ملة الإسلام

السورة 56 · 96 آية · Abdolmohammad Ayati

سورة الواقعة باللغة الطاجيكية

السورة بالعربية مع التفسير استمع إلى سورة الواقعة (1,362 قارئاً)
مكيةسورة الواقعة٩٦ آية

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

إِذَا وَقَعَتِ ٱلۡوَاقِعَةُ ١Чун қиёмат воқеъ шавад لَيۡسَ لِوَقۡعَتِهَا كَاذِبَةٌ ٢ки дар воқеъ шуданаш ҳеҷ дурӯғ нест خَافِضَةٌ رَّافِعَةٌ ٣гурӯҳеро пасткунанда аст ва гурӯрҳеро баландкунанда إِذَا رُجَّتِ ٱلۡأَرۡضُ رَجًّا ٤Он гоҳ, ки замин ба сахтӣ биларзад وَبُسَّتِ ٱلۡجِبَالُ بَسًّا ٥ва кӯҳҳо ба тамом реза-реза шаванд فَكَانَتۡ هَبَآءً مُّنۢبَثًّا ٦ва чун ғуборе пароканда гарданд وَكُنتُمۡ أَزۡوَٰجًا ثَلَٰثَةً ٧шумо се гурӯҳ бошед فَأَصۡحَٰبُ ٱلۡمَيۡمَنَةِ مَآ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَيۡمَنَةِ ٨яке аҳли саъодат. Аҳли саъодат чӣ ҳол доранд وَأَصۡحَٰبُ ٱلۡمَشۡـَٔمَةِ مَآ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَشۡـَٔمَةِ ٩Дигар аҳли шақоват (бадбахт). Аҳли шақоват чӣ ҳол доранд وَٱلسَّٰبِقُونَ ٱلسَّٰبِقُونَ ١٠Севумини онҳо, ки пешқадаму пешдаст буданд ва инак пеш раводанд (дар ҷаннат) أُوْلَٰٓئِكَ ٱلۡمُقَرَّبُونَ ١١Инҳо муқаррабонанд (наздиккардашудагонанд) فِي جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ ١٢дар биҳиштҳои пурнеъмат ثُلَّةٌ مِّنَ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٣Гурӯҳе аз пешиниён وَقَلِيلٌ مِّنَ ٱلۡأٓخِرِينَ ١٤ва андаке аз онҳо, ки аз пас омадаанд عَلَىٰ سُرُرٍ مَّوۡضُونَةٍ ١٥бар тахтҳои мурассаъ (зарбофт) مُّتَّكِـِٔينَ عَلَيۡهَا مُتَقَٰبِلِينَ ١٦рӯбарӯи ҳам бар онҳо такя задаанд يَطُوفُ عَلَيۡهِمۡ وِلۡدَٰنٌ مُّخَلَّدُونَ ١٧Писароне ҳамеша ҷавон гирдашон мечарханд بِأَكۡوَابٍ وَأَبَارِيقَ وَكَأۡسٍ مِّن مَّعِينٍ ١٨бо қадаҳҳову кӯзаҳо ва ҷомҳое аз шаробе, ки дар ҷӯйҳо ҷорист لَّا يُصَدَّعُونَ عَنۡهَا وَلَا يُنزِفُونَ ١٩аз нушиданаш на сардард гиранд ва на беҳуш шаванд وَفَٰكِهَةٍ مِّمَّا يَتَخَيَّرُونَ ٢٠Ва меваҳое, ки худ интихоб мекунанд وَلَحۡمِ طَيۡرٍ مِّمَّا يَشۡتَهُونَ ٢١Ва гӯшти парранда, аз ҳар чӣ бихоҳанд وَحُورٌ عِينٌ ٢٢Ва ҳурони дуруштчашм كَأَمۡثَٰلِ ٱللُّؤۡلُوِٕ ٱلۡمَكۡنُونِ ٢٣ҳамонанди марворидҳое дар садаф جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٢٤Ҳама ба мукофоти корҳое, ки мекардаанд لَا يَسۡمَعُونَ فِيهَا لَغۡوًا وَلَا تَأۡثِيمًا ٢٥Дар он ҷо на сухани беҳуда шунаванд ва на гуноҳолуд إِلَّا قِيلًا سَلَٰمًا سَلَٰمًا ٢٦ҷуз як сухан: «Салом, салом!» وَأَصۡحَٰبُ ٱلۡيَمِينِ مَآ أَصۡحَٰبُ ٱلۡيَمِينِ ٢٧Аммо аҳли саъодат, аҳли саъодат чӣ ҳол доранд فِي سِدۡرٍ مَّخۡضُودٍ ٢٨Дар зери дарахти сидри бехор وَطَلۡحٍ مَّنضُودٍ ٢٩ва дарахти музе (банан), ки мевааш бар якдигар чида шуда وَظِلٍّ مَّمۡدُودٍ ٣٠ва сояе доим وَمَآءٍ مَّسۡكُوبٍ ٣١ва обе ҷорӣ وَفَٰكِهَةٍ كَثِيرَةٍ ٣٢ва мевае бисёр لَّا مَقۡطُوعَةٍ وَلَا مَمۡنُوعَةٍ ٣٣ки бепоён ва касро аз он бознадоранд وَفُرُشٍ مَّرۡفُوعَةٍ ٣٤Ва фаршҳои баланд إِنَّآ أَنشَأۡنَٰهُنَّ إِنشَآءً ٣٥Он занонро Мо биёфаридем, офариданӣ فَجَعَلۡنَٰهُنَّ أَبۡكَارًا ٣٦ва душизагон сохтем عُرُبًا أَتۡرَابًا ٣٧Маъшуқи ҳамсарони худанд لِّأَصۡحَٰبِ ٱلۡيَمِينِ ٣٨барои аҳли саъодат ثُلَّةٌ مِّنَ ٱلۡأَوَّلِينَ ٣٩гурӯҳе аз пешиниён وَثُلَّةٌ مِّنَ ٱلۡأٓخِرِينَ ٤٠ва гурӯҳе, ки аз пас омадаанд وَأَصۡحَٰبُ ٱلشِّمَالِ مَآ أَصۡحَٰبُ ٱلشِّمَالِ ٤١Аммо аҳли шақоват, аҳли шақоват (бадбахт) чӣ ҳол доранд فِي سَمُومٍ وَحَمِيمٍ ٤٢Дар боди гарм ва оби ҷӯшонанд وَظِلٍّ مِّن يَحۡمُومٍ ٤٣дар сояе аз дуди сиёҳ لَّا بَارِدٍ وَلَا كَرِيمٍ ٤٤на сарду на хуш إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَبۡلَ ذَٰلِكَ مُتۡرَفِينَ ٤٥Инҳо пеш аз ин дар нозу неъмат буданд وَكَانُواْ يُصِرُّونَ عَلَى ٱلۡحِنثِ ٱلۡعَظِيمِ ٤٦ва бар гуноҳони бузург исрор (давом) мекарданд وَكَانُواْ يَقُولُونَ أَئِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ ٤٧ва мегуфтанд: «Оё замоне, ки мо мурдему хоку устухон шудем, боз ҳам моро зинда мекунанд أَوَءَابَآؤُنَا ٱلۡأَوَّلُونَ ٤٨ё ниёгони моро?» قُلۡ إِنَّ ٱلۡأَوَّلِينَ وَٱلۡأٓخِرِينَ ٤٩Бигӯ: «Ҳамаро, онон, ки аз ин пеш буданд ва онҳо, ки аз паяшон омада буданд لَمَجۡمُوعُونَ إِلَىٰ مِيقَٰتِ يَوۡمٍ مَّعۡلُومٍ ٥٠ҳама дар ваъдагоҳи он рӯзи муъайян хоҳанд буд ثُمَّ إِنَّكُمۡ أَيُّهَا ٱلضَّآلُّونَ ٱلۡمُكَذِّبُونَ ٥١Он гоҳ шумо, эй гумроҳони дурӯғбароранда لَأٓكِلُونَ مِن شَجَرٍ مِّن زَقُّومٍ ٥٢аз дарахтони заққум хоҳед хурд فَمَالِـُٔونَ مِنۡهَا ٱلۡبُطُونَ ٥٣ва шикамҳои худро аз он пур хоҳед кард فَشَٰرِبُونَ عَلَيۡهِ مِنَ ٱلۡحَمِيمِ ٥٤ва бар болои он оби ҷӯшон хоҳед нушид فَشَٰرِبُونَ شُرۡبَ ٱلۡهِيمِ ٥٥чунон менушед, ки шутури ташн, а об менӯшад هَٰذَا نُزُلُهُمۡ يَوۡمَ ٱلدِّينِ ٥٦Ин аст меҳмондориашон дар рӯзи ҷазо نَحۡنُ خَلَقۡنَٰكُمۡ فَلَوۡلَا تُصَدِّقُونَ ٥٧Мо шуморо офаридаем, пас чаро тасдиқ намекунед أَفَرَءَيۡتُم مَّا تُمۡنُونَ ٥٨Оё он маниро, ки мерезед, дидаед ءَأَنتُمۡ تَخۡلُقُونَهُۥٓ أَمۡ نَحۡنُ ٱلۡخَٰلِقُونَ ٥٩Оё шумо ӯро меофаринед ё Мо офаринандаем نَحۡنُ قَدَّرۡنَا بَيۡنَكُمُ ٱلۡمَوۡتَ وَمَا نَحۡنُ بِمَسۡبُوقِينَ ٦٠Мо маргро бар шумо, муайян сохтем ва нотавон аз он нестом, ки عَلَىٰٓ أَن نُّبَدِّلَ أَمۡثَٰلَكُمۡ وَنُنشِئَكُمۡ فِي مَا لَا تَعۡلَمُونَ ٦١ба ҷои шумо қавме монанди шумо биёварем ва шуморо ба сурате, ки аз он бехабаред, аз нав биёфаринем وَلَقَدۡ عَلِمۡتُمُ ٱلنَّشۡأَةَ ٱلۡأُولَىٰ فَلَوۡلَا تَذَكَّرُونَ ٦٢Шумо ай офариниши нахуст огоҳед, чаро ба ёдаш наёваред أَفَرَءَيۡتُم مَّا تَحۡرُثُونَ ٦٣Оё чизеро, ки мекоред, дидаед ءَأَنتُمۡ تَزۡرَعُونَهُۥٓ أَمۡ نَحۡنُ ٱلزَّٰرِعُونَ ٦٤Оё шумо мерӯёнедаш ё Мо рӯёнандаем لَوۡ نَشَآءُ لَجَعَلۡنَٰهُ حُطَٰمًا فَظَلۡتُمۡ تَفَكَّهُونَ ٦٥Агар мехостем, хошокаш месохтем, то дар ҳайрат бимонед إِنَّا لَمُغۡرَمُونَ ٦٦Гӯянд: «Мо зиён кардагонем بَلۡ نَحۡنُ مَحۡرُومُونَ ٦٧мо бенасиб мондагонем» أَفَرَءَيۡتُمُ ٱلۡمَآءَ ٱلَّذِي تَشۡرَبُونَ ٦٨Оё оберо, ки менӯшед, дидаед ءَأَنتُمۡ أَنزَلۡتُمُوهُ مِنَ ٱلۡمُزۡنِ أَمۡ نَحۡنُ ٱلۡمُنزِلُونَ ٦٩Оё шумо онро аз абр фурӯд меоред ё Мо фурӯд орандагонем لَوۡ نَشَآءُ جَعَلۡنَٰهُ أُجَاجًا فَلَوۡلَا تَشۡكُرُونَ ٧٠Агар мехостем онро талх мегардонидем. Пас чаро шукр намегӯед أَفَرَءَيۡتُمُ ٱلنَّارَ ٱلَّتِي تُورُونَ ٧١Оё он оташро, ки меафрузед дидаед ءَأَنتُمۡ أَنشَأۡتُمۡ شَجَرَتَهَآ أَمۡ نَحۡنُ ٱلۡمُنشِـُٔونَ ٧٢Оё дарахташро шумо офаридаед ё Мо офаринандаем نَحۡنُ جَعَلۡنَٰهَا تَذۡكِرَةً وَمَتَٰعًا لِّلۡمُقۡوِينَ ٧٣Мо онро хушдоре (аз дӯзах) ва барои мусофирони роҳнавард матоъе сохтем فَسَبِّحۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلۡعَظِيمِ ٧٤Ба номи Парвардигори бузурги худ тасбеҳ гӯй ۞ فَلَآ أُقۡسِمُ بِمَوَٰقِعِ ٱلنُّجُومِ ٧٥Пас савганд ба ғурубгоҳи ситорагон وَإِنَّهُۥ لَقَسَمٌ لَّوۡ تَعۡلَمُونَ عَظِيمٌ ٧٦Ва ин савгандест, — агар бидонед, — бузург إِنَّهُۥ لَقُرۡءَانٌ كَرِيمٌ ٧٧Албатта ин Қуръонест гиромиқадр فِي كِتَٰبٍ مَّكۡنُونٍ ٧٨дар китобе макнун لَّا يَمَسُّهُۥٓ إِلَّا ٱلۡمُطَهَّرُونَ ٧٩ки ҷуз покон даст бар он назананд تَنزِيلٌ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٨٠Нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст أَفَبِهَٰذَا ٱلۡحَدِيثِ أَنتُم مُّدۡهِنُونَ ٨١Оё ин суханро дурӯғ меҳисобед وَتَجۡعَلُونَ رِزۡقَكُمۡ أَنَّكُمۡ تُكَذِّبُونَ ٨٢Ва насиби худро дар дурӯғ ҳисобидани он қарор медиҳед فَلَوۡلَآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلۡحُلۡقُومَ ٨٣Пас чаро он гоҳ ки ҷон ба гулӯ расад وَأَنتُمۡ حِينَئِذٍ تَنظُرُونَ ٨٤ва шумо дар ин ҳангом менигаред وَنَحۡنُ أَقۡرَبُ إِلَيۡهِ مِنكُمۡ وَلَٰكِن لَّا تُبۡصِرُونَ ٨٥Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале шумо намебинед فَلَوۡلَآ إِن كُنتُمۡ غَيۡرَ مَدِينِينَ ٨٦Агар қиёматро бовар надоред تَرۡجِعُونَهَآ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ٨٧агар рост мегӯед, бозаш гардонед! (рӯҳро бар ҷасад) فَأَمَّآ إِن كَانَ مِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ ٨٨Аммо агар аз муқаррабон (наздикшудагон) бошад فَرَوۡحٌ وَرَيۡحَانٌ وَجَنَّتُ نَعِيمٍ ٨٩барои ӯст осоишу рӯзӣ ва биҳишти пурнеъмат وَأَمَّآ إِن كَانَ مِنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلۡيَمِينِ ٩٠Ва аммо агар аз аҳли саъодат бошад فَسَلَٰمٌ لَّكَ مِنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلۡيَمِينِ ٩١пас туро аз аҳли саъодат салом аст وَأَمَّآ إِن كَانَ مِنَ ٱلۡمُكَذِّبِينَ ٱلضَّآلِّينَ ٩٢Ва аммо агар, аз такзибкунандагони (дурӯғ барорандагони) гумроҳ бошад فَنُزُلٌ مِّنۡ حَمِيمٍ ٩٣ба оби ҷӯшон меҳмонаш кунанд وَتَصۡلِيَةُ جَحِيمٍ ٩٤ва ба дӯзахаш дароваранд إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ حَقُّ ٱلۡيَقِينِ ٩٥Ин сухан сухане росту яқин аст فَسَبِّحۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلۡعَظِيمِ ٩٦Пас ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯй

الترجمة: Abdolmohammad Ayati.