بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
عَمَّ يَتَسَآءَلُونَ ١Аз чи чиз (кофирони Қурайш) ҳамдигарро мепурсанд عَنِ ٱلنَّبَإِ ٱلۡعَظِيمِ ٢Аз он хабари бузурге суол мекунанд ٱلَّذِي هُمۡ فِيهِ مُخۡتَلِفُونَ ٣ки дар он ихтилоф доранд ва он Қуръон аст, ки хабар медиҳад аз рӯзи баъс, (ки кофирони Қурайш ба он имон наёварда буданд) كـَلَّا سَيَعۡلَمُونَ ٤Оре, мушрикон ба зудӣ хоҳанд донист, (ки Аллоҳ ба сабаби бовар надоштанашон ба рӯзи қиёмат, эшонро чӣ хоҳад кард) ثُمَّ كـَلَّا سَيَعۡلَمُونَ ٥(Боз ҳам, таъкид менамояд:) Оре, ба зудӣ хоҳанд донист! (Ин таъкид барои рост ва ҳақиқат будани паёмбарии Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам далолат менамояд ва он чи ки ӯ, аз Қуръон ва аз рӯзи зинда гардонидани баъд аз миронидан овардааст.) (Дар ин оят ваъид ва таҳдиде аст барои аҳли куффор) أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ مِهَٰدًا ٦Оё Мо заминрро бистаре насохтем وَٱلۡجِبَالَ أَوۡتَادًا ٧Ва кӯҳҳоро мехҳое нанамудаем, то замин устувор истад وَخَلَقۡنَٰكُمۡ أَزۡوَٰجًا ٨Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт (марду зан) офаридем وَجَعَلۡنَا نَوۡمَكُمۡ سُبَاتًا ٩Ва хобатонро мояи оромиш қарор додем, то баданҳоятон роҳат кунад وَجَعَلۡنَا ٱلَّيۡلَ لِبَاسًا ١٠Ва шабро пӯшишатон қарор додем, ки бо торикиаш шуморо фаро мегирад, чунон ки дар бар дорандаи либосро мепӯшонад وَجَعَلۡنَا ٱلنَّهَارَ مَعَاشًا ١١Ва рӯзро вақти талоши маъош (касб) қарор додем, то барои ободии ҳаёти худ саъю кӯшиш намоед وَبَنَيۡنَا فَوۡقَكُمۡ سَبۡعًا شِدَادًا ١٢Ва бар болои саратон ҳафт осмони устувор бино кардем, ки дар он шикофӣ ва нуқсон нест وَجَعَلۡنَا سِرَاجًا وَهَّاجًا ١٣Ва хуршедро чароғи равшане офаридем وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلۡمُعۡصِرَٰتِ مَآءً ثَجَّاجًا ١٤Аз абрҳои боронафшон оби фаровоне нозил кардем لِّنُخۡرِجَ بِهِۦ حَبًّا وَنَبَاتًا ١٥то бо василаи он донаву наботот бирӯёнем барои мардумон ва ҳайвонот وَجَنَّٰتٍ أَلۡفَافًا ١٦ва ба василаи он низ бӯстонҳои дарҳампечидаро ато фармоем إِنَّ يَوۡمَ ٱلۡفَصۡلِ كَانَ مِيقَٰتًا ١٧Бегумон рӯзи доварӣ (қиёмат,) рӯзест муъайян, барои аввалину охирин يَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِ فَتَأۡتُونَ أَفۡوَاجًا ١٨Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва шумо онгоҳ гурӯҳ-гурӯҳ меоед. (Яъне, ҳамаи уммат бо ҳамроҳи пешвоёнашон меоянд) وَفُتِحَتِ ٱلسَّمَآءُ فَكَانَتۡ أَبۡوَٰبًا ١٩Осмон шикофта шавад ва ҳар сурохӣ даре бошад, то фариштагон аз он дарвозаҳо фуруд оянд وَسُيِّرَتِ ٱلۡجِبَالُ فَكَانَتۡ سَرَابًا ٢٠Ва кӯҳҳо, баъди устувор будан равон сохта шаванд ва чун саробе несту нобуд гарданд إِنَّ جَهَنَّمَ كَانَتۡ مِرۡصَادًا ٢١Бегумон ҷаҳаннам камингоҳест, дар интизори кофирон ва барои онҳо омода шудааст لِّلطَّٰغِينَ مَـَٔابًا ٢٢ва барои саркашон бозгаштгоҳест لَّٰبِثِينَ فِيهَآ أَحۡقَابًا ٢٣Замонҳои дароз дар он ҷо абадӣ бошанд لَّا يَذُوقُونَ فِيهَا بَرۡدًا وَلَا شَرَابًا ٢٤Дар он ҷо на ҳавои хунукӣ мечашанду на нӯшиданиҳои фораме менӯшанд إِلَّا حَمِيمًا وَغَسَّاقًا ٢٥фақат оби ҷушону хуну чирк нӯшанд جَزَآءً وِفَاقًا ٢٦Ин ҷазоест мувофиқи кирдорашон, ки дар ин дунё чунин амал карда буданд إِنَّهُمۡ كَانُواْ لَا يَرۡجُونَ حِسَابًا ٢٧Бегумон, ки онон ба рӯзи ҳисоб умед надоштанд ва наметарсиданд وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا كِذَّابًا ٢٨Ва оёти Моро ба куллӣ дурӯғ мешумурданд ва ба он чӣ Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) оварда буд, онро тасдиқ надоштанд وَكُلَّ شَيۡءٍ أَحۡصَيۡنَٰهُ كِتَٰبًا ٢٩Ва ҳама чизро донистаем ва дар, китобе сабт кардаем فَذُوقُواْ فَلَن نَّزِيدَكُمۡ إِلَّا عَذَابًا ٣٠Пас таъми талхии азобро бичашед, эй кофирон, ки дар ҳаққи шумо ҷуз азобе нахоҳем афзуд إِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ مَفَازًا ٣١Албатта парҳезгоронро комёбии бузургест, онон касонеанд, ки аз Парвардигори хеш метарсанд ва амали шоиста мекунанд ва ба дохил шудани ҷаннат комёб мешаванд حَدَآئِقَ وَأَعۡنَٰبًا ٣٢ва барояшон низ бӯстонҳову дарахтони ангур وَكَوَاعِبَ أَتۡرَابًا ٣٣ва духтарони навҷавоне ҳамсинну сол وَكَأۡسًا دِهَاقًا ٣٤ва ҷомҳои пур аз шароб لَّا يَسۡمَعُونَ فِيهَا لَغۡوًا وَلَا كِذَّٰبًا ٣٥Ва онҳо дар он ҷо на сухани беҳуда мешунаванд ва на дурӯғ جَزَآءً مِّن رَّبِّكَ عَطَآءً حِسَابًا ٣٦ва ин мукофотест аз сӯи Парвардигорат, подош ва бахшише аз рӯи ҳисоб رَّبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا ٱلرَّحۡمَٰنِۖ لَا يَمۡلِكُونَ مِنۡهُ خِطَابًا ٣٧Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Он Аллоҳи Раҳмон, дар дунёву охират, ки аз ҳайбати У сухан гуфта натавонанд يَوۡمَ يَقُومُ ٱلرُّوحُ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ صَفًّاۖ لَّا يَتَكَلَّمُونَ إِلَّا مَنۡ أَذِنَ لَهُ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَقَالَ صَوَابًا ٣٨рӯзе, ки Ҷабраил ва фариштагон ба саф меистанд ва касе сухан намегӯяд, магар касе ки Аллоҳи Меҳрубон ба ӯ рухсат диҳад, ва ӯ сухани дуруст гӯяд. Ва ҳеҷ касро шафоъат карда наметавонанд, магар ба иҷозати Аллоҳи Меҳрубон ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمُ ٱلۡحَقُّۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ مَـَٔابًا ٣٩Он рӯз, рӯзи ҳақ аст. Дар омадани он рӯз ҳеҷ шакке нест. Пас ҳар касе бихоҳад, наҷот ёфтанро аз азоб, роҳи бозгаште ба сӯи Парвардигори худ бигирад бо амалҳои солеҳ إِنَّآ أَنذَرۡنَٰكُمۡ عَذَابًا قَرِيبًا يَوۡمَ يَنظُرُ ٱلۡمَرۡءُ مَا قَدَّمَتۡ يَدَاهُ وَيَقُولُ ٱلۡكَافِرُ يَٰلَيۡتَنِي كُنتُ تُرَٰبَۢا ٤٠Мо шуморо аз азоби рӯзи қиёмат, ки наздикаст, бим додем: рӯзе, ки одамӣ ҳар чиро пешопеш фиристодааст, аз амали нек ё бад, мебинад ва кофир аз сахтии ҳисоб мегӯяд: Эй кош, ман хок мебудам ва боз зинда намешудам