بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
صٓۚ وَٱلۡقُرۡءَانِ ذِي ٱلذِّكۡرِ ١Сод. Аллоҳ савганд ёд мекунад ба Қуръони бузурги соҳиби панд, ки мардум аз бузургии қадри он дар ғафлатанд بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فِي عِزَّةٍ وَشِقَاقٍ ٢Балки касоне, ки кофир шуданд дар саркашианд ва аз пазируфтани ҳақ дар ихтилофанд كَمۡ أَهۡلَكۡنَا مِن قَبۡلِهِم مِّن قَرۡنٍ فَنَادَواْ وَّلَاتَ حِينَ مَنَاصٍ ٣Чӣ басо мардумеро, ки пеш аз он мушрикон ба ҳалокат расонидем. Ҳангоми нузули азоб онҳо тавбакунон фарёд бароварданд, вале он замон вақти наҷот набуд وَعَجِبُوٓاْ أَن جَآءَهُم مُّنذِرٌ مِّنۡهُمۡۖ وَقَالَ ٱلۡكَٰفِرُونَ هَٰذَا سَٰحِرٌ كَذَّابٌ ٤Ва кофирон дар таъаҷҷуб шуданд аз ин, ки бимдиҳандае аз миёни худашон баромад, ки онҳоро ба сӯи Аллоҳ даъват намояд ва аз азоби Ӯ бим намояд. Ва кофирон гуфтанд: «Ин паёмбар нест, балки ҷодугари дурӯғгуст أَجَعَلَ ٱلۡأٓلِهَةَ إِلَٰهًا وَٰحِدًاۖ إِنَّ هَٰذَا لَشَيۡءٌ عُجَابٌ ٥Оё ҳамаи маъбудонро як маъбуд қарор додааст? Ва ҳароина, он чизе, ки ӯ овардааст ин чиз аҷибе аст?» وَٱنطَلَقَ ٱلۡمَلَأُ مِنۡهُمۡ أَنِ ٱمۡشُواْ وَٱصۡبِرُواْ عَلَىٰٓ ءَالِهَتِكُمۡۖ إِنَّ هَٰذَا لَشَيۡءٌ يُرَادُ ٦Бузургонашон ба роҳи худ рафтанд ва қавми худро ба парастиши маъбудонашон ташвиқ намуда гуфтанд: «Биравед ва ба парастиши маъбудони хеш пойдорӣ кунед, ки ҳароина, ин Паёмбар, даъвате, ки ӯ мекунад чизе аст хосташуда, ки мехоҳад бар шумо бузург ва бартар бошад مَا سَمِعۡنَا بِهَٰذَا فِي ٱلۡمِلَّةِ ٱلۡأٓخِرَةِ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا ٱخۡتِلَٰقٌ ٧Мо ҳаргиз ин чунин сухане, ки ӯ даъват менамояд дар охирин ойин нашунидаем, ин ҷуз дурӯғ ҳеҷ чизе нест أَءُنزِلَ عَلَيۡهِ ٱلذِّكۡرُ مِنۢ بَيۡنِنَاۚ بَلۡ هُمۡ فِي شَكٍّ مِّن ذِكۡرِيۚ بَل لَّمَّا يَذُوقُواْ عَذَابِ ٨Оё аз миёни ҳамаи мо ваҳй махсус ба ӯ (Муҳаммад) нозил шудааст?» балки онҳо аз ваҳйи Ман дар шубҳаанд, балки ин суханро ба он сабаб гуфтаанд, ки ҳанӯз азоби моро начашидаанд. Пас, агар азоби Ӯро мечашиданд ба гуфтани ин сухан ҷуръат намекарданд أَمۡ عِندَهُمۡ خَزَآئِنُ رَحۡمَةِ رَبِّكَ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡوَهَّابِ ٩Оё хазинаҳои раҳмати Парвардигори пирӯзманди бахшандаат дар назди онҳост, то ҳар касро, ки бихоҳанд аз он бидиҳанд, ё аз он маҳрум кунанд أَمۡ لَهُم مُّلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَاۖ فَلۡيَرۡتَقُواْ فِي ٱلۡأَسۡبَٰبِ ١٠Оё фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни он ду аст, аз они онҳост? Пас, агар чунин аст, бо асбоб ва ҳар василаҳои дигаре ба осмон боло раванд, то ба он чи ки мехоҳанд аз додан ва боздоштан, ҳукм намоянд جُندٌ مَّا هُنَالِكَ مَهۡزُومٌ مِّنَ ٱلۡأَحۡزَابِ ١١Он ҷо (шаҳри Макка) лашкарест ночиз аз чанд гурӯҳи шикастхӯрдаи ҷамъшуда كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحٍ وَعَادٌ وَفِرۡعَوۡنُ ذُو ٱلۡأَوۡتَادِ ١٢Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва Од ва Фиръавн соҳиби қуввати бузург, ки паёмбаронро дурӯғгӯ мебароварданд وَثَمُودُ وَقَوۡمُ لُوطٍ وَأَصۡحَٰبُ لۡـَٔيۡكَةِۚ أُوْلَٰٓئِكَ ٱلۡأَحۡزَابُ ١٣Ва низ қавми Самуд ва қавми Лут ва мардуми Айка аз он ҷамоатҳо буданд, ки паёмбаронро дурӯғ бароварданд إِن كُلٌّ إِلَّا كَذَّبَ ٱلرُّسُلَ فَحَقَّ عِقَابِ ١٤Аз онон касе набуд, ки паёмбаронро дурӯғгӯ набароварда бошад, пас онҳоро азоби Ман воҷиб омад وَمَا يَنظُرُ هَٰٓؤُلَآءِ إِلَّا صَيۡحَةً وَٰحِدَةً مَّا لَهَا مِن فَوَاقٍ ١٥Ва ин мушрикон, агар бар ширки худ пойдор истанд, ҷуз бонги сахти маргборе интизорӣ надоранд, чунонки онро дигар таваққуфе набошад وَقَالُواْ رَبَّنَا عَجِّل لَّنَا قِطَّنَا قَبۡلَ يَوۡمِ ٱلۡحِسَابِ ١٦Ва гуфтанд ба тариқи масхараомезӣ: «Эй Парвардигори мо, номаи аъмоли моро пеш аз фаро расидани рӯзи ҳисоб ба дасти мо бидеҳ!» ٱصۡبِرۡ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَٱذۡكُرۡ عَبۡدَنَا دَاوُۥدَ ذَا ٱلۡأَيۡدِۖ إِنَّهُۥٓ أَوَّابٌ ١٧Бар ҳарчӣ мегӯянд, сабр кун эй Расул, ва аз бандаи Мо Довуди соҳиби қувватро ёд овар. Бегумон ӯ бисёр тавбакунанда ва ба хушнудии Аллоҳ руҷуъкунанда буд إِنَّا سَخَّرۡنَا ٱلۡجِبَالَ مَعَهُۥ يُسَبِّحۡنَ بِٱلۡعَشِيِّ وَٱلۡإِشۡرَاقِ ١٨Ҳароина, Мо кӯҳҳоро ром кардем, кӯҳҳо дар шомгоҳу бомдодон бо ӯ тасбеҳ мегуфтанд وَٱلطَّيۡرَ مَحۡشُورَةًۖ كُلٌّ لَّهُۥٓ أَوَّابٌ ١٩Ва низ парандагон бар ӯ гирд меомаданд. Ҳама фармонбари ӯ буданд وَشَدَدۡنَا مُلۡكَهُۥ وَءَاتَيۡنَٰهُ ٱلۡحِكۡمَةَ وَفَصۡلَ ٱلۡخِطَابِ ٢٠Фармонравоияшро ба ҳайбат, қувват ва нусрат устуворӣ бахшидем ва ӯро ҳикмату фасоҳат дар сухан ато кардем ۞ وَهَلۡ أَتَىٰكَ نَبَؤُاْ ٱلۡخَصۡمِ إِذۡ تَسَوَّرُواْ ٱلۡمِحۡرَابَ ٢١Эй Расул, оё хабари он шикояткунандагонро шунидаӣ, он гоҳ ки аз девори қаср ба масҷид даромаданд إِذۡ دَخَلُواْ عَلَىٰ دَاوُۥدَ فَفَزِعَ مِنۡهُمۡۖ قَالُواْ لَا تَخَفۡۖ خَصۡمَانِ بَغَىٰ بَعۡضُنَا عَلَىٰ بَعۡضٍ فَٱحۡكُم بَيۡنَنَا بِٱلۡحَقِّ وَلَا تُشۡطِطۡ وَٱهۡدِنَآ إِلَىٰ سَوَآءِ ٱلصِّرَٰطِ ٢٢Ба назди Довуд дохил шуданд. Довуд аз даромадани онҳо тарсид. Гуфтанд: «Матарс, мо ду даъвогар ҳастем, ки яке бар дигаре ситам кардааст. Миёни мо ба дурустӣ доварӣ кун ва пой аз адолат берун манеҳ ва моро ба роҳи рост ҳидоят кун إِنَّ هَٰذَآ أَخِي لَهُۥ تِسۡعٌ وَتِسۡعُونَ نَعۡجَةً وَلِيَ نَعۡجَةٌ وَٰحِدَةٌ فَقَالَ أَكۡفِلۡنِيهَا وَعَزَّنِي فِي ٱلۡخِطَابِ ٢٣Яке аз он ду гуфт: Ҳароина, ин бародари ман аст. Ӯро наваду нӯҳ гӯсфанд аст ва маро як гӯсфанд. Мегӯяд: «Онро ҳам ба ман бидеҳ ва дар даъво ва ҳуҷҷати худ бар ман ғолиб омадааст» قَالَ لَقَدۡ ظَلَمَكَ بِسُؤَالِ نَعۡجَتِكَ إِلَىٰ نِعَاجِهِۦۖ وَإِنَّ كَثِيرًا مِّنَ ٱلۡخُلَطَآءِ لَيَبۡغِي بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٍ إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَقَلِيلٌ مَّا هُمۡۗ وَظَنَّ دَاوُۥدُ أَنَّمَا فَتَنَّٰهُ فَٱسۡتَغۡفَرَ رَبَّهُۥ وَخَرَّۤ رَاكِعًاۤ وَأَنَابَ ۩ ٢٤Довуд гуфт: «Албатта ӯ, ки гӯсфанди туро аз ту мехоҳад, то ба гӯсфандҳои хеш бияфзояд, бар ту ситам кардааст ва ҳароина, бисёре аз шарикон бар якдигар ситам мекунанд магар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд ва инҳо низ андак ҳастанд». Ва Довуд донист, ки ӯро озмудем. Пас, аз Парвардигораш омурзиш хост ва ба рукӯъ дарафтоду тавба кард فَغَفَرۡنَا لَهُۥ ذَٰلِكَۖ وَإِنَّ لَهُۥ عِندَنَا لَزُلۡفَىٰ وَحُسۡنَ مَـَٔابٍ ٢٥Пас, Мо ин хатояшро бахшидем. Ҳароина, ӯро назди Мо наздики ва мақоми боло ва дар охират бозгашти некӯест يَٰدَاوُۥدُ إِنَّا جَعَلۡنَٰكَ خَلِيفَةً فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱحۡكُم بَيۡنَ ٱلنَّاسِ بِٱلۡحَقِّ وَلَا تَتَّبِعِ ٱلۡهَوَىٰ فَيُضِلَّكَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَضِلُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ لَهُمۡ عَذَابٌ شَدِيدُۢ بِمَا نَسُواْ يَوۡمَ ٱلۡحِسَابِ ٢٦Эй Довуд, ҳароина, Мо туро дар замин ҷонишин сохтаем. Пас, дар миёни мардум ба дурустӣ доварӣ кун ва аз пайи ҳавои нафс марав, ки туро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ месозад. Ҳароина, онон, ки аз роҳи Аллоҳ каҷрав мешаванд, ба он сабаб, ки рӯзи ҳисобро фаромӯш кардаанд, ба азоби сахте гирифтор мешаванд وَمَا خَلَقۡنَا ٱلسَّمَآءَ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا بَٰطِلًاۚ ذَٰلِكَ ظَنُّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۚ فَوَيۡلٌ لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنَ ٱلنَّارِ ٢٧Мо ин осмону замин ва он чиро, ки миёни онҳост, беҳуда наофаридаем. Ин гумони касонест, ки кофир шуданд. Пас, вой бар кофирон, ки рӯзи қиёмат аз азоби оташ бархурдор мешаванд أَمۡ نَجۡعَلُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ كَٱلۡمُفۡسِدِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَمۡ نَجۡعَلُ ٱلۡمُتَّقِينَ كَٱلۡفُجَّارِ ٢٨Оё касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, монанди фасодкунандагон дар замин қарор хоҳем дод? Ё парҳезгоронро чун гуноҳкорон қарор хоҳем дод? Чунин чиз дар ҳикмат ва ҳукми Аллоҳ лоиқ нест, балки мӯъминони парҳезгорро савоб медиҳад ва фасодкорони бадкорро азоб медиҳад كِتَٰبٌ أَنزَلۡنَٰهُ إِلَيۡكَ مُبَٰرَكٌ لِّيَدَّبَّرُوٓاْ ءَايَٰتِهِۦ وَلِيَتَذَكَّرَ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ ٢٩Китобе аст пурбаракат, ки онро бар ту эй Расул, нозил кардем, то дар оёташ бияндешанд ва ба роҳнамоии он амал намоянд ва хирадмандон бояд аз он панд гиранд وَوَهَبۡنَا لِدَاوُۥدَ سُلَيۡمَٰنَۚ نِعۡمَ ٱلۡعَبۡدُ إِنَّهُۥٓ أَوَّابٌ ٣٠Мо Сулаймонро бар Довуд бахшидем. Чӣ бандаи некӯе буд ва албатта, ӯ бисёр ба тоат ва хушнудии Аллоҳ руҷуъкунанда буд إِذۡ عُرِضَ عَلَيۡهِ بِٱلۡعَشِيِّ ٱلصَّٰفِنَٰتُ ٱلۡجِيَادُ ٣١Ба ёд биёвар он гоҳ ки ба ҳангоми аср аспони тезрав, ба ӯ нишон дода шуд فَقَالَ إِنِّيٓ أَحۡبَبۡتُ حُبَّ ٱلۡخَيۡرِ عَن ذِكۡرِ رَبِّي حَتَّىٰ تَوَارَتۡ بِٱلۡحِجَابِ ٣٢Пас, гуфт Сулаймон: «Ҳароина, ман чунон шефтаи меҳри аспон шудам, ки аз зикри Паврвардигорам бехабар гаштам, то офтоб дар пардаи ғуруб пӯшида шуд, (яъне намози аср қазо шуд) رُدُّوهَا عَلَيَّۖ فَطَفِقَ مَسۡحَۢا بِٱلسُّوقِ وَٱلۡأَعۡنَاقِ ٣٣он аспони нишондодаро назди ман бозгардонед». Пас, шурӯъ ба даст кашидан бар соқҳо ва гарданҳои онҳо кард وَلَقَدۡ فَتَنَّا سُلَيۡمَٰنَ وَأَلۡقَيۡنَا عَلَىٰ كُرۡسِيِّهِۦ جَسَدًا ثُمَّ أَنَابَ ٣٤Мо Сулаймонро озмудем ва бар тахти ӯ ҷасадеро афкандем сипас ӯ рӯй ба Аллоҳ овард ва тавба кард قَالَ رَبِّ ٱغۡفِرۡ لِي وَهَبۡ لِي مُلۡكًا لَّا يَنۢبَغِي لِأَحَدٍ مِّنۢ بَعۡدِيٓۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡوَهَّابُ ٣٥Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро бибахш ва маро махсус мулке ато кун ва пас аз ман касе сазовори он набошад, ки ҳароина, ту бисёр бахшояндаӣ» فَسَخَّرۡنَا لَهُ ٱلرِّيحَ تَجۡرِي بِأَمۡرِهِۦ رُخَآءً حَيۡثُ أَصَابَ ٣٦Пас, бодро роми ӯ кардем, ки ба нармӣ ҳар ҷо ки мехост, ба фармони ӯ мерафт وَٱلشَّيَٰطِينَ كُلَّ بَنَّآءٍ وَغَوَّاصٍ ٣٧Ва низ шайтонҳоро, ки ҳам бинокор буданду ҳам ғавос роми ӯ кардем وَءَاخَرِينَ مُقَرَّنِينَ فِي ٱلۡأَصۡفَادِ ٣٨Ва низ гурӯҳе дигарро, ки ҳама баста дар занҷири ӯ буданд هَٰذَا عَطَآؤُنَا فَٱمۡنُنۡ أَوۡ أَمۡسِكۡ بِغَيۡرِ حِسَابٍ ٣٩Ин мулк ва фармонравоии азим, атои беҳисоби Мост, ба ҳар кас хоҳӣ онро бидеҳ ва хоҳӣ нигаҳ дор, ки туро дар ин бора ҳисобу китоб карда намешавад وَإِنَّ لَهُۥ عِندَنَا لَزُلۡفَىٰ وَحُسۡنَ مَـَٔابٍ ٤٠Бегумон барои Сулаймон назди Мо дар охират наздикӣ ва бозгашти некӯст وَٱذۡكُرۡ عَبۡدَنَآ أَيُّوبَ إِذۡ نَادَىٰ رَبَّهُۥٓ أَنِّي مَسَّنِيَ ٱلشَّيۡطَٰنُ بِنُصۡبٍ وَعَذَابٍ ٤١Ва эй Расул, аз бандаи Мо Аюб ёд кун, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо дод, ки ҳароина, маро шайтон ба ранҷу азоб афкандааст ٱرۡكُضۡ بِرِجۡلِكَۖ هَٰذَا مُغۡتَسَلُۢ بَارِدٌ وَشَرَابٌ ٤٢Пас, ба ӯ гуфтем: Поятро дар замин бикӯб: Ин обест барои шифо, то ба он шустушӯй кунӣ ва сард аст барои нӯшидан وَوَهَبۡنَا لَهُۥٓ أَهۡلَهُۥ وَمِثۡلَهُم مَّعَهُمۡ رَحۡمَةً مِّنَّا وَذِكۡرَىٰ لِأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ ٤٣Ва ба ӯ хонаводааш ва ҳамчанди он аз дигар ёронро аз фарзандону наберагон ато кардем ва ин худ раҳмате аз Мо буд ва барои хирадмандон андарз ва панде бошад وَخُذۡ بِيَدِكَ ضِغۡثًا فَٱضۡرِب بِّهِۦ وَلَا تَحۡنَثۡۗ إِنَّا وَجَدۡنَٰهُ صَابِرًاۚ نِّعۡمَ ٱلۡعَبۡدُ إِنَّهُۥٓ أَوَّابٌ ٤٤Ба ба ӯ гуфтем: «Дастае аз химчаҳои борикро ба даст гир ва бо он занатро бизан ва савганди хешро машикан». Ӯро (Аюбро) бандаи собире ёфтем. Чӣ некӯ бандае буд (Аюб)! Ҳароина, ӯ ба тоати Парвардигораш бисёр руҷӯъкунанда буд وَٱذۡكُرۡ عِبَٰدَنَآ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ أُوْلِي ٱلۡأَيۡدِي وَٱلۡأَبۡصَٰرِ ٤٥Эй Расул, бандагони Моро Иброҳиму Исо ва Яъқуб, ки дорои қудрату тавоноӣ дар тоат ва дорои биноӣ дар дин буданд, ба некӯӣ ёд кун إِنَّآ أَخۡلَصۡنَٰهُم بِخَالِصَةٍ ذِكۡرَى ٱلدَّارِ ٤٦Ҳароина, Мо пок сохтем онҳоро барои хислати поке, ки он ёд кардани саройи охират аст. Пас, барои дарёфт кардани он сарой итоати Мо карданд ва мардумро ба сӯи он даъват намуданд وَإِنَّهُمۡ عِندَنَا لَمِنَ ٱلۡمُصۡطَفَيۡنَ ٱلۡأَخۡيَارِ ٤٧Ва ҳароина, онҳо дар назди Мо баргузидагону неконанд وَٱذۡكُرۡ إِسۡمَٰعِيلَ وَٱلۡيَسَعَ وَذَا ٱلۡكِفۡلِۖ وَكُلٌّ مِّنَ ٱلۡأَخۡيَارِ ٤٨Ва эй Расул, бандагони Моро Исмоил ва Ясаъ ва Зулкифлро ба некӯӣ ёд кун, ки ҳама аз зумраи неконанд هَٰذَا ذِكۡرٌۚ وَإِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ لَحُسۡنَ مَـَٔابٍ ٤٩Ин Қуръон барои ту ва қавмат панде аст ва ҳароина, барои парҳезгорон бозгашти некӯест جَنَّٰتِ عَدۡنٍ مُّفَتَّحَةً لَّهُمُ ٱلۡأَبۡوَٰبُ ٥٠биҳиштҳои ҷовидон, ки дарҳои он ба рӯяшон кушода аст مُتَّكِـِٔينَ فِيهَا يَدۡعُونَ فِيهَا بِفَٰكِهَةٍ كَثِيرَةٍ وَشَرَابٍ ٥١Дар он ҷо такя задаанд ва ҳаргуна меваву нӯшиданиҳои бисёре, ки бихоҳанд, металабанд ۞ وَعِندَهُمۡ قَٰصِرَٰتُ ٱلطَّرۡفِ أَتۡرَابٌ ٥٢Ва назди онҳо ҳамсаронест ҳамсол, ки ҷуз ба шавҳарони хеш назар надоранд هَٰذَا مَا تُوعَدُونَ لِيَوۡمِ ٱلۡحِسَابِ ٥٣Ин аст, он чизҳое, ки барои рӯзи ҳисоб ба шумо эй парҳезгорон, ваъда додаанд إِنَّ هَٰذَا لَرِزۡقُنَا مَا لَهُۥ مِن نَّفَادٍ ٥٤Ҳароина, ин ризқи Мост барои шумо, ки онро ҳеҷ поёне нест هَٰذَاۚ وَإِنَّ لِلطَّٰغِينَ لَشَرَّ مَـَٔابٍ ٥٥Ин (яъне, он чи зикр шуд, подоши парҳезгорон) аст. Ва бегумон, барои саркашон, ки дар куфру маъсият аз ҳад гузаштаанд, бадтарин бозгаштҳост جَهَنَّمَ يَصۡلَوۡنَهَا فَبِئۡسَ ٱلۡمِهَادُ ٥٦Ва ҷаҳаннам аст, ки дар он ворид мешаванд, пас чӣ бад оромгоҳест, ки барои онҳо омода шудааст هَٰذَا فَلۡيَذُوقُوهُ حَمِيمٌ وَغَسَّاقٌ ٥٧Ин азоб оби ҷӯшону чирк ва хунобаи дӯзахиёнро бояд бичашанд ва бинӯшанд وَءَاخَرُ مِن شَكۡلِهِۦٓ أَزۡوَٰجٌ ٥٨Ва азобу шиканҷаҳое дигар аз ҳар навъ доранд هَٰذَا فَوۡجٌ مُّقۡتَحِمٌ مَّعَكُمۡ لَا مَرۡحَبَۢا بِهِمۡۚ إِنَّهُمۡ صَالُواْ ٱلنَّارِ ٥٩Ҳангоме ки вориди ҷаҳаннам мешаванд, якдигарро дашном дода ва баъзеашон барои баъзе мегӯянд: Ин гурӯҳе аст, ки бо шумо ба ҷаҳаннам медароянд. Пас, ҷавоб медиҳанд: Хушомадашон мабод, ки албатта, онҳо дохилшудагон ба оташ ҳастанд чуноне, ки мо дохил шудаем قَالُواْ بَلۡ أَنتُمۡ لَا مَرۡحَبَۢا بِكُمۡۖ أَنتُمۡ قَدَّمۡتُمُوهُ لَنَاۖ فَبِئۡسَ ٱلۡقَرَارُ ٦٠Сипас гӯянд пайравон ба сарварон: «Балки, хушомад шуморо мабод. Шумо ин азобро пешопеш барои мо фиристода будед, чӣ бад ҷойгоҳест» قَالُواْ رَبَّنَا مَن قَدَّمَ لَنَا هَٰذَا فَزِدۡهُ عَذَابًا ضِعۡفًا فِي ٱلنَّارِ ٦١Гӯянд гӯруҳи пайравон: «Эй Парвардигори мо, ҳар кас ин азобро пешопеш барои мо омода кардааст, азобашро дар оташ дучандон афзун кун!» وَقَالُواْ مَا لَنَا لَا نَرَىٰ رِجَالًا كُنَّا نَعُدُّهُم مِّنَ ٱلۡأَشۡرَارِ ٦٢Ва гӯянд дӯзахиён ба ҳамдигар: «Чаро мардонеро, ки бо мо буданд дар дунё ва онҳоро аз зумраи бадкорон мешумурдем, акнун намебинем أَتَّخَذۡنَٰهُمۡ سِخۡرِيًّا أَمۡ زَاغَتۡ عَنۡهُمُ ٱلۡأَبۡصَٰرُ ٦٣Оё онҳоро ба масхара мегирифтем, воқеъан, мо иштибоҳ карда будаем ё ин ки ҳамроҳи мо дар дӯзаханд, лекин аз назарҳо дур мондаанд?» إِنَّ ذَٰلِكَ لَحَقٌّ تَخَاصُمُ أَهۡلِ ٱلنَّارِ ٦٤Албатта, ин гуфтугӯ ва ҷидоли аҳли ҷаҳаннам бо якдигар, қатъан, рост аст ва дар вуқӯъи он ҳеҷ шакке нест قُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ مُنذِرٌۖ وَمَا مِنۡ إِلَٰهٍ إِلَّا ٱللَّهُ ٱلۡوَٰحِدُ ٱلۡقَهَّارُ ٦٥Бигӯ эй Расул, ба қавми худ: «Ҷуз ин нест, ки ман бимдиҳандае ҳастам, ки шуморо ба сабаби имон наоварданатон, аз омадани азоби Аллоҳ метарсонам ва ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Аллоҳи яктои қаҳҳор нест, ки сазовори парастиш бошад, балки танҳо Ӯ таоло сазовори парастиш аст رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡغَفَّٰرُ ٦٦Ӯ, танҳо Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни онҳост. Ӯ таоло пирӯзманду ғолиб аст, дар интиқоми душманонаш ва омурзанда аст, барои ҳар касе, ки аз гуноҳонаш тавба кунад ва ба сӯй хушнудии Парвардигораш руҷӯъ намояд» قُلۡ هُوَ نَبَؤٌاْ عَظِيمٌ ٦٧Бигӯ эй Расул, ба қавми худ: «Ин Қуръон хабари бузурге аст أَنتُمۡ عَنۡهُ مُعۡرِضُونَ ٦٨ки шумо аз нафъи он бехабареду рӯй мегардонед ва ба он амал намекунед مَا كَانَ لِيَ مِنۡ عِلۡمِۭ بِٱلۡمَلَإِ ٱلۡأَعۡلَىٰٓ إِذۡ يَخۡتَصِمُونَ ٦٩Ман аз сокинони олами боло (фариштагон) чун дар бораи офариниши Одам, ки бо якдигар ҷидол ва гуфтутӯ мекарданд, хабаре надорам إِن يُوحَىٰٓ إِلَيَّ إِلَّآ أَنَّمَآ أَنَا۠ نَذِيرٌ مُّبِينٌ ٧٠Танҳо аз он рӯй ба ман ваҳй мешавад, ки ман бимдиҳандае ошкор ҳастам, ки шуморо аз азоби Ӯ метарсонам ва шариаташро барои шумо баён медорам» إِذۡ قَالَ رَبُّكَ لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ إِنِّي خَٰلِقُۢ بَشَرًا مِّن طِينٍ ٧١Ёд кун эй Расул, барояшон вақте ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ҳароина, ман башареро аз гил хоҳам офарид فَإِذَا سَوَّيۡتُهُۥ وَنَفَخۡتُ فِيهِ مِن رُّوحِي فَقَعُواْ لَهُۥ سَٰجِدِينَ ٧٢Чун ҷасади ӯро бо пуррагӣ тамомаш кардам ва дар он аз рӯҳи худ дамидам, ҳама саҷдааш кунед» فَسَجَدَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ كُلُّهُمۡ أَجۡمَعُونَ ٧٣Пас ҳамаи фариштагон фармонро баҷо оварда саҷда карданд إِلَّآ إِبۡلِيسَ ٱسۡتَكۡبَرَ وَكَانَ مِنَ ٱلۡكَٰفِرِينَ ٧٤ғайри Иблис, ки саркашӣ карду аз кофирон шуд قَالَ يَٰٓإِبۡلِيسُ مَا مَنَعَكَ أَن تَسۡجُدَ لِمَا خَلَقۡتُ بِيَدَيَّۖ أَسۡتَكۡبَرۡتَ أَمۡ كُنتَ مِنَ ٱلۡعَالِينَ ٧٥Аллоҳ гуфт: «Эй Иблис, чӣ чиз туро аз саҷда кардан дар баробари он чи Ман бо ду дасти худ офаридам, манъ кард? Оё такаббур бар Одам намудӣ ё аз ҷумлаи баландмартабагон бар Парвардигорат будӣ?» قَالَ أَنَا۠ خَيۡرٌ مِّنۡهُ خَلَقۡتَنِي مِن نَّارٍ وَخَلَقۡتَهُۥ مِن طِينٍ ٧٦Гуфт: «Ман аз ӯ (Одам) беҳтарам. Маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз гил ва оташ аз гил беҳтараст» قَالَ فَٱخۡرُجۡ مِنۡهَا فَإِنَّكَ رَجِيمٌ ٧٧Гуфт Аллоҳ таоло: «Пас, аз ҷаннат берун шав, ки ба ростӣ ту рондашудаӣ وَإِنَّ عَلَيۡكَ لَعۡنَتِيٓ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلدِّينِ ٧٨Ва ҳароина, то рӯзи қиёмат лаънати Ман бар ту хоҳад буд» قَالَ رَبِّ فَأَنظِرۡنِيٓ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ ٧٩Иблис гуфт: «Эй Паврвардигори ман, маро то рӯзе, ки мардум аз қабрҳояшон аз нав зинда шаванд, мӯхлат деҳ ва ҳалок насоз!» قَالَ فَإِنَّكَ مِنَ ٱلۡمُنظَرِينَ ٨٠Аллоҳ гуфт: «Пас, ҳароина, ту аз мӯҳлатёфтагонӣ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡوَقۡتِ ٱلۡمَعۡلُومِ ٨١то он рӯзи замони муайян» قَالَ فَبِعِزَّتِكَ لَأُغۡوِيَنَّهُمۡ أَجۡمَعِينَ ٨٢Иблис гуфт: «Ба иззати Ту савганд, ёд мекунам, ки ҳароина, ҳамаи онҳоро гумроҳ кунам إِلَّا عِبَادَكَ مِنۡهُمُ ٱلۡمُخۡلَصِينَ ٨٣магар онҳое, ки аз бандагони мухлиси Ту бошанд ва дар паноҳи ту бошанд, гумроҳ карда натавонам» قَالَ فَٱلۡحَقُّ وَٱلۡحَقَّ أَقُولُ ٨٤Аллоҳ гуфт: «Ҳақ аст он чи мегӯям ва рост аст ва ҷуз ҳақ намегӯям لَأَمۡلَأَنَّ جَهَنَّمَ مِنكَ وَمِمَّن تَبِعَكَ مِنۡهُمۡ أَجۡمَعِينَ ٨٥ки албатта, ҷаҳаннамро аз ту ва фарзандонат ва аз ҳамаи пайравонат аз фарзандони Одам пур кунам» قُلۡ مَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍ وَمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلۡمُتَكَلِّفِينَ ٨٦Бигӯ эй Расул, барои мушрикони қавмат: «Ман аз шумо дар баробари расонидани ин дин музде наметалабам ва нестам аз онҳое, ки ба дурӯғ чизе аз худ мебофанд, балки пайравӣ мекунам он чи ки ба ман ваҳй гуфта мешавад» إِنۡ هُوَ إِلَّا ذِكۡرٌ لِّلۡعَٰلَمِينَ ٨٧Ва ин Қуръон ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон нест. Ва ҳамаи манфиатҳои динӣ ва дунявии ҷаҳониёнро ба онҳо ёдоварӣ менамояд وَلَتَعۡلَمُنَّ نَبَأَهُۥ بَعۡدَ حِينِۭ ٨٨Ва албатта, эй мушрикон, хабари сидқи онро баъд аз муддате, ки Ислом ғолиб мешавад ва одамон гурӯҳ гурӯҳ дар он дохил мешаванд хоҳед донист. Ва инчунин вақте ки азоб бар шумо фуруд ояд