Millat al-Islam

Chapter 14 · 52 verses · Khoja Mirov

Surah Ibrahim in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah Ibrahim (1352 reciters)

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

الٓرۚ كِتَٰبٌ أَنزَلۡنَٰهُ إِلَيۡكَ لِتُخۡرِجَ ٱلنَّاسَ مِنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِ بِإِذۡنِ رَبِّهِمۡ إِلَىٰ صِرَٰطِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَمِيدِ ١Алиф, Лом, Ро. Ин Қуръон китобест, ки бар ту эй Паёмбар, нозил кардем, то мардумро (дар партави таълимоти он) ба фармони Парвардигорашон аз торикӣ ба рӯшноӣ ва ба роҳи Аллоҳи пирӯзманде, ки сазовори ситойиш аст, роҳ намоӣ ٱللَّهِ ٱلَّذِي لَهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۗ وَوَيۡلٌ لِّلۡكَٰفِرِينَ مِنۡ عَذَابٍ شَدِيدٍ ٢Аллоҳе, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, азони Ӯст! Пас вой бар кофирон, ки имон ба Аллоҳ наёварданд ва пайрави расул нашуданд ва дар рӯзи қиёмат барояшон азоби сахтест ٱلَّذِينَ يَسۡتَحِبُّونَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا عَلَى ٱلۡأٓخِرَةِ وَيَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَيَبۡغُونَهَا عِوَجًاۚ أُوْلَٰٓئِكَ فِي ضَلَٰلِۭ بَعِيدٍ ٣Ва инҳо касонеанд, ки рӯй тофтанд ва имон ба Аллоҳ наоварданд ва пайравии расулаш накарданд, балки зиндагии дунёро аз охират дӯсттар доранд ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ бозмедоранд ва роҳи Аллоҳро нодуруст ва каҷ нишон медиҳанд ва онҳо сахт дар гумроҳии дуру дароз ҳастанд وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن رَّسُولٍ إِلَّا بِلِسَانِ قَوۡمِهِۦ لِيُبَيِّنَ لَهُمۡۖ فَيُضِلُّ ٱللَّهُ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ٤(Эй Муҳаммад) ва ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар ба забони мардумаш сухангӯ бошад, то паёми Аллоҳро барояшон баён кунад ва ҳақро бифаҳмонад. Пас Аллоҳ ҳар киро ки ба фармонаш гӯш накардааст бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро ки мувофиқи дастураш амал намудааст бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯст пирӯзманду ҳаким وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا مُوسَىٰ بِـَٔايَٰتِنَآ أَنۡ أَخۡرِجۡ قَوۡمَكَ مِنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِ وَذَكِّرۡهُم بِأَيَّىٰمِ ٱللَّهِۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٍ لِّكُلِّ صَبَّارٍ شَكُورٍ ٥Ва батаҳқиқ Мӯсоро бо оёти худ, ки далолат бар ҳақиқати паёмбарии ӯ мекунад, фиристодем, ки қавми худро аз торикӣ ба рӯшноӣ берун ор ва рӯзҳои Аллоҳро ба ёдашон биёвар ва дар ин ёдовариҳо барои ҳар сабркунандаи итоаткор бар тоати Ӯ ва парҳезгор аз маъсияти Ӯ ва шукргузор бар неъматҳо ва атоҳои Илоҳӣ, ибратҳост وَإِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوۡمِهِ ٱذۡكُرُواْ نِعۡمَةَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ إِذۡ أَنجَىٰكُم مِّنۡ ءَالِ فِرۡعَوۡنَ يَسُومُونَكُمۡ سُوٓءَ ٱلۡعَذَابِ وَيُذَبِّحُونَ أَبۡنَآءَكُمۡ وَيَسۡتَحۡيُونَ نِسَآءَكُمۡۚ وَفِي ذَٰلِكُم بَلَآءٌ مِّن رَّبِّكُمۡ عَظِيمٌ ٦Ва ёд ор барои қавмат, эй Паёмбар, қиссаи Мӯсоро ва онгоҳ ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Неъматеро, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, ба ёд оваред, он гоҳ ки шуморо аз фиръавниён наҷот дод. Ба сахтӣ озоратон мекарданд ва писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд ва дар ин аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо озмойиши бузурге буд» وَإِذۡ تَأَذَّنَ رَبُّكُمۡ لَئِن شَكَرۡتُمۡ لَأَزِيدَنَّكُمۡۖ وَلَئِن كَفَرۡتُمۡ إِنَّ عَذَابِي لَشَدِيدٌ ٧Ва Мӯсо барояшон гуфт: ба ёд оред вақтеро, ки Парвардигоратон эълом кард, ки агар Маро шукр гӯед, бар неъмати шумо меафзоям ва агар ношукрӣ кунед, бидонед, ки азоби Ман сахт аст وَقَالَ مُوسَىٰٓ إِن تَكۡفُرُوٓاْ أَنتُمۡ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعًا فَإِنَّ ٱللَّهَ لَغَنِيٌّ حَمِيدٌ ٨Ва Мӯсо барояшон гуфт: «Агар шумо ва ҳамаи мардуми рӯи замин кофир шавед, ҳаргиз ба Аллоҳ чизеро зарар оварда натавонед, зеро, Аллоҳ мӯҳтоҷ нест аз офаридагонаш ва сазовори ситойиш аст дар ҳама ҳол!» أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ نَبَؤُاْ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ قَوۡمِ نُوحٍ وَعَادٍ وَثَمُودَ وَٱلَّذِينَ مِنۢ بَعۡدِهِمۡ لَا يَعۡلَمُهُمۡ إِلَّا ٱللَّهُۚ جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَرَدُّوٓاْ أَيۡدِيَهُمۡ فِيٓ أَفۡوَٰهِهِمۡ وَقَالُوٓاْ إِنَّا كَفَرۡنَا بِمَآ أُرۡسِلۡتُم بِهِۦ وَإِنَّا لَفِي شَكٍّ مِّمَّا تَدۡعُونَنَآ إِلَيۡهِ مُرِيبٍ ٩Эй уммати Муҳаммад, оё ба шумо нарасидааст хабари касоне, ки пеш аз шумо будаанд, чун қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд ва низ касоне, ки баъд аз онҳо будаанд? Ҷуз Аллоҳ касеро аз онон огоҳӣ нест. Паёмбаронашон ҳамроҳ бо далелҳои равшан омаданд ва онҳо даст бар даҳон бурданду аз ниҳояти тааҷҷуб ва инкор ангуштони худро газиданд, гуфтанд: «Мо ба он чӣ ба он амр шудаед, имон намеоварем ва дар чизе, ки моро ба он мехонед, сахт дар шубҳа ҳастем» ۞ قَالَتۡ رُسُلُهُمۡ أَفِي ٱللَّهِ شَكٌّ فَاطِرِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ يَدۡعُوكُمۡ لِيَغۡفِرَ لَكُم مِّن ذُنُوبِكُمۡ وَيُؤَخِّرَكُمۡ إِلَىٰٓ أَجَلٍ مُّسَمًّىۚ قَالُوٓاْ إِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا بَشَرٌ مِّثۡلُنَا تُرِيدُونَ أَن تَصُدُّونَا عَمَّا كَانَ يَعۡبُدُ ءَابَآؤُنَا فَأۡتُونَا بِسُلۡطَٰنٍ مُّبِينٍ ١٠Паёмбаронашон гуфтанд: «Оё дар зоти Аллоҳ ва яктопарастии Ӯ, ки офаринандаи осмонҳову замин аст, шакке ҳаст? Шуморо даъват мекунад, то гуноҳонатонро биёмурзад ва то муддати муайян шуморо зинда гузорад ва дар дунё азобатон накунад». Гуфтанд: «Шумо ба ҷуз одамӣ, монанди мо каси дигар нестед. Мехоҳед моро аз он чӣ падаронамон мепарастиданд, боздоред ва дар ҳақиқат будани он чи ки мегӯед барои мо далеле равшан биёваред!» قَالَتۡ لَهُمۡ رُسُلُهُمۡ إِن نَّحۡنُ إِلَّا بَشَرٌ مِّثۡلُكُمۡ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يَمُنُّ عَلَىٰ مَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦۖ وَمَا كَانَ لَنَآ أَن نَّأۡتِيَكُم بِسُلۡطَٰنٍ إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِۚ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ١١Вақте ки паёмбарон суханони қавмашонро шуниданд, барояшон гуфтанд: Мо ба ҷуз одамӣ монанди шумо каси дигар нестем, вале Аллоҳ ба ҳар яке аз бандагонаш, ки бихоҳад, неъмати фаровон медиҳад ва ба рисолати худ бармегузинад. Ва он чи талаб доред аз далели равшан моро мумкин нест, ки ҷуз ба ҳукми Аллоҳ ҳуҷҷате биёварем ва мӯъминон дар ҳама корашон бар Аллоҳ таваккал мекунанд وَمَا لَنَآ أَلَّا نَتَوَكَّلَ عَلَى ٱللَّهِ وَقَدۡ هَدَىٰنَا سُبُلَنَاۚ وَلَنَصۡبِرَنَّ عَلَىٰ مَآ ءَاذَيۡتُمُونَاۚ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُتَوَكِّلُونَ ١٢Ва чаро бар Аллоҳ таваккал накунем ва ҳол он ки Ӯ роҳи наҷоти моро ба мо нишон дод? Ва бар озорҳое, ки шумо бар мо мерасонед (ба сабаби даъватамон шуморо ба яктопарастӣ) албатта, сабр хоҳем кард ва таваккалкунандагон бар Аллоҳ тавваккал мекунанд ва аммо касе ки кофир бошад, сарпарасташ шайтон аст» وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لِرُسُلِهِمۡ لَنُخۡرِجَنَّكُم مِّنۡ أَرۡضِنَآ أَوۡ لَتَعُودُنَّ فِي مِلَّتِنَاۖ فَأَوۡحَىٰٓ إِلَيۡهِمۡ رَبُّهُمۡ لَنُهۡلِكَنَّ ٱلظَّٰلِمِينَ ١٣Ва кофирон ҳолашон аз даъвати паёмбаронашон ба танг омад ба паёмбаронашон гуфтанд: «Ё шуморо аз сарзамини худ меронем, ё ба дини мо бозгардед». Пас, Парвардигорашон ба паёмбарон ваҳй кард, ки ситамкоронро, ҳатман, ҳалок хоҳем кард وَلَنُسۡكِنَنَّكُمُ ٱلۡأَرۡضَ مِنۢ بَعۡدِهِمۡۚ ذَٰلِكَ لِمَنۡ خَافَ مَقَامِي وَخَافَ وَعِيدِ ١٤Ва шуморо пас аз он кофироне, ки ҳалокашон сохтем дар он сарзамин ҷой хоҳем дод. Ин ваъда барои касест, ки аз истодан дар пешгоҳи Ман ва аз ваъдаи азоби Ман битарсад وَٱسۡتَفۡتَحُواْ وَخَابَ كُلُّ جَبَّارٍ عَنِيدٍ ١٥Пирӯзӣ хостанд паёмбарон аз Парвардигори худ бар душманонашон ва ҳар золими саркаше ноумед шуд ва ҳалок гашт مِّن وَرَآئِهِۦ جَهَنَّمُ وَيُسۡقَىٰ مِن مَّآءٍ صَدِيدٍ ١٦Аз пеши ҳар саркаши кофир ҷаҳаннам аст, то дар он ҷо ӯро аз оби чирку хуне, ки аз бадани ахли дӯзах мерезад, бинӯшонанд يَتَجَرَّعُهُۥ وَلَا يَكَادُ يُسِيغُهُۥ وَيَأۡتِيهِ ٱلۡمَوۡتُ مِن كُلِّ مَكَانٍ وَمَا هُوَ بِمَيِّتٍۖ وَمِن وَرَآئِهِۦ عَذَابٌ غَلِيظٌ ١٧Қатра-қатра бинӯшад ва натавонад, ки ба осонӣ фурӯ барад онро (яъне аз гулӯяш ба осонӣ нагузарад) ва биёяд ӯро марг аз ҳар ҷонибе ва ӯ мурда набувад ва пеши вай аст азоби сахт مَّثَلُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِرَبِّهِمۡۖ أَعۡمَٰلُهُمۡ كَرَمَادٍ ٱشۡتَدَّتۡ بِهِ ٱلرِّيحُ فِي يَوۡمٍ عَاصِفٍۖ لَّا يَقۡدِرُونَ مِمَّا كَسَبُواْ عَلَىٰ شَيۡءٍۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلضَّلَٰلُ ٱلۡبَعِيدُ ١٨Мисоли корҳои касоне, ки ба Аллоҳ кофир шудаанд (ба монанди некӯӣ ва силаи раҳм), чун хокистарест, ки дар рӯзи тӯфоне боди сахте бар он вазад. Тавоноии нигоҳ доштани он чиро, ки ба даст овардаанд, надоранд, зеро куфр амалҳояшонро бирабуд, чунон ки шамол хокистарро. Ин аст гумроҳии дуру дароз أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّۚ إِن يَشَأۡ يُذۡهِبۡكُمۡ وَيَأۡتِ بِخَلۡقٍ جَدِيدٍ ١٩Оё надидаӣ, ки Аллоҳ осмонҳову заминро бар ҳақ офаридааст? (Ва офариниши ҳар ду бар камоли қудрати Аллоҳ далолат мекунанд, то Ӯро ба танҳоӣ парастиш кунанд ва ба Ӯ шарик наоранд) Агар бихоҳад, шуморо аз байн мебарад ва офариниши нав меоварад وَمَا ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ بِعَزِيزٍ ٢٠Ва ин ҳалок шуданатон ва дар ҷои шумо махлуқи нав овардан барои Аллоҳ мушкил нест وَبَرَزُواْ لِلَّهِ جَمِيعًا فَقَالَ ٱلضُّعَفَٰٓؤُاْ لِلَّذِينَ ٱسۡتَكۡبَرُوٓاْ إِنَّا كُنَّا لَكُمۡ تَبَعًا فَهَلۡ أَنتُم مُّغۡنُونَ عَنَّا مِنۡ عَذَابِ ٱللَّهِ مِن شَيۡءٍۚ قَالُواْ لَوۡ هَدَىٰنَا ٱللَّهُ لَهَدَيۡنَٰكُمۡۖ سَوَآءٌ عَلَيۡنَآ أَجَزِعۡنَآ أَمۡ صَبَرۡنَا مَا لَنَا مِن مَّحِيصٍ ٢١Ва ҳама халоиқ аз зери қабрҳо берун оянд ва дар пешгоҳи Аллоҳ ҳозир шаванд. Нотавонон (тобеъон) ба мутакаббирон (пешвоён) гӯянд: «Мо пайравони шумо будем. Оё акнун метавонед андаке аз азоби Аллоҳ аз мо дур кунед?» (Пешвоён барои тобеъонашон) гӯянд: «Агар Аллоҳ моро ҳидоят карда буд, мо низ шуморо ҳидоят мекардем. Ҳоло моро роҳи халосӣ нест. Барои мо баробар аст, чӣ бетоқатӣ кунем, чӣ сабр варзем, ҳеҷ паногоҳе надорем» وَقَالَ ٱلشَّيۡطَٰنُ لَمَّا قُضِيَ ٱلۡأَمۡرُ إِنَّ ٱللَّهَ وَعَدَكُمۡ وَعۡدَ ٱلۡحَقِّ وَوَعَدتُّكُمۡ فَأَخۡلَفۡتُكُمۡۖ وَمَا كَانَ لِيَ عَلَيۡكُم مِّن سُلۡطَٰنٍ إِلَّآ أَن دَعَوۡتُكُمۡ فَٱسۡتَجَبۡتُمۡ لِيۖ فَلَا تَلُومُونِي وَلُومُوٓاْ أَنفُسَكُمۖ مَّآ أَنَا۠ بِمُصۡرِخِكُمۡ وَمَآ أَنتُم بِمُصۡرِخِيَّ إِنِّي كَفَرۡتُ بِمَآ أَشۡرَكۡتُمُونِ مِن قَبۡلُۗ إِنَّ ٱلظَّٰلِمِينَ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ ٢٢Чун кор ба поён ояд, шайтон гӯяд: «Аллоҳ ба шумо омадани рӯзи қиёматро ваъда дод ва ваъдаи Ӯ дуруст буд ва ман низ ба шумо ваъдаи нусрат додам, вале ваъдаи худ хилоф кардам. Ва бароятон ҳеҷ далелу бурҳоне наёвардам, ҷуз он ки ба куфру гумроҳӣ даъвататон кардам, шумо низ даъвати маро иҷобат кардед, пас маро маломат макунед, худро маломат кунед зеро гуноҳ, гуноҳи шумост. На ман фарёдраси шумоям аз азоби Аллоҳ, на шумо фарёдраси ман. Аз ин ки маро пеш аз ин дар дунё шарики Аллоҳ карда будед, безорам». Зеро барои ситамкорон азобест дардовар وَأُدۡخِلَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ جَنَّٰتٍ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا بِإِذۡنِ رَبِّهِمۡۖ تَحِيَّتُهُمۡ فِيهَا سَلَٰمٌ ٢٣Ва касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дарёҳо дар он ҷорист, дароваранд, ба фармони Парвардигорашон дар он ҷо ҷовидона бимонанд ва дурудашон дар он ҷо салом гуфтан аст أَلَمۡ تَرَ كَيۡفَ ضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلًا كَلِمَةً طَيِّبَةً كَشَجَرَةٍ طَيِّبَةٍ أَصۡلُهَا ثَابِتٌ وَفَرۡعُهَا فِي ٱلسَّمَآءِ ٢٤Оё намедонӣ, эй Расул, ки Аллоҳ чӣ гуна мисол меорад? Сухани пок чун дарахти (хурмо) пок аст, ки решааш дар замин устувор ва шохаҳояш боло ба сӯи осмон аст تُؤۡتِيٓ أُكُلَهَا كُلَّ حِينِۭ بِإِذۡنِ رَبِّهَاۗ وَيَضۡرِبُ ٱللَّهُ ٱلۡأَمۡثَالَ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ ٢٥Ба фармони Аллоҳ ҳар фасле меваи худро медиҳад. Ҳамчунин дарахти имон решааш дар дили мӯъмин устувор аст ҳам дар илм ва ҳам дар эътиқод ва шохаҳояш амалҳои солеҳ ва ахлоқи ҳамида аст, ки ба сӯи Аллоҳ боло мераванд ва ҳама вақт соҳиби савоб мешавад, Аллоҳ барои мардум мисолҳо меоварад, шояд, ки панд гиранд وَمَثَلُ كَلِمَةٍ خَبِيثَةٍ كَشَجَرَةٍ خَبِيثَةٍ ٱجۡتُثَّتۡ مِن فَوۡقِ ٱلۡأَرۡضِ مَا لَهَا مِن قَرَارٍ ٢٦Ва мисоли сухани нопок (куфр) чун дарахти нопок аст, ки реша дар замин надорад ва барпо натавонад монд. Ҳамчунин сухани куфри кофир ва маъсияташ устувор нест ва дар вай хайр вуҷуд надорад ва амалҳояш ба сӯи Аллоҳ боло намераванд ва аз он чизе қабул намешавад يُثَبِّتُ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱلۡقَوۡلِ ٱلثَّابِتِ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِۖ وَيُضِلُّ ٱللَّهُ ٱلظَّٰلِمِينَۚ وَيَفۡعَلُ ٱللَّهُ مَا يَشَآءُ ٢٧Аллоҳ мӯъминонро дар зиндагонии дунё ба сабаби эътиқоди мустаҳкамашон, ки он гувоҳӣ доданашон ба калимаи "Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадан расулуллоҳ" аст ва дар охират (яъне, дар қабр ба ҷавоб додани суоли Накиру Мункар) устувор медорад. Ва золимонро гумроҳ месозад дар дунёву охират ва Аллоҳ ҳар чӣ хоҳад, ҳамонро мекунад ۞ أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ بَدَّلُواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ كُفۡرًا وَأَحَلُّواْ قَوۡمَهُمۡ دَارَ ٱلۡبَوَارِ ٢٨Оё надидаӣ (эй Муҳаммад) он касонеро, ки (аз қурайшиҳо ва қавмат) неъмати Аллоҳро ба куфр иваз сохтанд ва мардуми худро ба диёри ҳалокат бурданд جَهَنَّمَ يَصۡلَوۡنَهَاۖ وَبِئۡسَ ٱلۡقَرَارُ ٢٩Он сарои нобудӣ ҷаҳаннам аст, ки дохили он мешаванд ва ҷойгоҳи баде аст وَجَعَلُواْ لِلَّهِ أَندَادًا لِّيُضِلُّواْ عَن سَبِيلِهِۦۗ قُلۡ تَمَتَّعُواْ فَإِنَّ مَصِيرَكُمۡ إِلَى ٱلنَّارِ ٣٠Ва инҳо кофирон барои Аллоҳ ҳамтоёне қарор доданд, то мардумро аз роҳи Ӯ гумроҳ созанд. Бигӯ барояшон эй Муҳаммад: «Акнун дар зиндагонии дунёи фонӣ баҳра ва лаззат баред, ки оқибати бозгаштатон оташ аст» قُل لِّعِبَادِيَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ يُقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُنفِقُواْ مِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ سِرًّا وَعَلَانِيَةً مِّن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَ يَوۡمٌ لَّا بَيۡعٌ فِيهِ وَلَا خِلَٰلٌ ٣١Ба бандагони Ман, ки имон овардаанд, бигӯ, эй Расул, то намоз бигузоранд ва аз он чӣ рӯзияшон додаем, ниҳону ошкоро инфоқ (харҷ) кунанд, пеш аз он, ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фурӯше бошад ва на ҳеҷ дӯстие ба кор ояд ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَأَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَأَخۡرَجَ بِهِۦ مِنَ ٱلثَّمَرَٰتِ رِزۡقًا لَّكُمۡۖ وَسَخَّرَ لَكُمُ ٱلۡفُلۡكَ لِتَجۡرِيَ فِي ٱلۡبَحۡرِ بِأَمۡرِهِۦۖ وَسَخَّرَ لَكُمُ ٱلۡأَنۡهَٰرَ ٣٢Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро (аз нестӣ) офарид ва аз осмон борон нозил кард ва замини мурдаро зинда гардонд ва ба он борон барои рӯзии шумо меваҳо рӯёнид ва киштиҳоро роми шумо кард, то ба фармони Ӯ дар баҳрҳо равон шаванд ва дарёҳоро мутеъи шумо сохт وَسَخَّرَ لَكُمُ ٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ دَآئِبَيۡنِۖ وَسَخَّرَ لَكُمُ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ ٣٣Ва офтобу моҳро, ки ҳамеша дар ҳаракатанд, роми шумо кард ва шабро барои истироҳат ва рӯзро барои маишати зиндагӣ фармонбари шумо гардонид وَءَاتَىٰكُم مِّن كُلِّ مَا سَأَلۡتُمُوهُۚ وَإِن تَعُدُّواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ لَا تُحۡصُوهَآۗ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَظَلُومٌ كَفَّارٌ ٣٤Ва ҳар чӣ аз Ӯ хостед, ба шумо арзонӣ доштааст ва агар хоҳед, ки неъматҳояшро шумор кунед, натавонед ҳисоби онро ва на адо намудани шукрашро, ки ҳароина, одамӣ бисёр ситамкор ва ношукри неъмат аст وَإِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِيمُ رَبِّ ٱجۡعَلۡ هَٰذَا ٱلۡبَلَدَ ءَامِنًا وَٱجۡنُبۡنِي وَبَنِيَّ أَن نَّعۡبُدَ ٱلۡأَصۡنَامَ ٣٥Ва ба ёд ор, эй Расул, вақте ки Иброҳим ба Парвардигораш дуо хонда гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин сарзаминро эмин гардон ва марову фарзандонамро аз парастиши бутон дур бидор رَبِّ إِنَّهُنَّ أَضۡلَلۡنَ كَثِيرًا مِّنَ ٱلنَّاسِۖ فَمَن تَبِعَنِي فَإِنَّهُۥ مِنِّيۖ وَمَنۡ عَصَانِي فَإِنَّكَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ ٣٦Эй Парвардигори ман, ин бутҳо бисёре аз мардумро хумроҳ кардаанд, пас ҳар кас, ки аз ман пайравӣ кунад, аз дин ва суннати ман аст ва ҳар кас фармони ман набарад, ту омурзандаву меҳрубонӣ رَّبَّنَآ إِنِّيٓ أَسۡكَنتُ مِن ذُرِّيَّتِي بِوَادٍ غَيۡرِ ذِي زَرۡعٍ عِندَ بَيۡتِكَ ٱلۡمُحَرَّمِ رَبَّنَا لِيُقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ فَٱجۡعَلۡ أَفۡـِٔدَةً مِّنَ ٱلنَّاسِ تَهۡوِيٓ إِلَيۡهِمۡ وَٱرۡزُقۡهُم مِّنَ ٱلثَّمَرَٰتِ لَعَلَّهُمۡ يَشۡكُرُونَ ٣٧Эй Парвардигори мо, баъзе аз фарзандонамро ба водии бекишт, наздики хонаи гиромии Ту ҷой додам, эй Парвардигори мо, ин ҳама ба фармони Ту кардаам, то намозро барпо доранд. Дилҳои мардумонро чунон кун, ки таваҷҷӯҳи ба онҳо кунанд ва аз ҳар меваҳо рӯзиашон деҳ, бошад, ки сипос гузоранд رَبَّنَآ إِنَّكَ تَعۡلَمُ مَا نُخۡفِي وَمَا نُعۡلِنُۗ وَمَا يَخۡفَىٰ عَلَى ٱللَّهِ مِن شَيۡءٍ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فِي ٱلسَّمَآءِ ٣٨Эй Парвардигори мо, ҳар чиро пинҳон медорем, ё ошкор месозем, Ту ба он огоҳи. Ва назди Аллоҳ ҳеҷ чиз дар замину осмон пӯшида нест ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي وَهَبَ لِي عَلَى ٱلۡكِبَرِ إِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَۚ إِنَّ رَبِّي لَسَمِيعُ ٱلدُّعَآءِ ٣٩Сипос Аллоҳеро, ки дар синни пирӣ Исмоилу Исҳоқро ба ман ато кард. Парвардигори ман дуоҳоро мешунавад ва маро ноумед нагардонд رَبِّ ٱجۡعَلۡنِي مُقِيمَ ٱلصَّلَوٰةِ وَمِن ذُرِّيَّتِيۚ رَبَّنَا وَتَقَبَّلۡ دُعَآءِ ٤٠Эй Парвардигори ман, манро ва фарзандони маро (ба пуррагӣ) барпойдорандагони намоз гардон. Эй Парвардигори мо, дуои маро бипазир رَبَّنَا ٱغۡفِرۡ لِي وَلِوَٰلِدَيَّ وَلِلۡمُؤۡمِنِينَ يَوۡمَ يَقُومُ ٱلۡحِسَابُ ٤١Эй Парвардигори мо, манро ва падару модарам ва ҳамаи мӯъминонро дар рӯзе, ки ҳисоб барпо мегардад, биёмурз وَلَا تَحۡسَبَنَّ ٱللَّهَ غَٰفِلًا عَمَّا يَعۡمَلُ ٱلظَّٰلِمُونَۚ إِنَّمَا يُؤَخِّرُهُمۡ لِيَوۡمٍ تَشۡخَصُ فِيهِ ٱلۡأَبۡصَٰرُ ٤٢Ва мапиндор, эй Расул, ки Аллоҳ аз кирдори ситамкороне, ки туро ва дигар паёмбаронро дурӯғ мебароранд ва мӯъминонро азият медиҳанд, ғофил аст. Азобашонро то он рӯз, ки чашмҳо дар он хира мемонанд, ба таъхир мегузорад مُهۡطِعِينَ مُقۡنِعِي رُءُوسِهِمۡ لَا يَرۡتَدُّ إِلَيۡهِمۡ طَرۡفُهُمۡۖ وَأَفۡـِٔدَتُهُمۡ هَوَآءٌ ٤٣Рӯзе ситамкорон аз қабрҳояшон бошитоб бармехезанд барои ҳисоб, сарҳо ба боло шах шуда, аз сахтии он рӯз чашм бар ҳам намезананд ва дилҳояшон холӣ аст ба ҷуз аз ғаму ғусса وَأَنذِرِ ٱلنَّاسَ يَوۡمَ يَأۡتِيهِمُ ٱلۡعَذَابُ فَيَقُولُ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ رَبَّنَآ أَخِّرۡنَآ إِلَىٰٓ أَجَلٍ قَرِيبٍ نُّجِبۡ دَعۡوَتَكَ وَنَتَّبِعِ ٱلرُّسُلَۗ أَوَلَمۡ تَكُونُوٓاْ أَقۡسَمۡتُم مِّن قَبۡلُ مَا لَكُم مِّن زَوَالٍ ٤٤(Эй Расул), мардумро аз он рӯзи қиёмат, ки азоб фаро мерасад, битарсон. Ва он замон ситамкорон мегӯянд: "Бор Илоҳо, моро каме мӯҳлат деҳ, то даъвати Туро иҷобатт кунем". (Пас барояшон гуфта шавад:) Оё шумо пеш аз ин дар ҳаёти дунё савганд ёд намекардед, ки ҳаргиз аз байн намеравед وَسَكَنتُمۡ فِي مَسَٰكِنِ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ وَتَبَيَّنَ لَكُمۡ كَيۡفَ فَعَلۡنَا بِهِمۡ وَضَرَبۡنَا لَكُمُ ٱلۡأَمۡثَالَ ٤٥Дар хонаҳои касоне, ки худ бар хештан ситам мекарданд (ба монанди қавми Ҳуд ва Солеҳ), ҷой гирифтед ва барои шумо баён карда шуд, ки бо онон чӣ гуна рафтор кардем ва бароятон дар Қуръон мисолҳо овардем. Пас, чаро панд намегиред وَقَدۡ مَكَرُواْ مَكۡرَهُمۡ وَعِندَ ٱللَّهِ مَكۡرُهُمۡ وَإِن كَانَ مَكۡرُهُمۡ لِتَزُولَ مِنۡهُ ٱلۡجِبَالُ ٤٦Ҳамоно мушрикони Макка барои куштани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) магру ҳила намуданд. Ва Аллоҳ доност ба макру ҳилаашон. Ва ҳарчанд, ки бо макрашон кӯҳҳо аз ҷо канда шаванд, вале макрашон заифу ночиз аст فَلَا تَحۡسَبَنَّ ٱللَّهَ مُخۡلِفَ وَعۡدِهِۦ رُسُلَهُۥٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ ذُو ٱنتِقَامٍ ٤٧Мапиндор эй Расул, ки Аллоҳ ваъдаеро, ки ба паёмбаронаш додааст, хилоф мекунад. Аллоҳ пирӯзманд ва интиқомгиранда аст يَوۡمَ تُبَدَّلُ ٱلۡأَرۡضُ غَيۡرَ ٱلۡأَرۡضِ وَٱلسَّمَٰوَٰتُۖ وَبَرَزُواْ لِلَّهِ ٱلۡوَٰحِدِ ٱلۡقَهَّارِ ٤٨Он рӯз, ки замин ба замине ғайри ин замин (монанди нуқра тоза) иваз шавад ва инчунин осмонҳо ба осмони дигар ва ҳама аз қабрҳояшон берун оянд ва дар пешгоҳи Аллоҳи ягонаи ғолиб ҳозир оянд وَتَرَى ٱلۡمُجۡرِمِينَ يَوۡمَئِذٍ مُّقَرَّنِينَ فِي ٱلۡأَصۡفَادِ ٤٩Эй Расул, гунаҳкоронро дар он рӯзи қиёмат бо занҷирҳо, дасту по ба гардан, баста бубинӣ, ки дар ҳолати хорӣ ва пастӣ бошанд سَرَابِيلُهُم مِّن قَطِرَانٍ وَتَغۡشَىٰ وُجُوهَهُمُ ٱلنَّارُ ٥٠Ҷомаҳояшон аз миси гудохташуда алангазанандааст ва оташ чеҳраҳояшонро мепӯшад لِيَجۡزِيَ ٱللَّهُ كُلَّ نَفۡسٍ مَّا كَسَبَتۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ ٥١То Аллоҳ ҳар касро баробари амалаш нек ё бад ҷазо диҳад, ҳароина, Аллоҳ зуд ҳисобгир аст هَٰذَا بَلَٰغٌ لِّلنَّاسِ وَلِيُنذَرُواْ بِهِۦ وَلِيَعۡلَمُوٓاْ أَنَّمَا هُوَ إِلَٰهٌ وَٰحِدٌ وَلِيَذَّكَّرَ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ ٥٢Ин Қуръон паёмест барои мардум, то ба он бим карда шаванд ва бидонанд, ки Ӯст маъбуди якто ва то хирадмандон панд бигиранд

Translation: Khoja Mirov.