بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلۡبُرُوجِ ١Аллоҳ қасам мехӯрад ба осмон, ки дорои бурҷҳост وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡمَوۡعُودِ ٢ва қасам ба рӯзи қиёмат, ки ваъда додааст, дар он халқро ҷамъ меоварад وَشَاهِدٍ وَمَشۡهُودٍ ٣ва қасам ба гувоҳ ва он чӣ ки ба он гувоҳӣ дода шудааст قُتِلَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡأُخۡدُودِ ٤аҳли хандақҳо ҳалок шуданд аз барои он, ки мӯъминонро азоб доданд ٱلنَّارِ ذَاتِ ٱلۡوَقُودِ ٥ва оташе афрӯхтанд аз ҳезумҳо إِذۡ هُمۡ عَلَيۡهَا قُعُودٌ ٦он гоҳ ки бар канори он оташ нишаста буданд وَهُمۡ عَلَىٰ مَا يَفۡعَلُونَ بِٱلۡمُؤۡمِنِينَ شُهُودٌ ٧ва онон бар он чӣ ки бо мӯъминон (азоб) мекарданд, шоҳид буданд وَمَا نَقَمُواْ مِنۡهُمۡ إِلَّآ أَن يُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَمِيدِ ٨Ва аз онҳо интиқом мегирифтанд, азоб мекарданд мӯъминонро, магар барои он ки ба Аллоҳи ғолиби лоиқи ситоиш имон оварда буданд ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٍ شَهِيدٌ ٩он Аллоҳе, ки подшоҳии осмонҳову замин аз они Ӯст ва бар ҳар чизе гувоҳ аст ва чизе бар Ӯ пӯшида нест إِنَّ ٱلَّذِينَ فَتَنُواْ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ ثُمَّ لَمۡ يَتُوبُواْ فَلَهُمۡ عَذَابُ جَهَنَّمَ وَلَهُمۡ عَذَابُ ٱلۡحَرِيقِ ١٠Албатта онон, ки мардону занони мӯъминро шиканҷа карданд, то ки онҳоро аз дини Аллоҳ боздоранд, сипас тавба накарданд, азоби ҷаҳаннам ва азоби оташ барои онҳост إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمۡ جَنَّٰتٌ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡكَبِيرُ ١١Бегумон барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, биҳиштҳоест, ки дар он дарёҳо ҷорист ва он комёбии бузургест إِنَّ بَطۡشَ رَبِّكَ لَشَدِيدٌ ١٢Албатта интиқом гирифтани Парвардигори ту аз душманонаш сахт аст إِنَّهُۥ هُوَ يُبۡدِئُ وَيُعِيدُ ١٣Ӯст, ки нахуст пайдо мекунад ва пас аз марг зинда месозад وَهُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلۡوَدُودُ ١٤Ӯ бахшояндаву дӯстдоранда аст, барои тавбакунандагон ذُو ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡمَجِيدُ ١٥Ӯст соҳиби Арши бузург فَعَّالٌ لِّمَا يُرِيدُ ١٦Ҳар чиро ирода кунад, ба анҷом мерасонад ва чизе монеъи иродаи Ӯ шуда наметавонад هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ ٱلۡجُنُودِ ١٧Эй Расул, оё хабари лашкарҳо ба ту расидааст فِرۡعَوۡنَ وَثَمُودَ ١٨Лашкарҳои Фиръавну қавми Самуд, ки онҳо паёмбарони хешро дурӯғ бароварданд ва ба азоби Аллоҳ гирифтор шуданд بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فِي تَكۡذِيبٍ ١٩Оре, онон, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, оятҳои Аллоҳро тасдиқ накарданд وَٱللَّهُ مِن وَرَآئِهِم مُّحِيطُۢ ٢٠ва Аллоҳ аз ҳама сӯ бо илму қудрати худ бар онҳо иҳота дорад بَلۡ هُوَ قُرۡءَانٌ مَّجِيدٌ ٢١Балки, ин Қуръони бузургвор ва олиқадр аст فِي لَوۡحٍ مَّحۡفُوظِۭ ٢٢Дар Лавҳи Маҳфуз ҷой дорад! Ҳеҷ гоҳ табдилу таҳриф нахоҳад шуд