ملة الإسلام

السورة 89 · 30 آية · Abdolmohammad Ayati

سورة الفجر باللغة الطاجيكية

السورة بالعربية مع التفسير استمع إلى سورة الفجر (1,345 قارئاً)
مكيةسورة الفجر٣٠ آية

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

وَٱلۡفَجۡرِ ١Савганд ба сапедаи субҳ وَلَيَالٍ عَشۡرٍ ٢ва савганд ба шабҳои даҳгона (даҳ шаби Зулҳиҷҷа) وَٱلشَّفۡعِ وَٱلۡوَتۡرِ ٣ва савганд ба ҷуфту тоқ وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَسۡرِ ٤ва савганд ба шаб, чун рӯй ба рафтан ниҳад هَلۡ فِي ذَٰلِكَ قَسَمٌ لِّذِي حِجۡرٍ ٥Оё дар ин зикркардашудаҳо хирадмандро савгандҳои кофист أَلَمۡ تَرَ كَيۡفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِعَادٍ ٦Оё надидаӣ, ки Парвардигори ту бо қавми Од чӣ кард إِرَمَ ذَاتِ ٱلۡعِمَادِ ٧Бо Ирам, ки сутунҳо дошт ٱلَّتِي لَمۡ يُخۡلَقۡ مِثۡلُهَا فِي ٱلۡبِلَٰدِ ٨Ва монанди он дар ҳеҷ шаҳре офарида нашуда буд وَثَمُودَ ٱلَّذِينَ جَابُواْ ٱلصَّخۡرَ بِٱلۡوَادِ ٩Ва қавми Самуд, ки дар он водӣ сангро мебуриданд وَفِرۡعَوۡنَ ذِي ٱلۡأَوۡتَادِ ١٠Ва қавми Фиръавн, он дорандаи мехҳо ٱلَّذِينَ طَغَوۡاْ فِي ٱلۡبِلَٰدِ ١١онҳо дар шаҳрҳо аз ҳад таҷовуз карданд فَأَكۡثَرُواْ فِيهَا ٱلۡفَسَادَ ١٢ва дар онҳо бисёр фасод карданд فَصَبَّ عَلَيۡهِمۡ رَبُّكَ سَوۡطَ عَذَابٍ ١٣Ва Парвардигори ту тозиёнаи азобро бар сарашон фуруд овард إِنَّ رَبَّكَ لَبِٱلۡمِرۡصَادِ ١٤Зеро Парвардигорат дар камингоҳ аст فَأَمَّا ٱلۡإِنسَٰنُ إِذَا مَا ٱبۡتَلَىٰهُ رَبُّهُۥ فَأَكۡرَمَهُۥ وَنَعَّمَهُۥ فَيَقُولُ رَبِّيٓ أَكۡرَمَنِ ١٥Аммо одамӣ, чута Парвардигораш биёзмояд ва гиромиаш дорад ва неъматаш диҳад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро гиромӣ дошт» وَأَمَّآ إِذَا مَا ٱبۡتَلَىٰهُ فَقَدَرَ عَلَيۡهِ رِزۡقَهُۥ فَيَقُولُ رَبِّيٓ أَهَٰنَنِ ١٦Ва чун биёзмоядаш ва ризқ бар ӯ танг гирад, мегӯяд: «Парвардигори ман маро хор сохт» كـَلَّاۖ بَل لَّا تُكۡرِمُونَ ٱلۡيَتِيمَ ١٧На чунон аст. Шумо ятимро гиромӣ намедоред وَلَا تَحَٰٓضُّونَ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِينِ ١٨ва якдигарро ба таъом додани мискиш тарғиб намекунед وَتَأۡكُلُونَ ٱلتُّرَاثَ أَكۡلًا لَّمًّا ١٩ва меросро ҳарисона мехӯред وَتُحِبُّونَ ٱلۡمَالَ حُبًّا جَمًّا ٢٠ва молро фаровон дӯст доред كـَلَّآۖ إِذَا دُكَّتِ ٱلۡأَرۡضُ دَكًّا دَكًّا ٢١Оре, чун замин шикаста шавад ва шикаста шавад وَجَآءَ رَبُّكَ وَٱلۡمَلَكُ صَفًّا صَفًّا ٢٢ва амри Парвардигори ту фаро расад ва фариштагон саф дар саф шаванд وَجِاْيٓءَ يَوۡمَئِذِۭ بِجَهَنَّمَۚ يَوۡمَئِذٍ يَتَذَكَّرُ ٱلۡإِنسَٰنُ وَأَنَّىٰ لَهُ ٱلذِّكۡرَىٰ ٢٣ва дар он рӯз ҷаҳаннамро ҳозир оранд, одамӣ панд гирад. Ва чӣ ҷои панд гирифтан бошад يَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي قَدَّمۡتُ لِحَيَاتِي ٢٤Мегӯяд: «Эй кош ки барои ҳаёти ҷовидонаи худ пешопеш чизе мефиристодам» فَيَوۡمَئِذٍ لَّا يُعَذِّبُ عَذَابَهُۥٓ أَحَدٌ ٢٥Дар он рӯз касе чун азоби ӯ азоб накунад وَلَا يُوثِقُ وَثَاقَهُۥٓ أَحَدٌ ٢٦ва монанди занҷири ӯ ба занҷир накашад يَٰٓأَيَّتُهَا ٱلنَّفۡسُ ٱلۡمُطۡمَئِنَّةُ ٢٧Эй рӯҳи оромишёфта ٱرۡجِعِيٓ إِلَىٰ رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرۡضِيَّةً ٢٨хушнуду писандида ба сӯи Парвардигорат бозгард فَٱدۡخُلِي فِي عِبَٰدِي ٢٩ва дар зумраи бандагони Ман дохил шав وَٱدۡخُلِي جَنَّتِي ٣٠ва ба биҳишти Ман дарой

الترجمة: Abdolmohammad Ayati.