بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمُدَّثِّرُ ١Эй ҷома дар сар кашида قُمۡ فَأَنذِرۡ ٢бархезу бим деҳ وَرَبَّكَ فَكَبِّرۡ ٣Ва Парвардигоратро такбир гӯй وَثِيَابَكَ فَطَهِّرۡ ٤Ва ҷомаатро покиза дор وَٱلرُّجۡزَ فَٱهۡجُرۡ ٥Ва аз палидӣ дурӣ ҷӯй وَلَا تَمۡنُن تَسۡتَكۡثِرُ ٦Ва чизе мадеҳ ки беш аз он умед дошта бошӣ وَلِرَبِّكَ فَٱصۡبِرۡ ٧Барои Парвардигорат сабркунанда бош فَإِذَا نُقِرَ فِي ٱلنَّاقُورِ ٨Ва он гоҳ ки дар сур дамида шавад فَذَٰلِكَ يَوۡمَئِذٍ يَوۡمٌ عَسِيرٌ ٩он рӯз рӯзе сахт хоҳад буд عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ غَيۡرُ يَسِيرٍ ١٠Ва барои кофирон душвор ذَرۡنِي وَمَنۡ خَلَقۡتُ وَحِيدًا ١١Маро бо он ки танҳояш офаридаам, вогузор وَجَعَلۡتُ لَهُۥ مَالًا مَّمۡدُودًا ١٢Ӯро моле бисёр додам وَبَنِينَ شُهُودًا ١٣Ва писароне ҳама дар назди ӯ ҳозир وَمَهَّدتُّ لَهُۥ تَمۡهِيدًا ١٤ва корҳои ӯро ба некӯтар тарзе вусъат додам ثُمَّ يَطۡمَعُ أَنۡ أَزِيدَ ١٥Он гоҳ тамаъ мебандад, ки зиёдат кунам كـَلَّآۖ إِنَّهُۥ كَانَ لِأٓيَٰتِنَا عَنِيدًا ١٦Не, не! Ӯ дар баробари оёти Мо ситеза ҷӯст سَأُرۡهِقُهُۥ صَعُودًا ١٧Ӯро ба машаққате меандозам إِنَّهُۥ فَكَّرَ وَقَدَّرَ ١٨Ӯ андешид ва тарҳе афканд (нақшае кашид) فَقُتِلَ كَيۡفَ قَدَّرَ ١٩Марг бар ӯ бод, чӣ гуна тарҳе афканд ثُمَّ قُتِلَ كَيۡفَ قَدَّرَ ٢٠Боз ҳам марг бар ӯ бод, чӣ гуна тарҳе афканд ثُمَّ نَظَرَ ٢١Он гоҳ нигарист ثُمَّ عَبَسَ وَبَسَرَ ٢٢Сипас рӯй турш кард ва пешонӣ дар ҳам кашид ثُمَّ أَدۡبَرَ وَٱسۡتَكۡبَرَ ٢٣Сипас рӯй гардониду гарданкашӣ кард فَقَالَ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٌ يُؤۡثَرُ ٢٤гуфт: «Ин ғайри ҷодуе, ки дигаронаш омӯхтанд, ҳеҷ нест إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا قَوۡلُ ٱلۡبَشَرِ ٢٥Ин ғайри сухани одамӣ ҳеҷ нест» سَأُصۡلِيهِ سَقَرَ ٢٦Ба зудӣ ӯро ба сақар бияфканем وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا سَقَرُ ٢٧Чӣ чиз огоҳат сохт, ки сақар чист لَا تُبۡقِي وَلَا تَذَرُ ٢٨На ҳеҷ боқӣ мегузорад ва на чизеро тарк кунад لَوَّاحَةٌ لِّلۡبَشَرِ ٢٩Сӯзонандаи пӯст аст عَلَيۡهَا تِسۡعَةَ عَشَرَ ٣٠Нуздаҳ фаришта бар он вазифадоранд وَمَا جَعَلۡنَآ أَصۡحَٰبَ ٱلنَّارِ إِلَّا مَلَٰٓئِكَةًۖ وَمَا جَعَلۡنَا عِدَّتَهُمۡ إِلَّا فِتۡنَةً لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ لِيَسۡتَيۡقِنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَيَزۡدَادَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِيمَٰنًا وَلَا يَرۡتَابَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَلِيَقُولَ ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ وَٱلۡكَٰفِرُونَ مَاذَآ أَرَادَ ٱللَّهُ بِهَٰذَا مَثَلًاۚ كَذَٰلِكَ يُضِلُّ ٱللَّهُ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ وَمَا يَعۡلَمُ جُنُودَ رَبِّكَ إِلَّا هُوَۚ وَمَا هِيَ إِلَّا ذِكۡرَىٰ لِلۡبَشَرِ ٣١Вазифадорони дузахро фақат аз фариштагон қарор додем. Ва шумори онҳо фақат барои имтиҳони кофирон аст. То аҳли китоб яқин кунанд ва бар имони мӯъминон бияфзояд ва аҳли китобу мӯъминон шак накунанд. Ва то онон, ки дар дилҳояшон маразест, нагӯянд: «Худо аз ин мисол чӣ мехостааст?» Худо инчунин ҳар касро, ки бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки бихоҳад, роҳ менамояд. Ва шумори лашкари Парвардигоратро ғайри Ӯ надонад. Ва ин сухан фақат панде аз барои мардум аст كـَلَّا وَٱلۡقَمَرِ ٣٢Оре, савганд ба моҳ وَٱلَّيۡلِ إِذۡ أَدۡبَرَ ٣٣Ва савганд ба шаб, чун рӯй ба рафтан орад وَٱلصُّبۡحِ إِذَآ أَسۡفَرَ ٣٤ва савганд ба субҳ чун парда барафканад إِنَّهَا لَإِحۡدَى ٱلۡكُبَرِ ٣٥ки ин яке аз ҳодисаҳои бузург аст نَذِيرًا لِّلۡبَشَرِ ٣٦Тарсонандаи одамиён аст لِمَن شَآءَ مِنكُمۡ أَن يَتَقَدَّمَ أَوۡ يَتَأَخَّرَ ٣٧Барои ҳар кас аз шумо, ки хоҳад, пеш ояд (бо амали нек) ё аз пай равад (бо куфру нофармонӣ) كُلُّ نَفۡسِۭ بِمَا كَسَبَتۡ رَهِينَةٌ ٣٨Ҳар кас гаравгони корест, ки кардааст إِلَّآ أَصۡحَٰبَ ٱلۡيَمِينِ ٣٩ғайри аҳли саъодат فِي جَنَّٰتٍ يَتَسَآءَلُونَ ٤٠ки дар биҳиштҳо нишастаанд ва мепурсанд عَنِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ ٤١аз гуноҳкорон مَا سَلَكَكُمۡ فِي سَقَرَ ٤٢ки чӣ чиз шуморо ба ҷаҳаннам кашонид قَالُواْ لَمۡ نَكُ مِنَ ٱلۡمُصَلِّينَ ٤٣Мегӯянд: «Мо аз намозгузорон набудем وَلَمۡ نَكُ نُطۡعِمُ ٱلۡمِسۡكِينَ ٤٤ва ба дарвешон таъом намедодем وَكُنَّا نَخُوضُ مَعَ ٱلۡخَآئِضِينَ ٤٥ва бо онон, ки сухани ботил мегуфтанд, ҳамовоз мешудем وَكُنَّا نُكَذِّبُ بِيَوۡمِ ٱلدِّينِ ٤٦ва рӯзи қиёматро дурӯғ мешуморидем حَتَّىٰٓ أَتَىٰنَا ٱلۡيَقِينُ ٤٧то марги мо фаро расид» فَمَا تَنفَعُهُمۡ شَفَٰعَةُ ٱلشَّٰفِعِينَ ٤٨Пас шафоъати шафоъаткунандагон фоидаашон набахшад فَمَا لَهُمۡ عَنِ ٱلتَّذۡكِرَةِ مُعۡرِضِينَ ٤٩Чӣ шудааст, ки аз ин панд рӯй мегардонанд كَأَنَّهُمۡ حُمُرٌ مُّسۡتَنفِرَةٌ ٥٠Монанди харони рамида فَرَّتۡ مِن قَسۡوَرَةِۭ ٥١ки аз шер мегурезанд بَلۡ يُرِيدُ كُلُّ ٱمۡرِيٍٕ مِّنۡهُمۡ أَن يُؤۡتَىٰ صُحُفًا مُّنَشَّرَةً ٥٢балки ҳар як аз онҳо мехоҳад, ки номаҳое ку шода ба ӯ дода шавад كـَلَّاۖ بَل لَّا يَخَافُونَ ٱلۡأٓخِرَةَ ٥٣Оре, ки аз охират наметарсанд كـَلَّآ إِنَّهُۥ تَذۡكِرَةٌ ٥٤Оре, ки ин Қуръон пандест فَمَن شَآءَ ذَكَرَهُۥ ٥٥ҳар ки хоҳад онро бихонад وَمَا يَذۡكُرُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُۚ هُوَ أَهۡلُ ٱلتَّقۡوَىٰ وَأَهۡلُ ٱلۡمَغۡفِرَةِ ٥٦Ва панд намегиранд, бе он ки Худо хоҳад. Ӯ шоёни он аст, ки аз Ӯ битарсанд. Ва ӯ шоёни бахшоидан аст