ملة الإسلام

السورة 53 · 62 آية · Abdolmohammad Ayati

سورة النجم باللغة الطاجيكية

السورة بالعربية مع التفسير استمع إلى سورة النجم (1,299 قارئاً)
مكيةسورة النجم٦٢ آية

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

وَٱلنَّجۡمِ إِذَا هَوَىٰ ١Қасам ба он ситора, чун пинҳон шуд مَا ضَلَّ صَاحِبُكُمۡ وَمَا غَوَىٰ ٢ки ёри шумо на гумроҳ шуда ва на ба роҳи каҷ рафтааст وَمَا يَنطِقُ عَنِ ٱلۡهَوَىٰٓ ٣Ва сухан аз рӯи ҳаво (ҳавас) намегӯяд إِنۡ هُوَ إِلَّا وَحۡيٌ يُوحَىٰ ٤Ин сухан фақат он чизест, ки ба ӯ ваҳй мешавад عَلَّمَهُۥ شَدِيدُ ٱلۡقُوَىٰ ٥Ӯро он фариштаи пурқувват таълим додааст ذُو مِرَّةٍ فَٱسۡتَوَىٰ ٦соҳибнерӯе, ки рост истод وَهُوَ بِٱلۡأُفُقِ ٱلۡأَعۡلَىٰ ٧ва Ӯ ба канораи балаыди осмон буд ثُمَّ دَنَا فَتَدَلَّىٰ ٨сипас наздик шуд ва бисёр наздик шуд فَكَانَ قَابَ قَوۡسَيۡنِ أَوۡ أَدۡنَىٰ ٩то ба қадри ду камон ё наздиктар فَأَوۡحَىٰٓ إِلَىٰ عَبۡدِهِۦ مَآ أَوۡحَىٰ ١٠Ва Худо ба бандаи худ ҳар чӣ бояд, ваҳй кунад, ваҳй кард مَا كَذَبَ ٱلۡفُؤَادُ مَا رَأَىٰٓ ١١Дил он чиро, ки, дид, дурӯғ нашумурд أَفَتُمَٰرُونَهُۥ عَلَىٰ مَا يَرَىٰ ١٢Оё дар он чӣ мебинад, бо Ӯ ҷидол (баҳс) мекунед وَلَقَدۡ رَءَاهُ نَزۡلَةً أُخۡرَىٰ ١٣Ӯро дигар бор ҳам бидид عِندَ سِدۡرَةِ ٱلۡمُنتَهَىٰ ١٤назди сидратулмунтаҳо عِندَهَا جَنَّةُ ٱلۡمَأۡوَىٰٓ ١٥ки оромгоҳи биҳишт назди он дарахт аст إِذۡ يَغۡشَى ٱلسِّدۡرَةَ مَا يَغۡشَىٰ ١٦Вақте ки сидраро чизе (нурҳои файзи илоҳӣ) дар худ мепӯшид مَا زَاغَ ٱلۡبَصَرُ وَمَا طَغَىٰ ١٧чашм хато накард ва аз ҳад дарнагузашт لَقَدۡ رَأَىٰ مِنۡ ءَايَٰتِ رَبِّهِ ٱلۡكُبۡرَىٰٓ ١٨Албатта баъзе аз оёти бузурги Парвардигорашро бидид أَفَرَءَيۡتُمُ ٱللَّٰتَ وَٱلۡعُزَّىٰ ١٩Оё Лот ва Уззоро дидаед وَمَنَوٰةَ ٱلثَّالِثَةَ ٱلۡأُخۡرَىٰٓ ٢٠Ва Манот он бути саввуми дигарро أَلَكُمُ ٱلذَّكَرُ وَلَهُ ٱلۡأُنثَىٰ ٢١Оё шуморо писар бошад ва Ӯро духтар تِلۡكَ إِذًا قِسۡمَةٌ ضِيزَىٰٓ ٢٢Ин тақсимест ғайри одилона إِنۡ هِيَ إِلَّآ أَسۡمَآءٌ سَمَّيۡتُمُوهَآ أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُم مَّآ أَنزَلَ ٱللَّهُ بِهَا مِن سُلۡطَٰنٍۚ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّ وَمَا تَهۡوَى ٱلۡأَنفُسُۖ وَلَقَدۡ جَآءَهُم مِّن رَّبِّهِمُ ٱلۡهُدَىٰٓ ٢٣Инҳо чизе нестанд ғайри номҳое, ки худ ва падаронатон ба онҳо додаед. Ва Худованд ҳеҷ далеле бар онҳо нафиристодааст. Танҳо аз паи гумону ҳавои нафси худ мераванд ва хол он ки аз ҷониби Худо роҳнамоияшон кардаанд أَمۡ لِلۡإِنسَٰنِ مَا تَمَنَّىٰ ٢٤Оё ҳарчи одами орзу кунад, барояш ҳосил аст فَلِلَّهِ ٱلۡأٓخِرَةُ وَٱلۡأُولَىٰ ٢٥Ҳам охират ва ҳам дунё аз они Худост ۞ وَكَم مِّن مَّلَكٍ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ لَا تُغۡنِي شَفَٰعَتُهُمۡ شَيۡـًٔا إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ أَن يَأۡذَنَ ٱللَّهُ لِمَن يَشَآءُ وَيَرۡضَىٰٓ ٢٦Ва чӣ бисёр фариштагон дар осмонанд, ки шафоъаташон ҳеҷ нафъ надиҳад, лекин аз он пас, ки Худо барои ҳар кӣ хоҳад, рухсат диҳад ва хушнуд бошад. (нафъ кунад) إِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ لَيُسَمُّونَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةَ تَسۡمِيَةَ ٱلۡأُنثَىٰ ٢٧Онон, ки ба охират имон надоранд, фариштагонро ба номҳои занон меноманд وَمَا لَهُم بِهِۦ مِنۡ عِلۡمٍۖ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّۖ وَإِنَّ ٱلظَّنَّ لَا يُغۡنِي مِنَ ٱلۡحَقِّ شَيۡـًٔا ٢٨Инҳоро ба он чӣ мегӯянд, ҳеҷ донише нест. Танҳо аз гумони худ пайравӣ мекунанд ва гумон барои шинохти ҳақиқат кофӣ нест فَأَعۡرِضۡ عَن مَّن تَوَلَّىٰ عَن ذِكۡرِنَا وَلَمۡ يُرِدۡ إِلَّا ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا ٢٩Пас ту низ аз касе, ки аз сухани Мо рӯйгардон мешавад ва ғайри зиндагии дунявиро намеҷӯяд, рӯй гардон ذَٰلِكَ مَبۡلَغُهُم مِّنَ ٱلۡعِلۡمِۚ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِۦ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِمَنِ ٱهۡتَدَىٰ ٣٠Ниҳояти донишашон ҳамин аст. Парвардигори ту ба он касе ки аз роҳи Ӯ гумроҳ мешавад ё ба роҳи ҳидоят меафтад, донотар аст وَلِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ لِيَجۡزِيَ ٱلَّذِينَ أَسَٰٓـُٔواْ بِمَا عَمِلُواْ وَيَجۡزِيَ ٱلَّذِينَ أَحۡسَنُواْ بِٱلۡحُسۡنَى ٣١Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, то бадкоронро дар баробари корҳояшон ҷазо диҳад ва некӯкоронро ба кирдори некашон мукофот диҳад ٱلَّذِينَ يَجۡتَنِبُونَ كَبَٰٓئِرَ ٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡفَوَٰحِشَ إِلَّا ٱللَّمَمَۚ إِنَّ رَبَّكَ وَٰسِعُ ٱلۡمَغۡفِرَةِۚ هُوَ أَعۡلَمُ بِكُمۡ إِذۡ أَنشَأَكُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ وَإِذۡ أَنتُمۡ أَجِنَّةٌ فِي بُطُونِ أُمَّهَٰتِكُمۡۖ فَلَا تُزَكُّوٓاْ أَنفُسَكُمۡۖ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَنِ ٱتَّقَىٰٓ ٣٢Касоне, ки аз гуноҳони бузургу зиштиҳо парҳез мекунанд, — ғайри он ки гуноҳе кӯчак аз онҳо сар занад, — бидонанд, ки бахшоиши Парвардигори ту васеъ аст ва Ӯ ба шумо он гоҳ ки аз замин биёфаридатон ва он гоҳ ки дар шиками модаратон пинҳон будед, огоҳтар аст. Худатонро бегуноҳ надонед. Ӯст, ки парҳезгорро беҳтар мешиносад أَفَرَءَيۡتَ ٱلَّذِي تَوَلَّىٰ ٣٣Оё онро, ки аз ту рӯйгардои шуд, дидӣ وَأَعۡطَىٰ قَلِيلًا وَأَكۡدَىٰٓ ٣٤Андак мебахшид ва дар садақа бахилӣ мекард أَعِندَهُۥ عِلۡمُ ٱلۡغَيۡبِ فَهُوَ يَرَىٰٓ ٣٥Оё илми ғайб дораду мебинад أَمۡ لَمۡ يُنَبَّأۡ بِمَا فِي صُحُفِ مُوسَىٰ ٣٦Ё аз он чӣ дар саҳифаҳои Мӯсо омада, бехабар мондааст وَإِبۡرَٰهِيمَ ٱلَّذِي وَفَّىٰٓ ٣٧Ё аз Иброҳим, ки ҳаққи пайғамбариро адо кард أَلَّا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزۡرَ أُخۡرَىٰ ٣٨Ки ҳеҷ кас бори гуноҳи, дигареро барнадорад وَأَن لَّيۡسَ لِلۡإِنسَٰنِ إِلَّا مَا سَعَىٰ ٣٩Ва ин ки: барои мардум музде ғайри он чӣ худ кардаанд, нест وَأَنَّ سَعۡيَهُۥ سَوۡفَ يُرَىٰ ٤٠Ва ба зудӣ, ки кушиши ӯ дар назар ояд (рӯзи қиёмат) ثُمَّ يُجۡزَىٰهُ ٱلۡجَزَآءَ ٱلۡأَوۡفَىٰ ٤١Сипас ба ӯ ҷазое комил диҳанд وَأَنَّ إِلَىٰ رَبِّكَ ٱلۡمُنتَهَىٰ ٤٢Ва поёни роҳи ҳама Парвардигори туст وَأَنَّهُۥ هُوَ أَضۡحَكَ وَأَبۡكَىٰ ٤٣Ва Ӯст, ки механдонаду мегирёнад وَأَنَّهُۥ هُوَ أَمَاتَ وَأَحۡيَا ٤٤Ва Ӯст, ки мемиронаду зинда мекунад وَأَنَّهُۥ خَلَقَ ٱلزَّوۡجَيۡنِ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰ ٤٥Ва Ӯст, ки ҷуфтҳои нару модаро офаридааст مِن نُّطۡفَةٍ إِذَا تُمۡنَىٰ ٤٦аз дутфа, он гоҳ, ки дар раҳм рехта мешавад وَأَنَّ عَلَيۡهِ ٱلنَّشۡأَةَ ٱلۡأُخۡرَىٰ ٤٧Ва бар Худованд аст, ки онро бори дигар зинда кунад وَأَنَّهُۥ هُوَ أَغۡنَىٰ وَأَقۡنَىٰ ٤٨Ва Ӯст, ки тавонгар кунад ва рӯзӣ диҳад وَأَنَّهُۥ هُوَ رَبُّ ٱلشِّعۡرَىٰ ٤٩Ва Ӯст Парвардигори ситораи Шиъро وَأَنَّهُۥٓ أَهۡلَكَ عَادًا ٱلۡأُولَىٰ ٥٠Ва Ӯст, ки Од — он қавми пешинро ҳалок кард وَثَمُودَاْ فَمَآ أَبۡقَىٰ ٥١ва аз Самуд ҳеҷ боқӣ нагузошт وَقَوۡمَ نُوحٍ مِّن قَبۡلُۖ إِنَّهُمۡ كَانُواْ هُمۡ أَظۡلَمَ وَأَطۡغَىٰ ٥٢Ва пеш аз онҳо қавми Нӯҳро, ки ситамкортару саркаштар буданд وَٱلۡمُؤۡتَفِكَةَ أَهۡوَىٰ ٥٣ва низ Мӯътафикаро нобуд кард فَغَشَّىٰهَا مَا غَشَّىٰ ٥٤Ва фурӯ пӯшид он қавмро, ҳар чӣ бояд фурӯ пӯшад (сангборон кард) فَبِأَيِّ ءَالَآءِ رَبِّكَ تَتَمَارَىٰ ٥٥Пас ба кадом як аз неъматҳои Парвардигорат шак мекунӣ هَٰذَا نَذِيرٌ مِّنَ ٱلنُّذُرِ ٱلۡأُولَىٰٓ ٥٦Ин бимдиҳандаест монанди бимдиҳандагони пешин أَزِفَتِ ٱلۡأٓزِفَةُ ٥٧Қиёмат фаро расид لَيۡسَ لَهَا مِن دُونِ ٱللَّهِ كَاشِفَةٌ ٥٨Кас ҷуз Худованд ошкораш накунад أَفَمِنۡ هَٰذَا ٱلۡحَدِيثِ تَعۡجَبُونَ ٥٩Оё аз ин сухан дар ҳайрат афтодаед وَتَضۡحَكُونَ وَلَا تَبۡكُونَ ٦٠Ва механдеду намегирйед وَأَنتُمۡ سَٰمِدُونَ ٦١Ва шумо ғофил шудаед فَٱسۡجُدُواْۤ لِلَّهِۤ وَٱعۡبُدُواْ ۩ ٦٢Пас Худоро саҷда кунед ва Ӯро бипарастед

الترجمة: Abdolmohammad Ayati.