ва ризқи некӯ ба даст меоваред ва хирадмандонро дар ин ибратест وَأَوۡحَىٰ رَبُّكَ إِلَى ٱلنَّحۡلِ أَنِ ٱتَّخِذِي مِنَ ٱلۡجِبَالِ بُيُوتًا وَمِنَ ٱلشَّجَرِ وَمِمَّا يَعۡرِشُونَ ٦٨Парвардигори ту ба занбӯри асал илҳом кард, ки аз кӯҳҳову дарахтон ва дар биноҳое, ки мардум месозанд, лонае интихоб кун ثُمَّ كُلِي مِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ فَٱسۡلُكِي سُبُلَ رَبِّكِ ذُلُلًاۚ يَخۡرُجُ مِنۢ بُطُونِهَا شَرَابٌ مُّخۡتَلِفٌ أَلۡوَٰنُهُۥ فِيهِ شِفَآءٌ لِّلنَّاسِۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةً لِّقَوۡمٍ يَتَفَكَّرُونَ ٦٩Он гоҳ аз ҳар мева бихӯр ва фармонбардорона ба роҳи Парвардигорат бирав. Аз шикамҳои занбӯрон шаробе (асали) рангоранге (сафед, сурх, зард) берун меояд, ки дар он шифо аст барои мардум. Ҳамоно барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд, дар ин ибратест وَٱللَّهُ خَلَقَكُمۡ ثُمَّ يَتَوَفَّىٰكُمۡۚ وَمِنكُم مَّن يُرَدُّ إِلَىٰٓ أَرۡذَلِ ٱلۡعُمُرِ لِكَيۡ لَا يَعۡلَمَ بَعۡدَ عِلۡمٍ شَيۡـًٔاۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌ قَدِيرٌ ٧٠Ва Аллоҳ шуморо биёфарид, баъд аз он мемиронад шуморо дар синни кудакӣ ё ҷавонӣ ва аз миёни шумо касеро ба пирӣ мерасонад, то ҳар чиро, ки омӯхтааст, аз ёд бибарад, зеро Аллоҳ донову тавоност وَٱللَّهُ فَضَّلَ بَعۡضَكُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٍ فِي ٱلرِّزۡقِۚ فَمَا ٱلَّذِينَ فُضِّلُواْ بِرَآدِّي رِزۡقِهِمۡ عَلَىٰ مَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُهُمۡ فَهُمۡ فِيهِ سَوَآءٌۚ أَفَبِنِعۡمَةِ ٱللَّهِ يَجۡحَدُونَ ٧١Аллоҳ рӯзии баъзе аз шуморо аз баъзе дигар афзун кардааст. Пас онон, ки ризқу рӯзиашон зиёд шуд, аз рӯзии худ ба зердастони хеш намедиҳанд, то ҳама дар ризқу рӯзӣ баробар шаванд, пас чӣ гуна барои Аллоҳ шариконеро муқаррар менамоянд, ки бо Аллоҳ баробар бошанд. Оё неъмати Аллоҳро инкор мекунанд, агар ба неъмати Аллоҳ иқрор мебуданд, ҳеҷгоҳ барои Ӯ шарик намеоварданд وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُم مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ أَزۡوَٰجًا وَجَعَلَ لَكُم مِّنۡ أَزۡوَٰجِكُم بَنِينَ وَحَفَدَةً وَرَزَقَكُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِۚ أَفَبِٱلۡبَٰطِلِ يُؤۡمِنُونَ وَبِنِعۡمَتِ ٱللَّهِ هُمۡ يَكۡفُرُونَ ٧٢Аллоҳ барои шумо аз ҷинси худатон занонро офарид то бо онҳо оромиш ёбед ва аз занонатон барои шумо писарону наберагонро офарид, то бароятон хизмат кунанд ва ҳоҷатҳоятонро баробар намоянд ва аз чизҳои ҳалолу пок рӯзиятон дод. Оё ҳанӯз ба ботил (бутон) имон меоваранд ва неъмати Аллоҳро ношукрة мекунанд وَيَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَمۡلِكُ لَهُمۡ رِزۡقًا مِّنَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ شَيۡـًٔا وَلَا يَسۡتَطِيعُونَ ٧٣Ва ғайр аз Аллоҳ касонеро мепарастанд, ки барояшон аз осмонҳо борон ва аз замин чизе рӯзӣ дода наметавонанд ва қудрату тавоноӣ надоранд فَلَا تَضۡرِبُواْ لِلَّهِ ٱلۡأَمۡثَالَۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ وَأَنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ ٧٤Пас, барои Аллоҳ чизеро мисол (шабеҳ, назир, анбоз) наёваред; Албатта, Аллоҳ медонад ва гувоҳӣ медиҳад ин ки ба ҷуз Ӯ ҳеҷ касеро ибодат карда намешавад ва шумо намедонед ва ба Ӯ шарик меоред ۞ ضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلًا عَبۡدًا مَّمۡلُوكًا لَّا يَقۡدِرُ عَلَىٰ شَيۡءٍ وَمَن رَّزَقۡنَٰهُ مِنَّا رِزۡقًا حَسَنًا فَهُوَ يُنفِقُ مِنۡهُ سِرًّا وَجَهۡرًاۖ هَلۡ يَسۡتَوُۥنَۚ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ٧٥Аллоҳ баён мекунад ақидаи вайрони мушриконро ба мисоли ғуломеро, ки ҳеҷ қудрате надорад, ки молеро дар роҳи Аллоҳ хайр кунад ва касеро, ки аз назди худ ризқи некӯяш (ҳалол) додаем ва дар пинҳону ошкоро нафақа мекунад. Оё ин ду баробаранд? Сипосу ситойиш хоси Аллоҳ аст, балки бештари мушрикон намедонанд وَضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلًا رَّجُلَيۡنِ أَحَدُهُمَآ أَبۡكَمُ لَا يَقۡدِرُ عَلَىٰ شَيۡءٍ وَهُوَ كَلٌّ عَلَىٰ مَوۡلَىٰهُ أَيۡنَمَا يُوَجِّههُّ لَا يَأۡتِ بِخَيۡرٍ هَلۡ يَسۡتَوِي هُوَ وَمَن يَأۡمُرُ بِٱلۡعَدۡلِ وَهُوَ عَلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسۡتَقِيمٍ ٧٦Ва Аллоҳ мисоли ду марди дигареро баён мекунад, ки яке гунг асту намефаҳмад ва фаҳмонида наметавонад ва бар ҳеҷ чиз қудрате надорад ва ӯ бар хоҷаи худ гарон аст, ҳар ҷо ки ӯро бифиристад, ҳеҷ фоидае ҳосил намекунад. Оё ин мард бо он кас, ки мардумро ба адл фармон медиҳад ва худ бар роҳи рост меравад, баробар аст? (Пас, чӣ гуна байни бутони гунгу кар ва байни Аллоҳи қодиру мунъим баробар медонед) وَلِلَّهِ غَيۡبُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَمَآ أَمۡرُ ٱلسَّاعَةِ إِلَّا كَلَمۡحِ ٱلۡبَصَرِ أَوۡ هُوَ أَقۡرَبُۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٍ قَدِيرٌ ٧٧Аз они Аллоҳ аст илми ниҳони (ғайб) осмонҳову замин. Ва фаро расидани қиёмат танҳо як чашм барҳам задан (як мижа задан) ё наздиктар аз он аст. Ҳамоно Аллоҳ бар ҳар коре тавоност وَٱللَّهُ أَخۡرَجَكُم مِّنۢ بُطُونِ أُمَّهَٰتِكُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ شَيۡـًٔا وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَٱلۡأَفۡـِٔدَةَ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ ٧٨Аллоҳ шуморо аз батни модаронатон берун овард ва ҳеҷ чизро намедонистед. Ва бароятон чашму гӯшу дил биёфарид, то ки шукргузорӣ кунед أَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَى ٱلطَّيۡرِ مُسَخَّرَٰتٍ فِي جَوِّ ٱلسَّمَآءِ مَا يُمۡسِكُهُنَّ إِلَّا ٱللَّهُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٍ لِّقَوۡمٍ يُؤۡمِنُونَ ٧٩Оё инҳо мушрикон он парандагони ромшударо дар фазои осмон намебинанд? Ҳеҷ кас ҷуз Аллоҳ онҳоро дар ҳаво нигоҳ дошта наметавонад. Ҳамоно дар ин парандаи ромшудае, ки дар ҳаво парвоз мекунад барои мардуме, ки имон меоваранд, ибратҳост وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُم مِّنۢ بُيُوتِكُمۡ سَكَنًا وَجَعَلَ لَكُم مِّن جُلُودِ ٱلۡأَنۡعَٰمِ بُيُوتًا تَسۡتَخِفُّونَهَا يَوۡمَ ظَعۡنِكُمۡ وَيَوۡمَ إِقَامَتِكُمۡ وَمِنۡ أَصۡوَافِهَا وَأَوۡبَارِهَا وَأَشۡعَارِهَآ أَثَٰثًا وَمَتَٰعًا إِلَىٰ حِينٍ ٨٠Ва Аллоҳ хонаҳоятонро ҷои оромишатон қарор дод ва дар он аз гармию хунукӣ шуморо муҳофизат намуд ва аз пӯсти чаҳорпоён бароятон чодарҳо сохт, ки ба ҳангоми сафар ва ҳангоми иқомат сабукашон меёбед ва аз бардоштани онҳо дар ранҷ намеафтед. Ва аз пашми гӯсфанд ва пашми шутур ва мӯйи буз то рӯзи қиёмат бароятон асоси хона ва асбоби зиндагӣ сохт وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُم مِّمَّا خَلَقَ ظِلَٰلًا وَجَعَلَ لَكُم مِّنَ ٱلۡجِبَالِ أَكۡنَٰنًا وَجَعَلَ لَكُمۡ سَرَٰبِيلَ تَقِيكُمُ ٱلۡحَرَّ وَسَرَٰبِيلَ تَقِيكُم بَأۡسَكُمۡۚ كَذَٰلِكَ يُتِمُّ نِعۡمَتَهُۥ عَلَيۡكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تُسۡلِمُونَ ٨١Ва Аллоҳ барои шумо аз чизҳое, ки офаридааст мисли дарахтон ва дигар чизҳо, сояҳо падид овард. Ва дар кӯҳҳо бароятон ғорҳо сохт. Ва ҷомаҳо аз пахтаю пашм, ки шуморо аз гармӣ ва хунукӣ ҳифз мекунад ва либосҳое (зиреҳҳо), ки дар ҷанг нигаҳдори шумост. Аллоҳ неъматҳои худро инчунин бар шумо комил мекунад. Бошад ки таслими фармони Ӯ шавед ва дар ибодати Ӯ чизеро шарик наоред فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّمَا عَلَيۡكَ ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ ٨٢Пас, агар аз тоати Ӯ рӯй гардонанд, ҷуз ин нест, ки вазифаи ту таблиғи ошкор аст, аммо ҳидоят аз тарафи Мост, эй Расул يَعۡرِفُونَ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ ثُمَّ يُنكِرُونَهَا وَأَكۡثَرُهُمُ ٱلۡكَٰفِرُونَ ٨٣Инҳо мушрикон неъматҳои Аллоҳро мешиносанд ва он ба паёмбарӣ фиристода шудани Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст, боз ҳам мункири нубуввати он мешаванд, зеро бисёрии онҳо кофиронанд وَيَوۡمَ نَبۡعَثُ مِن كُلِّ أُمَّةٍ شَهِيدًا ثُمَّ لَا يُؤۡذَنُ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ وَلَا هُمۡ يُسۡتَعۡتَبُونَ ٨٤Хабар деҳ, эй Муҳаммад, барояшон, ки рӯзе қиёмат фаро мерасад аз ҳар уммате паёмбарашро бар қавми худ гувоҳе бигирем, сипас ба кофирон рухсати сухан гуфтан дода нашавад, то узри худ баён кунанд ва узрашон пазируфта нашавад وَإِذَا رَءَا ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ ٱلۡعَذَابَ فَلَا يُخَفَّفُ عَنۡهُمۡ وَلَا هُمۡ يُنظَرُونَ ٨٥Ва чун ситамкорон (яъне кофирон) азоби дӯзахро бингаранд, локин азобашон аз онон сабук намешавад ва онон мӯҳлат намеёбанд وَإِذَا رَءَا ٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْ شُرَكَآءَهُمۡ قَالُواْ رَبَّنَا هَٰٓؤُلَآءِ شُرَكَآؤُنَا ٱلَّذِينَ كُنَّا نَدۡعُواْ مِن دُونِكَۖ فَأَلۡقَوۡاْ إِلَيۡهِمُ ٱلۡقَوۡلَ إِنَّكُمۡ لَكَٰذِبُونَ ٨٦Ва чун мушрикон рӯзи қиёмат маъбудони худро, ки шарики Аллоҳ месохтанд, бубинанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, инҳо шарикони мо ҳастанд, ки мо ба ҷои Ту онҳоро ибодат мекардем». Маъбудонашон дар ҷавоб мегӯянд, ки шумо дурӯғ мегӯед وَأَلۡقَوۡاْ إِلَى ٱللَّهِ يَوۡمَئِذٍ ٱلسَّلَمَۖ وَضَلَّ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ ٨٧Ва дар ин рӯз ҳамаи мушрикон баъд аз такаббур ва саркашиҳои дунявӣ ба бандагӣ хештанро таслими Аллоҳ мекунанд ва он дурӯғҳо, ки мебофтанд, нобуд шавад ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ زِدۡنَٰهُمۡ عَذَابًا فَوۡقَ ٱلۡعَذَابِ بِمَا كَانُواْ يُفۡسِدُونَ ٨٨Онон, ки кофир шуданд (ва паёмбарии туро, эй Муҳаммад, инкор намуданд) ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд, ба ҷазои фасоде, ки мекарданд, азобе бар азобашон хоҳем афзуд وَيَوۡمَ نَبۡعَثُ فِي كُلِّ أُمَّةٍ شَهِيدًا عَلَيۡهِم مِّنۡ أَنفُسِهِمۡۖ وَجِئۡنَا بِكَ شَهِيدًا عَلَىٰ هَٰٓؤُلَآءِۚ وَنَزَّلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ تِبۡيَٰنًا لِّكُلِّ شَيۡءٍ وَهُدًى وَرَحۡمَةً وَبُشۡرَىٰ لِلۡمُسۡلِمِينَ ٨٩Ва рӯзе бошад, ки аз ҳар уммате гувоҳе аз худашон бар худашон бифиристем ва туро бар онон (қавмат ва умматонат) гувоҳ мегирем. Ва мо Қуръонро, ки баёнкунандаи ҳар чизест аз ҳалолу ҳаром, савобу азоб, ҳидояту раҳмат ва муждаест барои мусалмонон, бар ту нозил кардаем ۞ إِنَّ ٱللَّهَ يَأۡمُرُ بِٱلۡعَدۡلِ وَٱلۡإِحۡسَٰنِ وَإِيتَآيِٕ ذِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَيَنۡهَىٰ عَنِ ٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِ وَٱلۡبَغۡيِۚ يَعِظُكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُونَ ٩٠Ҳамоно Аллоҳ дар ин китоб бар адлу инсоф эҳсон ба мардум ва бахшиш ба хешовандон, силаи раҳм фармон медиҳад. Ва аз фаҳшову зишткорӣ аз гуфтору кирдори бад ва он чи дар шариат писандида нашудааст ва аз ситам кибру зулм, бозмедорад. Шуморо панд медиҳад, бошад ки панд бигиред وَأَوۡفُواْ بِعَهۡدِ ٱللَّهِ إِذَا عَٰهَدتُّمۡ وَلَا تَنقُضُواْ ٱلۡأَيۡمَٰنَ بَعۡدَ تَوۡكِيدِهَا وَقَدۡ جَعَلۡتُمُ ٱللَّهَ عَلَيۡكُمۡ كَفِيلًاۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا تَفۡعَلُونَ ٩١Чун бо Аллоҳ аҳду паймон бастед ё ки бо мардум, пас агар он аҳду паймонатон мухолифи китоби Аллоҳ ва суннати паёмбар набошад, ба он вафо кунед ва чун савганд хӯрдед баъди таъкид сохтан, онро нашиканед, ки шумо Аллоҳро бар худатон нигаҳбон гардонидаед ва ҳамоно Аллоҳ медонад, ки чӣ мекунед. Ва ҳар касеро мувофиқи ният ва мақсадаш ҷазо хоҳад дод وَلَا تَكُونُواْ كَٱلَّتِي نَقَضَتۡ غَزۡلَهَا مِنۢ بَعۡدِ قُوَّةٍ أَنكَٰثًا تَتَّخِذُونَ أَيۡمَٰنَكُمۡ دَخَلَۢا بَيۡنَكُمۡ أَن تَكُونَ أُمَّةٌ هِيَ أَرۡبَىٰ مِنۡ أُمَّةٍۚ إِنَّمَا يَبۡلُوكُمُ ٱللَّهُ بِهِۦۚ وَلَيُبَيِّنَنَّ لَكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ مَا كُنتُمۡ فِيهِ تَخۡتَلِفُونَ ٩٢Ва дар аҳду паймонҳои худ мабошед, монанди он зан, ки риштаеро, ки маҳкам тофта буд, аз ҳам кушод ва пора-пора кард ва савгандҳои худро василаи фиреби якдигар насозед, то гурӯҳе аз гурӯҳе афзунтар шавад. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ шуморо ба он меозмояд ва албатта, дар рӯзи қиёмат чизеро, ки дар он ихтилоф мекардед, бароятон баён мекунад وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَجَعَلَكُمۡ أُمَّةً وَٰحِدَةً وَلَٰكِن يُضِلُّ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ وَلَتُسۡـَٔلُنَّ عَمَّا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٩٣Агар Аллоҳ мехост, ҳамаи шуморо як уммат (яъне бар миллати ислом) карда буд, вале ҳар киро бихоҳад, бо адолаташ гумроҳ месозад ва ҳар киро бихоҳад, аз фазли худ тавфиқу ҳидоят мекунад ва албатта, аз ҳар коре, ки мекунед, рӯзи қиёмат ҳатман пурсида мешавед وَلَا تَتَّخِذُوٓاْ أَيۡمَٰنَكُمۡ دَخَلَۢا بَيۡنَكُمۡ فَتَزِلَّ قَدَمُۢ بَعۡدَ ثُبُوتِهَا وَتَذُوقُواْ ٱلسُّوٓءَ بِمَا صَدَدتُّمۡ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلَكُمۡ عَذَابٌ عَظِيمٌ ٩٤Савгандҳои худро василаи фиреби якдигар масозед, то қадамеро, ки устувор сохтаед, билағжад ва ба сабаби рӯйгардониатон аз роҳи Аллоҳ ба гирифтори бад дучор шавед ва ба азоби бузург гирифтор оед وَلَا تَشۡتَرُواْ بِعَهۡدِ ٱللَّهِ ثَمَنًا قَلِيلًاۚ إِنَّمَا عِندَ ٱللَّهِ هُوَ خَيۡرٌ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ٩٥Паймони Аллоҳро ба баҳои андак барои моли дунё мафурӯшед, бегумон агар бидонед, он чи дар назди Аллоҳ аст, аз савоб бароятон беҳтар аст مَا عِندَكُمۡ يَنفَدُ وَمَا عِندَ ٱللَّهِ بَاقٍۗ وَلَنَجۡزِيَنَّ ٱلَّذِينَ صَبَرُوٓاْ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٩٦Он чи назди шумост, дар дунё фано мешавад ва он чи назди Аллоҳ аст, боқӣ мемонад. Ва ҳамоно ононро, ки сабр варзиданд бар вафо кардан дар осудаҳолию сахтӣ, подоши беҳтар аз кирдорашон хоҳем дод مَنۡ عَمِلَ صَٰلِحًا مِّن ذَكَرٍ أَوۡ أُنثَىٰ وَهُوَ مُؤۡمِنٌ فَلَنُحۡيِيَنَّهُۥ حَيَوٰةً طَيِّبَةًۖ وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٩٧Ҳар зану марде, ки кори некӯ анҷом диҳад, агар ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон оварда бошад, зиндагии хушу покизае (яъне, ризқи ҳалолу пок) ба ӯ хоҳем дод агарчанде молу мулки каме ҳам дошта бошад ва дар охират подоши беҳтар аз кирдорашон ато хоҳем кард فَإِذَا قَرَأۡتَ ٱلۡقُرۡءَانَ فَٱسۡتَعِذۡ بِٱللَّهِ مِنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ ٱلرَّجِيمِ ٩٨Ва чун эй мӯъмин, хоҳӣ ки Қуръон бихонӣ, пас аз шайтони раҷим, ки аз раҳмати Аллоҳ ронда шудааст, ба Аллоҳ паноҳ бубар إِنَّهُۥ لَيۡسَ لَهُۥ سُلۡطَٰنٌ عَلَى ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَلَىٰ رَبِّهِمۡ يَتَوَكَّلُونَ ٩٩Албатта, шайтонро бар касоне, ки имон оварданд ва бар Аллоҳ таваккал мекунанд, ғолибияте нест إِنَّمَا سُلۡطَٰنُهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ يَتَوَلَّوۡنَهُۥ وَٱلَّذِينَ هُم بِهِۦ مُشۡرِكُونَ ١٠٠Ҳамоно ғолибияти ӯ танҳо бар касонест, ки дӯсташ медоранд ва ӯро итоат мекунанд ва аз фармонаш берун намеоянд ва касоне, ки ба Аллоҳ ширк меоваранд وَإِذَا بَدَّلۡنَآ ءَايَةً مَّكَانَ ءَايَةٍ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا يُنَزِّلُ قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مُفۡتَرِۭۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ١٠١Ва чун оятеро ба ҷои ояти дигар ҷойгир кунем, Аллоҳ беҳтар медонад, ки чи чизеро барои бандагонаш хубӣ меорад ва медонад дар чи чиз ҳукмашро тағйир диҳад. Мушрикон мегӯянд: Эй Муҳаммад, ба дурустӣ, ки ту бар Аллоҳ дурӯғ мебандӣ, балки бештари онҳо намедонанд قُلۡ نَزَّلَهُۥ رُوحُ ٱلۡقُدُسِ مِن رَّبِّكَ بِٱلۡحَقِّ لِيُثَبِّتَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَهُدًى وَبُشۡرَىٰ لِلۡمُسۡلِمِينَ ١٠٢Бигӯ: «Он Қуръонро Руҳулқудс (Ҷабраил) ба ҳақу ростӣ аз ҷониби Парвардигорат нозил кардааст, то мӯъминонро устувор созад ва ҳидояту башорате бошад барои мусалмонон» وَلَقَدۡ نَعۡلَمُ أَنَّهُمۡ يَقُولُونَ إِنَّمَا يُعَلِّمُهُۥ بَشَرٌۗ لِّسَانُ ٱلَّذِي يُلۡحِدُونَ إِلَيۡهِ أَعۡجَمِيٌّ وَهَٰذَا لِسَانٌ عَرَبِيٌّ مُّبِينٌ ١٠٣Ва ба ростӣ медонем, ки мушрикон мегӯянд: «Ин Қуръонро башаре ба ӯ меомӯзонад». Забони касе, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, ғайри арабист, ҳол он ки ин Қуръон бо забони арабии равшанест, ки ҳатто шумо арабҳо ҳам дар фасоҳати он ҳайрон ва аз сохтани як сурааш нотавон ва дармондаед إِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ لَا يَهۡدِيهِمُ ٱللَّهُ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ ١٠٤Бегумон Аллоҳ касонеро, ки ба оёташ имон намеоваранд, ҳидоят намекунад ва барояшон азоби дардоваре муҳайёст إِنَّمَا يَفۡتَرِي ٱلۡكَذِبَ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡكَٰذِبُونَ ١٠٥Ҳақиқатан касоне, ки дурӯғ мебофанд, ба оёти Аллоҳ имон надоранд ва инҳо худ дурӯғгӯянд. Аммо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба оёти Аллоҳ имон дорад ва фармонбардори Парвардигораш аст, маҳол аст, ки ӯ дурӯғ бофад مَن كَفَرَ بِٱللَّهِ مِنۢ بَعۡدِ إِيمَٰنِهِۦٓ إِلَّا مَنۡ أُكۡرِهَ وَقَلۡبُهُۥ مُطۡمَئِنُّۢ بِٱلۡإِيمَٰنِ وَلَٰكِن مَّن شَرَحَ بِٱلۡكُفۡرِ صَدۡرًا فَعَلَيۡهِمۡ غَضَبٌ مِّنَ ٱللَّهِ وَلَهُمۡ عَذَابٌ عَظِيمٌ ١٠٦Ҳамоно дурӯғ мебофад ба Аллоҳ касе, ки ба ихтиёри худ, пас аз имон оварданаш ба Аллоҳ кофир мешавад, магар он ки ӯро ба зӯрӣ маҷбур карда шавад, то изҳори куфр кунад ва ҳол он ки дилаш ба имони хеш оромгирандаву осуда аст. Вале онон, ки дари дилро ба рӯи куфр мекушоянд, (яъне розӣ ҳастанд) мавриди хашми Аллоҳанд ва барояшон азоби бузург аст ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمُ ٱسۡتَحَبُّواْ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا عَلَى ٱلۡأٓخِرَةِ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡكَٰفِرِينَ ١٠٧Ва ин хашми Аллоҳ ва азоби бузург ба он сабаб аст, ки ин мушрикон зиндагии дунёро бештар аз зиндагии охират дӯст доранд ва Аллоҳ мардуми кофирро ҳидоят намекунад أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ طَبَعَ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ وَسَمۡعِهِمۡ وَأَبۡصَٰرِهِمۡۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡغَٰفِلُونَ ١٠٨Онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ бар дилу гӯшҳо ва чашмонашон мӯҳр ниҳодааст ва онҳо аз азоби Аллоҳ бехабаранд, пас имон намеоранд ва ҳидоят намеёбанд لَا جَرَمَ أَنَّهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ ١٠٩Шак нест, ки дар охират ҳам аз зиёндидагон бошанд ثُمَّ إِنَّ رَبَّكَ لِلَّذِينَ هَاجَرُواْ مِنۢ بَعۡدِ مَا فُتِنُواْ ثُمَّ جَٰهَدُواْ وَصَبَرُوٓاْ إِنَّ رَبَّكَ مِنۢ بَعۡدِهَا لَغَفُورٌ رَّحِيمٌ ١١٠Сипас Парвардигори ту эй Муҳаммад, барои касоне, ки пас аз ранҷ кашидан ҳиҷрат карданд ва баъд аз он ба ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ рафтанд ва дар баробари сахтиҳо сабр ва шикебоӣ варзиданд, албатта, Парвардигорат баъд аз ин ҳама машаққатҳо омурзандаву меҳрубон аст ۞ يَوۡمَ تَأۡتِي كُلُّ نَفۡسٍ تُجَٰدِلُ عَن نَّفۡسِهَا وَتُوَفَّىٰ كُلُّ نَفۡسٍ مَّا عَمِلَتۡ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ ١١١Ба ёд ор барояшон эй Паёмбар, ки рӯзи қиёмат ҳар кас барои дифои худ ба муҷодала мепардозад ва ба ҳар шахс ҷазои он чи кардааст, ба пуррагӣ дода шавад ва онҳо ситам карда нашаванд وَضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلًا قَرۡيَةً كَانَتۡ ءَامِنَةً مُّطۡمَئِنَّةً يَأۡتِيهَا رِزۡقُهَا رَغَدًا مِّن كُلِّ مَكَانٍ فَكَفَرَتۡ بِأَنۡعُمِ ٱللَّهِ فَأَذَٰقَهَا ٱللَّهُ لِبَاسَ ٱلۡجُوعِ وَٱلۡخَوۡفِ بِمَا كَانُواْ يَصۡنَعُونَ ١١٢Аллоҳ деҳаеро (яъне, Маккаро) мисол меорад, ки амну ором буд, ризқи мардумаш ба фаровонӣ аз ҳар ҷо мерасид, аммо ношукрии неъмати Аллоҳ карданд (яъне оёти Аллоҳро инкор карданд ва ба расулаш имон наоварданд) ва Аллоҳ ба ҷазои аъмолашон ба гуруснагӣ ва хавф аз лашкарҳои паёмбар саллаллоху алайҳи ва саллам мубталояшон сохт وَلَقَدۡ جَآءَهُمۡ رَسُولٌ مِّنۡهُمۡ فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمُ ٱلۡعَذَابُ وَهُمۡ ظَٰلِمُونَ ١١٣Аллоҳ таоло ба аҳли Макка, Паёмбареро аз худашон ба наздашон фиристод, ки ӯ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд, насабу ростӣ ва амонаташро медонистанд, вале он чиро ки барояшон овард, қабулаш накарданд, дурӯғгӯяш номиданд, пас азоби сахт ва гуруснагию хавф он ситамкоронро фаро гирифт فَكُلُواْ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُ حَلَٰلًا طَيِّبًا وَٱشۡكُرُواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ إِيَّاهُ تَعۡبُدُونَ ١١٤Пас, эй мӯъминон, аз ин чизҳои ҳалолу покизае, ки Аллоҳ ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри неъматашро ба ҷой оваред, агар Аллоҳро мепарастед ва Ӯро дар он чи ки амр ва наҳй мекунад, итоат мекардед إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَيۡتَةَ وَٱلدَّمَ وَلَحۡمَ ٱلۡخِنزِيرِ وَمَآ أُهِلَّ لِغَيۡرِ ٱللَّهِ بِهِۦۖ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ غَيۡرَ بَاغٍ وَلَا عَادٍ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ ١١٥Аллоҳ ҳаром кардааст бар шумо моли худмурдаву хун ва гӯшти хук ва ҳар чиро, ки дар вақти забҳ бо номи ғайри Аллоҳ забҳ кунанд. Аммо касе, ки ночор шавад, ба хотири ҳифзи ҷон аз чизи ҳаром бихӯрад, дар ҳоле ки ситамгор набошад ва аз ҳад таҷовуз накунад, пас Аллоҳ таоло омурзандаву меҳрубон аст وَلَا تَقُولُواْ لِمَا تَصِفُ أَلۡسِنَتُكُمُ ٱلۡكَذِبَ هَٰذَا حَلَٰلٌ وَهَٰذَا حَرَامٌ لِّتَفۡتَرُواْ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَفۡتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ لَا يُفۡلِحُونَ ١١٦Ва чизеро ки забони шумо ба дурӯғ баёни ҳукми он мекунад, нагӯед, ки ин ҳалол аст ва ин ҳаром аст, то бар Аллоҳ дурӯғро бандед. Албатта, касоне, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд, наҷот намеёбанд на дар дунё ва на дар охират مَتَٰعٌ قَلِيلٌ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ ١١٧Чизи андакест дар дунё ва дар охират барояшон азоби дардовар аст وَعَلَى ٱلَّذِينَ هَادُواْ حَرَّمۡنَا مَا قَصَصۡنَا عَلَيۡكَ مِن قَبۡلُۖ وَمَا ظَلَمۡنَٰهُمۡ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ ١١٨Ба Мо бар яхудиён он чиро, ки пеш аз ин барои ту эй Паёмбар ҳикоят кардем, ҳаром карда будем. Мо ба онҳо ситам накардаем, онон худ ба хештан ситам кардаанд ثُمَّ إِنَّ رَبَّكَ لِلَّذِينَ عَمِلُواْ ٱلسُّوٓءَ بِجَهَٰلَةٍ ثُمَّ تَابُواْ مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ وَأَصۡلَحُوٓاْ إِنَّ رَبَّكَ مِنۢ بَعۡدِهَا لَغَفُورٌ رَّحِيمٌ ١١٩Пас, бегумон Парвардигори ту барои касоне, ки аз рӯи нодонӣ анҷомдиҳандаи кори зиште шаванд, сипас тавба кунанд аз гуноҳони худ ва ислоҳ шаванд ва ба он чи ки Аллоҳ дӯст медорад ва розӣ аст, амал намоянд, ҳамоно Парвардигори ту баъд аз тавбаашон барои онҳо омурзандаву меҳрубон аст إِنَّ إِبۡرَٰهِيمَ كَانَ أُمَّةً قَانِتًا لِّلَّهِ حَنِيفًا وَلَمۡ يَكُ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ١٢٠Дар ҳақиқат Иброҳим пешвои аҳли ҳидоят итоаткунанда ва фармонбари Аллоҳ ва соҳиби дини ҳаниф (ҳақгаро) буд. Ва аз мушрикон набуд شَاكِرًا لِّأَنۡعُمِهِۚ ٱجۡتَبَىٰهُ وَهَدَىٰهُ إِلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسۡتَقِيمٍ ١٢١Ва шукргузори неъматҳои Ӯ буд, Аллоҳ ӯро ба паёмбарӣ баргузид ва ба роҳи рост ҳидоят кард وَءَاتَيۡنَٰهُ فِي ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةًۖ وَإِنَّهُۥ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ لَمِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ ١٢٢Ва бинобар итоати Парвардигораш ва шукргузории неъматаш ва ихлос дар ибодаташ, дар дунё ба ӯ некӣ иноят кардем ва албатта, ӯ дар охират низ аз ҷумлаи солеҳон хоҳад буд ثُمَّ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ أَنِ ٱتَّبِعۡ مِلَّةَ إِبۡرَٰهِيمَ حَنِيفًاۖ وَمَا كَانَ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ١٢٣Сипас эй Паёмбар, ба ту низ ваҳй кардем, ки ба дини ҳанифи Иброҳим пайравӣ кун, ки ӯ мусалмон буд ва аз мушрикон набуд إِنَّمَا جُعِلَ ٱلسَّبۡتُ عَلَى ٱلَّذِينَ ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِۚ وَإِنَّ رَبَّكَ لَيَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُواْ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ ١٢٤Ҳамоно бузург доштани рӯзи шанбе воҷиб гардид барои яҳудиҳое, ки дар он ихтилоф карда буданд. Албатта, Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар бораи он чи ихтилоф мекарданд, ҳукм хоҳад кард ٱدۡعُ إِلَىٰ سَبِيلِ رَبِّكَ بِٱلۡحِكۡمَةِ وَٱلۡمَوۡعِظَةِ ٱلۡحَسَنَةِۖ وَجَٰدِلۡهُم بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُۚ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِۦ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُهۡتَدِينَ ١٢٥Мардумро бо ҳикмат (Қуръону суннат) ва панду насиҳати некӯ ба роҳи Парвардигорат даъват кун ва бо беҳтарин тарз бо онон гуфтугӯ кун. Бегумон Парвардигори ту ба ҳоли касоне, ки аз роҳи Ӯ гумроҳ мешаванд, огоҳтар аст ва Ӯ ба роҳёфтагон донотар аст وَإِنۡ عَاقَبۡتُمۡ فَعَاقِبُواْ بِمِثۡلِ مَا عُوقِبۡتُم بِهِۦۖ وَلَئِن صَبَرۡتُمۡ لَهُوَ خَيۡرٌ لِّلصَّٰبِرِينَ ١٢٦Ва агар хоҳед, ки интиқом (қасос) кунед, пас, чунон интиқом кунед, ки шуморо интиқом кардаанд. Ва агар сабр кунед, собиронро сабр некӯтар аст وَٱصۡبِرۡ وَمَا صَبۡرُكَ إِلَّا بِٱللَّهِۚ وَلَا تَحۡزَنۡ عَلَيۡهِمۡ وَلَا تَكُ فِي ضَيۡقٍ مِّمَّا يَمۡكُرُونَ ١٢٧Эй паёмбар! Сабр кун, ки сабри ту ҷуз ба тавфиқи Аллоҳ нест ва барояшон (яъне барои имон наёвардани кофирон, ки туро мухолифат мекунанд) ғамгин мабош ва аз макру душманиашон дилтангӣ нанамоӣ إِنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَواْ وَّٱلَّذِينَ هُم مُّحۡسِنُونَ ١٢٨Бегумон Аллоҳ бо ҳамроҳи касоне аст, ки парҳез мекунанд ва онон некӯкоронанд

Translation: Khoja Mirov.