ملة الإسلام

السورة 71 · 28 آية · Abdolmohammad Ayati

سورة نوح باللغة الطاجيكية

السورة بالعربية مع التفسير استمع إلى سورة نوح (1,290 قارئاً)
مكيةسورة نوح٢٨ آية

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

إِنَّآ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦٓ أَنۡ أَنذِرۡ قَوۡمَكَ مِن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ ١Мо Нӯҳро ба сӯи қавмаш фиристодем, ки қавми худро пеш аз он ки азобе дардовар бар сарашон фуруд ояд, бим деҳ قَالَ يَٰقَوۡمِ إِنِّي لَكُمۡ نَذِيرٌ مُّبِينٌ ٢Гуфт: «Эй қавми ман, ман бимдиҳандае равшангарам أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱتَّقُوهُ وَأَطِيعُونِ ٣Худоро бипарастед ва аз Ӯ битарсед ва ба ман итоъат кунед يَغۡفِرۡ لَكُم مِّن ذُنُوبِكُمۡ وَيُؤَخِّرۡكُمۡ إِلَىٰٓ أَجَلٍ مُّسَمًّىۚ إِنَّ أَجَلَ ٱللَّهِ إِذَا جَآءَ لَا يُؤَخَّرُۚ لَوۡ كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ٤то гуноҳонатонро бибахшояд ва шуморо то муддате муъайян мӯҳлат диҳад, зеро он муддати худо вақте ояд, — агар бидонед, — дигар ба дер наяфтад» قَالَ رَبِّ إِنِّي دَعَوۡتُ قَوۡمِي لَيۡلًا وَنَهَارًا ٥Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман қавми худро шабу рӯз даъват кардам فَلَمۡ يَزِدۡهُمۡ دُعَآءِيٓ إِلَّا فِرَارًا ٦ва датъвати ман ҷуз ба фирорашон наяфзуд وَإِنِّي كُلَّمَا دَعَوۡتُهُمۡ لِتَغۡفِرَ لَهُمۡ جَعَلُوٓاْ أَصَٰبِعَهُمۡ فِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَٱسۡتَغۡشَوۡاْ ثِيَابَهُمۡ وَأَصَرُّواْ وَٱسۡتَكۡبَرُواْ ٱسۡتِكۡبَارًا ٧Ва ман, ҳар бор, ки даъваташон кардам, то Ту онҳоро бибахшоӣ, ангуштҳо дар гӯшҳои худ карданд ва ҷома дар сар кашиданд ва пой фишурданд ва ҳар чӣ бештар саркашӣ карданд ثُمَّ إِنِّي دَعَوۡتُهُمۡ جِهَارًا ٨Пас онҳоро ба овози баланд даъват кардам ثُمَّ إِنِّيٓ أَعۡلَنتُ لَهُمۡ وَأَسۡرَرۡتُ لَهُمۡ إِسۡرَارًا ٩Боз ба ошкор гуфтам ва дар ниҳон гуфтам فَقُلۡتُ ٱسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّكُمۡ إِنَّهُۥ كَانَ غَفَّارًا ١٠Сипас гуфтам: «Аз Парвардигоратон бахшоиш бихоҳед, ки Ӯ бахшоянда аст يُرۡسِلِ ٱلسَّمَآءَ عَلَيۡكُم مِّدۡرَارًا ١١то аз осмон бароятон пай дар пай борон фиристад وَيُمۡدِدۡكُم بِأَمۡوَٰلٍ وَبَنِينَ وَيَجۡعَل لَّكُمۡ جَنَّٰتٍ وَيَجۡعَل لَّكُمۡ أَنۡهَٰرًا ١٢ва шуморо ба'молҳову фарзандон мадад кунад ва бароятон бӯстонҳову наҳрҳо биёфаринад مَّا لَكُمۡ لَا تَرۡجُونَ لِلَّهِ وَقَارًا ١٣Шуморо чӣ мешавад, ки аз шукӯҳи Худованд наметарсед وَقَدۡ خَلَقَكُمۡ أَطۡوَارًا ١٤ҳол он ки шуморо ба гунаҳои мухталиф биёфарид أَلَمۡ تَرَوۡاْ كَيۡفَ خَلَقَ ٱللَّهُ سَبۡعَ سَمَٰوَٰتٍ طِبَاقًا ١٥Оё намебинед, ки чӣ гуна Худо ҳафт осмони табақа-табақаро биёфарид وَجَعَلَ ٱلۡقَمَرَ فِيهِنَّ نُورًا وَجَعَلَ ٱلشَّمۡسَ سِرَاجًا ١٦Ва моҳро равшании онҳо ва хуршедро чароғашон гардонид وَٱللَّهُ أَنۢبَتَكُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ نَبَاتًا ١٧Ва Худо шуморо чун наботе аз замин бирӯёнид ثُمَّ يُعِيدُكُمۡ فِيهَا وَيُخۡرِجُكُمۡ إِخۡرَاجًا ١٨Боз шуморо ба он бозмегардонад ва боз аз он берун меоварад وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ بِسَاطًا ١٩Ва Худо заминро чун фарше бароятон бигустурд لِّتَسۡلُكُواْ مِنۡهَا سُبُلًا فِجَاجًا ٢٠то бар роҳҳои паҳновари он биравед» قَالَ نُوحٌ رَّبِّ إِنَّهُمۡ عَصَوۡنِي وَٱتَّبَعُواْ مَن لَّمۡ يَزِدۡهُ مَالُهُۥ وَوَلَدُهُۥٓ إِلَّا خَسَارًا ٢١Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, онҳо фармони ман набурданд ва ба касе пайравӣ карданд, ки молу фарзандаш ҷуз ба зиёнаш наяфзуд وَمَكَرُواْ مَكۡرًا كُبَّارًا ٢٢Макр карданд — макре бузург وَقَالُواْ لَا تَذَرُنَّ ءَالِهَتَكُمۡ وَلَا تَذَرُنَّ وَدًّا وَلَا سُوَاعًا وَلَا يَغُوثَ وَيَعُوقَ وَنَسۡرًا ٢٣Ва гуфтанд: «Худоёнатонро тарк накунед:, Вадд ва Сувоъ ва Яғус ва Яъуқ ва Насрро* тарк накунед!» وَقَدۡ أَضَلُّواْ كَثِيرًاۖ وَلَا تَزِدِ ٱلظَّٰلِمِينَ إِلَّا ضَلَٰلًا ٢٤Бисёреро гумроҳ карданд ва ту ҷуз бар гумроҳии ситамкорон наяфзой!» مِّمَّا خَطِيٓـَٰٔتِهِمۡ أُغۡرِقُواْ فَأُدۡخِلُواْ نَارًا فَلَمۡ يَجِدُواْ لَهُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ أَنصَارًا ٢٥Ба ҷазои гуноҳонашон ғарк шуданд ва ба оташ рафтанд ва ҷуз Худо барои худ ёваре наёфтанд وَقَالَ نُوحٌ رَّبِّ لَا تَذَرۡ عَلَى ٱلۡأَرۡضِ مِنَ ٱلۡكَٰفِرِينَ دَيَّارًا ٢٦Ва Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, бар рӯи замин ҳеҷ як аз кофиронро магузор إِنَّكَ إِن تَذَرۡهُمۡ يُضِلُّواْ عِبَادَكَ وَلَا يَلِدُوٓاْ إِلَّا فَاجِرًا كَفَّارًا ٢٧ки агар бигузорияшон, бандагонро гупроҳ мекунанд ва ҷуз фарзандоне фоҷиру кофир наёваранд رَّبِّ ٱغۡفِرۡ لِي وَلِوَٰلِدَيَّ وَلِمَن دَخَلَ بَيۡتِيَ مُؤۡمِنًا وَلِلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِۖ وَلَا تَزِدِ ٱلظَّٰلِمِينَ إِلَّا تَبَارَۢا ٢٨Эй Парвардигори ман, марову падару модарамро ва ҳар киро бо имон ба хонаи ман ворид шавад ва низ мардони мӯъмину занони мӯъминро бибахшо ва ситамкоронро ҷуз ба ҳалокаташон маяфзой!»

الترجمة: Abdolmohammad Ayati.