Millat al-Islam

Chapter 86 · 17 verses · Khoja Mirov

Surah At-Tariq in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah At-Tariq (1312 reciters)
Meccanسورة الطارق17 verses

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

وَٱلسَّمَآءِ وَٱلطَّارِقِ ١Аллоҳ савганд ёд мекунад ба осмон ва ситорае, ки шабонагоҳ пайдо мешавад وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلطَّارِقُ ٢Ва ту чӣ донӣ, ки ситорае, ки дар шаб пайдо мешавад, чи ҳаст ٱلنَّجۡمُ ٱلثَّاقِبُ ٣Ситораи дурахшоне ҳаст, ки торикии шабро мешикофад إِن كُلُّ نَفۡسٍ لَّمَّا عَلَيۡهَا حَافِظٌ ٤Касе вуҷуд надорад, магар ки бар ӯ фариштае вакил карда шудааст барои навиштани амалҳои ӯ فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ مِمَّ خُلِقَ ٥Пас одамӣ, ки рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз мирониданро инкор мекунад, бингарад, ки аз чӣ чиз офарида шудааст خُلِقَ مِن مَّآءٍ دَافِقٍ ٦Аз оби мании ҷаҳандаи ночиз офарида шудааст يَخۡرُجُ مِنۢ بَيۡنِ ٱلصُّلۡبِ وَٱلتَّرَآئِبِ ٧ки аз миёни устухони пушти мард ва устухони синаи зан берун меояд إِنَّهُۥ عَلَىٰ رَجۡعِهِۦ لَقَادِرٌ ٨Бегумон, Аллоҳ ба бозофариниши ӯ тавоност يَوۡمَ تُبۡلَى ٱلسَّرَآئِرُ ٩рӯзе, ки розҳои ниҳон ошкор мешаванд. Ва амали солеҳ аз амали фосид ҷудо мегардад فَمَا لَهُۥ مِن قُوَّةٍ وَلَا نَاصِرٍ ١٠Онгоҳ ӯро тавоноӣ ва ёваре набошад وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلرَّجۡعِ ١١Савганд ба осмони бозборанда وَٱلۡأَرۡضِ ذَاتِ ٱلصَّدۡعِ ١٢Савганд ба замине, ки дар он шикофиҳо ҳаст аз онҳо гиёҳҳо мерӯянд إِنَّهُۥ لَقَوۡلٌ فَصۡلٌ ١٣Бегумон, Қуръон сухани равшан ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст وَمَا هُوَ بِٱلۡهَزۡلِ ١٤Ва он ҳазл нест إِنَّهُمۡ يَكِيدُونَ كَيۡدًا ١٥Бегумон, ононе ки паёмбар саллалллоҳу алайҳи ва салламро бовар намекунанд ҳилае меандешанд, то Қуръон ва расулро дурӯғ бароранд ва ботили худро таъйид намоянд وَأَكِيدُ كَيۡدًا ١٦Ва Ман низ чорае меандешам, то ҳақро нусрат диҳам, агарчӣ кофиронро нописанд ояд فَمَهِّلِ ٱلۡكَٰفِرِينَ أَمۡهِلۡهُمۡ رُوَيۡدَۢا ١٧Пас кофиронро мӯхлат деҳ, андак мӯхлаташон деҳ! Ва дар фуруд омадани азоб ба онҳо шитоб макун

Translation: Khoja Mirov.