Millat al-Islam

Chapter 81 · 29 verses · Khoja Mirov

Surah At-Takwir in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah At-Takwir (1302 reciters)

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

إِذَا ٱلشَّمۡسُ كُوِّرَتۡ ١Чун офтоб дар ҳам печида шавад ва нураш хира шавад وَإِذَا ٱلنُّجُومُ ٱنكَدَرَتۡ ٢ва чун ситорагон тира шаванд وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ سُيِّرَتۡ ٣ва чун кӯҳҳо аз ҷои худ беҷо бишаванд ва пора-пора шаванд وَإِذَا ٱلۡعِشَارُ عُطِّلَتۡ ٤ва чун шутурони ҳомила ба ҳоли худ бесоҳиб гузошта шаванд وَإِذَا ٱلۡوُحُوشُ حُشِرَتۡ ٥ва чун ҷонварони ваҳшӣ ҷамъ оварда шаванд وَإِذَا ٱلۡبِحَارُ سُجِّرَتۡ ٦ва чун дарёҳо оташ гиранд وَإِذَا ٱلنُّفُوسُ زُوِّجَتۡ ٧ва чун рӯҳҳо бо ҷасадҳо наздик шаванд ва ҷамъ оянд وَإِذَا ٱلۡمَوۡءُۥدَةُ سُئِلَتۡ ٨ва чун аз духтари зинда ба гӯр шуда пурсида шавад, ки بِأَيِّ ذَنۢبٍ قُتِلَتۡ ٩ба чӣ гуноҳе кушта шудааст وَإِذَا ٱلصُّحُفُ نُشِرَتۡ ١٠ва чун саҳифаҳои аъмол боз шаванд وَإِذَا ٱلسَّمَآءُ كُشِطَتۡ ١١ва чун осмон аз ҷои худ канда шавад وَإِذَا ٱلۡجَحِيمُ سُعِّرَتۡ ١٢ва чун ҷаҳаннам афрӯхта шӯълавар гардад وَإِذَا ٱلۡجَنَّةُ أُزۡلِفَتۡ ١٣ва чун биҳишт наздик оварда шавад عَلِمَتۡ نَفۡسٌ مَّآ أَحۡضَرَتۡ ١٤ҳар кас бидонад, ки чӣ омода кардааст, аз хубӣ ва бадиҳо فَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلۡخُنَّسِ ١٥Аллоҳ савганд ёд мекунад ба ситорагони бозгарданда, ки дар рӯз пинҳон мешаванд ٱلۡجَوَارِ ٱلۡكُنَّسِ ١٦ситорагони сайркунандаи ғоибшаванда وَٱلَّيۡلِ إِذَا عَسۡعَسَ ١٧ва савганд ба шаб, чун торик шавад وَٱلصُّبۡحِ إِذَا تَنَفَّسَ ١٨ва савганд ба субҳ, чун бидамад إِنَّهُۥ لَقَوۡلُ رَسُولٍ كَرِيمٍ ١٩ки ин Қуръон сухани расули бузургвор Ҷабраил (алайҳиссалом) аст ذِي قُوَّةٍ عِندَ ذِي ٱلۡعَرۡشِ مَكِينٍ ٢٠Ӯ нерӯманд аст, дар назди Аллоҳи Арш, дорои мақоми болост مُّطَاعٍ ثَمَّ أَمِينٍ ٢١он ҷо дар назди Аллоҳ фармонбардоршуда, боваринок аст وَمَا صَاحِبُكُم بِمَجۡنُونٍ ٢٢Ва ҳамсӯҳбати шумо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) девона нест وَلَقَدۡ رَءَاهُ بِٱلۡأُفُقِ ٱلۡمُبِينِ ٢٣Ба дурустӣ, ӯ Ҷабраилро ба сурати ҳақиқааш дар уфуқи равшан дидааст وَمَا هُوَ عَلَى ٱلۡغَيۡبِ بِضَنِينٍ ٢٤Ва он чиро аз ғайб ба ӯ гӯянд, дареғ намедорад وَمَا هُوَ بِقَوۡلِ شَيۡطَٰنٍ رَّجِيمٍ ٢٥Ва он (Қуръон) гуфтаи шайтони рондашуда нест, балки сухан ва ваҳйи Илоҳӣ аст فَأَيۡنَ تَذۡهَبُونَ ٢٦Пас ба куҷо меравед баъди ин қадар ҳуҷҷатҳои қотеъ إِنۡ هُوَ إِلَّا ذِكۡرٌ لِّلۡعَٰلَمِينَ ٢٧Ин китоб, пандест барои ҷаҳониён لِمَن شَآءَ مِنكُمۡ أَن يَسۡتَقِيمَ ٢٨барои ҳар кас аз шумо, ки бихоҳад росткирдор шавад وَمَا تَشَآءُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٢٩Ва шумо ростӣ ва истиқоматро намехоҳед ва бар ин хост қодир ҳам намебошед, магар он чиро, ки Парвардигори ҷаҳониён бихоҳад

Translation: Khoja Mirov.