ملة الإسلام

السورة 20 · 135 آية · Abdolmohammad Ayati

سورة طه باللغة الطاجيكية

السورة بالعربية مع التفسير استمع إلى سورة طه (1,355 قارئاً)
مكيةسورة طه١٣٥ آية

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

طه ١То, ҳо مَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡقُرۡءَانَ لِتَشۡقَىٰٓ ٢Қуръонро бар ту нозил накардаем, ки дар ранҷ Афтӣ إِلَّا تَذۡكِرَةً لِّمَن يَخۡشَىٰ ٣Танҳо ҳущдорест барои он кӣ метарсад تَنزِيلًا مِّمَّنۡ خَلَقَ ٱلۡأَرۡضَ وَٱلسَّمَٰوَٰتِ ٱلۡعُلَى ٤Аз ҷониби касе, ки замину осмонҳои баландро офаридааст, нозил шуда ٱلرَّحۡمَٰنُ عَلَى ٱلۡعَرۡشِ ٱسۡتَوَىٰ ٥Худои раҳмон бар арш истилову иҳота дорад لَهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا وَمَا تَحۡتَ ٱلثَّرَىٰ ٦Аз они Ӯст он чӣ дар осмонҳову замин ва миёни онҳост ва он чӣ дар зери замин аст وَإِن تَجۡهَرۡ بِٱلۡقَوۡلِ فَإِنَّهُۥ يَعۡلَمُ ٱلسِّرَّ وَأَخۡفَى ٧Ва агар сухани баланд гӯӣ, Ӯ ба рози ниҳон ва ниҳонтар огоҳ аст ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ لَهُ ٱلۡأَسۡمَآءُ ٱلۡحُسۡنَىٰ ٨Оллоҳ — он ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест, номҳои хуб аз они Ӯст وَهَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ مُوسَىٰٓ ٩Оё хабари Мӯсо ба ту расидааст إِذۡ رَءَا نَارًا فَقَالَ لِأَهۡلِهِ ٱمۡكُثُوٓاْ إِنِّيٓ ءَانَسۡتُ نَارًا لَّعَلِّيٓ ءَاتِيكُم مِّنۡهَا بِقَبَسٍ أَوۡ أَجِدُ عَلَى ٱلنَّارِ هُدًى ١٠Он гоҳ, ки оташе дид ва ба хонаводаи худ гуфт: «Ин ҷо бошед, ки ман аз дур оташе мебинам, шояд бароятон шӯълаеро биёварам ё дар рӯшноии он роҳе биёбам» فَلَمَّآ أَتَىٰهَا نُودِيَ يَٰمُوسَىٰٓ ١١Чун назди оташ омад, нидо дода шуд: «Эй Мӯсо إِنِّيٓ أَنَا۠ رَبُّكَ فَٱخۡلَعۡ نَعۡلَيۡكَ إِنَّكَ بِٱلۡوَادِ ٱلۡمُقَدَّسِ طُوًى ١٢Ман Парвардигори ту ҳастам. Пойафзоратро берун кун, ки инак дар водии муқаддаси Туво ҳастй وَأَنَا ٱخۡتَرۡتُكَ فَٱسۡتَمِعۡ لِمَا يُوحَىٰٓ ١٣Ва ман туро интихоб кардам (ба пайғамбарӣ). Пас ба он чӣ ваҳй мешавад, гӯш дор إِنَّنِيٓ أَنَا ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱعۡبُدۡنِي وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ لِذِكۡرِيٓ ١٤Худои якто Ман ҳастам. Ҳеҷ Худое ғайри Ман нест. Пас Маро бипараст ва то Маро ёд кунӣ, намоз бигзор إِنَّ ٱلسَّاعَةَ ءَاتِيَةٌ أَكَادُ أُخۡفِيهَا لِتُجۡزَىٰ كُلُّ نَفۡسِۭ بِمَا تَسۡعَىٰ ١٥Қиёмат омаданӣ аст. Мехоҳам замони онро пинҳон дорам, то ҳар кас дар муқобили коре, ки кардааст, ҷазо бубинад فَلَا يَصُدَّنَّكَ عَنۡهَا مَن لَّا يُؤۡمِنُ بِهَا وَٱتَّبَعَ هَوَىٰهُ فَتَرۡدَىٰ ١٦Он кас, ки ба он имон надорад ва пайрави ҳавои худ аст, туро аз он (имони ба қиёмат) рӯйгардон накунад, то ба ҳалокат афтӣ وَمَا تِلۡكَ بِيَمِينِكَ يَٰمُوسَىٰ ١٧Эй Мӯсо, он чист ба дасти ростат قَالَ هِيَ عَصَايَ أَتَوَكَّؤُاْ عَلَيۡهَا وَأَهُشُّ بِهَا عَلَىٰ غَنَمِي وَلِيَ فِيهَا مَـَٔارِبُ أُخۡرَىٰ ١٨Гуфт: «Ин асои ман аст. Бар он такя мекунам ва барои гӯсфандонам бо он барг мерезам. Ва маро бо он корҳои дигар аст» قَالَ أَلۡقِهَا يَٰمُوسَىٰ ١٩Гуфт: «Эй Мӯсо, онро бияфкан» فَأَلۡقَىٰهَا فَإِذَا هِيَ حَيَّةٌ تَسۡعَىٰ ٢٠Бияфкандаш. Ба ногаҳон море шуд, ки медавид قَالَ خُذۡهَا وَلَا تَخَفۡۖ سَنُعِيدُهَا سِيرَتَهَا ٱلۡأُولَىٰ ٢١Гуфт: «Бигираш ва матарс. Бори дигар онро ба сурати нахустинаш бозмегардонем وَٱضۡمُمۡ يَدَكَ إِلَىٰ جَنَاحِكَ تَخۡرُجۡ بَيۡضَآءَ مِنۡ غَيۡرِ سُوٓءٍ ءَايَةً أُخۡرَىٰ ٢٢Дасти хеш дар бағал кун, бе ҳеҷ айбе сафед берун ояд. Ин ҳам мӯъҷизаест дигар لِنُرِيَكَ مِنۡ ءَايَٰتِنَا ٱلۡكُبۡرَى ٢٣то оятҳои бузургтари худро ба ту нишон диҳем ٱذۡهَبۡ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ إِنَّهُۥ طَغَىٰ ٢٤Назди Фиръавн бирав, ки саркашӣ мекунад» قَالَ رَبِّ ٱشۡرَحۡ لِي صَدۡرِي ٢٥Гуфт: «Эй Парвардигори ман, синаи маро барои ман кушода гардон وَيَسِّرۡ لِيٓ أَمۡرِي ٢٦Ва кори маро осон соз وَٱحۡلُلۡ عُقۡدَةً مِّن لِّسَانِي ٢٧Ва гиреҳ аз забони ман бикушой يَفۡقَهُواْ قَوۡلِي ٢٨то гуфтори маро бифаҳманд وَٱجۡعَل لِّي وَزِيرًا مِّنۡ أَهۡلِي ٢٩Ва ёваре аз хонадони ман барои ман қарор деҳ هَٰرُونَ أَخِي ٣٠бародарам Ҳорунро ٱشۡدُدۡ بِهِۦٓ أَزۡرِي ٣١Пушти маро ба ӯ маҳкам кун وَأَشۡرِكۡهُ فِيٓ أَمۡرِي ٣٢Ва дар кори ман шарикаш гардон كَيۡ نُسَبِّحَكَ كَثِيرًا ٣٣то Туро фаровон ситоиш кунем وَنَذۡكُرَكَ كَثِيرًا ٣٤Ва Туро фаровон ёд кунем إِنَّكَ كُنتَ بِنَا بَصِيرًا ٣٥ки Ту бар ҳоли мо огоҳ будаӣ» قَالَ قَدۡ أُوتِيتَ سُؤۡلَكَ يَٰمُوسَىٰ ٣٦Гуфт: «Эй Мӯсо, ҳар чӣ хостӣ, ба ту дода шуд وَلَقَدۡ مَنَنَّا عَلَيۡكَ مَرَّةً أُخۡرَىٰٓ ٣٧Ва Мо бори дигар ба ту неъмати фаровон додаем إِذۡ أَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰٓ أُمِّكَ مَا يُوحَىٰٓ ٣٨Он гоҳ, ки бар модарат он чӣ ваҳй карданӣ буд, ваҳй кардем أَنِ ٱقۡذِفِيهِ فِي ٱلتَّابُوتِ فَٱقۡذِفِيهِ فِي ٱلۡيَمِّ فَلۡيُلۡقِهِ ٱلۡيَمُّ بِٱلسَّاحِلِ يَأۡخُذۡهُ عَدُوٌّ لِّي وَعَدُوٌّ لَّهُۥۚ وَأَلۡقَيۡتُ عَلَيۡكَ مَحَبَّةً مِّنِّي وَلِتُصۡنَعَ عَلَىٰ عَيۡنِيٓ ٣٩ки ӯро дар сандуқе андоз, сандуқро ба дарё парто, то дарё ба соҳилаш андозад ва яке аз душманони Ман ва душманони ӯ сандуқро бигирад. Муҳаббати худ ба ту арзонӣ доштам, то зери назари Ман парвариш ёбӣ إِذۡ تَمۡشِيٓ أُخۡتُكَ فَتَقُولُ هَلۡ أَدُلُّكُمۡ عَلَىٰ مَن يَكۡفُلُهُۥۖ فَرَجَعۡنَٰكَ إِلَىٰٓ أُمِّكَ كَيۡ تَقَرَّ عَيۡنُهَا وَلَا تَحۡزَنَۚ وَقَتَلۡتَ نَفۡسًا فَنَجَّيۡنَٰكَ مِنَ ٱلۡغَمِّ وَفَتَنَّٰكَ فُتُونًاۚ فَلَبِثۡتَ سِنِينَ فِيٓ أَهۡلِ مَدۡيَنَ ثُمَّ جِئۡتَ عَلَىٰ قَدَرٍ يَٰمُوسَىٰ ٤٠Он гоҳ, ки хоҳарат мерафт ва мегуфт: «Мехоҳед шуморо ба касе, ки нигаҳдорияш кунад, роҳ бинамоям?» Мо туро назди модарат бозгардонидем, то чашмонаш равшан гардад ва ғам нахӯрад. Ва ту якеро бикуштӣ ва Мо аз ғам озодат кардем ва борҳо туро биёзмудем. Ва соле чанд миёни мардуми Мадйан зистӣ. Ва акнун, эй Мӯсо, дар ин ҳангом, ки тақдир карда будем, омадаӣ وَٱصۡطَنَعۡتُكَ لِنَفۡسِي ٤١Туро хоси Худ кардам ٱذۡهَبۡ أَنتَ وَأَخُوكَ بِـَٔايَٰتِي وَلَا تَنِيَا فِي ذِكۡرِي ٤٢Ту ва бародарат оёти Маро бибаред ва дар рисолати Ман сустӣ макунед ٱذۡهَبَآ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ إِنَّهُۥ طَغَىٰ ٤٣Ба сӯи Фиръавн биравед, ки ӯ аз ҳад гузаштааст فَقُولَا لَهُۥ قَوۡلًا لَّيِّنًا لَّعَلَّهُۥ يَتَذَكَّرُ أَوۡ يَخۡشَىٰ ٤٤Бо ӯ ба нармӣ сухан гӯед, шояд панд гирад ё битарсад» قَالَا رَبَّنَآ إِنَّنَا نَخَافُ أَن يَفۡرُطَ عَلَيۡنَآ أَوۡ أَن يَطۡغَىٰ ٤٥Гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, бим дорем, ки бар мо зулму ситам кунад ё саркашӣ аз ҳад бигузаронад» قَالَ لَا تَخَافَآۖ إِنَّنِي مَعَكُمَآ أَسۡمَعُ وَأَرَىٰ ٤٦Гуфт: «Матарсед. Ман бо шумо ҳастам. Мешунаваму мебинам فَأۡتِيَاهُ فَقُولَآ إِنَّا رَسُولَا رَبِّكَ فَأَرۡسِلۡ مَعَنَا بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ وَلَا تُعَذِّبۡهُمۡۖ قَدۡ جِئۡنَٰكَ بِـَٔايَةٍ مِّن رَّبِّكَۖ وَٱلسَّلَٰمُ عَلَىٰ مَنِ ٱتَّبَعَ ٱلۡهُدَىٰٓ ٤٧Пас назди ӯ раведу гӯед: «Мо расулони Парвардигори туем. Банӣ-Исроилро бо мо бифирист ва озорашон мадеҳ. Мо нишонае аз Парвардигорат бароят овардаем. Ва салом бар он кас, ки аз паи ҳидоят қадам ниҳад إِنَّا قَدۡ أُوحِيَ إِلَيۡنَآ أَنَّ ٱلۡعَذَابَ عَلَىٰ مَن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ ٤٨Албатта ба мо ваҳй шудааст, ки азоб барои он касест, ки ростро дурӯғ шуморад ва аз он рӯй гардонад» قَالَ فَمَن رَّبُّكُمَا يَٰمُوسَىٰ ٤٩Гуфт: «Эй Мӯсо, Парвардигори шумо кист?» قَالَ رَبُّنَا ٱلَّذِيٓ أَعۡطَىٰ كُلَّ شَيۡءٍ خَلۡقَهُۥ ثُمَّ هَدَىٰ ٥٠Гуфт: «Парвардигори мо ҳамон касест, ки офариниши (сурату шакли) ҳар чизеро ба Ӯ дода, сипас ҳидояташ кардаст» قَالَ فَمَا بَالُ ٱلۡقُرُونِ ٱلۡأُولَىٰ ٥١Гуфт: «Ҳоли қавмҳое, ки аз ин пеш мезистанд, чист?» قَالَ عِلۡمُهَا عِندَ رَبِّي فِي كِتَٰبٍۖ لَّا يَضِلُّ رَبِّي وَلَا يَنسَى ٥٢Гуфт: «Илми он дар китобест назди Парвардигори ман, Парвардигори ман на хато мекунад ва на фаромӯш» ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ مَهۡدًا وَسَلَكَ لَكُمۡ فِيهَا سُبُلًا وَأَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَأَخۡرَجۡنَا بِهِۦٓ أَزۡوَٰجًا مِّن نَّبَاتٍ شَتَّىٰ ٥٣Касест, ки заминро оромгоҳи шумо сохт ва бароятон дар он роҳҳое падид овард ва аз осмон борон фиристод, то бо он анвоъе гуногун аз наботот бирӯёнем كُلُواْ وَٱرۡعَوۡاْ أَنۡعَٰمَكُمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٍ لِّأُوْلِي ٱلنُّهَىٰ ٥٤Бихӯред ва чорпоёнатонро бичаронед. Дар ин барои хирадмандон ибратҳост ۞ مِنۡهَا خَلَقۡنَٰكُمۡ وَفِيهَا نُعِيدُكُمۡ وَمِنۡهَا نُخۡرِجُكُمۡ تَارَةً أُخۡرَىٰ ٥٥Шуморо аз замин офаридем ва ба он бозмегардонем ва бори дигар аз он берун меоварем وَلَقَدۡ أَرَيۡنَٰهُ ءَايَٰتِنَا كُلَّهَا فَكَذَّبَ وَأَبَىٰ ٥٦Албатта ҳамаи мӯъҷизаҳои Худро ба ӯ нишон додем, вале дурӯғ баровард ва сар боззад قَالَ أَجِئۡتَنَا لِتُخۡرِجَنَا مِنۡ أَرۡضِنَا بِسِحۡرِكَ يَٰمُوسَىٰ ٥٧Гуфт: «Эй Мӯсо, оё назди мо омадаӣ, то моро ба ҷудоӣ аз сарзаминамон берун кунӣ فَلَنَأۡتِيَنَّكَ بِسِحۡرٍ مِّثۡلِهِۦ فَٱجۡعَلۡ بَيۡنَنَا وَبَيۡنَكَ مَوۡعِدًا لَّا نُخۡلِفُهُۥ نَحۡنُ وَلَآ أَنتَ مَكَانًا سُوًى ٥٨Мо низ дар баробари ту ҷодуе чун ҷодуи ту меоварем. Байни мову худ ваъдагоҳе дар замини ҳамвор бигузор, ки на мо ваъдаро хилоф кунем ва на ту» قَالَ مَوۡعِدُكُمۡ يَوۡمُ ٱلزِّينَةِ وَأَن يُحۡشَرَ ٱلنَّاسُ ضُحًى ٥٩Гуфт; «Ваъдагоҳи шумо рӯзи зинат аст ва ҳамаи мардум бад-он ҳангом, ки офтоб баланд гардад гирд оянд فَتَوَلَّىٰ فِرۡعَوۡنُ فَجَمَعَ كَيۡدَهُۥ ثُمَّ أَتَىٰ ٦٠Фиръавн бозгашт ва ёрони ҳилагари худ ҷамъ кард ва бозомад قَالَ لَهُم مُّوسَىٰ وَيۡلَكُمۡ لَا تَفۡتَرُواْ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا فَيُسۡحِتَكُم بِعَذَابٍۖ وَقَدۡ خَابَ مَنِ ٱفۡتَرَىٰ ٦١Мӯсо гуфташон: «Вой бар шумо, бар Худо дурӯғ мабандед, ки ҳамаи шуморо ба азобе ҳалок кунад ва ҳар ки дурӯғ бандад, ноумед шавад» فَتَنَٰزَعُوٓاْ أَمۡرَهُم بَيۡنَهُمۡ وَأَسَرُّواْ ٱلنَّجۡوَىٰ ٦٢Пас ба якдигар дар кори худ ба машварат пардохтанд. Ва пинҳон розҳо гуфтанд قَالُوٓاْ إِنۡ هَٰذَٰنِ لَسَٰحِرَٰنِ يُرِيدَانِ أَن يُخۡرِجَاكُم مِّنۡ أَرۡضِكُم بِسِحۡرِهِمَا وَيَذۡهَبَا بِطَرِيقَتِكُمُ ٱلۡمُثۡلَىٰ ٦٣Гуфтанд: «Ин ду ҷодугароне ҳастанд, ки мехоҳанд ба ҷодуи худ шуморо аз сарзаминатон биронанд ва дини беҳтарини шуморо маҳв кунанд فَأَجۡمِعُواْ كَيۡدَكُمۡ ثُمَّ ٱئۡتُواْ صَفًّاۚ وَقَدۡ أَفۡلَحَ ٱلۡيَوۡمَ مَنِ ٱسۡتَعۡلَىٰ ٦٤Шумо тадбирҳои худ ҷамъ кунед ва дар як саф биёед. Касе, ки имрӯз пирӯз шавад наҷот ёбад» قَالُواْ يَٰمُوسَىٰٓ إِمَّآ أَن تُلۡقِيَ وَإِمَّآ أَن نَّكُونَ أَوَّلَ مَنۡ أَلۡقَىٰ ٦٥Гуфтанд: «Эй Мӯсо, оё ту мепартоӣ ё мо нахуст бипартоем?» قَالَ بَلۡ أَلۡقُواْۖ فَإِذَا حِبَالُهُمۡ وَعِصِيُّهُمۡ يُخَيَّلُ إِلَيۡهِ مِن سِحۡرِهِمۡ أَنَّهَا تَسۡعَىٰ ٦٦Гуфт: «Шумо бипартоед». Ногаҳон аз ҷодуе, ки карданд, чунон дар назараш омад, ки он бандҳо ва асоҳо ба ҳар сӯ медаванд فَأَوۡجَسَ فِي نَفۡسِهِۦ خِيفَةً مُّوسَىٰ ٦٧Мӯсо худашро тарсон ёфт قُلۡنَا لَا تَخَفۡ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡأَعۡلَىٰ ٦٨Гуфтем; «Матарс, ки ту болотар ҳастӣ وَأَلۡقِ مَا فِي يَمِينِكَ تَلۡقَفۡ مَا صَنَعُوٓاْۖ إِنَّمَا صَنَعُواْ كَيۡدُ سَٰحِرٍۖ وَلَا يُفۡلِحُ ٱلسَّاحِرُ حَيۡثُ أَتَىٰ ٦٩Он чӣ дар дасти рост дорӣ, бияфкан, то ҳар чиро, ки сохтаанд, фурӯ барад. Онон ҳилаи ҷодувон сохтаанд ва ҷодугар ҳеҷ гоҳ пирӯз намешавад» فَأُلۡقِيَ ٱلسَّحَرَةُ سُجَّدًا قَالُوٓاْ ءَامَنَّا بِرَبِّ هَٰرُونَ وَمُوسَىٰ ٧٠Соҳирон ба саҷда водор шуданд. Гуфтанд: «Ба Парвардигори Ҳоруну Мӯсо имон овардем» قَالَ ءَامَنتُمۡ لَهُۥ قَبۡلَ أَنۡ ءَاذَنَ لَكُمۡۖ إِنَّهُۥ لَكَبِيرُكُمُ ٱلَّذِي عَلَّمَكُمُ ٱلسِّحۡرَۖ فَلَأُقَطِّعَنَّ أَيۡدِيَكُمۡ وَأَرۡجُلَكُم مِّنۡ خِلَٰفٍ وَلَأُصَلِّبَنَّكُمۡ فِي جُذُوعِ ٱلنَّخۡلِ وَلَتَعۡلَمُنَّ أَيُّنَآ أَشَدُّ عَذَابًا وَأَبۡقَىٰ ٧١Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он, ки шуморо рухсат диҳам, ба Ӯ имон овардед? Ӯ бузурги шумост, ки ба шумо ҷодугарӣ омӯхтааст. Дастҳову поҳотонро аз чапу рост мебурам ва бар танаи дарахти хурмо ба доратон меовезам то бидонед, ки азоби кадом як аз мо сахттару пояндатар аст» قَالُواْ لَن نُّؤۡثِرَكَ عَلَىٰ مَا جَآءَنَا مِنَ ٱلۡبَيِّنَٰتِ وَٱلَّذِي فَطَرَنَاۖ فَٱقۡضِ مَآ أَنتَ قَاضٍۖ إِنَّمَا تَقۡضِي هَٰذِهِ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَآ ٧٢Гуфтанд: «Савганд ба он ки моро офаридааст, ки туро бар он нишонаҳои равшан, ки дидаем, тарҷеҳ намедиҳем (беҳтар намешуморем), ба ҳар чӣ хоҳӣ, ҳукм кун, ки ривоҷи ҳукми ту дар зиндагии инҷаҳонист إِنَّآ ءَامَنَّا بِرَبِّنَا لِيَغۡفِرَ لَنَا خَطَٰيَٰنَا وَمَآ أَكۡرَهۡتَنَا عَلَيۡهِ مِنَ ٱلسِّحۡرِۗ وَٱللَّهُ خَيۡرٌ وَأَبۡقَىٰٓ ٧٣Инак ба Парвардигори худ имон овардем то аз хатоҳои мо ва он ҷодугарӣ, ки моро ба он водоштӣ, даргузарад, ки Худо беҳтару пойдортар аст» إِنَّهُۥ مَن يَأۡتِ رَبَّهُۥ مُجۡرِمًا فَإِنَّ لَهُۥ جَهَنَّمَ لَا يَمُوتُ فِيهَا وَلَا يَحۡيَىٰ ٧٤Албатта ҳар кас, ки гунаҳкор назди Парвардигораш биёяд, ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст, ки дар он ҷо на мемирад ва на зиндагӣ мекунад وَمَن يَأۡتِهِۦ مُؤۡمِنًا قَدۡ عَمِلَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فَأُوْلَٰٓئِكَ لَهُمُ ٱلدَّرَجَٰتُ ٱلۡعُلَىٰ ٧٥Ва онон, ки бо имон назди ӯ оянд ва корҳои шоиста кунанд, соҳиби дараҷоте баланд бошанд جَنَّٰتُ عَدۡنٍ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ وَذَٰلِكَ جَزَآءُ مَن تَزَكَّىٰ ٧٦Биҳиштҳои ҷовидон, ки дар он наҳрҳо равон аст ва абадӣ дар он ҷо бошанд. Ва ин аст музди покон وَلَقَدۡ أَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنۡ أَسۡرِ بِعِبَادِي فَٱضۡرِبۡ لَهُمۡ طَرِيقًا فِي ٱلۡبَحۡرِ يَبَسًا لَّا تَخَٰفُ دَرَكًا وَلَا تَخۡشَىٰ ٧٧Ба Мӯсо ваҳй кардем, ки бандагони Моро шабҳангом берун бибар ва барояшон (бо мӯъҷиза) дар дарё гузаргоҳе хушк биҷӯй ва матарс, ки бар ту даст ёбанд ва бим ба дил роҳ мадеҳ فَأَتۡبَعَهُمۡ فِرۡعَوۡنُ بِجُنُودِهِۦ فَغَشِيَهُم مِّنَ ٱلۡيَمِّ مَا غَشِيَهُمۡ ٧٨Фирьавн, бо лашкарҳояш аз паяшон равон шуд. Ва дарё чунон, ки бояд, ононро дар худ фурӯ пушид وَأَضَلَّ فِرۡعَوۡنُ قَوۡمَهُۥ وَمَا هَدَىٰ ٧٩Фиръавн қавмашро гумрох кард, на роҳнамоӣ يَٰبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ قَدۡ أَنجَيۡنَٰكُم مِّنۡ عَدُوِّكُمۡ وَوَٰعَدۡنَٰكُمۡ جَانِبَ ٱلطُّورِ ٱلۡأَيۡمَنَ وَنَزَّلۡنَا عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَنَّ وَٱلسَّلۡوَىٰ ٨٠«Эй банӣ-Исроил, шуморо аз душманатон раҳонидем ва бо шумо дар ҷониби рости кӯҳи Тур ваъда ниҳодем ва бароятон манна (ширинӣ) ва салво (бедона) нозил кардем كُلُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقۡنَٰكُمۡ وَلَا تَطۡغَوۡاْ فِيهِ فَيَحِلَّ عَلَيۡكُمۡ غَضَبِيۖ وَمَن يَحۡلِلۡ عَلَيۡهِ غَضَبِي فَقَدۡ هَوَىٰ ٨١Аз чизҳои покиза, ки шуморо рӯзӣ додаем, бихӯред ва аз ҳад мегузаронедаш, то мабод хашми Ман ба шумо расад, ки ҳар кас, ки хашми Ман ба ӯ бирасад, дар оташ афтад وَإِنِّي لَغَفَّارٌ لِّمَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحًا ثُمَّ ٱهۡتَدَىٰ ٨٢Ҳар кас, ки тавба кунад ва имон оварад ва кори шоиста кунад ва ба роҳи ҳидоят бияфтад, ӯро мебахшоем ۞ وَمَآ أَعۡجَلَكَ عَن قَوۡمِكَ يَٰمُوسَىٰ ٨٣Эй Мӯсо, чӣ чиз туро водошт, то бар қавмат пешӣ гирӣ?» (яъне аз қавмат пештар биёӣ) قَالَ هُمۡ أُوْلَآءِ عَلَىٰٓ أَثَرِي وَعَجِلۡتُ إِلَيۡكَ رَبِّ لِتَرۡضَىٰ ٨٤Гуфт: «Онҳо ҳамонҳоянд, ки аз паи ман равонанд. Эй Парвардигори ман, ман ба сӯи Ту шитофтам, то хушнуд гардӣ» قَالَ فَإِنَّا قَدۡ فَتَنَّا قَوۡمَكَ مِنۢ بَعۡدِكَ وَأَضَلَّهُمُ ٱلسَّامِرِيُّ ٨٥Гуфт: «Мо қавми туро пас аз ту озмоиш кардем ва Сомирӣ гумроҳашон сохт» فَرَجَعَ مُوسَىٰٓ إِلَىٰ قَوۡمِهِۦ غَضۡبَٰنَ أَسِفًاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ أَلَمۡ يَعِدۡكُمۡ رَبُّكُمۡ وَعۡدًا حَسَنًاۚ أَفَطَالَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡعَهۡدُ أَمۡ أَرَدتُّمۡ أَن يَحِلَّ عَلَيۡكُمۡ غَضَبٌ مِّن رَّبِّكُمۡ فَأَخۡلَفۡتُم مَّوۡعِدِي ٨٦Мӯсо хашмгин ва пурандӯҳ назди қавмаш бозгашту гуфт: «Эй қавми ман, оё Парвардигоратон шуморо ваъдаҳои некӯ надода буд? Оё дер кардани ман дароз кашид ё хостед, ки хашми Парвардигоратон ба шумо фуруд ояд, ки ваъдаи маро хилоф кардед?» قَالُواْ مَآ أَخۡلَفۡنَا مَوۡعِدَكَ بِمَلۡكِنَا وَلَٰكِنَّا حُمِّلۡنَآ أَوۡزَارًا مِّن زِينَةِ ٱلۡقَوۡمِ فَقَذَفۡنَٰهَا فَكَذَٰلِكَ أَلۡقَى ٱلسَّامِرِيُّ ٨٧Гуфтанд; «Мо ба ихтиёри худ ваъдаи ту хилоф накардем. Аз зару зевари он қавм бардоштем. Онҳоро дар оташ андохтем. Ва Сомирӣ низ андохт فَأَخۡرَجَ لَهُمۡ عِجۡلًا جَسَدًا لَّهُۥ خُوَارٌ فَقَالُواْ هَٰذَآ إِلَٰهُكُمۡ وَإِلَٰهُ مُوسَىٰ فَنَسِيَ ٨٨Ва барояшон тандиси (пайкараи) гӯсолае, ки наъраи говонро дошт, бисохт ва гуфтанд: «Ин худоӣ шумо ва худои Мӯсост. Ва Мӯсо фаромуш карда аст» أَفَلَا يَرَوۡنَ أَلَّا يَرۡجِعُ إِلَيۡهِمۡ قَوۡلًا وَلَا يَمۡلِكُ لَهُمۡ ضَرًّا وَلَا نَفۡعًا ٨٩Оё намедонанд, ки ҳеҷ посухе ба суханашон намедиҳад ва ҳеҷ нафъу зиёне барояшон надорад وَلَقَدۡ قَالَ لَهُمۡ هَٰرُونُ مِن قَبۡلُ يَٰقَوۡمِ إِنَّمَا فُتِنتُم بِهِۦۖ وَإِنَّ رَبَّكُمُ ٱلرَّحۡمَٰنُ فَٱتَّبِعُونِي وَأَطِيعُوٓاْ أَمۡرِي ٩٠Ҳорун низ пеш аз ин ба онҳо гуфта буд: «Эй қавми ман, шуморо ба ин гӯсола озмудаанд. Парвардигори шумо Худои раҳмон аст. Аз паи ман биёед ва фармонбардори ман бошед!» قَالُواْ لَن نَّبۡرَحَ عَلَيۡهِ عَٰكِفِينَ حَتَّىٰ يَرۡجِعَ إِلَيۡنَا مُوسَىٰ ٩١Гуфтанд; «Мо ҳамеша ба парастиши ӯ менишинем, то Мӯсо ба назди мо бозгардад» قَالَ يَٰهَٰرُونُ مَا مَنَعَكَ إِذۡ رَأَيۡتَهُمۡ ضَلُّوٓاْ ٩٢Гуфт: «Эй Ҳорун, ҳангоме ки дидӣ гумроҳ мешаванд أَلَّا تَتَّبِعَنِۖ أَفَعَصَيۡتَ أَمۡرِي ٩٣чаро аз паи ман наомадӣ? Оё ту низ аз фармони ман сарпечӣ карда будӣ?» قَالَ يَبۡنَؤُمَّ لَا تَأۡخُذۡ بِلِحۡيَتِي وَلَا بِرَأۡسِيٓۖ إِنِّي خَشِيتُ أَن تَقُولَ فَرَّقۡتَ بَيۡنَ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ وَلَمۡ تَرۡقُبۡ قَوۡلِي ٩٤Гуфт: «Эй писари модарам, чанг бар ришу сари ман маяндоз. Ман тарсидам, ки бигӯӣ: «Ту миёни банӣ-Исроил ҷудоӣ афкандӣ ва гуфтори маро риоят накардӣ» قَالَ فَمَا خَطۡبُكَ يَٰسَٰمِرِيُّ ٩٥Гуфт: «Ва ту, эй Сомирӣ, ин чӣ коре буд, ки кардӣ?» قَالَ بَصُرۡتُ بِمَا لَمۡ يَبۡصُرُواْ بِهِۦ فَقَبَضۡتُ قَبۡضَةً مِّنۡ أَثَرِ ٱلرَّسُولِ فَنَبَذۡتُهَا وَكَذَٰلِكَ سَوَّلَتۡ لِي نَفۡسِي ٩٦Гуфт: «Ман чизе дидам, ки онҳо намедиданд. Муште аз хоке, ки нақши пои он расул (Ҷибриил) бар он буд, баргирифтам ва дар он қолаб афкандам ва нафси ман ин корро дар чашми ман биёрост» قَالَ فَٱذۡهَبۡ فَإِنَّ لَكَ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ أَن تَقُولَ لَا مِسَاسَۖ وَإِنَّ لَكَ مَوۡعِدًا لَّن تُخۡلَفَهُۥۖ وَٱنظُرۡ إِلَىٰٓ إِلَٰهِكَ ٱلَّذِي ظَلۡتَ عَلَيۡهِ عَاكِفًاۖ لَّنُحَرِّقَنَّهُۥ ثُمَّ لَنَنسِفَنَّهُۥ فِي ٱلۡيَمِّ نَسۡفًا ٩٧Гуфт: «Бирав, дар зиндагии ин дунё чунон шавӣ, ки пайваста бигӯй: «Ба ман наздик машав». Ва низ туро ваъдаест, ки! аз он раҳо нашавӣ ва инак ба худоят, ки пайваста ибодаташ мекардӣ, бингар, ки месӯзонемаш ва ба дарёаш меафшонем إِنَّمَآ إِلَٰهُكُمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِي لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۚ وَسِعَ كُلَّ شَيۡءٍ عِلۡمًا ٩٨Ҷуз ин нест, ки худои шумо Оллоҳ аст, ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест ва илмаш ҳама чизро дар бар гирифтааст» كَذَٰلِكَ نَقُصُّ عَلَيۡكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ مَا قَدۡ سَبَقَۚ وَقَدۡ ءَاتَيۡنَٰكَ مِن لَّدُنَّا ذِكۡرًا ٩٩Инчунин хабарҳои гузаштаро барои ту ҳикоят мекунем. Ва ба ту аз ҷониби Худ Қуръонро ато кардем مَّنۡ أَعۡرَضَ عَنۡهُ فَإِنَّهُۥ يَحۡمِلُ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وِزۡرًا ١٠٠Ҳар кас, ки аз он рӯй гардонад, рӯзи қиёмат бори гуноҳ бар дӯш мекашад خَٰلِدِينَ فِيهِۖ وَسَآءَ لَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ حِمۡلًا ١٠١Дар он кор хамеша бимонанд. Ва бори, рӯзи қиёмат барояшон бори бадест يَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِۚ وَنَحۡشُرُ ٱلۡمُجۡرِمِينَ يَوۡمَئِذٍ زُرۡقًا ١٠٢Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва гунаҳкоронро дар он рӯз кабудчашм гирд меоварем يَتَخَٰفَتُونَ بَيۡنَهُمۡ إِن لَّبِثۡتُمۡ إِلَّا عَشۡرًا ١٠٣Оҳиста бо ҳам сухан мегӯянд, ки даҳ рӯз беш дар дунё наистодаед نَّحۡنُ أَعۡلَمُ بِمَا يَقُولُونَ إِذۡ يَقُولُ أَمۡثَلُهُمۡ طَرِيقَةً إِن لَّبِثۡتُمۡ إِلَّا يَوۡمًا ١٠٤Мо бар гуфтори онҳо огоҳтарем, он гоҳ ки некӯравиштарини онҳо мегӯяд: «Ҷуз як рӯз наистодаед» وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡجِبَالِ فَقُلۡ يَنسِفُهَا رَبِّي نَسۡفًا ١٠٥Туро аз кӯҳҳо мепурсанд. Бигӯ: «Парвардигори ман ҳамаро пароканда месозад فَيَذَرُهَا قَاعًا صَفۡصَفًا ١٠٦ва онҳоро ба замине ҳамвор бадал мекунад لَّا تَرَىٰ فِيهَا عِوَجًا وَلَآ أَمۡتًا ١٠٧дар он ҳеҷ каҷиву пастиву баландӣ намебинӣ» يَوۡمَئِذٍ يَتَّبِعُونَ ٱلدَّاعِيَ لَا عِوَجَ لَهُۥۖ وَخَشَعَتِ ٱلۡأَصۡوَاتُ لِلرَّحۡمَٰنِ فَلَا تَسۡمَعُ إِلَّا هَمۡسًا ١٠٨Дар он рӯз аз паи он доъӣ (Исрофил), ки ҳеҷ каҷиро дар ӯ роҳ нест, равон гарданд. Ва садоҳо дар баробари Худои раҳмон паст мешаванд ва аз ҳеҷ кас ғайри садои пое нахоҳӣ шунид يَوۡمَئِذٍ لَّا تَنفَعُ ٱلشَّفَٰعَةُ إِلَّا مَنۡ أَذِنَ لَهُ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَرَضِيَ لَهُۥ قَوۡلًا ١٠٩Дар он рӯз шафоъат нафъ надиҳад, фақат онро, ки Худои раҳмон иҷозат диҳад ва суханашро биписандад, нафъ диҳад يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡ وَلَا يُحِيطُونَ بِهِۦ عِلۡمًا ١١٠Ҳар чиро дар пеши рӯи онҳост ва ҳар чиро дар пушти сарашон аст медонад ва илми онон Ӯро дар бар нагирад ۞ وَعَنَتِ ٱلۡوُجُوهُ لِلۡحَيِّ ٱلۡقَيُّومِۖ وَقَدۡ خَابَ مَنۡ حَمَلَ ظُلۡمًا ١١١Ва чеҳраҳо дар баробари Худои зиндаи поянда хозеъ (мутеъ) мешавад ва ҳар кӣ бори куфр бар дӯш мекашад, ноумед мегардад وَمَن يَعۡمَلۡ مِنَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَهُوَ مُؤۡمِنٌ فَلَا يَخَافُ ظُلۡمًا وَلَا هَضۡمًا ١١٢Ва ҳар кас, ки корҳои шоиста кунад ва мӯъмин бошад, набояд аз ҳеҷ ситаме ва шикасте битарсад وَكَذَٰلِكَ أَنزَلۡنَٰهُ قُرۡءَانًا عَرَبِيًّا وَصَرَّفۡنَا فِيهِ مِنَ ٱلۡوَعِيدِ لَعَلَّهُمۡ يَتَّقُونَ أَوۡ يُحۡدِثُ لَهُمۡ ذِكۡرًا ١١٣Инчунин онро Қуръоне арабӣ нозил кардем ва дар он гуногун хушдор додем, шояд битарсанд ё панде тоза гиранд فَتَعَٰلَى ٱللَّهُ ٱلۡمَلِكُ ٱلۡحَقُّۗ وَلَا تَعۡجَلۡ بِٱلۡقُرۡءَانِ مِن قَبۡلِ أَن يُقۡضَىٰٓ إِلَيۡكَ وَحۡيُهُۥۖ وَقُل رَّبِّ زِدۡنِي عِلۡمًا ١١٤Пас бартар аст Худои якто- он подшоҳи ростин! Ва пеш аз он ки ваҳй ба поён расад, дар хондани Қуръон шитоб макун. Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ба илми ман бияфзой» وَلَقَدۡ عَهِدۡنَآ إِلَىٰٓ ءَادَمَ مِن قَبۡلُ فَنَسِيَ وَلَمۡ نَجِدۡ لَهُۥ عَزۡمًا ١١٥Ва мо пеш аз ин бо Одам паймон бастем, вале фаромӯш кард ва босабраш наёфтем وَإِذۡ قُلۡنَا لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ ٱسۡجُدُواْ لِأٓدَمَ فَسَجَدُوٓاْ إِلَّآ إِبۡلِيسَ أَبَىٰ ١١٦Ва он гоҳ, ки ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед». Ҳама ғайри Иблис, ки сарпечӣ кард, саҷда карданд فَقُلۡنَا يَٰٓـَٔادَمُ إِنَّ هَٰذَا عَدُوٌّ لَّكَ وَلِزَوۡجِكَ فَلَا يُخۡرِجَنَّكُمَا مِنَ ٱلۡجَنَّةِ فَتَشۡقَىٰٓ ١١٧Гуфтем: «Эй Одам, ин душмани ту ва ҳамсари туст, шуморо аз биҳишт берун накунад, ки бадбахт шавӣ إِنَّ لَكَ أَلَّا تَجُوعَ فِيهَا وَلَا تَعۡرَىٰ ١١٨ки ту дар биҳишт на гурусна мешавӣ ва на бараҳна мемонӣ وَأَنَّكَ لَا تَظۡمَؤُاْ فِيهَا وَلَا تَضۡحَىٰ ١١٩ва на ташна мешавӣ ва на дучори тобиши офтоб» فَوَسۡوَسَ إِلَيۡهِ ٱلشَّيۡطَٰنُ قَالَ يَٰٓـَٔادَمُ هَلۡ أَدُلُّكَ عَلَىٰ شَجَرَةِ ٱلۡخُلۡدِ وَمُلۡكٍ لَّا يَبۡلَىٰ ١٢٠Шайтон васвасааш карду гуфт: «Эй Одам, оё туро ба дарахти ҷовидонӣ ва мулки дурнашаванда роҳ бинамоям?» فَأَكَلَا مِنۡهَا فَبَدَتۡ لَهُمَا سَوۡءَٰتُهُمَا وَطَفِقَا يَخۡصِفَانِ عَلَيۡهِمَا مِن وَرَقِ ٱلۡجَنَّةِۚ وَعَصَىٰٓ ءَادَمُ رَبَّهُۥ فَغَوَىٰ ١٢١Аз он дарахт хӯрданд ва шармгоҳашон дар назарашон падидор шуд. Ва ҳамчунон барги дарахтони биҳишт бар онҳо мечаспониданд. Одам ба Парвардигори худ оси шуд ва роҳ гум кард ثُمَّ ٱجۡتَبَٰهُ رَبُّهُۥ فَتَابَ عَلَيۡهِ وَهَدَىٰ ١٢٢Сипас Парвардигораш ӯро ихтиёр кард ва тавбаашро бипазируфт ва ҳидояташ кард قَالَ ٱهۡبِطَا مِنۡهَا جَمِيعَۢاۖ بَعۡضُكُمۡ لِبَعۡضٍ عَدُوٌّۖ فَإِمَّا يَأۡتِيَنَّكُم مِّنِّي هُدًى فَمَنِ ٱتَّبَعَ هُدَايَ فَلَا يَضِلُّ وَلَا يَشۡقَىٰ ١٢٣Гуфт: «Ҳамагӣ аз он ҷо поин равед, душманони якдигар! Агар аз ҷониби Ман шуморо роҳнамоӣ омад, ҳар кас аз он роҳнамоии Ман пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на тирабахт وَمَنۡ أَعۡرَضَ عَن ذِكۡرِي فَإِنَّ لَهُۥ مَعِيشَةً ضَنكًا وَنَحۡشُرُهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ أَعۡمَىٰ ١٢٤Ва ҳар кас, ки аз ёди Ман рӯй гардонад, зиндагиаш танг шавад ва дар рӯзи қиёмат нобино зиндааш созем» قَالَ رَبِّ لِمَ حَشَرۡتَنِيٓ أَعۡمَىٰ وَقَدۡ كُنتُ بَصِيرًا ١٢٥Гӯяд: «Эй Парвардигори ман, чаро маро нобино зинда кардӣ ва ҳол он ки ман бино будам?» قَالَ كَذَٰلِكَ أَتَتۡكَ ءَايَٰتُنَا فَنَسِيتَهَاۖ وَكَذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمَ تُنسَىٰ ١٢٦Гуяд: «Ҳамчунон ки ту оёти Моро фаромӯш мекардӣ, имрӯз худ фаромӯш гаштаӣ» وَكَذَٰلِكَ نَجۡزِي مَنۡ أَسۡرَفَ وَلَمۡ يُؤۡمِنۢ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِۦۚ وَلَعَذَابُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَشَدُّ وَأَبۡقَىٰٓ ١٢٧Инчунин исрофкорон ва касонеро, ки ба оётӣ Парвардигорашон имон намеоваранд, ҷазо медиҳем. Албатта азоби охират сахттару пойдортар аст أَفَلَمۡ يَهۡدِ لَهُمۡ كَمۡ أَهۡلَكۡنَا قَبۡلَهُم مِّنَ ٱلۡقُرُونِ يَمۡشُونَ فِي مَسَٰكِنِهِمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٍ لِّأُوْلِي ٱلنُّهَىٰ ١٢٨Оё он ҳама мардуме, ки пеш аз ин дар масокини инҳо роҳ мерафтанд ва Мо ҳамаро ҳалок кардем, сабаби ҳидояти инҳо нашудаанд? Инҳо нишонаҳоест барои хирадмандон وَلَوۡلَا كَلِمَةٌ سَبَقَتۡ مِن رَّبِّكَ لَكَانَ لِزَامًا وَأَجَلٌ مُّسَمًّى ١٢٩Агар на сухане буд, ки Парвардигорат пеш аз ин гуфта ва замонро муъайян карда буд, азобашон дар ин ҷаҳон ҳатмӣ мебуд فَٱصۡبِرۡ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ قَبۡلَ طُلُوعِ ٱلشَّمۡسِ وَقَبۡلَ غُرُوبِهَاۖ وَمِنۡ ءَانَآيِٕ ٱلَّيۡلِ فَسَبِّحۡ وَأَطۡرَافَ ٱلنَّهَارِ لَعَلَّكَ تَرۡضَىٰ ١٣٠Барои он чӣ мегӯянд, бо сабр бош ва Парвардигоратро пеш аз тулӯъи хуршед ва пеш аз ғуруби он ба покӣ ва ҳамд ёд кун. Ва дар соъати шаб ва аввалу охири рӯз тасбеҳ гӯй. Шояд хушнуд гардӣ وَلَا تَمُدَّنَّ عَيۡنَيۡكَ إِلَىٰ مَا مَتَّعۡنَا بِهِۦٓ أَزۡوَٰجًا مِّنۡهُمۡ زَهۡرَةَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا لِنَفۡتِنَهُمۡ فِيهِۚ وَرِزۡقُ رَبِّكَ خَيۡرٌ وَأَبۡقَىٰ ١٣١Агар занону мардоне аз онҳоро аз як зиндагии хуш баҳраманд сохтаем, ту ба онҳо манигар. Ин барои он аст, ки имтиҳонашон кунем. Ризқи Парвардигорат беҳтару пойдортар аст وَأۡمُرۡ أَهۡلَكَ بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱصۡطَبِرۡ عَلَيۡهَاۖ لَا نَسۡـَٔلُكَ رِزۡقًاۖ نَّحۡنُ نَرۡزُقُكَۗ وَٱلۡعَٰقِبَةُ لِلتَّقۡوَىٰ ١٣٢Касони худро ба намоз фармон деҳ ва худ дар он кор босабр бош. Аз ту рӯзӣ намехоҳем. Мо ба ту рӯзӣ медиҳем. Ва оқибати нек аз они парҳезгорон аст وَقَالُواْ لَوۡلَا يَأۡتِينَا بِـَٔايَةٍ مِّن رَّبِّهِۦٓۚ أَوَلَمۡ تَأۡتِهِم بَيِّنَةُ مَا فِي ٱلصُّحُفِ ٱلۡأُولَىٰ ١٣٣Ва гуфтанд: «Чаро муъҷизае аз Парвардигораш барои мо намеоварад?» Оё далелҳои равшане, ки дар сахифаҳои пешин омада, ба онҳо нарасидааст وَلَوۡ أَنَّآ أَهۡلَكۡنَٰهُم بِعَذَابٍ مِّن قَبۡلِهِۦ لَقَالُواْ رَبَّنَا لَوۡلَآ أَرۡسَلۡتَ إِلَيۡنَا رَسُولًا فَنَتَّبِعَ ءَايَٰتِكَ مِن قَبۡلِ أَن نَّذِلَّ وَنَخۡزَىٰ ١٣٤Агар пеш аз омадани Паёмбаре азобашон мекардем, мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, чаро расуле бар мо нафиристодӣ то пеш аз он ки ба хориву расвоӣ афтем, аз оёти ту пайравӣ кунем?» قُلۡ كُلٌّ مُّتَرَبِّصٌ فَتَرَبَّصُواْۖ فَسَتَعۡلَمُونَ مَنۡ أَصۡحَٰبُ ٱلصِّرَٰطِ ٱلسَّوِيِّ وَمَنِ ٱهۡتَدَىٰ ١٣٥Бигӯ: «Ҳама мунтазиранд, шумо низ мунтазир бимонед. Ба зудӣ хоҳед донист, онҳо, ки ба роҳи рост мераванд ва онҳо, ки ҳидоят ёфтаанд, чӣ касоне ҳастанд»

الترجمة: Abdolmohammad Ayati.