ملة الإسلام

السورة 29 · 69 آية · Khoja Mirov

سورة العنكبوت باللغة الطاجيكية

السورة بالعربية مع التفسير استمع إلى سورة العنكبوت (1,216 قارئاً)
مكيةسورة العنكبوت٦٩ آية

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

الٓمٓ ١Алиф, Лом, Мим أَحَسِبَ ٱلنَّاسُ أَن يُتۡرَكُوٓاْ أَن يَقُولُوٓاْ ءَامَنَّا وَهُمۡ لَا يُفۡتَنُونَ ٢Оё мардум пиндоштаанд, ки чун бигӯянд: «Имон овардаем ва ба ягонагии Аллоҳ ва рисолати паёмбар иқрор кардаем, раҳо шаванд ва дигар ранҷу сахтиҳое, ки бояд дар роҳи дини Аллоҳ таҳаммул кард, озмоиш нашаванд وَلَقَدۡ فَتَنَّا ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۖ فَلَيَعۡلَمَنَّ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ صَدَقُواْ وَلَيَعۡلَمَنَّ ٱلۡكَٰذِبِينَ ٣Албатта, мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд (бо навъҳои таколиф ва машаққатҳо ва бо неъматҳои гуногун ва сахтиҳо), озмудаем, то ба таҳқиқ, Аллоҳ касонеро, ки рост гуфтаанд, маълум намояд ва дурӯғгӯёнро ҷудо кунад أَمۡ حَسِبَ ٱلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلسَّيِّـَٔاتِ أَن يَسۡبِقُونَاۚ سَآءَ مَا يَحۡكُمُونَ ٤Оё онҳое, ки муртакиби гуноҳ мешаванд, гумон мекунанд, ки аз Мо пешдастӣ мекунанд ва аз ҳавзаи қудрати Мо мегурезанд ва аз Мо раҳои меёбанд? Чӣ бад доварӣ мекунанд مَن كَانَ يَرۡجُواْ لِقَآءَ ٱللَّهِ فَإِنَّ أَجَلَ ٱللَّهِ لَأٓتٍۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ٥Ҳар кас, ки ба дидори Аллоҳ умед дорад, бояд бидонад, ки ваъдаи Аллоҳ, ҳатман омаданист ва Ӯ ба гуфтаҳо шунаво ва ба кардаҳо доност وَمَن جَٰهَدَ فَإِنَّمَا يُجَٰهِدُ لِنَفۡسِهِۦٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَغَنِيٌّ عَنِ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٦Ҳар кӣ дар роҳи пешрафти дини Аллоҳ ва анҷоми ибодатҳо ҷиҳод кунад, бешак, ба фоидаи худ кардааст. Ба таҳқиқ Аллоҳ аз ҳамаи ҷаҳониён ва тоату ибодати онҳо бениёз аст وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَنُكَفِّرَنَّ عَنۡهُمۡ سَيِّـَٔاتِهِمۡ وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَحۡسَنَ ٱلَّذِي كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٧Гуноҳони ононро, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, ҳатман нест мекунем ва албатта, беҳтар аз он чи амал кардаанд, подошашон медиҳем وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ حُسۡنًاۖ وَإِن جَٰهَدَاكَ لِتُشۡرِكَ بِي مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٌ فَلَا تُطِعۡهُمَآۚ إِلَيَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٨Ва инсонро фармон додем, ки ба падару модари худ некӣ кунад. Ва агар он ду бикӯшанд, ки ба ту чизеро, ки ба он огоҳ нестӣ, шарики Ман қарор диҳӣ, итоаташон макун. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст, пас, он гоҳ шуморо ба ҳақиқати корҳое, ки мекардед, ҳатман хабар медиҳам وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَنُدۡخِلَنَّهُمۡ فِي ٱلصَّٰلِحِينَ ٩Ва касонеро, ки имон овардаанд ва кирдорҳои шоиста кардаанд, дар гурӯҳи солеҳон даровардаем وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَقُولُ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ فَإِذَآ أُوذِيَ فِي ٱللَّهِ جَعَلَ فِتۡنَةَ ٱلنَّاسِ كَعَذَابِ ٱللَّهِۖ وَلَئِن جَآءَ نَصۡرٌ مِّن رَّبِّكَ لَيَقُولُنَّ إِنَّا كُنَّا مَعَكُمۡۚ أَوَلَيۡسَ ٱللَّهُ بِأَعۡلَمَ بِمَا فِي صُدُورِ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٠Баъзе аз мардум мегӯянд: «Ба Аллоҳ имон овардаем. Ва чун дар роҳи Аллоҳ озоре бубинанд, он озорро монанди азоби Аллоҳ шуморанд. Ва чун аз сӯи Парвардигори ту пирӯзие (ба шумо мӯъминон) расад, мегӯянд: «Ҳароина, мо низ бо шумо будаем». Оё Аллоҳ ба он чи дар дилҳои мардуми ҷаҳон мегузарад, огоҳтар нест وَلَيَعۡلَمَنَّ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَلَيَعۡلَمَنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ ١١Албатта, Аллоҳ медонад, ки мӯъминон чӣ касонанд ва мунофиқон чӣ касон. Ва ин ду гӯруҳро бо василаи озмоиш дар сахтиҳо аз якдигар ҷудо месозад وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّبِعُواْ سَبِيلَنَا وَلۡنَحۡمِلۡ خَطَٰيَٰكُمۡ وَمَا هُم بِحَٰمِلِينَ مِنۡ خَطَٰيَٰهُم مِّن شَيۡءٍۖ إِنَّهُمۡ لَكَٰذِبُونَ ١٢Ва кофирони Қурайш ба мӯъминон гуфтанд: Дини Муҳаммадро тарк кунед ва пайравӣ кунед роху равиши моро, бори гуноҳатон бар гардани мо. Ҳол он ки инҳо бори гуноҳи касеро бар гардан нахоҳанд гирифт, бегумон онҳо дурӯғ мегӯянд وَلَيَحۡمِلُنَّ أَثۡقَالَهُمۡ وَأَثۡقَالًا مَّعَ أَثۡقَالِهِمۡۖ وَلَيُسۡـَٔلُنَّ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ عَمَّا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ ١٣Ва албатта, мебардоранд гуноҳони худро ва гуноҳони дигаронро бо гуноҳони худ якҷоя ва ҳамоно рӯзи қиёмат ба сабаби дурӯғҳое, ки бар ҳам мебофанд, пурсида хоҳанд шуд وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦ فَلَبِثَ فِيهِمۡ أَلۡفَ سَنَةٍ إِلَّا خَمۡسِينَ عَامًا فَأَخَذَهُمُ ٱلطُّوفَانُ وَهُمۡ ظَٰلِمُونَ ١٤Ва Мо Нӯҳро ба сӯи қавмаш ба паёмбарӣ фиристодем. Ӯ нуҳсаду панҷоҳ сол дар миёни онон бизист. Ва онҳоро ба тавҳид даъват мекард ва аз ширк манъ мекард. Пас ӯро иҷобат накарданд, зеро мардуме ситампеша буданд, пас тӯфон онҳоро фурӯ гирифт فَأَنجَيۡنَٰهُ وَأَصۡحَٰبَ ٱلسَّفِينَةِ وَجَعَلۡنَٰهَآ ءَايَةً لِّلۡعَٰلَمِينَ ١٥Пас, ӯ ва касонеро, ки дар киштӣ буданд, наҷот додем ва он киштиро нишони ибрате барои ҷаҳониён гардонидем وَإِبۡرَٰهِيمَ إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱتَّقُوهُۖ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٌ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ١٦Ва ба ёд овар Иброҳимро, он гоҳ ки ба қавмаш гуфт: «Аллоҳи якторо бипарастед ва аз Ӯ битарсед. Ин бароятон беҳтар аст, агар бидонед إِنَّمَا تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَوۡثَٰنًا وَتَخۡلُقُونَ إِفۡكًاۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ لَا يَمۡلِكُونَ لَكُمۡ رِزۡقًا فَٱبۡتَغُواْ عِندَ ٱللَّهِ ٱلرِّزۡقَ وَٱعۡبُدُوهُ وَٱشۡكُرُواْ لَهُۥٓۖ إِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ١٧Ҳароина, шумо эй қавм, ғайри Аллоҳи якто бутонеро мепарастед ва дурӯғҳои бузург мебофед. Онҳоеро, ки ғайри Аллоҳи якто мепарастед, бешак, наметавонанд шуморо рӯзӣ диҳанд. Аз Аллоҳи якто рӯзӣ биҷӯед ва Ӯро ибодат кунед ва сипос гӯед, зеро ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед, пас ҳар якеро бар амали кардаи худ ҷазои муносиб медиҳад وَإِن تُكَذِّبُواْ فَقَدۡ كَذَّبَ أُمَمٌ مِّن قَبۡلِكُمۡۖ وَمَا عَلَى ٱلرَّسُولِ إِلَّا ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ ١٨Агар шумо ваҳйро дурӯғ мебароред, мардумоне ҳам, ки пеш аз шумо буданд, дурӯғ мешумориданд. Ва бар ӯҳдаи паёмбар ҷуз таблиғе равшангар ҳеҷ нест أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ كَيۡفَ يُبۡدِئُ ٱللَّهُ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥٓۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٌ ١٩Оё намебинанд, ки Аллоҳ чӣ гуна махлуқро меофаринад сипас аз нестӣ бозаш мегардонад? Бешубҳа, ин кор бар Аллоҳ осон аст قُلۡ سِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ بَدَأَ ٱلۡخَلۡقَۚ ثُمَّ ٱللَّهُ يُنشِئُ ٱلنَّشۡأَةَ ٱلۡأٓخِرَةَۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٍ قَدِيرٌ ٢٠Бигӯ эй Расул, барои мункирони баъс: Дар замин сайр кунед ва бингаред, ки чӣ гуна Аллоҳ мавҷудотро офарида. Сипас офариниши охиринро падид меоварад. Ба таҳқиқ, Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност ва ҳеҷ чизе Ӯро оҷиз оварда наметавонад يُعَذِّبُ مَن يَشَآءُ وَيَرۡحَمُ مَن يَشَآءُۖ وَإِلَيۡهِ تُقۡلَبُونَ ٢١Ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва ҳар киро бихоҳад, мавриди раҳмат қарор медиҳад ва ҳама ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед وَمَآ أَنتُم بِمُعۡجِزِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فِي ٱلسَّمَآءِۖ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِن وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ ٢٢Шумо наметавонед (Аллоҳро) дармонда кунед, на дар замин ва на дар осмон ва шуморо ҷуз Ӯ ҳеҷ корсозу ёваре нест!» وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَلِقَآئِهِۦٓ أُوْلَٰٓئِكَ يَئِسُواْ مِن رَّحۡمَتِي وَأُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ ٢٣Ва онҳо, ки ба оёти Аллоҳ ва дидори Ӯ имон надоранд ва ба вуқӯъ омадани қиёматро инкор мекунанд, онҳо аз сабаби мушоҳида карданашон азобро дар охират аз раҳмати Ман ноумед шуданд. Ин гуна касон барояшон азоби дардовар аст فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوۡمِهِۦٓ إِلَّآ أَن قَالُواْ ٱقۡتُلُوهُ أَوۡ حَرِّقُوهُ فَأَنجَىٰهُ ٱللَّهُ مِنَ ٱلنَّارِۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٍ لِّقَوۡمٍ يُؤۡمِنُونَ ٢٤Ҷавоби қавми Иброҳим алайҳиссалом ин буд, ки гуфтанд: Бикушед ӯро ё бо оташ ӯро бисӯзонед. Пас, ӯро дар оташ афканданд ва Аллоҳ ӯро аз оташ бираҳонид. Ва бешак, дар наҷот додани Мо Иброҳимро аз оташ, барои қавме, ки имон меоваранд ва ба шариати Ӯ амал мекунанд, ибратҳоест وَقَالَ إِنَّمَا ٱتَّخَذۡتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ أَوۡثَٰنًا مَّوَدَّةَ بَيۡنِكُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ ثُمَّ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ يَكۡفُرُ بَعۡضُكُم بِبَعۡضٍ وَيَلۡعَنُ بَعۡضُكُم بَعۡضًا وَمَأۡوَىٰكُمُ ٱلنَّارُ وَمَا لَكُم مِّن نَّٰصِرِينَ ٢٥Гуфт Иброҳим: «Ҳароина, шумо бутонеро ба ҷои Аллоҳи якто маъбуди худ гирифтаед, то дар ин зиндагонии дунё миёнатон дӯстӣ бошад, вале дар рӯзи қиёмат мункири якдигар мешавед ва якдигарро лаънат мекунед ва ҷоятон дар оташ аст ва ҳеҷ ёваре надоред ۞ فَـَٔامَنَ لَهُۥ لُوطٌۘ وَقَالَ إِنِّي مُهَاجِرٌ إِلَىٰ رَبِّيٓۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ٢٦Пас, даъвати Иброҳимро Лут тасдиқ кард. Ва Иброҳим гуфт: Бешубҳа, ман ба сӯи Парвардигорам ба замини муборак ҳиҷрат мекунам, ҳароина, Ӯ пирӯзманду ҳаким аст وَوَهَبۡنَا لَهُۥٓ إِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ وَجَعَلۡنَا فِي ذُرِّيَّتِهِ ٱلنُّبُوَّةَ وَٱلۡكِتَٰبَ وَءَاتَيۡنَٰهُ أَجۡرَهُۥ فِي ٱلدُّنۡيَاۖ وَإِنَّهُۥ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ لَمِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ ٢٧Ва додем барои Иброҳим фарзанд Исҳоқро ва наберааш Яъқубро ва дар фарзандони Иброҳим паёмбариву китобро муқаррар доштем. Ва подошашро дар дунё (ба ёддошти нек ва фарзандони солеҳ) додем ва ӯ дар охират аз солеҳон аст وَلُوطًا إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِۦٓ إِنَّكُمۡ لَتَأۡتُونَ ٱلۡفَٰحِشَةَ مَا سَبَقَكُم بِهَا مِنۡ أَحَدٍ مِّنَ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٢٨Ва ба ёд овар эй Паёмбар, Лутро, вақте ки ба қавми худ гуфт: Шумо кори зиштеро пеша кардаед, ки ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон пеш аз шумо чунин намекардааст أَئِنَّكُمۡ لَتَأۡتُونَ ٱلرِّجَالَ وَتَقۡطَعُونَ ٱلسَّبِيلَ وَتَأۡتُونَ فِي نَادِيكُمُ ٱلۡمُنكَرَۖ فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوۡمِهِۦٓ إِلَّآ أَن قَالُواْ ٱئۡتِنَا بِعَذَابِ ٱللَّهِ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ ٢٩Оё, ҳароина, шумо бо мардон алоқаи ҷинсӣ мекунед ва роҳзанӣ мекунед ва дар маҳфили худ муртакиби корҳои нописанд мешавед?» Ҷавоби қавмаш ин буд, ки гуфтанд: «Агар рост мегӯӣ, азоби Аллоҳро бар сари мо биёвар!» قَالَ رَبِّ ٱنصُرۡنِي عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡمُفۡسِدِينَ ٣٠Гуфт Лут: Эй Парвардигори ман, маро болои мардуми фасодкор (бо фуруд овардани азоб бар болояшон) нусрат деҳ! Пас, Аллоҳ дуояшро иҷобат кард وَلَمَّا جَآءَتۡ رُسُلُنَآ إِبۡرَٰهِيمَ بِٱلۡبُشۡرَىٰ قَالُوٓاْ إِنَّا مُهۡلِكُوٓاْ أَهۡلِ هَٰذِهِ ٱلۡقَرۡيَةِۖ إِنَّ أَهۡلَهَا كَانُواْ ظَٰلِمِينَ ٣١Чун фиристодагони Мо ба : Иброҳим мужда оварданд, гуфтанд: «Мо, бешубҳа, мардуми ин деҳаро ҳалок хоҳем кард, ки мардуми ситамкоре ҳастанд» قَالَ إِنَّ فِيهَا لُوطًاۚ قَالُواْ نَحۡنُ أَعۡلَمُ بِمَن فِيهَاۖ لَنُنَجِّيَنَّهُۥ وَأَهۡلَهُۥٓ إِلَّا ٱمۡرَأَتَهُۥ كَانَتۡ مِنَ ٱلۡغَٰبِرِينَ ٣٢Иброҳим гуфт: Лут дар он ҷост. Гуфтанд: Мо беҳтар медонем, чӣ касе дар куҷост. Бегумон ӯ ва хонадонаш, ҷуз занашро, ки дар ҳамон ҷо хоҳад монд, наҷот медиҳем وَلَمَّآ أَن جَآءَتۡ رُسُلُنَا لُوطًا سِيٓءَ بِهِمۡ وَضَاقَ بِهِمۡ ذَرۡعًاۖ وَقَالُواْ لَا تَخَفۡ وَلَا تَحۡزَنۡ إِنَّا مُنَجُّوكَ وَأَهۡلَكَ إِلَّا ٱمۡرَأَتَكَ كَانَتۡ مِنَ ٱلۡغَٰبِرِينَ ٣٣Ва чун фиристодагони Мо назди Лут омаданд, сахт нороҳат ва дилтанг шуд. Гуфтанд фариштагон: «Матарс ва ғамгин мабош, ҳамоно туву хонадонат, ҷуз занатро, ки дар ҳамон ҷо хоҳад монд, наҷот медиҳем إِنَّا مُنزِلُونَ عَلَىٰٓ أَهۡلِ هَٰذِهِ ٱلۡقَرۡيَةِ رِجۡزًا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ بِمَا كَانُواْ يَفۡسُقُونَ ٣٤Ҳамоно мо ба мардуми ин деҳа ба сабаби кирдори бадашон, ки мекарданд, аз осмон азоб нозил хоҳем кард» وَلَقَد تَّرَكۡنَا مِنۡهَآ ءَايَةَۢ بَيِّنَةً لِّقَوۡمٍ يَعۡقِلُونَ ٣٥Ҳароина, аз он деҳа барои хирадмандон ибрати равшане бар ҷой гузоштем وَإِلَىٰ مَدۡيَنَ أَخَاهُمۡ شُعَيۡبًا فَقَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱرۡجُواْ ٱلۡيَوۡمَ ٱلۡأٓخِرَ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَ ٣٦Ва бародарашон Шуъайбро ба аҳли Мадян фиристодем. Гуфт: Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед ва ба рӯзи қиёмат умедвор бошед ва дар замин ба табаҳкорӣ макӯшед, лекин тавба кунед аз кирдори бадатон ва ба сӯи Ӯ бозгардед فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَتۡهُمُ ٱلرَّجۡفَةُ فَأَصۡبَحُواْ فِي دَارِهِمۡ جَٰثِمِينَ ٣٧Пас, дурӯғгӯяш шумориданд ва зилзила ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ ба зону афтода, мурданд وَعَادًا وَثَمُودَاْ وَقَد تَّبَيَّنَ لَكُم مِّن مَّسَٰكِنِهِمۡۖ وَزَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَعۡمَٰلَهُمۡ فَصَدَّهُمۡ عَنِ ٱلسَّبِيلِ وَكَانُواْ مُسۡتَبۡصِرِينَ ٣٨Ва Оду Самудро низ ҳалок кардем. Ва ин аз ҷойгоҳи сукунаташон бароятон ошкор аст. Шайтон корҳояшонро дар назарашон биёрост ва ононро аз роҳи имон боздошт. Ва ҳол он ки дар куфру залолаташон мардуме соҳиби ақлу ҳӯш буданд. Гумон мекарданд бар роҳи ҳақ ҳастанд, вале онҳо дар залолат ғарқшудагонанд وَقَٰرُونَ وَفِرۡعَوۡنَ وَهَٰمَٰنَۖ وَلَقَدۡ جَآءَهُم مُّوسَىٰ بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَٱسۡتَكۡبَرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا كَانُواْ سَٰبِقِينَ ٣٩Ва низ ҳалок кардем Қоруну Фиръавн ва Ҳомонро, ки ҳамоно Мӯсо бо далелҳои равшани худ назди онҳо омад. Онҳо дар замин такаббур ва саркашӣ мекарданд, вале натавонистанд аз Аллоҳ бигурезанд فَكُلًّا أَخَذۡنَا بِذَنۢبِهِۦۖ فَمِنۡهُم مَّنۡ أَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِ حَاصِبًا وَمِنۡهُم مَّنۡ أَخَذَتۡهُ ٱلصَّيۡحَةُ وَمِنۡهُم مَّنۡ خَسَفۡنَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ وَمِنۡهُم مَّنۡ أَغۡرَقۡنَاۚ وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيَظۡلِمَهُمۡ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ ٤٠Пас, ҳар якеро ба сазои гуноҳашон ба азоб дучор кардем: ба баъзе тӯфонҳои регбор фиристодем ва онон қавми Лут буданд ва баъзеро наъраи даҳшатнок фурӯ гирифт, онон қавми Самуд ва мардуми Мадян буданд ва баъзеро дар замин фурӯ бурдем, ки онон Қорун ва ёронаш буданд ва баъзеро ғарқ сохтем, ки онон Қавми Нӯҳ, Фиръавн, Ҳомон ва қавмашон буданд. Ва Аллоҳ ҳаргиз ба онҳо ситам накарда буд, балки онҳо худ ба хештан ситам карда буданд مَثَلُ ٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَوۡلِيَآءَ كَمَثَلِ ٱلۡعَنكَبُوتِ ٱتَّخَذَتۡ بَيۡتًاۖ وَإِنَّ أَوۡهَنَ ٱلۡبُيُوتِ لَبَيۡتُ ٱلۡعَنكَبُوتِۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ٤١Мисоли онон, ки ба ҷои Аллоҳ дӯстоне гирифтанд, ҳамчун кори анкабут (тортанак) аст, ки хонае бисохт. Ба дурустӣ, ки агар медонистанд, ҳароина, сусттарини хонаҳо, хонаи анкабут аст إِنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا يَدۡعُونَ مِن دُونِهِۦ مِن شَيۡءٍۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ٤٢Ба таҳқиқ, Аллоҳи якто медонад, ки он чиро ғайр аз вай мепарастанд чизе нест, балки танҳо номҳоест, ки онҳоро номидаанд на фоида ва на зиёне расонида метавонанд ва Ӯ бар душманонаш пирӯзманд аст ва дар корҳояш бо ҳикмат аст وَتِلۡكَ ٱلۡأَمۡثَٰلُ نَضۡرِبُهَا لِلنَّاسِۖ وَمَا يَعۡقِلُهَآ إِلَّا ٱلۡعَٰلِمُونَ ٤٣Ин масалҳоро барои мардум меорем, то манфиат баранд ва аз он таълим бигиранд ва он масалҳоро ҷуз доноён дарк намекунанд خَلَقَ ٱللَّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةً لِّلۡمُؤۡمِنِينَ ٤٤Аллоҳ осмонҳову заминро ба ростӣ биёфарид ва бешак, дар офариниши осмонҳо ва замин ибратест барои мӯъминон ٱتۡلُ مَآ أُوحِيَ إِلَيۡكَ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَۖ إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ تَنۡهَىٰ عَنِ ٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِۗ وَلَذِكۡرُ ٱللَّهِ أَكۡبَرُۗ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا تَصۡنَعُونَ ٤٥Эй Паёмбар! Ҳар чиро аз ин китоби Қуръон бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Ва намозро бо аркону шартҳояш бигзор, ки ҳароина, муҳофизат кардан бар намоз одамиро аз фаҳшову мункар бозмедорад ва дилаш мунаввар мешавад ва имонаш зиёд мегардад ва зикри Аллоҳ дар намоз ва ғайри намоз бузургтар ва афзалтар аст ва Аллоҳ ба корҳое, ки аз неку бад мекунед, огоҳ аст

الجزء الحادي والعشرون

۞ وَلَا تُجَٰدِلُوٓاْ أَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ إِلَّا بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُ إِلَّا ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مِنۡهُمۡۖ وَقُولُوٓاْ ءَامَنَّا بِٱلَّذِيٓ أُنزِلَ إِلَيۡنَا وَأُنزِلَ إِلَيۡكُمۡ وَإِلَٰهُنَا وَإِلَٰهُكُمۡ وَٰحِدٌ وَنَحۡنُ لَهُۥ مُسۡلِمُونَ ٤٦Бо аҳли китоб (яъне, бо яҳуду насоро) ба некӯтарин шева муҷодала кунед. Магар бо онҳое, ки ситам пеша карданд. Ва бигӯед: «Ба тамоми он чи бар мо нозил шуда аз Қуръон ва он чи бар шумо нозил шудааст аз Таврот ва Инҷил, имон овардем, ки ҳама аз назди Аллоҳ таолост. Ва маъбуди мову маъбуди шумо якест ва на барои У шарике аст на зидде ва на ҳамтое ва мо дар баробари Ӯ фармонбардорем وَكَذَٰلِكَ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَۚ فَٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ يُؤۡمِنُونَ بِهِۦۖ وَمِنۡ هَٰٓؤُلَآءِ مَن يُؤۡمِنُ بِهِۦۚ وَمَا يَجۡحَدُ بِـَٔايَٰتِنَآ إِلَّا ٱلۡكَٰفِرُونَ ٤٧Чунонки китобҳои собиқро пеш аз ту фуруд овардем ҳамчунон ин китоби Қуръонро бар ту нозил кардем. Пас, аҳли Китоб ба он имон меоваранд ва аз ин арабҳои Қурайш ва ғайри онҳо низ касе ҳаст, ки ба он имон меоварад ва ҷуз кофирон касе оёти Қуръони Моро инкор намекунад وَمَا كُنتَ تَتۡلُواْ مِن قَبۡلِهِۦ مِن كِتَٰبٍ وَلَا تَخُطُّهُۥ بِيَمِينِكَۖ إِذًا لَّٱرۡتَابَ ٱلۡمُبۡطِلُونَ ٤٨Ва аз мӯъҷизаҳои равшани ту ин аст, ки ту пеш аз Қуръон ҳеҷ китоберо намехондӣ ва ба дасти худ чизе наменавиштӣ. Ҳоло ин ки онҳо инро медонистанд. Агар пеш аз ваҳйи Илоҳӣ хонанда ё нависанда мебудӣ, ахли ботил ба шак меафтоданд بَلۡ هُوَ ءَايَٰتُۢ بَيِّنَٰتٌ فِي صُدُورِ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَۚ وَمَا يَجۡحَدُ بِـَٔايَٰتِنَآ إِلَّا ٱلظَّٰلِمُونَ ٤٩Балки Қуръон оётест равшан, ки дар синаи аҳли дониш ҷой дорад. Ва оёти Моро танҳо ситамкорон инкор мекунанд وَقَالُواْ لَوۡلَآ أُنزِلَ عَلَيۡهِ ءَايَٰتٌ مِّن رَّبِّهِۦۚ قُلۡ إِنَّمَا ٱلۡأٓيَٰتُ عِندَ ٱللَّهِ وَإِنَّمَآ أَنَا۠ نَذِيرٌ مُّبِينٌ ٥٠Ва мушрикон гуфтанд: Чаро аз ҷониби Парвардигораш нишонаҳое бар Муҳаммад нозил намешавад? Бигӯ: нишонаҳо дар назди Аллоҳ аст ва ман фақат бимдиҳандае ошкор ҳастам أَوَلَمۡ يَكۡفِهِمۡ أَنَّآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ يُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَرَحۡمَةً وَذِكۡرَىٰ لِقَوۡمٍ يُؤۡمِنُونَ ٥١Оё ононро басанда нест, ки бар ту, ба таҳқиқ, Қуръон фиристодаем ва бар онҳо хонда мешавад. Дар ин китоби Қуръон барои мӯъминон раҳмату панд аст قُلۡ كَفَىٰ بِٱللَّهِ بَيۡنِي وَبَيۡنَكُمۡ شَهِيدًاۖ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۗ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱلۡبَٰطِلِ وَكَفَرُواْ بِٱللَّهِ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ ٥٢Бигӯ: Аллоҳ ба гувоҳӣ миёни ману шумо кофист, ки ман расули Ӯ ҳастам. Он чиро, ки дар осмонҳову замин аст, медонад. Ва ҳеҷ чиз бар Ӯ пӯшида нест. Касоне, ки ба ботил имон оварданд ва ба Аллоҳ кофир шуданд, онҳо дар дунёву охират зиёнкоронанд وَيَسۡتَعۡجِلُونَكَ بِٱلۡعَذَابِ وَلَوۡلَآ أَجَلٌ مُّسَمًّى لَّجَآءَهُمُ ٱلۡعَذَابُۚ وَلَيَأۡتِيَنَّهُم بَغۡتَةً وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ ٥٣Ва мушрикони қавмат тамасхӯрона аз ту азобро ба шитоб металабанд. Агар онро мавъиди муайяне набуд, бешубҳа, бар онҳо меомад. Ва ҳатман, ногаҳон ва бидуни он, ки хабардор шаванд, бар онҳо фуруд хоҳад омад يَسۡتَعۡجِلُونَكَ بِٱلۡعَذَابِ وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةُۢ بِٱلۡكَٰفِرِينَ ٥٤Онон аз ту ба шитоб азобро металабанд, ҳол он ки ҷаҳаннам, ҳароина, бар кофирон иҳота дорад يَوۡمَ يَغۡشَىٰهُمُ ٱلۡعَذَابُ مِن فَوۡقِهِمۡ وَمِن تَحۡتِ أَرۡجُلِهِمۡ وَيَقُولُ ذُوقُواْ مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٥٥Рӯз қиёмат, ки азоб аз болои сари кофирон ва аз зери пойҳояшон онҳоро дарбар гирад ва Аллоҳ он замон бигӯяд: «Ба хотири аъмоле, ки дар дунё мекардед, инак, азобро бичашед!» يَٰعِبَادِيَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِنَّ أَرۡضِي وَٰسِعَةٌ فَإِيَّٰيَ فَٱعۡبُدُونِ ٥٦Эй бандагони ман, ки ба ман имон овардед, агар аз изҳор кардани имонатон дар тангӣ бошед ба таҳқиқ, замини ман фарох аст, пас, ҳиҷрат кунед ва танҳо маро бипарастед كُلُّ نَفۡسٍ ذَآئِقَةُ ٱلۡمَوۡتِۖ ثُمَّ إِلَيۡنَا تُرۡجَعُونَ ٥٧Ҳар касе чашандаи таъми марг аст. Ва барои ҳисобу ҷазо ба сӯи Мо бозгардонида мешавед وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَنُبَوِّئَنَّهُم مِّنَ ٱلۡجَنَّةِ غُرَفًا تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ نِعۡمَ أَجۡرُ ٱلۡعَٰمِلِينَ ٥٨Касонеро, ки имон овардаанд ба Аллоҳ ва расулаш ва корҳои шоиста кардаанд, ҳатман, дар ҳуҷраҳои биҳишт ҷой диҳем. Аз зери он ҷӯйҳои об равон аст. Дар он ҷо ҷовидона бимонанд. Амалкунандагонро чӣ некӯ муздест ٱلَّذِينَ صَبَرُواْ وَعَلَىٰ رَبِّهِمۡ يَتَوَكَّلُونَ ٥٩Онҳо, ки бар ибодати Аллоҳ сабр варзиданд ва дар динашон устувор истоданд ва дар ризқу рӯзии худ бар Парвардигорашон таваккал мекунанд وَكَأَيِّن مِّن دَآبَّةٍ لَّا تَحۡمِلُ رِزۡقَهَا ٱللَّهُ يَرۡزُقُهَا وَإِيَّاكُمۡۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ٦٠Чӣ бисёр ҷунбандагоне, ки тавони таҳсили ба даст овардани рӯзии хеш надоранд ва Аллоҳ онҳоро ва шуморо рӯзӣ медиҳад. Ва Ӯ ба гуфтори шумо шунаво ва ба кирдор ва ниятҳои шумо доност وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَسَخَّرَ ٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۖ فَأَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ ٦١Агар аз онҳо бипурсӣ эй Паёмбар: чӣ касе осмонҳову заминро офарида ва офтобу моҳро ром кардааст? Ҳатман, хоҳанд гуфт: Аллоҳи якто. Чунки ба инкори ин ҳақиқат қодир нестанд. Пас, чӣ гуна баъд аз ин эътироф баргардонида мешаванд аз роҳи ҳақ (аз тавҳид) ٱللَّهُ يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦ وَيَقۡدِرُ لَهُۥٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٌ ٦٢Аллоҳ рӯзии ҳар як аз бандагонашро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё танг месозад, ҳар киро, ки хоҳад. Ҳароина, Аллоҳ ба умури ҳама чиз доност ва чизе бар Ӯ пӯшида намемонад وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّن نَّزَّلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَأَحۡيَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ مِنۢ بَعۡدِ مَوۡتِهَا لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۚ قُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡقِلُونَ ٦٣Агар аз мушрикон бипурсӣ эй Паёмбар: Чӣ касе аз осмон борон фиристод ва замини мурдаро бо он зинда кард?» Ҳатман, хоҳанд гуфт: «Аллоҳи якто». Бигӯ: «Сипос Аллоҳрост!» Вале бештаринашон намефаҳманд чӣ ба онҳо суд меорад ва чӣ зарар мерасонад وَمَا هَٰذِهِ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَآ إِلَّا لَهۡوٌ وَلَعِبٌۚ وَإِنَّ ٱلدَّارَ ٱلۡأٓخِرَةَ لَهِيَ ٱلۡحَيَوَانُۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ٦٤Зиндагонии ин дунё нест, ҷуз бозиву беҳудагӣ, ки дилҳо ба он саргарм мешаванд ва баданҳо ба он бозӣ мекунанд. Ба сабабе, ки дар он зебу зиннатҳо ва шаҳватҳо ороста шудааст. Баъд аз он зуд аз байн меравад. Ва зиндагии ҷаҳони охират, зиндагии ростин аст, агар мушрикон ин дунёи фониро медонистанд ҳеҷгоҳ бар сарои абадӣ тарҷеҳ намедоданд فَإِذَا رَكِبُواْ فِي ٱلۡفُلۡكِ دَعَوُاْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ فَلَمَّا نَجَّىٰهُمۡ إِلَى ٱلۡبَرِّ إِذَا هُمۡ يُشۡرِكُونَ ٦٥Ва чун мушрикон ба киштӣ савор шаванд аз ғарқ шудани дар баҳр битарсанд, он ҳангом Аллоҳро бо ихлос илтиҷову ибодат кунанд ва чун аз ғарқ шудан наҷоташон дод ва ба хушкӣ овард, дар он ҳолат боз ширк меоваранд لِيَكۡفُرُواْ بِمَآ ءَاتَيۡنَٰهُمۡ وَلِيَتَمَتَّعُواْۚ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ ٦٦то неъматеро, ки ба онон ато карда будем, ношукрӣ кунанд ва чанд рӯзе аз лаззатҳои зудгузари дунё бархурдор шаванд. Албатта, ба зудӣ хоҳанд донист, вайронаи амалашонро ва он чи Аллоҳ омода кардааст барояшон азоби дардовари рӯзи қиёматро أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّا جَعَلۡنَا حَرَمًا ءَامِنًا وَيُتَخَطَّفُ ٱلنَّاسُ مِنۡ حَوۡلِهِمۡۚ أَفَبِٱلۡبَٰطِلِ يُؤۡمِنُونَ وَبِنِعۡمَةِ ٱللَّهِ يَكۡفُرُونَ ٦٧Оё надидаанд кофирони Макка, ки Мо ҳарамро ҷои амни мардум қарор додем, ҳол он ки мардум дар атрофашон рабуда мешаванд ва дар ҳама ҷойи берун аз ҳарам куштору ғорат мекунанд? Оё ба (бутҳои) ботил имон меоваранд ва неъмати Аллоҳро ношукрӣ мекунанд وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوۡ كَذَّبَ بِٱلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَهُۥٓۚ أَلَيۡسَ فِي جَهَنَّمَ مَثۡوًى لِّلۡكَٰفِرِينَ ٦٨Пас, кист ситамгортар аз он, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебандад ё ба ҳангоме, ки ҳақ (яъне, Қуръон) ба сӯи ӯ ояд, дурӯғ мешуморад? Оё дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе барои кофирон нест, ки паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дурӯғ мебароранд وَٱلَّذِينَ جَٰهَدُواْ فِينَا لَنَهۡدِيَنَّهُمۡ سُبُلَنَاۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَمَعَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ٦٩Касонеро, ки дар роҳи пирӯзии дини Мо кӯшиш кунанд, ҳатман, ба роҳҳои хеш ҳидояташон мекунем ва Аллоҳ, ҳароина, бо некӯкорон аст, онҳоро нусрат, муҳофизат ва ҳидоят мекунад

الترجمة: Khoja Mirov.