بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
حمٓ ١Ҳо, мим وَٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ ٢Савганд ба ин китоби равшангар إِنَّآ أَنزَلۡنَٰهُ فِي لَيۡلَةٍ مُّبَٰرَكَةٍۚ إِنَّا كُنَّا مُنذِرِينَ ٣Мо онро дар шаби мубораке нозил кардем. Мо бимдиҳанда будаем فِيهَا يُفۡرَقُ كُلُّ أَمۡرٍ حَكِيمٍ ٤Дар он шаб ҳар фармоне мувофиқи ҳикмат содир мешавад أَمۡرًا مِّنۡ عِندِنَآۚ إِنَّا كُنَّا مُرۡسِلِينَ ٥фармоне аз ҷониби Мо. Ва фиристандаи он будаем رَحۡمَةً مِّن رَّبِّكَۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ٦Раҳматест аз ҷониби Парвардигорат ва албатта Ӯст шунавову доно رَبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُم مُّوقِنِينَ ٧Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни ин ду аст, агар шумо яқинкунандаед لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُۖ رَبُّكُمۡ وَرَبُّ ءَابَآئِكُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ ٨Нест Худое ғайри Ӯ. Зннда мекунаду мемиронад. Парвардигори шумову Парвардигори падарони пешини шумост بَلۡ هُمۡ فِي شَكٍّ يَلۡعَبُونَ ٩На, онҳо ҳамчунон ба шакки худ дилхушанд فَٱرۡتَقِبۡ يَوۡمَ تَأۡتِي ٱلسَّمَآءُ بِدُخَانٍ مُّبِينٍ ١٠Пас мунтазири рӯзе бош, ки осмон ба ошкоро дуд биёварад يَغۡشَى ٱلنَّاسَۖ هَٰذَا عَذَابٌ أَلِيمٌ ١١Ва он дуд ҳамаи мардумро дар худ фурӯ гирад. Ва ин азобест дардовар رَّبَّنَا ٱكۡشِفۡ عَنَّا ٱلۡعَذَابَ إِنَّا مُؤۡمِنُونَ ١٢«Эй Парвардигори мо, ин азобро аз мо дур гардон, ки мо имон овардаем» أَنَّىٰ لَهُمُ ٱلذِّكۡرَىٰ وَقَدۡ جَآءَهُمۡ رَسُولٌ مُّبِينٌ ١٣Куҷо панд мегиранд? Ҳол он ки чун паёмбари равшангар бар онҳо фиристода шуд ثُمَّ تَوَلَّوۡاْ عَنۡهُ وَقَالُواْ مُعَلَّمٌ مَّجۡنُونٌ ١٤аз ӯ рӯйгардон шуданд ва гуфтанд: «Девонаест таълимёфта!» إِنَّا كَاشِفُواْ ٱلۡعَذَابِ قَلِيلًاۚ إِنَّكُمۡ عَآئِدُونَ ١٥Азобро андаке бармедорем ва шумо боз ба дини худ бозмегардед يَوۡمَ نَبۡطِشُ ٱلۡبَطۡشَةَ ٱلۡكُبۡرَىٰٓ إِنَّا مُنتَقِمُونَ ١٦Рӯзе онҳоро ба савлате (ҳамлае) сахт фурӯ гирем, ки Мо интиқомгирандаем ۞ وَلَقَدۡ فَتَنَّا قَبۡلَهُمۡ قَوۡمَ فِرۡعَوۡنَ وَجَآءَهُمۡ رَسُولٌ كَرِيمٌ ١٧Пеш аз онҳо қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбаре бузургвор наздашон омад أَنۡ أَدُّوٓاْ إِلَيَّ عِبَادَ ٱللَّهِۖ إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٌ ١٨«ки бандагони Худоро ба ман таслим кунед, ки ман паёмбаре аминам وَأَن لَّا تَعۡلُواْ عَلَى ٱللَّهِۖ إِنِّيٓ ءَاتِيكُم بِسُلۡطَٰنٍ مُّبِينٍ ١٩Ва низ бар Худо саркашӣ макунед, ки ман бо ҳуҷҷате равшан назди шумо омадаам وَإِنِّي عُذۡتُ بِرَبِّي وَرَبِّكُمۡ أَن تَرۡجُمُونِ ٢٠Ва агар бихоҳед бар ман санг бизанед, ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам وَإِن لَّمۡ تُؤۡمِنُواْ لِي فَٱعۡتَزِلُونِ ٢١ва агар ба ман имон намеоварад, аз ман канор гиред» فَدَعَا رَبَّهُۥٓ أَنَّ هَٰٓؤُلَآءِ قَوۡمٌ مُّجۡرِمُونَ ٢٢Пас Парвардигорашро дуо кард, ки инҳо мардуме муҷриманд (гунаҳгоранд) فَأَسۡرِ بِعِبَادِي لَيۡلًا إِنَّكُم مُّتَّبَعُونَ ٢٣Бандагони Маро шабҳангом равона кун, то аз паи шумо биёянд وَٱتۡرُكِ ٱلۡبَحۡرَ رَهۡوًاۖ إِنَّهُمۡ جُندٌ مُّغۡرَقُونَ ٢٤Дарёро ором пушти сар гузор, ки он лашкар ғарқшудагонанд كَمۡ تَرَكُواْ مِن جَنَّٰتٍ وَعُيُونٍ ٢٥Баъд аз худ чӣ боғҳову чашмасорҳо бар ҷой гузоштанд وَزُرُوعٍ وَمَقَامٍ كَرِيمٍ ٢٦ва киштзорҳову хонаҳои некӯ وَنَعۡمَةٍ كَانُواْ فِيهَا فَٰكِهِينَ ٢٧ва неъмате, ки дар он ғарқи шодмонӣ буданд كَذَٰلِكَۖ وَأَوۡرَثۡنَٰهَا قَوۡمًا ءَاخَرِينَ ٢٨Ҳамчунин шуд ва Мо он неъматҳоро ба мардуме дигар мерос гузоштем فَمَا بَكَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلسَّمَآءُ وَٱلۡأَرۡضُ وَمَا كَانُواْ مُنظَرِينَ ٢٩На осмон бар онҳо гирист ва на замин ва на ба онҳо мӯҳлат дода шуд وَلَقَدۡ نَجَّيۡنَا بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ مِنَ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡمُهِينِ ٣٠Ва мо банӣ-Исроилро аз он азоби хоркунанда халос кардем مِن فِرۡعَوۡنَۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَالِيًا مِّنَ ٱلۡمُسۡرِفِينَ ٣١аз азоби Фиръавни саркаши аз ҳад гузаранда وَلَقَدِ ٱخۡتَرۡنَٰهُمۡ عَلَىٰ عِلۡمٍ عَلَى ٱلۡعَٰلَمِينَ ٣٢ва аз рӯи илм бар аҳли ҷаҳонашон баргузидем وَءَاتَيۡنَٰهُم مِّنَ ٱلۡأٓيَٰتِ مَا فِيهِ بَلَٰٓؤٌاْ مُّبِينٌ ٣٣Ва оёте ба онҳо ато кардем, ки дар он имтиҳоне ошкор буд إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ لَيَقُولُونَ ٣٤Албатта инҳо мегӯянд إِنۡ هِيَ إِلَّا مَوۡتَتُنَا ٱلۡأُولَىٰ وَمَا نَحۡنُ بِمُنشَرِينَ ٣٥«Поёни кор ҷуз ҳамин марги нахустин нест ва мо дигар бор зинда намешавем فَأۡتُواْ بِـَٔابَآئِنَآ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ٣٦Ва агар рост мегӯед, падарони моро ба ҷаҳон бозоваред» أَهُمۡ خَيۡرٌ أَمۡ قَوۡمُ تُبَّعٍ وَٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ أَهۡلَكۡنَٰهُمۡۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ مُجۡرِمِينَ ٣٧Оё инҳо беҳтаранд ё қавми Туббаъ ва касоне, ки пеш аз он қавм буданд? Ҳамаро ҳалок кардем, ки муҷримон (гунаҳгорон) буданд وَمَا خَلَقۡنَا ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا لَٰعِبِينَ ٣٨Мо ин осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, ба бозича наёфаридаем مَا خَلَقۡنَٰهُمَآ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ٣٩Онҳоро ба ҳақ офаридаем, вале бештарин намедонанд إِنَّ يَوۡمَ ٱلۡفَصۡلِ مِيقَٰتُهُمۡ أَجۡمَعِينَ ٤٠Ваъдагоҳи ҳама дар рӯзи доварӣ қиёмат аст يَوۡمَ لَا يُغۡنِي مَوۡلًى عَن مَّوۡلًى شَيۡـًٔا وَلَا هُمۡ يُنصَرُونَ ٤١Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте аз дӯсти худ чизеро дафъ накунад ва аз сӯи касе ёрӣ нашавад إِلَّا مَن رَّحِمَ ٱللَّهُۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ٤٢ғайри касе, ки Худо бар ӯ бубахшояд, зеро Ӯст ғолибу меҳрубон إِنَّ شَجَرَتَ ٱلزَّقُّومِ ٤٣Ҳар оина (Албатта) дарахти зуккум طَعَامُ ٱلۡأَثِيمِ ٤٤таъоми гуноҳкорон аст كَٱلۡمُهۡلِ يَغۡلِي فِي ٱلۡبُطُونِ ٤٥Монанди миси гудохта дар шикамҳо меҷушад كَغَلۡيِ ٱلۡحَمِيمِ ٤٦Монанди ҷӯшидани оби ҷӯшон خُذُوهُ فَٱعۡتِلُوهُ إِلَىٰ سَوَآءِ ٱلۡجَحِيمِ ٤٧Бигиредаш ва ба сахтӣ ба миёни ҷаҳаннамаш бикашед ثُمَّ صُبُّواْ فَوۡقَ رَأۡسِهِۦ مِنۡ عَذَابِ ٱلۡحَمِيمِ ٤٨ва бар сараш оби ҷӯшон бирезед, то шиканҷа шавад ذُقۡ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡكَرِيمُ ٤٩Бичаш, ки ту ғолибу бузуррворӣ إِنَّ هَٰذَا مَا كُنتُم بِهِۦ تَمۡتَرُونَ ٥٠Ин ҳамон чизест, ки дар он шак мекардед إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي مَقَامٍ أَمِينٍ ٥١Парҳезкорон дар ҷои амне ҳастанд فِي جَنَّٰتٍ وَعُيُونٍ ٥٢дар боғҳову чашмасорҳо يَلۡبَسُونَ مِن سُندُسٍ وَإِسۡتَبۡرَقٍ مُّتَقَٰبِلِينَ ٥٣либосҳое аз сундусу истабрақ мепушанд ва рӯбарӯи ҳам мешинанд كَذَٰلِكَ وَزَوَّجۡنَٰهُم بِحُورٍ عِينٍ ٥٤Ҳамчунин ҳурулъайнро (ҳурони фарохчашм) ба ҳамсарияшон дароварем يَدۡعُونَ فِيهَا بِكُلِّ فَٰكِهَةٍ ءَامِنِينَ ٥٥Дар осоиштагӣ ҳар меваеро, ки бихоҳанд, металабанд لَا يَذُوقُونَ فِيهَا ٱلۡمَوۡتَ إِلَّا ٱلۡمَوۡتَةَ ٱلۡأُولَىٰۖ وَوَقَىٰهُمۡ عَذَابَ ٱلۡجَحِيمِ ٥٦Дар он ҷо таъми маргро намечашанд, ғайри ҳамон марги аввалин. Ва онҳоро Худо аз азоби ҷаҳаннам нигоҳ доштааст فَضۡلًا مِّن رَّبِّكَۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ ٥٧Ин бахшишест аз ҷониби Парвардигорат ва ин пирӯзии бузургест فَإِنَّمَا يَسَّرۡنَٰهُ بِلِسَانِكَ لَعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ ٥٨Мо адои сухани худ бар забони ту осон кардем, бошад, ки панд гиранд فَٱرۡتَقِبۡ إِنَّهُم مُّرۡتَقِبُونَ ٥٩Ту мунтазир бош, ки онҳо низ мунтазиранд