Millat al-Islam

Chapter 43 · 89 verses · Khoja Mirov

Surah Az-Zukhruf in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah Az-Zukhruf (1167 reciters)
Meccanسورة الزخرف89 verses

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

حمٓ ١Ҳо, Мим وَٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ ٢Савганд ба ин Қуръони равшан ва равшангар дар лафз ва маъно إِنَّا جَعَلۡنَٰهُ قُرۡءَٰنًا عَرَبِيًّا لَّعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ ٣Мо ин китоби Қуръонро ба забони арабӣ бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил кардем. Шояд, ки бифаҳмед ва дарёбед маъноҳояшро وَإِنَّهُۥ فِيٓ أُمِّ ٱلۡكِتَٰبِ لَدَيۡنَا لَعَلِيٌّ حَكِيمٌ ٤Ва бегумон он дар Лавҳи Маҳфуз дар назди Мост. Ба дурустӣ, ин китоб баландқадр ва боҳикмат аст أَفَنَضۡرِبُ عَنكُمُ ٱلذِّكۡرَ صَفۡحًا أَن كُنتُمۡ قَوۡمًا مُّسۡرِفِينَ ٥Оё ба он сабаб, ки мардуми исрофкори саркаш ҳастед, аз шумо рӯй гардонем ва Қуръонро аз шумо боздорем وَكَمۡ أَرۡسَلۡنَا مِن نَّبِيٍّ فِي ٱلۡأَوَّلِينَ ٦Чи қадар паёмбаронро дар миёни пешиниён фиристодем وَمَا يَأۡتِيهِم مِّن نَّبِيٍّ إِلَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ ٧Ва ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода намешуд, магар он ки масхарааш мекарданд فَأَهۡلَكۡنَآ أَشَدَّ مِنۡهُم بَطۡشًا وَمَضَىٰ مَثَلُ ٱلۡأَوَّلِينَ ٨Пас, Мо касонеро ҳалок кардем, ки нерумандтар аз инҳо ҳам буданд ва қудрати зиёдтаре ҳам доштанд ва намунае аз қиссаи пешиниён гузаштааст, ки бархе аз онҳоро бароят баён кардем وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ لَيَقُولُنَّ خَلَقَهُنَّ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡعَلِيمُ ٩Эй Паёмбар агар аз онҳо пурсӣ: «Чӣ зоте осмонҳову заминро офаридааст?» Мегӯянд: «Онҳоро Он пирӯзманди доно офаридааст,» ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ مَهۡدًا وَجَعَلَ لَكُمۡ فِيهَا سُبُلًا لَّعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ ١٠Он ки заминро паҳн кард ва бистари шумо сохт ва бароятон дар он роҳҳо падид овард, бошад, ки шумо ҳидоят ёбед وَٱلَّذِي نَزَّلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءَۢ بِقَدَرٍ فَأَنشَرۡنَا بِهِۦ بَلۡدَةً مَّيۡتًاۚ كَذَٰلِكَ تُخۡرَجُونَ ١١Ва он ки аз осмон об (борон) фиристод ба андозаи муъайян. Ва ба он сарзамини мурдаро зинда кардем. Шумо низ эй одамон инчунин аз гӯрҳо берун оварда мешавед وَٱلَّذِي خَلَقَ ٱلۡأَزۡوَٰجَ كُلَّهَا وَجَعَلَ لَكُم مِّنَ ٱلۡفُلۡكِ وَٱلۡأَنۡعَٰمِ مَا تَرۡكَبُونَ ١٢Ва он ки ҳама махлуқотро ҷуфт биёфарид. Ва бароятон аз киштиҳо ва чорпоён (шутур, асп ва хар) маркабҳо сохт, ки бар онҳо савор мешавед لِتَسۡتَوُۥاْ عَلَىٰ ظُهُورِهِۦ ثُمَّ تَذۡكُرُواْ نِعۡمَةَ رَبِّكُمۡ إِذَا ٱسۡتَوَيۡتُمۡ عَلَيۡهِ وَتَقُولُواْ سُبۡحَٰنَ ٱلَّذِي سَخَّرَ لَنَا هَٰذَا وَمَا كُنَّا لَهُۥ مُقۡرِنِينَ ١٣То бар пушти онҳо қарор гиред, ва чун бар он ҷой гирифтед неъмати Парвардигоратонро ёд кунед ва бигӯед: «Пок аст он Зоте, ки инҳоро роми мо кард, вагарна моро тавони он набуд وَإِنَّآ إِلَىٰ رَبِّنَا لَمُنقَلِبُونَ ١٤Ва бегумон мо ба сӯи Парвардигорамон боз мегардем» وَجَعَلُواْ لَهُۥ مِنۡ عِبَادِهِۦ جُزۡءًاۚ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَكَفُورٌ مُّبِينٌ ١٥Ва он мушрикон барои Аллоҳ аз миёни бандагонаш фарзанде муқаррар карданд. Ҳароина, одамӣ носипоси ошкор аст أَمِ ٱتَّخَذَ مِمَّا يَخۡلُقُ بَنَاتٍ وَأَصۡفَىٰكُم بِٱلۡبَنِينَ ١٦Оё аз он чӣ меофаринад барои худ духтаронро баргирифт ва шуморо бо писарон баргузидааст وَإِذَا بُشِّرَ أَحَدُهُم بِمَا ضَرَبَ لِلرَّحۡمَٰنِ مَثَلًا ظَلَّ وَجۡهُهُۥ مُسۡوَدًّا وَهُوَ كَظِيمٌ ١٧Ва ҳар гоҳ, ки мужда дода шавад ба яке аз мушрикон ба ҳамон чизе, ки ба Аллоҳи меҳрубон нисбат дода буданд, (яъне таваллуди духтар, дар ҳол) рангу рӯяш сиёҳ гардад, ба ин мужда ва хашмигину ғазабнок гардад أَوَمَن يُنَشَّؤُاْ فِي ٱلۡحِلۡيَةِ وَهُوَ فِي ٱلۡخِصَامِ غَيۡرُ مُبِينٍ ١٨Оё касеро ки ба ороиш ва зиннат тарбият меёбад (яъне, духтар) ва ӯ наметавонад, ки дар кашмакашиҳо мақсадашро хуб ва ошкор баён ва исбот кунад, (яъне, оҷизу нотавон аст), ба Аллоҳ нисбат медиҳанд وَجَعَلُواْ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةَ ٱلَّذِينَ هُمۡ عِبَٰدُ ٱلرَّحۡمَٰنِ إِنَٰثًاۚ أَشَهِدُواْ خَلۡقَهُمۡۚ سَتُكۡتَبُ شَهَٰدَتُهُمۡ وَيُسۡـَٔلُونَ ١٩Ва он мушрикон фариштагонро, ки бандагони Аллоҳанд, зан пиндоштанд. Оё ба ҳангоми офариниши онҳо ҳозир будаанд? Гувоҳии онон навишта мешавад ва онҳо дар охират бозхост мешаванд وَقَالُواْ لَوۡ شَآءَ ٱلرَّحۡمَٰنُ مَا عَبَدۡنَٰهُمۗ مَّا لَهُم بِذَٰلِكَ مِنۡ عِلۡمٍۖ إِنۡ هُمۡ إِلَّا يَخۡرُصُونَ ٢٠Ва гуфтанд кофирон: «Агар Аллоҳи меҳрубон мехост, мо фариштагонро намепарастидем,» (ин ҳуҷҷати ботил аст). Онҳо камтарин дониш ва огоҳӣ аз ин надоранд, онҳо ҷуз дурӯғ чизе дигар намегӯянд أَمۡ ءَاتَيۡنَٰهُمۡ كِتَٰبًا مِّن قَبۡلِهِۦ فَهُم بِهِۦ مُسۡتَمۡسِكُونَ ٢١Оё пеш аз Қуръон китобе барояшон нозил кардаем, ки акнун ба он чанг задаанду амал кардаанд بَلۡ قَالُوٓاْ إِنَّا وَجَدۡنَآ ءَابَآءَنَا عَلَىٰٓ أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِم مُّهۡتَدُونَ ٢٢Балки, гуфтаанд: «Ҳароина, падарони худро бар дине ёфтаем ва мо аз пайи онҳо роҳёфтагонем» وَكَذَٰلِكَ مَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ فِي قَرۡيَةٍ مِّن نَّذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتۡرَفُوهَآ إِنَّا وَجَدۡنَآ ءَابَآءَنَا عَلَىٰٓ أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِم مُّقۡتَدُونَ ٢٣Ва ҳамин гуна нафиристодем пеш аз ту эй Паёмбар дар шаҳру деҳе паёмбаронеро, магар ки баъди фиристодан ашрофу сардорони он шаҳру деҳ гуфтанд: бегумон мо падарони худро бар дине ёфтем. Албатта, мо роҳу равиши падарони худро пайравӣ мекунем ۞ قَٰلَ أَوَلَوۡ جِئۡتُكُم بِأَهۡدَىٰ مِمَّا وَجَدتُّمۡ عَلَيۡهِ ءَابَآءَكُمۡۖ قَالُوٓاْ إِنَّا بِمَآ أُرۡسِلۡتُم بِهِۦ كَٰفِرُونَ ٢٤Паёмбарашон ба онҳо гуфтанд: «Оё ман динеро барои шумо оварда бошам, ки ҳидоятбахштар аз оне бошад, ки падаронатонро дар он ёфтед, боз аз он дин пайравӣ мекунед, гуфтанд: Мо ба он паёмбар ва рисолате, ки шумо ёфтед, бовар надорем فَٱنتَقَمۡنَا مِنۡهُمۡۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُكَذِّبِينَ ٢٥Пас аз онҳо интиқом гирифта, азобашон кардем. Пас, эй Паёмбар бингар, ки оқибати дурӯғбарорандагон чӣ гуна будааст وَإِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِيمُ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦٓ إِنَّنِي بَرَآءٌ مِّمَّا تَعۡبُدُونَ ٢٦Ва ёд кун эй Паёмбар, чун Иброҳим ба падару қавмаш гуфт: «Албатта, ман аз он чи шумо мепарастед, (яъне, аз бутҳо), безорам إِلَّا ٱلَّذِي فَطَرَنِي فَإِنَّهُۥ سَيَهۡدِينِ ٢٧ба ҷуз он маъбуде, ки маро офаридааст, пас албатта, Ӯ маро раҳнамоӣ хоҳад кард» وَجَعَلَهَا كَلِمَةَۢ بَاقِيَةً فِي عَقِبِهِۦ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ ٢٨Ва Иброҳим ин суханро (яъне, калимаи Ло илоҳа илаллоҳро) дар миёни фарзандонаш поянда ва боқӣ гузошт, бошанд, ки ба сӯи ибодати Аллоҳ бозгарданд بَلۡ مَتَّعۡتُ هَٰٓؤُلَآءِ وَءَابَآءَهُمۡ حَتَّىٰ جَآءَهُمُ ٱلۡحَقُّ وَرَسُولٌ مُّبِينٌ ٢٩Балки баҳраманд сохтем мушрикони қавматро ва падарону бобоёнашонро, то вақте ки омад ба онҳо дини ҳақ (Қуръон) ва паёмбаре, ки баён мекунад ба онҳо умури динашонро وَلَمَّا جَآءَهُمُ ٱلۡحَقُّ قَالُواْ هَٰذَا سِحۡرٌ وَإِنَّا بِهِۦ كَٰفِرُونَ ٣٠Ва чун ҳақ (Қуръон) бар онҳо омад, гуфтанд: «Ҷодуст ва ҳароина, мо ба он имон намеоварем» وَقَالُواْ لَوۡلَا نُزِّلَ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانُ عَلَىٰ رَجُلٍ مِّنَ ٱلۡقَرۡيَتَيۡنِ عَظِيمٍ ٣١Ва гуфтанд мушрикон: «Агар ин Қуръон аз назди Аллоҳ мебуд, пас чаро ин Қуръон бар марде аз бузургмардони он ду деҳа (Макка ё Тоиф) нозил нашудааст?» أَهُمۡ يَقۡسِمُونَ رَحۡمَتَ رَبِّكَۚ نَحۡنُ قَسَمۡنَا بَيۡنَهُم مَّعِيشَتَهُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۚ وَرَفَعۡنَا بَعۡضَهُمۡ فَوۡقَ بَعۡضٍ دَرَجَٰتٍ لِّيَتَّخِذَ بَعۡضُهُم بَعۡضًا سُخۡرِيًّاۗ وَرَحۡمَتُ رَبِّكَ خَيۡرٌ مِّمَّا يَجۡمَعُونَ ٣٢Оё онон раҳмати Парвардигоратро тақсим мекунанд?, (Яъне, паёмбариро), ҳол он ки мо маишати рӯзгузаронии онҳоро дар ин зиндагии дунё миёнашон тақсим мекунем. Ва баъзеро ба мартаба болотар аз баъзе дигар қарор додем, то баъзе баъзи дигарро ба хидмат гиранд. Ва раҳмати Парвардигорат (яъне, даромаданашон ба ҷаннат) аз он чӣ онҳо ҷамъ меоваранд аз моли дунё, беҳтар аст وَلَوۡلَآ أَن يَكُونَ ٱلنَّاسُ أُمَّةً وَٰحِدَةً لَّجَعَلۡنَا لِمَن يَكۡفُرُ بِٱلرَّحۡمَٰنِ لِبُيُوتِهِمۡ سُقُفًا مِّن فِضَّةٍ وَمَعَارِجَ عَلَيۡهَا يَظۡهَرُونَ ٣٣Ва агар ин эҳтимол намебуд, ки мардум дар гумроҳӣ ҳама як гурӯҳ мешаванд, Мо барои касоне, ки ба Аллоҳи меҳрубон куфр меварзанд, хонҳое бо сақфҳои аз нуқра фароҳам меовардем ва барои онон нордбонҳое аз нуқра қарор медодем, ки бо онҳо боло раванд وَلِبُيُوتِهِمۡ أَبۡوَٰبًا وَسُرُرًا عَلَيۡهَا يَتَّكِـُٔونَ ٣٤Ва барои хонаҳояшон дарҳое аз нуқра қарор медоданд ва тахтҳое, нуқрагин ки бар онҳо такя зананд омода месохтем وَزُخۡرُفًاۚ وَإِن كُلُّ ذَٰلِكَ لَمَّا مَتَٰعُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۚ وَٱلۡأٓخِرَةُ عِندَ رَبِّكَ لِلۡمُتَّقِينَ ٣٥Ва аз ҳар гуна зинат барояшон қарор медодем. Ва аммо ҳамаи инҳо баҳрамандии ночизи дунявист, ҳол он ки охират (ҷаннат) дар назди Парвардигори ту барои парҳезгорон аст وَمَن يَعۡشُ عَن ذِكۡرِ ٱلرَّحۡمَٰنِ نُقَيِّضۡ لَهُۥ شَيۡطَٰنًا فَهُوَ لَهُۥ قَرِينٌ ٣٦Ҳар кас, ки аз ёди Аллоҳи меҳрубон (Қуръон) рӯй гардонад, шайтоне бар ӯ вобаста мекунем, ки ӯро дар дунё гумроҳ месозад, пас ӯ ҳамеша ҳамроҳаш бошад وَإِنَّهُمۡ لَيَصُدُّونَهُمۡ عَنِ ٱلسَّبِيلِ وَيَحۡسَبُونَ أَنَّهُم مُّهۡتَدُونَ ٣٧Ва албатта шайтонҳо бозмедоранд кофиронро, аз роҳи рост, вале кофирон худро ҳидоятёфта меҳисобанд حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَنَا قَالَ يَٰلَيۡتَ بَيۡنِي وَبَيۡنَكَ بُعۡدَ ٱلۡمَشۡرِقَيۡنِ فَبِئۡسَ ٱلۡقَرِينُ ٣٨То он гоҳ ки назди Мо ояд, гӯяд кофир ба шайтон: «Эй кош, миёни ману ту дурие мебуд ба мисли масофаи машриқу мағриб. Зеро бисёр бад ҳамнишине будӣ ту барои ман дар дунё» وَلَن يَنفَعَكُمُ ٱلۡيَوۡمَ إِذ ظَّلَمۡتُمۡ أَنَّكُمۡ فِي ٱلۡعَذَابِ مُشۡتَرِكُونَ ٣٩Ва гӯем фоида накунад шуморо дигар пушаймонӣ зеро, ки зулм кардед ба сабаби ихтиёр намуданатон куфро. Пас шумо дар чашидани азоб бо якдигар шарик бошед أَفَأَنتَ تُسۡمِعُ ٱلصُّمَّ أَوۡ تَهۡدِي ٱلۡعُمۡيَ وَمَن كَانَ فِي ضَلَٰلٍ مُّبِينٍ ٤٠Оё ту эй Паёмбар, мехоҳӣ ба ношунавоён сухан бишнавонӣ ё кӯронеро, ки дар гумроҳии ошкор ҳастанд, роҳ бинамоӣ? Ин дар ӯҳдаи ту нест, ҳидоят дар дасти Аллоҳ аст فَإِمَّا نَذۡهَبَنَّ بِكَ فَإِنَّا مِنۡهُم مُّنتَقِمُونَ ٤١Пас ҳаргоҳ туро эй Паёмбар аз ин дунё бибарем, албатта Мо аз онҳо интиқом мегирем أَوۡ نُرِيَنَّكَ ٱلَّذِي وَعَدۡنَٰهُمۡ فَإِنَّا عَلَيۡهِم مُّقۡتَدِرُونَ ٤٢Ё азобе, ки ба онҳо ваъда додем, ба ту нишон хоҳем дод, зеро, Мо бар онҳо тавоно ҳастем فَٱسۡتَمۡسِكۡ بِٱلَّذِيٓ أُوحِيَ إِلَيۡكَۖ إِنَّكَ عَلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسۡتَقِيمٍ ٤٣Пас маҳкам нигаҳ дор эй Паёмбар он чиро, ки Аллоҳ дар ин Қуръон ба ту амр кардааст. Албатта ту бар роҳи рост (дини Ислом) қарор дорӣ وَإِنَّهُۥ لَذِكۡرٌ لَّكَ وَلِقَوۡمِكَۖ وَسَوۡفَ تُسۡـَٔلُونَ ٤٤Ва албатта, ин Қуръон барои ту ва қавмат панде аст. Зеро, ки ба забони онҳо нозил шудааст ва аз дигарҳо дида бояд онро хубтар бифаҳманд ва ба зудӣ пурсида мешавед аз шукргузорӣ ва амал кардан ба Қуръон وَسۡـَٔلۡ مَنۡ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ مِن رُّسُلِنَآ أَجَعَلۡنَا مِن دُونِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ءَالِهَةً يُعۡبَدُونَ ٤٥Ва бипурс эй Паёмбар он паёмбаронеро, ки фиристода будем пеш аз ту: «Оё ҷуз Аллоҳи меҳрубон, дигареро барои парастиши онҳо қарор дода будем?» وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا مُوسَىٰ بِـَٔايَٰتِنَآ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَمَلَإِيْهِۦ فَقَالَ إِنِّي رَسُولُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٤٦Ва ҳамоно, Мӯсоро ҳамроҳ бо муъҷизаҳои Худ бар Фиръавн ва сардорони қавмаш фиристодаем ва гуфт: «Ҳароина, ман фиристодаи Парвардигори ҷаҳониёнам!» فَلَمَّا جَآءَهُم بِـَٔايَٰتِنَآ إِذَا هُم مِّنۡهَا يَضۡحَكُونَ ٤٧Чун оёти (муъҷизаҳои) Моро бар онон пешкаш кард, онон аз мушоҳидаи он муъҷизаҳо ба онҳо механдиданд وَمَا نُرِيهِم مِّنۡ ءَايَةٍ إِلَّا هِيَ أَكۡبَرُ مِنۡ أُخۡتِهَاۖ وَأَخَذۡنَٰهُم بِٱلۡعَذَابِ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ ٤٨Ва ҳар мӯъҷизае бар онҳо (Фиръавн ва пайравонаш) нишон додем, аз мӯъҷизаи дигар бузургтар буд. Он гоҳ ҳамаро ба азобҳои гуногун гирифтор кардем, бошад, ки аз куфрашон бозгарданд وَقَالُواْ يَٰٓأَيُّهَ ٱلسَّاحِرُ ٱدۡعُ لَنَا رَبَّكَ بِمَا عَهِدَ عِندَكَ إِنَّنَا لَمُهۡتَدُونَ ٤٩Гуфтанд (фиръавниён): «Эй ҷодугар, дуъо кун барои мо ба Парвардигорат ба ҳурмати он аҳд ва бузургие, ки ба ту додааст, ин азобро аз мо бардорад, пас агар ин азобро аз мо бардорад, ҳароина ҳидоятёфтагонем». (Яъне имон меорем) فَلَمَّا كَشَفۡنَا عَنۡهُمُ ٱلۡعَذَابَ إِذَا هُمۡ يَنكُثُونَ ٥٠Чун азобро аз онҳо бардоштем, ба шарофати дуъои Мӯсо ин ҳангом онҳо паймони худро шикастанд. (Яъне, имон наоварданд) وَنَادَىٰ فِرۡعَوۡنُ فِي قَوۡمِهِۦ قَالَ يَٰقَوۡمِ أَلَيۡسَ لِي مُلۡكُ مِصۡرَ وَهَٰذِهِ ٱلۡأَنۡهَٰرُ تَجۡرِي مِن تَحۡتِيٓۚ أَفَلَا تُبۡصِرُونَ ٥١Ва Фиръавн дар миёни қавмаш фахркунон нидо кард, ки эй қавми ман, оё подшоҳии Мисру ин ҷӯйборон, ки аз зери пойи ман ва аз зери кохҳо ва қасрҳо ҷорӣ ҳастанд, аз они ман нестанд? Оё қуввату мансаби маро дар баробари нотавонӣ ва камбағалии Мӯсо намебинед أَمۡ أَنَا۠ خَيۡرٌ مِّنۡ هَٰذَا ٱلَّذِي هُوَ مَهِينٌ وَلَا يَكَادُ يُبِينُ ٥٢Балки ман беҳтарам ё ин шахсе, ки ӯ хору зор аст ва дуруст сухан гуфтан наметавонад فَلَوۡلَآ أُلۡقِيَ عَلَيۡهِ أَسۡوِرَةٌ مِّن ذَهَبٍ أَوۡ جَآءَ مَعَهُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ مُقۡتَرِنِينَ ٥٣Пас чаро фуруд оварда нашуд бар ин Мӯсо агар ҳақиқатан фиристодаи Аллоҳ бошад дастпонаҳои тиллоӣ ё чаро гурӯҳе аз фариштагон ҳамроҳаш наёмадаанд, ки бар паёмбариаш гувоҳӣ диҳанд فَٱسۡتَخَفَّ قَوۡمَهُۥ فَأَطَاعُوهُۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمًا فَٰسِقِينَ ٥٤Пас, Фиръавн қавми худро гумроҳ сохт, то ӯро итоъат карданд ва Мӯсоро бовар накарданд, ҳароина, мардуми табаҳкор ва хориҷ аз дини ҳақ буданд فَلَمَّآ ءَاسَفُونَا ٱنتَقَمۡنَا مِنۡهُمۡ فَأَغۡرَقۡنَٰهُمۡ أَجۡمَعِينَ ٥٥Пас чун Моро ба хашм оварданд ба сабаби куфру исёнашон, аз онҳо интиқом гирифтем пас ҳамаашонро ғарқ кардем فَجَعَلۡنَٰهُمۡ سَلَفًا وَمَثَلًا لِّلۡأٓخِرِينَ ٥٦Сипас ононро, дар шумори гузаштагон ва ибрате барои ояндагон қарор додем ۞ وَلَمَّا ضُرِبَ ٱبۡنُ مَرۡيَمَ مَثَلًا إِذَا قَوۡمُكَ مِنۡهُ يَصِدُّونَ ٥٧Ва чун фарзанди Марям (яъне парастиши Исо), ба унвони мисол зикр шуд, онгоҳ қавми ту аз он овоз баланд бардошта ришханд мезаданд وَقَالُوٓاْ ءَأَٰلِهَتُنَا خَيۡرٌ أَمۡ هُوَۚ مَا ضَرَبُوهُ لَكَ إِلَّا جَدَلَۢاۚ بَلۡ هُمۡ قَوۡمٌ خَصِمُونَ ٥٨Ва гуфтанд мушрикон эй фиристодашуда: «Оё маъбудони мо беҳтаранд ё ӯ (Исо)?» Ва ин суханро ҷуз барои ҷидол ва хусумат бо ту нагуфтаанд, ки мардуми хусуматкунандаанд إِنۡ هُوَ إِلَّا عَبۡدٌ أَنۡعَمۡنَا عَلَيۡهِ وَجَعَلۡنَٰهُ مَثَلًا لِّبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ٥٩Ӯ (Исо) танҳо бандаест, ки инъом кардем ба ӯ паёмбариро ва сохтем ӯро ибрату мисол барои бани Исроил وَلَوۡ نَشَآءُ لَجَعَلۡنَا مِنكُم مَّلَٰٓئِكَةً فِي ٱلۡأَرۡضِ يَخۡلُفُونَ ٦٠Ва агар мехостем, ба ҷои шумо фариштагоне падид меовардем, то дар рӯи замин ҷонишин шаванд وَإِنَّهُۥ لَعِلۡمٌ لِّلسَّاعَةِ فَلَا تَمۡتَرُنَّ بِهَا وَٱتَّبِعُونِۚ هَٰذَا صِرَٰطٌ مُّسۡتَقِيمٌ ٦١Ва бешубҳа фаромадани Исо алайҳиссаллом пеш аз рӯзи қиёмат нишонаи фаро расидани қиёмат аст. Пас дар воқеъ шудани қиёмат ҳаргиз шак макунед ва пайравии ман кунед! Ин аст роҳи рост ба сӯи ҷаннат وَلَا يَصُدَّنَّكُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُۖ إِنَّهُۥ لَكُمۡ عَدُوٌّ مُّبِينٌ ٦٢Шайтон бо васвасаҳояш шуморо аз роҳи тоъати Ман бознагардонад, албатта ӯ душмани ошкори шумост وَلَمَّا جَآءَ عِيسَىٰ بِٱلۡبَيِّنَٰتِ قَالَ قَدۡ جِئۡتُكُم بِٱلۡحِكۡمَةِ وَلِأُبَيِّنَ لَكُم بَعۡضَ ٱلَّذِي تَخۡتَلِفُونَ فِيهِۖ فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ٦٣Ва чун Исо бо далелҳои равшани худ назди бани Исроил омад, гуфт: «Бегумон бароятон ҳикмат нубувватро овардаам ва омадаам, то чизҳоеро аз умури дини, ки дар он ихтилоф мекунед, равшан кунам. Пас, аз Аллоҳ битарсед ва аз ман итоъат кунед إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ رَبِّي وَرَبُّكُمۡ فَٱعۡبُدُوهُۚ هَٰذَا صِرَٰطٌ مُّسۡتَقِيمٌ ٦٤Ҳароина, Аллоҳи якто, Парвардигори ману Парвардигори шумост. Пас Ӯро ягона бипарастед ва ба Ӯ чизеро шарик наоред. Роҳи рост ин аст.» فَٱخۡتَلَفَ ٱلۡأَحۡزَابُ مِنۢ بَيۡنِهِمۡۖ فَوَيۡلٌ لِّلَّذِينَ ظَلَمُواْ مِنۡ عَذَابِ يَوۡمٍ أَلِيمٍ ٦٥Пас гурӯҳҳо байни худ ихтилоф карданд. Пас, вой бар ҳоли ситамкорон онон, ки Исоро чунин васф карданд аз азоби дардовари қиёмат هَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّا ٱلسَّاعَةَ أَن تَأۡتِيَهُم بَغۡتَةً وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ ٦٦Оё онҳо мунтазири ин ҳастанд, ки қиёмат ногаҳон дар ҳоле, ки аз он бехабар ҳастанд, барояшон биёяд ٱلۡأَخِلَّآءُ يَوۡمَئِذِۭ بَعۡضُهُمۡ لِبَعۡضٍ عَدُوٌّ إِلَّا ٱلۡمُتَّقِينَ ٦٧Дӯстон дар он рӯз, душмани якдигар хоҳанд буд, магар парҳезгорон يَٰعِبَادِ لَا خَوۡفٌ عَلَيۡكُمُ ٱلۡيَوۡمَ وَلَآ أَنتُمۡ تَحۡزَنُونَ ٦٨Эй бандагони парҳезгори Ман, имрӯз ҳеҷ тарсу ҳаросе нест ба шумо, гирифтори азоб намешавед ва на шумо ғамгин мешавед ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَكَانُواْ مُسۡلِمِينَ ٦٩Он касоне, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва ба он чӣ паёмбарон овардаанд, амал намуданд ва бо дилу узвҳои баданашон таслими амри Мо шудаанд ٱدۡخُلُواْ ٱلۡجَنَّةَ أَنتُمۡ وَأَزۡوَٰجُكُمۡ تُحۡبَرُونَ ٧٠шумо ва ҳамсаронатон бо шодкомию хурсандӣ ба биҳишт дохил шавед يُطَافُ عَلَيۡهِم بِصِحَافٍ مِّن ذَهَبٍ وَأَكۡوَابٍۖ وَفِيهَا مَا تَشۡتَهِيهِ ٱلۡأَنفُسُ وَتَلَذُّ ٱلۡأَعۡيُنُۖ وَأَنتُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ٧١Гардонида мешавад ба биҳиштиҳо дар косаҳои заррин таъомро ва дар қадаҳҳои заррин шаробро. Дар он ҷост ҳар чӣ дил кашад ва дида аз он лаззат бибарад. Ва дар он ҷо ҷовидона хоҳед буд وَتِلۡكَ ٱلۡجَنَّةُ ٱلَّتِيٓ أُورِثۡتُمُوهَا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٧٢Ва ин он биҳиштест, ки Аллоҳ шуморо ба сабаби амалҳои некатон, ки дар дунё мекардед мерос дод لَكُمۡ فِيهَا فَٰكِهَةٌ كَثِيرَةٌ مِّنۡهَا تَأۡكُلُونَ ٧٣Дар он ҷаннат бароятон меваҳои бисёр аст, ки аз он мехӯред إِنَّ ٱلۡمُجۡرِمِينَ فِي عَذَابِ جَهَنَّمَ خَٰلِدُونَ ٧٤Ҳароина, гунаҳкорон дар азоби ҷаҳаннам ҷовидонанд لَا يُفَتَّرُ عَنۡهُمۡ وَهُمۡ فِيهِ مُبۡلِسُونَ ٧٥Азобашон кам намешавад ва онҳо аз раҳмати Аллоҳ ноумеданд وَمَا ظَلَمۡنَٰهُمۡ وَلَٰكِن كَانُواْ هُمُ ٱلظَّٰلِمِينَ ٧٦Ва Мо ба онҳо ситаме накардаем, то онҳоро ба азоб гирифтор кунем, балки онҳо ба сабаби ширк оварданашон ба Аллоҳи ягона худ ситамгор буданд وَنَادَوۡاْ يَٰمَٰلِكُ لِيَقۡضِ عَلَيۡنَا رَبُّكَۖ قَالَ إِنَّكُم مَّٰكِثُونَ ٧٧Ва дӯзахиҳо фарёд бароварданд, ки эй молики дӯзах, кош Парвардигори ту моро бимиронад, то аз ин азоб халос шавем. Мегӯяд молики дӯзах: «на, ҳароина, шумо дар ин азоб ҳамеша бошед» لَقَدۡ جِئۡنَٰكُم بِٱلۡحَقِّ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَكُمۡ لِلۡحَقِّ كَٰرِهُونَ ٧٨Ҳамоно овардем барои шумо сухани ҳақро ва онро барои шумо равшан намудем, лек аксари шумо сухани ҳақро, ки паёмбарон оварданд, намеписандидед أَمۡ أَبۡرَمُوٓاْ أَمۡرًا فَإِنَّا مُبۡرِمُونَ ٧٩Оё тасмими сахт гирифтанд мушрикон кореро? Пас албатта Мо низ тасмимгирандагонем. Мо низ иродаи маҳкам ва тағйирнопазир гирифтем أَمۡ يَحۡسَبُونَ أَنَّا لَا نَسۡمَعُ سِرَّهُمۡ وَنَجۡوَىٰهُمۚ بَلَىٰ وَرُسُلُنَا لَدَيۡهِمۡ يَكۡتُبُونَ ٨٠Оё гумон мекунанд ин мушрикон, ки Мо намешунавем сирру розгӯии суханони пинҳонӣ онҳоро? Оре, хуб мешунавем ва ҳароина фариштагони Мо назди онҳо ҳастанд ва менависанд ҳамаи амалҳои онҳоро قُلۡ إِن كَانَ لِلرَّحۡمَٰنِ وَلَدٌ فَأَنَا۠ أَوَّلُ ٱلۡعَٰبِدِينَ ٨١Бигӯ эй Паёмбар ба мушриконе, ки мегӯянд фариштагон духтарони Аллоҳ ҳастанд: «Агар Аллоҳи меҳрубонро фарзанде мебуд, чунонки мегӯед, пас ман аввалини ибодаткунандагон мебудам он фарзандро. Лек Аллоҳ пок аст аз зану фарзанд доштан» سُبۡحَٰنَ رَبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ رَبِّ ٱلۡعَرۡشِ عَمَّا يَصِفُونَ ٨٢Пок ҳаст Парвардигори осмонҳову замин ва Парвардигори Арш аз он нисбатҳо, ки мушрикон ба Ӯ медиҳанд, ба монанди фарзанд ва ғайраҳо فَذَرۡهُمۡ يَخُوضُواْ وَيَلۡعَبُواْ حَتَّىٰ يُلَٰقُواْ يَوۡمَهُمُ ٱلَّذِي يُوعَدُونَ ٨٣Пас, бигузорашон ба ҳоли худ эй Паёмбар, то дар ботили худ машғул бошанд ва саргарми бозӣ шаванд ба дунёи худ то даме, ки бирасанд ба он рӯзи азобашон, ки ваъда дода шудаанд: ё дар дунё ё дар охират ё дар ҳар ду وَهُوَ ٱلَّذِي فِي ٱلسَّمَآءِ إِلَٰهٌ وَفِي ٱلۡأَرۡضِ إِلَٰهٌۚ وَهُوَ ٱلۡحَكِيمُ ٱلۡعَلِيمُ ٨٤Ва Ӯ Аллоҳе аст, ки дар осмон маъбуд аст ва дар замин низ маъбуд мебошад ва Ӯст ҳакиму доно وَتَبَارَكَ ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا وَعِندَهُۥ عِلۡمُ ٱلسَّاعَةِ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ٨٥Ва бартару бузургвортар аст он Зоте, ки фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, аз они Ӯст ва илми фаро расидани қиёмат хоси Ӯст ва ба сӯи Ӯ эй мардум баъд аз маргатон бозгардонида мешавед وَلَا يَمۡلِكُ ٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ مِن دُونِهِ ٱلشَّفَٰعَةَ إِلَّا مَن شَهِدَ بِٱلۡحَقِّ وَهُمۡ يَعۡلَمُونَ ٨٦Ва касонеро, ки ба ҷойи Ӯ ибодат мекардед, қодир ба шафоъати касе нестанд. Магар касоне, ки аз рӯи илм ба ҳақ шаҳодат ва гувоҳӣ дода бошанд ва Аллоҳро ба ягонагӣ парастида ва паёмбарии Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро иқрор карда бошанд وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَهُمۡ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۖ فَأَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ ٨٧Ва агар аз онҳо эй Паёмбар бипурсӣ: кӣ онҳоро офаридааст, албатта, мегӯянд: «Аллоҳ». Пас, чаро аз ибодати Аллоҳ рӯй мегардонанд وَقِيلِهِۦ يَٰرَبِّ إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ قَوۡمٌ لَّا يُؤۡمِنُونَ ٨٨Ва Аллоҳ огоҳ аст аз гуфтори Муҳаммад саллалллоҳу алайҳи ва саллам, ки гуфт: «Эй Парвардигори ман, ҳароина, инҳо мардуме ҳастанд, ки имон намеоваранд فَٱصۡفَحۡ عَنۡهُمۡ وَقُلۡ سَلَٰمٌۚ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ ٨٩Пас, эй Паёмбар аз онҳо рӯй бигардон аз озорҳояшон ва бигӯ: «Салом!» Оре, ба зудӣ хоҳанд донист чӣ сарнавиште доранд

Translation: Khoja Mirov.