Millat al-Islam

Chapter 102 · 8 verses · Khoja Mirov

Surah At-Takathur in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah At-Takathur (1265 reciters)

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

أَلۡهَىٰكُمُ ٱلتَّكَاثُرُ ١Ба ғафлат кашид шуморо аз итоъати Аллоҳ фахр кардан ба бисёрии молу фарзанд حَتَّىٰ زُرۡتُمُ ٱلۡمَقَابِرَ ٢то ба гӯрҳо расидед ва дар он ҷо дафн шудед كـَلَّا سَوۡفَ تَعۡلَمُونَ ٣На, ин тавр не, нашояд ки молҳоятон шумоёнро ба ғафлат андозад ба зудӣ хоҳед донист, ки ҳаёти охират бароятон беҳтараст ثُمَّ كـَلَّا سَوۡفَ تَعۡلَمُونَ ٤Сипас ҳазар кунед, ки ба зудӣ оқибати ба дунё машғул шуданатонро хоҳед донист كـَلَّا لَوۡ تَعۡلَمُونَ عِلۡمَ ٱلۡيَقِينِ ٥На, ин тавр нест, агар аз рӯи яқин медонистед, ҳатман тезӣ мекардед бар наҷот додани нафсҳоятон аз ҳалокӣ لَتَرَوُنَّ ٱلۡجَحِيمَ ٦Албатта, ҷаҳаннамро хоҳед дид ثُمَّ لَتَرَوُنَّهَا عَيۡنَ ٱلۡيَقِينِ ٧Сипас ба чашми яқинаш хоҳед дид, бидуни шак ثُمَّ لَتُسۡـَٔلُنَّ يَوۡمَئِذٍ عَنِ ٱلنَّعِيمِ ٨Сипас дар он рӯз шуморо аз тамоми неъматҳои дунявӣ бозхост мекунанд

Translation: Khoja Mirov.