ملة الإسلام

السورة 23 · 118 آية · Khoja Mirov

سورة المؤمنون باللغة الطاجيكية

السورة بالعربية مع التفسير استمع إلى سورة المؤمنون (1,265 قارئاً)
مكيةسورة المؤمنون١١٨ آية

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

قَدۡ أَفۡلَحَ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ١Дар ҳақиқат наҷот ёфтанд мӯъминоне, ки ба Аллоҳу расулаш тасдиқкунанда ва ба шариаташ амалкунандаанд ٱلَّذِينَ هُمۡ فِي صَلَاتِهِمۡ خَٰشِعُونَ ٢касоне, ки сифатҳояшон ин аст, ки дар намозашон фурӯтан ҳастанд وَٱلَّذِينَ هُمۡ عَنِ ٱللَّغۡوِ مُعۡرِضُونَ ٣ва касоне, ки аз гуфтору кирдори беҳуда рӯй мегардонанд وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِلزَّكَوٰةِ فَٰعِلُونَ ٤ва касоне, ки закоти ҳамаи молашонро мепардозанд وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِفُرُوجِهِمۡ حَٰفِظُونَ ٥ва касоне, ки шармгоҳи худро аз зино ва лавотат нигоҳ медоранд إِلَّا عَلَىٰٓ أَزۡوَٰجِهِمۡ أَوۡ مَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُهُمۡ فَإِنَّهُمۡ غَيۡرُ مَلُومِينَ ٦ҷуз бо ҳамсарон ё канизони хеш, ки дар наздикӣ (ҳамбистарӣ) бо онон мавриди маломат қарор намегиранд فَمَنِ ٱبۡتَغَىٰ وَرَآءَ ذَٰلِكَ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡعَادُونَ ٧Ва касоне, ки ғайр аз ин ду роҳи машрӯъро биҷӯянд, аз ҳадди хеш таҷовуз кардаанд ва худро дучори азоби Аллоҳ кардаанд وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِأَمَٰنَٰتِهِمۡ وَعَهۡدِهِمۡ رَٰعُونَ ٨ва касоне, ки амонатҳо ва паймонҳои худро риоят мекунанд وَٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَوَٰتِهِمۡ يُحَافِظُونَ ٩ва касоне, ки ҳамеша намозҳояшонро дар вақтҳои муайян бо шароит ва арконаш анҷомдиҳандаанд أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡوَٰرِثُونَ ١٠касоне, ки дорои ин сифатҳо ҳастанд, онон меросбаронанд ٱلَّذِينَ يَرِثُونَ ٱلۡفِرۡدَوۡسَ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ١١ки дараҷаҳои олии ҷаннатро, ба мерос мебаранд ва онҳо ҳамеша дар он ҷовидонанд وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن سُلَٰلَةٍ مِّن طِينٍ ١٢Албатта, Мо инсонро аз гили бардошташуда аз тамоми замин офаридем ثُمَّ جَعَلۡنَٰهُ نُطۡفَةً فِي قَرَارٍ مَّكِينٍ ١٣Сипас ӯро ба сурати нутфае дар ҷойгоҳи устувор қарор додем, ки он раҳми занон аст ثُمَّ خَلَقۡنَا ٱلنُّطۡفَةَ عَلَقَةً فَخَلَقۡنَا ٱلۡعَلَقَةَ مُضۡغَةً فَخَلَقۡنَا ٱلۡمُضۡغَةَ عِظَٰمًا فَكَسَوۡنَا ٱلۡعِظَٰمَ لَحۡمًا ثُمَّ أَنشَأۡنَٰهُ خَلۡقًا ءَاخَرَۚ فَتَبَارَكَ ٱللَّهُ أَحۡسَنُ ٱلۡخَٰلِقِينَ ١٤Сипас аз он нутфа лахтахуне офаридем ва аз он лахтахун порагӯште ва аз он порагӯшт устухонҳо офаридем ва устухонҳоро ба гӯшт пӯшонидем; баъд аз он бори дигар ӯро ба офариниши дигаре офаридем. Пас пурбаракат ва бузургвор аст Аллоҳе, ки беҳтарини офаринандагон аст ثُمَّ إِنَّكُم بَعۡدَ ذَٰلِكَ لَمَيِّتُونَ ١٥Ва баъд аз ин офариниш ҳамаи шумо хоҳед мурд ثُمَّ إِنَّكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ تُبۡعَثُونَ ١٦Баъд аз он баъди марг дар рӯзи қиёмат барои ҳисобу ҷазо зинда мегардед وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا فَوۡقَكُمۡ سَبۡعَ طَرَآئِقَ وَمَا كُنَّا عَنِ ٱلۡخَلۡقِ غَٰفِلِينَ ١٧Ва ба ростӣ, ки бар болои саратон ҳафт осмон биёфаридем, ҳол он ки Мо аз офариниш ғофил набудаем ва фаромӯш накардаем وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءَۢ بِقَدَرٍ فَأَسۡكَنَّٰهُ فِي ٱلۡأَرۡضِۖ وَإِنَّا عَلَىٰ ذَهَابِۭ بِهِۦ لَقَٰدِرُونَ ١٨Ва аз осмон ба андозаи ниёз об фиристодем ва онро дар замин ҷой додем ва Мо бар нобуд карданаш тавоно ҳастем. (Ин оят барои ситамкорон таҳдид ва ваъда ба азоб аст) فَأَنشَأۡنَا لَكُم بِهِۦ جَنَّٰتٍ مِّن نَّخِيلٍ وَأَعۡنَٰبٍ لَّكُمۡ فِيهَا فَوَٰكِهُ كَثِيرَةٌ وَمِنۡهَا تَأۡكُلُونَ ١٩Бо он об бароятон боғҳое аз хурмову ангур падид овардем. Шуморо дар он боғҳо меваҳои бисёрест, ки аз онҳо мехӯред وَشَجَرَةً تَخۡرُجُ مِن طُورِ سَيۡنَآءَ تَنۢبُتُ بِٱلدُّهۡنِ وَصِبۡغٍ لِّلۡأٓكِلِينَ ٢٠Ва низ дарахти зайтунро биофаридем, ки дар Тӯри Сино мерӯяд. Равған медиҳад ва он равған барои хӯрандагон нонхӯришест وَإِنَّ لَكُمۡ فِي ٱلۡأَنۡعَٰمِ لَعِبۡرَةًۖ نُّسۡقِيكُم مِّمَّا فِي بُطُونِهَا وَلَكُمۡ فِيهَا مَنَٰفِعُ كَثِيرَةٌ وَمِنۡهَا تَأۡكُلُونَ ٢١Ва ба ростӣ, барои шумо дар чорпоён (ба мисли шутур, гов ва гӯсфанд) ибратест. Аз шире, ки дар шикамашон ҳаст, ба шумо менӯшонем ва аз онҳо фоидаҳои бисёр мебаред (ба мисли пӯст ва мӯйи онҳо) ва аз гӯшту чарбуи онҳо мехӯред وَعَلَيۡهَا وَعَلَى ٱلۡفُلۡكِ تُحۡمَلُونَ ٢٢Ва бар онҳо ва бар киштиҳо савор мешавед وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦ فَقَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓۚ أَفَلَا تَتَّقُونَ ٢٣Ба таҳқиқ, Нӯҳро барои даъвати тавҳид ба сӯи қавмаш фиристодем. Гуфт (барояшон): «Эй қавми ман, Аллоҳи якторо бипарастед. Шумо ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуди ҳақиқӣ надоред. Оё аз азоби Ӯ наметарсед?» فَقَالَ ٱلۡمَلَؤُاْ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن قَوۡمِهِۦ مَا هَٰذَآ إِلَّا بَشَرٌ مِّثۡلُكُمۡ يُرِيدُ أَن يَتَفَضَّلَ عَلَيۡكُمۡ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَأَنزَلَ مَلَٰٓئِكَةً مَّا سَمِعۡنَا بِهَٰذَا فِيٓ ءَابَآئِنَا ٱلۡأَوَّلِينَ ٢٤Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Ин мард инсонест монанди шумо, мехоҳад бар шумо бартарӣ ҷӯяд. Агар Аллоҳ мехост, ҳатман фариштагонеро мефиристод. Мо ҳаргиз чунин чизро аз падарони пешини худ нашунидаем إِنۡ هُوَ إِلَّا رَجُلُۢ بِهِۦ جِنَّةٌ فَتَرَبَّصُواْ بِهِۦ حَتَّىٰ حِينٍ ٢٥Ӯ марди девонае беш нест. Пас муддате дар бораи ӯ сабр кунед» قَالَ رَبِّ ٱنصُرۡنِي بِمَا كَذَّبُونِ ٢٦(Нӯҳ) гуфт: «Эй Парвардигори ман, акнун, ки маро дурӯғгӯ мешуморанд, ёриам кун» فَأَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡهِ أَنِ ٱصۡنَعِ ٱلۡفُلۡكَ بِأَعۡيُنِنَا وَوَحۡيِنَا فَإِذَا جَآءَ أَمۡرُنَا وَفَارَ ٱلتَّنُّورُ فَٱسۡلُكۡ فِيهَا مِن كُلٍّ زَوۡجَيۡنِ ٱثۡنَيۡنِ وَأَهۡلَكَ إِلَّا مَن سَبَقَ عَلَيۡهِ ٱلۡقَوۡلُ مِنۡهُمۡۖ وَلَا تُخَٰطِبۡنِي فِي ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ إِنَّهُم مُّغۡرَقُونَ ٢٧Ба ӯ ваҳй кардем, ки киштиро зери назари Мо ва ба илҳоми Мо бисоз. Ва чун фармони Мо даррасид ва об аз танӯр берун зад, (яъне, замин пур аз об шуд), аз ҳар ҷинсе ҷуфте нару модаро ва низ касони худро ба он бибар. Магар аз онҳо касеро, ки аз пеш гуфтаи Ҳақ ваъдаи ҳалок бар ӯ муқаррар шудааст. Ва дар бораи ситамкорон бо Ман сухан магӯй, ки онҳо ҳама ғарқшудагонанд فَإِذَا ٱسۡتَوَيۡتَ أَنتَ وَمَن مَّعَكَ عَلَى ٱلۡفُلۡكِ فَقُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي نَجَّىٰنَا مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّٰلِمِينَ ٢٨Чун худ ва ҳамроҳонат ба киштӣ нишастед ва аз ғарқ шудан эмин мондед, бигӯ: «Сипос Аллоҳро, ки моро аз қавми кофирон наҷот дод» وَقُل رَّبِّ أَنزِلۡنِي مُنزَلًا مُّبَارَكًا وَأَنتَ خَيۡرُ ٱلۡمُنزِلِينَ ٢٩Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, маро фуруд овар дар ҷойгоҳе муборак, ки Ту беҳтарин фурудоварандагонӣ» إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٍ وَإِن كُنَّا لَمُبۡتَلِينَ ٣٠Дар ин достон ибратҳову пандҳост ва далолат бар ин мекунад, ки танҳо маъбуди ҳақиқӣ Аллоҳ аст ва ҳамоно Мо танҳо озмоишкунанда будем ثُمَّ أَنشَأۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِمۡ قَرۡنًا ءَاخَرِينَ ٣١Сипас баъд аз онҳо мардуми дигареро ба вуҷуд овардем فَأَرۡسَلۡنَا فِيهِمۡ رَسُولًا مِّنۡهُمۡ أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓۚ أَفَلَا تَتَّقُونَ ٣٢Пас аз худашон паёмбаре ба миёнашон фиристодем, ки Аллоҳи якторо бипарастед, зеро ҷуз Ӯ маъбуди ба ҳаққе надоред. Оё аз азоби Ӯ наметарсед вақте ки ғайри Ӯро мепарастед وَقَالَ ٱلۡمَلَأُ مِن قَوۡمِهِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِلِقَآءِ ٱلۡأٓخِرَةِ وَأَتۡرَفۡنَٰهُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا مَا هَٰذَآ إِلَّا بَشَرٌ مِّثۡلُكُمۡ يَأۡكُلُ مِمَّا تَأۡكُلُونَ مِنۡهُ وَيَشۡرَبُ مِمَّا تَشۡرَبُونَ ٣٣Гурӯҳе аз бузургони қавмаш, ки кофир буданд ва дидори охиратро дурӯғ мешумурданд ва онҳоро дар зиндагонии дунё нозу неъмат дода будем, гуфтанд: «Ин марде, ки шуморо ба яктопарастӣ даъват менамояд, инсонест монанди шумо, аз он чизҳое ки мехӯред, мехӯрад ва аз он чизҳое, ки меошомед, меошомад وَلَئِنۡ أَطَعۡتُم بَشَرًا مِّثۡلَكُمۡ إِنَّكُمۡ إِذًا لَّخَٰسِرُونَ ٣٤Ва агар ба инсоне ҳаммонанди худ итоъат кунед ва маъбудони худро тарк намоед, ба дурустӣ, ки он гоҳ шумо зиёнкор бошед أَيَعِدُكُمۡ أَنَّكُمۡ إِذَا مِتُّمۡ وَكُنتُمۡ تُرَابًا وَعِظَٰمًا أَنَّكُم مُّخۡرَجُونَ ٣٥Оё ӯ ба шумо ваъда медиҳад, ки ҳамоно шумо чун мурдед ва хоку устухонҳои пӯсида шудед, шумо бори дигар аз гӯр берун оварда мешавед ۞ هَيۡهَاتَ هَيۡهَاتَ لِمَا تُوعَدُونَ ٣٦Ин ваъдае, ки ба шумо дода шуда, дур аст, дур إِنۡ هِيَ إِلَّا حَيَاتُنَا ٱلدُّنۡيَا نَمُوتُ وَنَحۡيَا وَمَا نَحۡنُ بِمَبۡعُوثِينَ ٣٧Ҷуз ҳамин зиндагонии дунявии мо чизе нест, ба дунё меоему мемирем ва ҳаргиз дигарбор зинда нахоҳем шуд إِنۡ هُوَ إِلَّا رَجُلٌ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا وَمَا نَحۡنُ لَهُۥ بِمُؤۡمِنِينَ ٣٨Ӯ ба ҷуз марде, ки бар Аллоҳ дурӯғ бастааст, (каси дигар) нест ва мо ба гуфтаҳои ӯ имон намеоварем» قَالَ رَبِّ ٱنصُرۡنِي بِمَا كَذَّبُونِ ٣٩(Паёмбарашон) гуфт : «Эй Парвардигори ман, акнун ки маро дурӯғгӯ мебароранд, ёриам кун!» قَالَ عَمَّا قَلِيلٍ لَّيُصۡبِحُنَّ نَٰدِمِينَ ٤٠(Аллоҳ дар ҷавоб) гуфт: «Пас аз андак замоне инҳо такзибкунандагон пушаймон мешаванд» فَأَخَذَتۡهُمُ ٱلصَّيۡحَةُ بِٱلۡحَقِّ فَجَعَلۡنَٰهُمۡ غُثَآءًۚ فَبُعۡدًا لِّلۡقَوۡمِ ٱلظَّٰلِمِينَ ٤١Пас наистода буданд, ки мувофиқи ваъдаи ба ҳақ бонги сахте омад ва ононро фурӯ гирифт. Ва ононро монанди хошоке бар селоб қарор додем. Пас қавми ситамкор, аз раҳмати Аллоҳ дуру нобуд бод ثُمَّ أَنشَأۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِمۡ قُرُونًا ءَاخَرِينَ ٤٢Сипас қавмҳои дигареро баъд аз онҳо падид овардем, (мисли Лут, Шуъайб, Аюб ва Юнус алайҳимуссалом) مَا تَسۡبِقُ مِنۡ أُمَّةٍ أَجَلَهَا وَمَا يَسۡتَـٔۡخِرُونَ ٤٣Ҳеҷ уммате аз аҷали худ на пеш меафтад ва на дертар мекунад ثُمَّ أَرۡسَلۡنَا رُسُلَنَا تَتۡرَاۖ كُلَّ مَا جَآءَ أُمَّةً رَّسُولُهَا كَذَّبُوهُۖ فَأَتۡبَعۡنَا بَعۡضَهُم بَعۡضًا وَجَعَلۡنَٰهُمۡ أَحَادِيثَۚ فَبُعۡدًا لِّقَوۡمٍ لَّا يُؤۡمِنُونَ ٤٤Сипас пай дар пай паёмбарони худро фиристодем. Ҳар бор, ки паёмбаре ба умматаш омад, дурӯғгӯяш бароварданд ва Мо низ онҳоро аз паси якдигар ба ҳалокат расонидем ва ахбори ононро мояи ибрати дигарон намудем. Насиби мардуме, ки имон намеоваранд ва паёмбаронро итоъат намекунанд дурӣ аз раҳмати Аллоҳ бод ثُمَّ أَرۡسَلۡنَا مُوسَىٰ وَأَخَاهُ هَٰرُونَ بِـَٔايَٰتِنَا وَسُلۡطَٰنٍ مُّبِينٍ ٤٥Сипас Мӯсо ва бародараш Ҳорунро бо оёти Худ ва далелҳои равшан фиристодем إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَمَلَإِيْهِۦ فَٱسۡتَكۡبَرُواْ وَكَانُواْ قَوۡمًا عَالِينَ ٤٦ба сӯи Фиръавн ҳокими Миср ва бузургони қавмаш ба монанди Ҳомон. Пас аз имон овардан ба Мӯсо ва бародараш Ҳорун гарданкашӣ карданд, зеро онҳо мардуми худписанди бартариҷӯй буданд فَقَالُوٓاْ أَنُؤۡمِنُ لِبَشَرَيۡنِ مِثۡلِنَا وَقَوۡمُهُمَا لَنَا عَٰبِدُونَ ٤٧Ва гуфтанд: «Оё ба ду инсон, ки монанди мо ҳастанд ва қавмашон, ки мутеъ ва фармонбардори мо буданд, имон биёварем?» فَكَذَّبُوهُمَا فَكَانُواْ مِنَ ٱلۡمُهۡلَكِينَ ٤٨Пас, Мӯсо ва Ҳорунро дурӯғгӯ бароварданд ва худро дар баҳр ба ҳалокат афканданд وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ لَعَلَّهُمۡ يَهۡتَدُونَ ٤٩Албатта, Мо ба Мӯсо китоби Таврот додем, бошад, ки Банӣ Исроил ҳидоят шаванд وَجَعَلۡنَا ٱبۡنَ مَرۡيَمَ وَأُمَّهُۥٓ ءَايَةً وَءَاوَيۡنَٰهُمَآ إِلَىٰ رَبۡوَةٍ ذَاتِ قَرَارٍ وَمَعِينٍ ٥٠Ва писари Марям ва модарашро ояте сохтем ва он дуро бар ҷое баланди устувор ва бархӯрдор аз оби равон, ҷой додем يَٰٓأَيُّهَا ٱلرُّسُلُ كُلُواْ مِنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَٱعۡمَلُواْ صَٰلِحًاۖ إِنِّي بِمَا تَعۡمَلُونَ عَلِيمٌ ٥١Эй паёмбарон, аз чизҳои покизаву ҳалол бихӯред ва корҳои шоиста кунед, ки бе гумон Ман ба корҳое, ки мекунед, огоҳам! Ва аз аъмоли шумо чизе бар Ман пинҳон намемонад وَإِنَّ هَٰذِهِۦٓ أُمَّتُكُمۡ أُمَّةً وَٰحِدَةً وَأَنَا۠ رَبُّكُمۡ فَٱتَّقُونِ ٥٢Эй Паёмбарон албатта, ин дини шумо динест, ягона ва Ман Парвардигори шумоям, аз Ман битарсед, бо иҷро намудани амрҳои Ман ва дурӣ ҷустан аз бимкардаҳои Ман فَتَقَطَّعُوٓاْ أَمۡرَهُم بَيۡنَهُمۡ زُبُرًاۖ كُلُّ حِزۡبِۭ بِمَا لَدَيۡهِمۡ فَرِحُونَ ٥٣Пас, дини худро фирқа- фирқа карданд ва ҳар фирқае ба равише, ки интихоб карда буданд ва онҳо ба дониш ва дине, ки доштанд, дилхуш буданд ва гумон мебурданд, ки онҳо бар ҳақанд ва дигарон бар гумроҳианд فَذَرۡهُمۡ فِي غَمۡرَتِهِمۡ حَتَّىٰ حِينٍ ٥٤Пас, ононро бигузор, то муддати замоне дар ҷаҳолат ва гумроҳияшон бимонанд أَيَحۡسَبُونَ أَنَّمَا نُمِدُّهُم بِهِۦ مِن مَّالٍ وَبَنِينَ ٥٥Оё инҳо кофирон мепиндоранд, ки он молу фарзанд, ки ба онҳо додаем نُسَارِعُ لَهُمۡ فِي ٱلۡخَيۡرَٰتِۚ بَل لَّا يَشۡعُرُونَ ٥٦ба хотири он аст, ки барояшон дар некиҳо саъй мекунем? На, чунин нест, балки онон дарнамеёбанд, ки Мо онҳоро мӯҳлат медиҳем إِنَّ ٱلَّذِينَ هُم مِّنۡ خَشۡيَةِ رَبِّهِم مُّشۡفِقُونَ ٥٧Бегумон онҳое, ки аз хавфи Парвардигорашон бимноканд وَٱلَّذِينَ هُم بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمۡ يُؤۡمِنُونَ ٥٨ва онҳое, ки ба оёти каломи Парвардигорашон имон меоваранд ва ба он амал мекунанд وَٱلَّذِينَ هُم بِرَبِّهِمۡ لَا يُشۡرِكُونَ ٥٩ва онҳое, ки (Аллоҳро якка ва ягона ибодат мекунанд) ва ба Парвардигорашон ширк намеоваранд وَٱلَّذِينَ يُؤۡتُونَ مَآ ءَاتَواْ وَّقُلُوبُهُمۡ وَجِلَةٌ أَنَّهُمۡ إِلَىٰ رَبِّهِمۡ رَٰجِعُونَ ٦٠ва онҳое, ки дар роҳи Аллоҳ он чиро бояд бидиҳанд, медиҳанд ва боз ҳам (ба ин ҳол) дилҳояшон тарсону ҳаросон аст, ки бояд назди Парвардигорашон бозгарданд أُوْلَٰٓئِكَ يُسَٰرِعُونَ فِي ٱلۡخَيۡرَٰتِ وَهُمۡ لَهَا سَٰبِقُونَ ٦١Оре, инҳо ҳастанд, ки ба корҳои нек мешитобанд ва дар он бар якдигар пешӣ меҷӯянд وَلَا نُكَلِّفُ نَفۡسًا إِلَّا وُسۡعَهَاۚ وَلَدَيۡنَا كِتَٰبٌ يَنطِقُ بِٱلۡحَقِّ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ ٦٢Бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш мукаллаф (вазифадор) намекунем. Ва назди Мо китобест, ки барҳақ сухан мегӯяд. Ва бар онҳо ҳеҷ зулму ситаме намешавад بَلۡ قُلُوبُهُمۡ فِي غَمۡرَةٍ مِّنۡ هَٰذَا وَلَهُمۡ أَعۡمَٰلٌ مِّن دُونِ ذَٰلِكَ هُمۡ لَهَا عَٰمِلُونَ ٦٣Балки, дилҳояшон аз ин сухани ҳақ (Қуръон) дар пардаи ғафлат аст. Ва онҳо ғайр аз ин амали ширкашон корҳои зишти дигаре доранд, ки онро дар оянда анҷом медиҳанд. Пас, ба ин сабаб худро дучори ғазаб ва азоби Парвардигорашон мекунанд حَتَّىٰٓ إِذَآ أَخَذۡنَا مُتۡرَفِيهِم بِٱلۡعَذَابِ إِذَا هُمۡ يَجۡـَٔرُونَ ٦٤То он гоҳ ки сарватмандонашонро ба азоб гирифтор кунем, ногаҳон доду фарёд зананд لَا تَجۡـَٔرُواْ ٱلۡيَوۡمَۖ إِنَّكُم مِّنَّا لَا تُنصَرُونَ ٦٥Ба онҳо гӯем: Имрӯз доду фарёд сар надиҳед, ки шумо наметавонед, ки худро ёрӣ диҳед ва аз сӯи Мо ёрӣ ва кӯмак намешавед قَدۡ كَانَتۡ ءَايَٰتِي تُتۡلَىٰ عَلَيۡكُمۡ فَكُنتُمۡ عَلَىٰٓ أَعۡقَٰبِكُمۡ تَنكِصُونَ ٦٦Зеро оёти Ман бароятон хонда мешуд, то ин ки ба он имон оваред, вале шумо намепазируфтед ва ба ақиб бармегаштед مُسۡتَكۡبِرِينَ بِهِۦ سَٰمِرًا تَهۡجُرُونَ ٦٧Дар ҳоле ки дар баробари Байтулҳаром (Каъба) такаббур мекардед ва мегуфтед, ки ҳеҷ кас наметавонад бар мо ғолиб шавад, зеро мо аҳли ҳарам ва ходимони он ҳастем ва ҳангоми шаб ба афсонагӯй машғул шуда, онро тарк мекардед أَفَلَمۡ يَدَّبَّرُواْ ٱلۡقَوۡلَ أَمۡ جَآءَهُم مَّا لَمۡ يَأۡتِ ءَابَآءَهُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ ٦٨Оё дар ин сухан намеандешанд, ё ба онҳо он чи омадааст, ки ба падарони нахустинашон наомадааст أَمۡ لَمۡ يَعۡرِفُواْ رَسُولَهُمۡ فَهُمۡ لَهُۥ مُنكِرُونَ ٦٩Ё он ки паёмбарашон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро нашинохтаанд, ки инкораш мекунанд أَمۡ يَقُولُونَ بِهِۦ جِنَّةُۢۚ بَلۡ جَآءَهُم بِٱلۡحَقِّ وَأَكۡثَرُهُمۡ لِلۡحَقِّ كَٰرِهُونَ ٧٠Ё мегӯянд, ки девона аст? На, чунин нест, балки паёмбарашон Қуръон, тавҳид ва дини ҳақро барояшон овардааст, вале бештарашон аз рӯи ҳасад ба ҳақ бадбинӣ доранд وَلَوِ ٱتَّبَعَ ٱلۡحَقُّ أَهۡوَآءَهُمۡ لَفَسَدَتِ ٱلسَّمَٰوَٰتُ وَٱلۡأَرۡضُ وَمَن فِيهِنَّۚ بَلۡ أَتَيۡنَٰهُم بِذِكۡرِهِمۡ فَهُمۡ عَن ذِكۡرِهِم مُّعۡرِضُونَ ٧١Агар ҳақ ва ҳақиқат аз пайи ҳавасҳояшон мерафт, осмонҳову замин ва ҳар кӣ дар онҳост, ҳалок мешуд. Вале Мо Қуръонро пандашон фиристодем, ки дар он иззат ва шарафи онҳост ва онҳо бошанд, аз пандашон рӯй гардониданд أَمۡ تَسۡـَٔلُهُمۡ خَرۡجًا فَخَرَاجُ رَبِّكَ خَيۡرٌۖ وَهُوَ خَيۡرُ ٱلرَّٰزِقِينَ ٧٢Ё ту эй Муҳаммад, бар даъвати худ аз онҳо музде металабӣ? Пас, музди Парвардигорат беҳтар аст, ки Ӯ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст وَإِنَّكَ لَتَدۡعُوهُمۡ إِلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسۡتَقِيمٍ ٧٣Албатта, ту эй Расул, қавми худ ва дигаронро ба роҳи росташон мехонӣ, ки вай дини Ислом аст وَإِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ عَنِ ٱلصِّرَٰطِ لَنَٰكِبُونَ ٧٤Ва касоне, ки ба рӯзи баъс ва ҳисоб имон надоранд ва барои он рӯз амал намекунанд, аз роҳи рост каҷраванд ۞ وَلَوۡ رَحِمۡنَٰهُمۡ وَكَشَفۡنَا مَا بِهِم مِّن ضُرٍّ لَّلَجُّواْ فِي طُغۡيَٰنِهِمۡ يَعۡمَهُونَ ٧٥Агар бар онҳо раҳм мекардем ва ранҷу заҳматеро, ки ба он гирифтор омаданд, аз онҳо дур месохтем, боз ҳам ҳамчунон бо сарсахтӣ дар туғёни хеш саргашта мемонданд وَلَقَدۡ أَخَذۡنَٰهُم بِٱلۡعَذَابِ فَمَا ٱسۡتَكَانُواْ لِرَبِّهِمۡ وَمَا يَتَضَرَّعُونَ ٧٦Ба таҳқиқ ба азоб гирифторашон кардем, на фурӯтанӣ карданд барои Парвардигорашон ва на зорӣ حَتَّىٰٓ إِذَا فَتَحۡنَا عَلَيۡهِم بَابًا ذَا عَذَابٍ شَدِيدٍ إِذَا هُمۡ فِيهِ مُبۡلِسُونَ ٧٧То замоне, ки даре аз азоби сахт ба рӯяшон кушодем, он гоҳ онҳо дар он ба куллӣ ноумед гаштанд ва намедонанд, ки чи кор кунанд وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَنشَأَ لَكُمُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَٱلۡأَفۡـِٔدَةَۚ قَلِيلًا مَّا تَشۡكُرُونَ ٧٨Ва Ӯст, он Аллоҳе, ки бароятон шунавоӣ ва дидаҳо ва дидҳо биёфарид. Чӣ андак сипос мегузоред وَهُوَ ٱلَّذِي ذَرَأَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَإِلَيۡهِ تُحۡشَرُونَ ٧٩Ӯст, он Аллоҳе, ки шуморо дар рӯи замин падид овард ва ҳама баъд аз маргатон назди Ӯ гирд оварда мешавед ва мувофиқи амалҳоятон ҷазоятон хоҳад кард وَهُوَ ٱلَّذِي يُحۡيِۦ وَيُمِيتُ وَلَهُ ٱخۡتِلَٰفُ ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ ٨٠Ва Ӯст, он Аллоҳе, ки зинда мекунад ва мемиронад ва рафтуомади шабу рӯз аз они Ӯст. Чаро дар қудрати Ӯ оқилона намеандешед بَلۡ قَالُواْ مِثۡلَ مَا قَالَ ٱلۡأَوَّلُونَ ٨١Балки, кофирон низ ҳамон суханон гуфтанд, ки пешиниён мегуфтанд قَالُوٓاْ أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ ٨٢Гуфтанд: «Оё агар мо бимирем ва хоку устухон шавем, боз ҳам зинда мешавем?» لَقَدۡ وُعِدۡنَا نَحۡنُ وَءَابَآؤُنَا هَٰذَا مِن قَبۡلُ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّآ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ ٨٣Эй Муҳаммад, ҳамчуноне ки ту ба мо ваъда медиҳӣ ба падаронамон низ пеш аз ин чунин ваъдаҳое дода шуда буд. Инҳо чизе ҷуз афсонаҳое пешиниён нест!» قُل لِّمَنِ ٱلۡأَرۡضُ وَمَن فِيهَآ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ٨٤Бигӯ эй Муҳаммад барояшон: «Агар медонед, ин замин ва ҳар кӣ дар он аст, аз они кист?» سَيَقُولُونَ لِلَّهِۚ قُلۡ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ ٨٥Ҳатман хоҳанд гуфт: «Аз они Аллоҳ». Бигӯ: «Оё панд намегиред, ки Ӯ бори дигар бар зинда гардонидан қодир аст?» قُلۡ مَن رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ ٱلسَّبۡعِ وَرَبُّ ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡعَظِيمِ ٨٦Бигӯ: «Кист Парвардигори осмонҳои ҳафтгона ва Парвардигори Арши бузург?» سَيَقُولُونَ لِلَّهِۚ قُلۡ أَفَلَا تَتَّقُونَ ٨٧Ҳатман хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Бигӯ: «Оё наметарсед, ки ибодати ғайри Ӯро мекунед?» قُلۡ مَنۢ بِيَدِهِۦ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيۡءٍ وَهُوَ يُجِيرُ وَلَا يُجَارُ عَلَيۡهِ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ٨٨Бигӯ: «Агар медонед, подшоҳии ҳама чизҳо ба дасти кист? Кист, он ки ба ҳама кас паноҳ медиҳад ва касе дар баробари Ӯ паноҳ дода намешавад?» (Яъне, ҳеҷ кас наметавонад азоби Аллоҳро аз касе боздорад ва наметавонад касеро дар баробари Аллоҳ ёрӣ кунад) سَيَقُولُونَ لِلَّهِۚ قُلۡ فَأَنَّىٰ تُسۡحَرُونَ ٨٩Ҳатман хоҳанд гуфт: «Аллоҳ». Бигӯ: «Пас, чаро фиреб мехӯред ва аз тавҳид ва тоати Парвардигор рӯй метобед?» بَلۡ أَتَيۡنَٰهُم بِٱلۡحَقِّ وَإِنَّهُمۡ لَكَٰذِبُونَ ٩٠Балки, Мо бар мункирони рӯзи қиёмат сухани рост фиристодем ва онон дурӯғгӯ ҳастанд مَا ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ مِن وَلَدٍ وَمَا كَانَ مَعَهُۥ مِنۡ إِلَٰهٍۚ إِذًا لَّذَهَبَ كُلُّ إِلَٰهِۭ بِمَا خَلَقَ وَلَعَلَا بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٍۚ سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ ٩١Аллоҳ ҳеҷ фарзанде надорад ва ҳеҷ маъбуде ҳамроҳи Ӯ нест. Агар чунин мебуд, ба монанди рафтори подшоҳони дунё ҳар маъбуде он чиро офарида буд, мебурд ва баъзе бар баъзе якдигар бартарӣ меҷустанд. Аллоҳ аз он гуна ки Ӯро васф мекунанд, (аз шарику фарзанд), пок аст عَٰلِمِ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ فَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ٩٢Ӯ Аллоҳ донои ниҳону ошкор аст ва аз ҳар чи шарики Ӯ месозанд, бартар аст قُل رَّبِّ إِمَّا تُرِيَنِّي مَا يُوعَدُونَ ٩٣Бигӯ (эй Расул): «Эй Парвардигори ман, кош чизеро, ки ба онон ваъда дода мешавад, ба ман намоён мекардӣ رَبِّ فَلَا تَجۡعَلۡنِي فِي ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّٰلِمِينَ ٩٤Эй Парвардигори ман, пас, маро дар зумраи ситамкорон қарор мадеҳ» (Лекин аз зумраи онон бигардон, ки Ту аз онҳо розӣ ҳастӣ) وَإِنَّا عَلَىٰٓ أَن نُّرِيَكَ مَا نَعِدُهُمۡ لَقَٰدِرُونَ ٩٥Ва ҳароина, Мо агар бихоҳем, ки он чиро ба онон ваъда додаем, аз азоб метавонем, бар ту бинамоёнем ٱدۡفَعۡ بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُ ٱلسَّيِّئَةَۚ نَحۡنُ أَعۡلَمُ بِمَا يَصِفُونَ ٩٦(Эй Расул), дар муқобиди бадии душманонат бадӣ макун, балки бадиро ба равише, ки он беҳтар аст дафъ кун! Мо аз чизҳое ки мегӯянд инҳо мушрикон, огоҳтар ҳастем ва онҳоро ба бадтарин азоб ҷазо хоҳем дод وَقُل رَّبِّ أَعُوذُ بِكَ مِنۡ هَمَزَٰتِ ٱلشَّيَٰطِينِ ٩٧Бигӯ (эй Расул): «Эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои шайтон ба ту паноҳ мебарам وَأَعُوذُ بِكَ رَبِّ أَن يَحۡضُرُونِ ٩٨Ва ба Ту паноҳ мебарам, эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои шайтон агар онҳо назди ман ҳозир оянд!» حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَ أَحَدَهُمُ ٱلۡمَوۡتُ قَالَ رَبِّ ٱرۡجِعُونِ ٩٩Чун якеашонро аз кофирон марг фаро расад, мегӯяд: «Эй Парвардигори ман, маро бозгардон ба сӯи дунё لَعَلِّيٓ أَعۡمَلُ صَٰلِحًا فِيمَا تَرَكۡتُۚ كـَلَّآۚ إِنَّهَا كَلِمَةٌ هُوَ قَآئِلُهَاۖ وَمِن وَرَآئِهِم بَرۡزَخٌ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ ١٠٠Шояд корҳои шоистаеро, ки тарк карда будам, ба ҷой оварам». Ҳаргиз! Бегумон ин суханест, ки ӯ онро мегӯяд (ва ба фарази маҳол агар бозгардад, ба корҳои гузаштааш идома медиҳад) ва пушти сарашон то рӯзи қиёмат монеъаест, ки бозгаштан натавонанд فَإِذَا نُفِخَ فِي ٱلصُّورِ فَلَآ أَنسَابَ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَئِذٍ وَلَا يَتَسَآءَلُونَ ١٠١Чун рӯзи қиёмат дар сур дамида шавад ва мардум аз қабр барангехта шаванд, ҳеҷ хешовандие миёнашон намонад ва ҳеҷ аз ҳоли якдигар напурсанд فَمَن ثَقُلَتۡ مَوَٰزِينُهُۥ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ١٠٢Онон, ки тарозуи аъмоли некашон вазнин бошад, онҳо наҷотёфтагонанд وَمَنۡ خَفَّتۡ مَوَٰزِينُهُۥ فَأُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ فِي جَهَنَّمَ خَٰلِدُونَ ١٠٣Ва онон, ки тарозуи аъмоли некашон сабук бошад, ба худ зиён расонидаанд ва дар ҷаҳаннам ҷовидмондагонанд تَلۡفَحُ وُجُوهَهُمُ ٱلنَّارُ وَهُمۡ فِيهَا كَٰلِحُونَ ١٠٤Шӯълаҳои оташ чеҳраҳояшонро месӯзонад ва дар дӯзах туршрӯянд أَلَمۡ تَكُنۡ ءَايَٰتِي تُتۡلَىٰ عَلَيۡكُمۡ فَكُنتُم بِهَا تُكَذِّبُونَ ١٠٥Ба онҳо гуфта мешавад: Оё оёти Ман дар дунё бароятон хонда намешуд, то ба он имон биёваред, пас, онҳоро дурӯғ меҳисобидед قَالُواْ رَبَّنَا غَلَبَتۡ عَلَيۡنَا شِقۡوَتُنَا وَكُنَّا قَوۡمًا ضَآلِّينَ ١٠٦Рӯзи қиёмат гӯянд: «Эй Парвардигори мо, шӯрбахтиямон бар мо галаба кард ва мо мардуми гумроҳе будем رَبَّنَآ أَخۡرِجۡنَا مِنۡهَا فَإِنۡ عُدۡنَا فَإِنَّا ظَٰلِمُونَ ١٠٧Эй Парвардигори мо, моро аз ин оташ берун овар ва боз ба дунё баргардон. Агар дигар бор ба сӯи гуноҳ баргашт кардем, ҳароина, аз ситамкорон бошем» قَالَ ٱخۡسَـُٔواْ فِيهَا وَلَا تُكَلِّمُونِ ١٠٨Аллоҳ гӯяд: «Дар оташ гум шавед ва бо Ман сухан магӯед». (Пас он ҳангом дуову умедашон қатъ гардид) إِنَّهُۥ كَانَ فَرِيقٌ مِّنۡ عِبَادِي يَقُولُونَ رَبَّنَآ ءَامَنَّا فَٱغۡفِرۡ لَنَا وَٱرۡحَمۡنَا وَأَنتَ خَيۡرُ ٱلرَّٰحِمِينَ ١٠٩Оре, гурӯҳе аз бандагони Ман мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар, ки Ту беҳтарини раҳмоварандагонӣ» فَٱتَّخَذۡتُمُوهُمۡ سِخۡرِيًّا حَتَّىٰٓ أَنسَوۡكُمۡ ذِكۡرِي وَكُنتُم مِّنۡهُمۡ تَضۡحَكُونَ ١١٠Ва шумо масхараашон мекардед, то ёди Маро аз хотиратон мебароварданд. Ва шумо ҳамчунон ба онҳо механдидед إِنِّي جَزَيۡتُهُمُ ٱلۡيَوۡمَ بِمَا صَبَرُوٓاْ أَنَّهُمۡ هُمُ ٱلۡفَآئِزُونَ ١١١Имрӯз, ҳароина, онҳоро ба хотири сабре, ки мекарданд, подош (яъне ҷаннат) медиҳам. Қатъан, онҳо ба муроди худ расидаанд قَٰلَ كَمۡ لَبِثۡتُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ عَدَدَ سِنِينَ ١١٢Аллоҳ ба дӯзахиён гӯяд: «Ба шумори солҳо чӣ муддат дар замин зистаед?» قَالُواْ لَبِثۡنَا يَوۡمًا أَوۡ بَعۡضَ يَوۡمٍ فَسۡـَٔلِ ٱلۡعَآدِّينَ ١١٣Аз сахтии азоби он рӯз гӯянд: «Як рӯз ё қисмате аз як рӯз. Пас аз ҳисобгарон бипурс» قَٰلَ إِن لَّبِثۡتُمۡ إِلَّا قَلِيلًاۖ لَّوۡ أَنَّكُمۡ كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ١١٤Аллоҳ гӯяд: Дар замин ҷуз андаке намондаед, агар шумо медонистед чизе аз илмро, то он муддати андакро ба тоати Аллоҳ ва омода шудан барои рӯзи қиёмат мекардед ва ба ҷаннат мушарраф мешудед أَفَحَسِبۡتُمۡ أَنَّمَا خَلَقۡنَٰكُمۡ عَبَثًا وَأَنَّكُمۡ إِلَيۡنَا لَا تُرۡجَعُونَ ١١٥Эй мардум, оё пиндоштед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва шумо барои ҳисобу ҷазо ба назди Мо бозгардонида намешавед?» فَتَعَٰلَى ٱللَّهُ ٱلۡمَلِكُ ٱلۡحَقُّۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ رَبُّ ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡكَرِيمِ ١١٦Пас, бартар аст, Аллоҳи якто, он фармонравои ростин. Ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест! Парвардигори Арши гиромиқадр аст وَمَن يَدۡعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ لَا بُرۡهَٰنَ لَهُۥ بِهِۦ فَإِنَّمَا حِسَابُهُۥ عِندَ رَبِّهِۦٓۚ إِنَّهُۥ لَا يُفۡلِحُ ٱلۡكَٰفِرُونَ ١١٧Ва ҳар кас, бо Аллоҳи якто маъбуди дигареро мехонад, ки ба ҳақиқати он ҳеҷ бурҳоне надорад, ҳароина, ҳисобаш дар охират назди Парвардигораш хоҳад буд. Албатта, рӯзи қиёмат кофирон наҷот намеёбанд وَقُل رَّبِّ ٱغۡفِرۡ وَٱرۡحَمۡ وَأَنتَ خَيۡرُ ٱلرَّٰحِمِينَ ١١٨Ва бигӯ (эй Паёмбар): «Эй Парвардигори ман, биёмурз аз гуноҳҳо ва раҳмат кун ва Ту беҳтарини раҳматкунандагон ҳастӣ!»

الترجمة: Khoja Mirov.