ملة الإسلام

السورة 80 · 42 آية · Khoja Mirov

سورة عبس باللغة الطاجيكية

السورة بالعربية مع التفسير استمع إلى سورة عبس (1,320 قارئاً)
مكيةسورة عبس٤٢ آية

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

عَبَسَ وَتَوَلَّىٰٓ ١Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯйро турш кард ва рӯй баргардонид أَن جَآءَهُ ٱلۡأَعۡمَىٰ ٢чун он нобино; Абдулло ибни Мактум ба наздаш омад, дар он вақт Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба даъвати бузургони Қурайш машғул буд وَمَا يُدۡرِيكَ لَعَلَّهُۥ يَزَّكَّىٰٓ ٣Ва ту эй Паёмбар чӣ донӣ, шояд, ки он марди нобино покиза шавад أَوۡ يَذَّكَّرُ فَتَنفَعَهُ ٱلذِّكۡرَىٰٓ ٤ё панд гирад ва панди ту фоидааш кунад أَمَّا مَنِ ٱسۡتَغۡنَىٰ ٥Аммо он ки ӯ тавонгар аст, бо мол ва ба имон эҳтиёҷ надорад فَأَنتَ لَهُۥ تَصَدَّىٰ ٦ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ ва ба каломи вай гӯш медиҳӣ وَمَا عَلَيۡكَ أَلَّا يَزَّكَّىٰ ٧ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест وَأَمَّا مَن جَآءَكَ يَسۡعَىٰ ٨Ва аммо он, касе ки шитобон ба назди ту омад وَهُوَ يَخۡشَىٰ ٩ва ӯ аз камбудӣ кардан дар роҳи ҳақ аз Аллоҳ метарсад فَأَنتَ عَنۡهُ تَلَهَّىٰ ١٠вале ту аз ӯ рӯй метобӣ, ба дигаре рӯй меорӣ, амри Аллоҳ чунин нест, магар ин ки байни бузургу нотавон, бою камбағал, марду зан баробар бошӣ كـَلَّآ إِنَّهَا تَذۡكِرَةٌ ١١Оре, ин оятҳои Қуръон пандест فَمَن شَآءَ ذَكَرَهُۥ ١٢пас ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад فِي صُحُفٍ مُّكَرَّمَةٍ ١٣Оятҳои Қуръон дар саҳифаҳое гаронқадр аст مَّرۡفُوعَةٍ مُّطَهَّرَةِۭ ١٤саҳифаҳое, ки пок ва дорои манзалати баланд بِأَيۡدِي سَفَرَةٍ ١٥ба дасти котибони كِرَامِۭ بَرَرَةٍ ١٦бузургвору некӯкор сабт шудааст قُتِلَ ٱلۡإِنسَٰنُ مَآ أَكۡفَرَهُۥ ١٧Лаънат ва азоб бод бар инсони кофир, ки чӣ носипос (ношукр) аст مِنۡ أَيِّ شَيۡءٍ خَلَقَهُۥ ١٨Аллоҳ уро аввалин бор аз чи офаридааст مِن نُّطۡفَةٍ خَلَقَهُۥ فَقَدَّرَهُۥ ١٩Аз нутфае офаридаст ва онгоҳ ӯро ба андозае сохтааст ثُمَّ ٱلسَّبِيلَ يَسَّرَهُۥ ٢٠сипас роҳашро осон сохт ва барояш роҳи неку бадро баён кард ثُمَّ أَمَاتَهُۥ فَأَقۡبَرَهُۥ ٢١Баъд ӯро мемиронад ва вориди гӯраш мегардонад ثُمَّ إِذَا شَآءَ أَنشَرَهُۥ ٢٢Сипас ҳар вақте ки хоҳад, ӯро барои ҳисобу китоб зинда мегардонад كـَلَّا لَمَّا يَقۡضِ مَآ أَمَرَهُۥ ٢٣Ҳаргиз чунин мабод! Он чиро, ки ба ӯ фармуда буд, анҷом надод فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ إِلَىٰ طَعَامِهِۦٓ ٢٤Пас одамӣ ба таъоми худ бингарад, ки чӣ гуна Аллоҳ таъоми ӯро барои нигоҳ доштани ҳаёташ офарид أَنَّا صَبَبۡنَا ٱلۡمَآءَ صَبًّا ٢٥Мо боронро ба фаровонӣ фурӯ рехтем ثُمَّ شَقَقۡنَا ٱلۡأَرۡضَ شَقًّا ٢٦сипас заминро ба некӣ шикофтем فَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا حَبًّا ٢٧онгоҳ дар он донаҳо рӯёнидем وَعِنَبًا وَقَضۡبًا ٢٨ва ангуру сабзавот وَزَيۡتُونًا وَنَخۡلًا ٢٩ва зайтуну дарахтони хурмо وَحَدَآئِقَ غُلۡبًا ٣٠ва боғҳои пурдарахту анбуҳ وَفَٰكِهَةً وَأَبًّا ٣١ва меваву алафро مَّتَٰعًا لَّكُمۡ وَلِأَنۡعَٰمِكُمۡ ٣٢то шумову чорпоёнатон баҳра баред فَإِذَا جَآءَتِ ٱلصَّآخَّةُ ٣٣Пас ҳангоме ки он бонги гӯшкаркунанда рӯзи қиёмат, ки гӯшҳоро кар месозад, даррасад يَوۡمَ يَفِرُّ ٱلۡمَرۡءُ مِنۡ أَخِيهِ ٣٤рӯзе, ки одамӣ аз ҳавли он рӯз аз бародараш бигурезад وَأُمِّهِۦ وَأَبِيهِ ٣٥ва аз модару падараш وَصَٰحِبَتِهِۦ وَبَنِيهِ ٣٦ва аз ҳамсару фарзандонаш لِكُلِّ ٱمۡرِيٍٕ مِّنۡهُمۡ يَوۡمَئِذٍ شَأۡنٌ يُغۡنِيهِ ٣٧Ҳар касеро аз онон дар он рӯзи қиёмат коре ҳаст, ки ӯро ба худ машғул медорад وُجُوهٌ يَوۡمَئِذٍ مُّسۡفِرَةٌ ٣٨Дар он рӯз чеҳраҳое шод ва дурахшонанд ضَاحِكَةٌ مُّسۡتَبۡشِرَةٌ ٣٩хандонанду шодонанд وَوُجُوهٌ يَوۡمَئِذٍ عَلَيۡهَا غَبَرَةٌ ٤٠Ва чеҳраҳои дӯзахиён дар он рӯз ғуборолуданд تَرۡهَقُهَا قَتَرَةٌ ٤١торикӣ онҳоро фурӯ мепӯшонад أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡكَفَرَةُ ٱلۡفَجَرَةُ ٤٢Инҳо кофиронанд, ки ба неъматҳои Аллоҳ куфр оварданд ва оётҳои Ӯро дурӯғ бароварданд ва бадкоронанд, ки ба маҳорими Аллоҳ ҷуръат карданд

الترجمة: Khoja Mirov.