ملة الإسلام

السورة 52 · 49 آية · Khoja Mirov

سورة الطور باللغة الطاجيكية

السورة بالعربية مع التفسير استمع إلى سورة الطور (1,228 قارئاً)
مكيةسورة الطور٤٩ آية

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

وَٱلطُّورِ ١Ва Аллоҳ таъоло савганд ёд мекунад: Савганд ба кӯҳи Тур وَكِتَٰبٍ مَّسۡطُورٍ ٢Ва савганд ба китоби навишташуда فِي رَقٍّ مَّنشُورٍ ٣дар саҳифаҳои кушодашуда навишта шудааст, ки бар ҳеҷ оқил ва бинандае пӯшида нест وَٱلۡبَيۡتِ ٱلۡمَعۡمُورِ ٤Ва савганд ба Байтулмаъмур, ки дар осмон аст ва малоикаҳои киром доим дар гирди он тавоф мекунанд وَٱلسَّقۡفِ ٱلۡمَرۡفُوعِ ٥Ва савганд ба сақфи барафрошта ва он осмони дунё аст وَٱلۡبَحۡرِ ٱلۡمَسۡجُورِ ٦Ва савганд ба дарёи пуркардашуда إِنَّ عَذَابَ رَبِّكَ لَوَٰقِعٌ ٧Бегумон (эй Паёмбар), азоби Парвардигорат, бар кофирон ҳатман воқеъ шуданист مَّا لَهُۥ مِن دَافِعٍ ٨Ва онро ҳангоми воқеъ шуданаш дафъкунандае нест يَوۡمَ تَمُورُ ٱلسَّمَآءُ مَوۡرًا ٩Рӯзе ки осмон сахт такон хӯрад ба такон хӯрдани сахт, пас низоми он вайрон ва аҷзояш пора пора шавад ва дар он вақт ҳаёти дунё ба охир расад وَتَسِيرُ ٱلۡجِبَالُ سَيۡرًا ١٠Ва дар он рӯз кӯҳҳо аз ҷои худ канда зуд равон шаванд, мисли абрҳое, ки равон мешаванд فَوَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ١١Пас вой, (ҳалокӣ бод) дар он рӯз бар дурӯғбарорандагон ٱلَّذِينَ هُمۡ فِي خَوۡضٍ يَلۡعَبُونَ ١٢касоне, ки дар беҳудагӯӣ машғуланд ва динашонро ба бозию беҳудагӣ иваз мекунанд يَوۡمَ يُدَعُّونَ إِلَىٰ نَارِ جَهَنَّمَ دَعًّا ١٣Рӯзе, ки онҳоро ба қаҳр ва сахтӣ ба ҷониби ҷаҳаннам равона кунанд هَٰذِهِ ٱلنَّارُ ٱلَّتِي كُنتُم بِهَا تُكَذِّبُونَ ١٤Ба онҳо аз рӯи сарзаниш гуфта шавад: Ин аст он оташе, ки дар дунё дурӯғаш мешумурдед أَفَسِحۡرٌ هَٰذَآ أَمۡ أَنتُمۡ لَا تُبۡصِرُونَ ١٥Оё ин чизе, ки ҳам акнун мебинед ва мушоҳида мекунед (аз азоб), ҷоду аст ё шумо намебинед ٱصۡلَوۡهَا فَٱصۡبِرُوٓاْ أَوۡ لَا تَصۡبِرُواْ سَوَآءٌ عَلَيۡكُمۡۖ إِنَّمَا تُجۡزَوۡنَ مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ١٦Ба оташ дароед. Хоҳ бар азоби он сабр кунед ё сабр накунед, баробар аст бар шумо, пас ҳаргиз аз шумо азобро сабук карда намешавад ва ҳаргиз аз он берун намеоед. Ҳароина, шумо дар баробари корҳое, ки дар дунё мекардаед, ҷазо дода мешавед إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي جَنَّٰتٍ وَنَعِيمٍ ١٧Ҳароина, парҳезгорон дар биҳиштҳо ва нозу неъмат хоҳанд буд فَٰكِهِينَ بِمَآ ءَاتَىٰهُمۡ رَبُّهُمۡ وَوَقَىٰهُمۡ رَبُّهُمۡ عَذَابَ ٱلۡجَحِيمِ ١٨Хушҳолшуда ба сабаби он ки онҳоро Парвардигорашон неъмат дод ва онҳоро аз азоби дӯзах нигоҳ дошт كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ١٩Бихӯреду бинӯшед аз таъому шаробҳо хушу гуворо ба сабаби аъмоли неке, ки дар дунё анҷом медодед مُتَّكِـِٔينَ عَلَىٰ سُرُرٍ مَّصۡفُوفَةٍۖ وَزَوَّجۡنَٰهُم بِحُورٍ عِينٍ ٢٠Бар он тахтҳои канори ҳам чида такя мезананд ва хонадор кунем онҳоро бо ҳурони зебою шаҳлочашм وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَٱتَّبَعَتۡهُمۡ ذُرِّيَّتُهُم بِإِيمَٰنٍ أَلۡحَقۡنَا بِهِمۡ ذُرِّيَّتَهُمۡ وَمَآ أَلَتۡنَٰهُم مِّنۡ عَمَلِهِم مِّن شَيۡءٍۚ كُلُّ ٱمۡرِيِٕۭ بِمَا كَسَبَ رَهِينٌ ٢١Касоне, ки худ имон оварда ва фарзандонашон дар имон пайравияшон карданд, фарзандонашонро бо онҳо дар ҷаннат бирасонем ва аз он подоши амалашон ҳеҷ кам накунем, ҳар кас дар гарави кору кирдори хештан аст ва гуноҳи касеро бар дӯши худ намегирад وَأَمۡدَدۡنَٰهُم بِفَٰكِهَةٍ وَلَحۡمٍ مِّمَّا يَشۡتَهُونَ ٢٢Ва пайи ҳам ато кунем (зиёда кунем) ба аҳли ҷаннат, аз мева ва гӯшт ҳар навъе, ки мехоҳанд يَتَنَٰزَعُونَ فِيهَا كَأۡسًا لَّا لَغۡوٌ فِيهَا وَلَا تَأۡثِيمٌ ٢٣Дар ҷаннат аз дасти якдигар пиёлаву ҷомҳои шаробро мегиранд, ки баъди нӯшидани он шароб на беҳудагӯие бошад ва на гуноҳе ۞ وَيَطُوفُ عَلَيۡهِمۡ غِلۡمَانٌ لَّهُمۡ كَأَنَّهُمۡ لُؤۡلُؤٌ مَّكۡنُونٌ ٢٤Ва барояшон навҷавононе ҳастанд, ки хушсурату покиза ва сафедрӯй гуё мисли гавҳаранд дар дохили садаф, бар гирдогирди онҳо биҳиштиён мегарданд ва ба хидмати онҳо омодаанд وَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٍ يَتَسَآءَلُونَ ٢٥Ва аҳли ҷаннат рӯ ба якдигар рӯй оварда ва аз ҳоли гузаштаи якдигар мепурсанд; ки чӣ ранҷҳое дидаанд قَالُوٓاْ إِنَّا كُنَّا قَبۡلُ فِيٓ أَهۡلِنَا مُشۡفِقِينَ ٢٦Гӯянд: «Албатта мо пеш аз ин дар дунё, дар миёни хонадони худ (аз азоби илоҳӣ) тарсон будем فَمَنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡنَا وَوَقَىٰنَا عَذَابَ ٱلسَّمُومِ ٢٧Пас, Аллоҳ бар мо миннат ниҳод, (яъне, ҳидоят ва тавфиқ дод) ва моро аз азоби самум нигаҳ дошт إِنَّا كُنَّا مِن قَبۡلُ نَدۡعُوهُۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡبَرُّ ٱلرَّحِيمُ ٢٨Ҳароина, мо пеш аз ин Ӯро ба ягонагӣ мехондем ва Ӯро парастиш мекардем ва аз Ӯ мепурсидем, моро аз азоби самум нигаҳ дорад ва ба сарои неъмат бирасонад, пас дуоямонро қабул ва ҳоҷатҳоямонро баробар кард, ки албатта, Ӯ эҳсонкунандаву меҳрубон аст!» (Ва аз ҷумлаи некӣ ва меҳрубониаш ба мо ин аст, ки аз мо хушнуд гардид ва моро вориди биҳишт гардонд ва аз нохушнудии хеш ва азоби ҷаҳаннам наҷот дод) فَذَكِّرۡ فَمَآ أَنتَ بِنِعۡمَتِ رَبِّكَ بِكَاهِنٍ وَلَا مَجۡنُونٍ ٢٩Пас, эй Расул, панд деҳ инсонҳоро ба оятҳои Қуръон, зеро ту ба фазлу марҳамати Аллоҳ коҳин (ғайбгӯву) девона нестӣ! Чунонки кофирон ин гуна нисбатҳои дурӯғро бар ту мезананд أَمۡ يَقُولُونَ شَاعِرٌ نَّتَرَبَّصُ بِهِۦ رَيۡبَ ٱلۡمَنُونِ ٣٠Ё мушрикон мегӯянд туро эй Расул: «Ӯ шоир аст, мунтазири марги ӯ ҳастем» قُلۡ تَرَبَّصُواْ فَإِنِّي مَعَكُم مِّنَ ٱلۡمُتَرَبِّصِينَ ٣١Бигӯ барояшон: Шумо мунтазири марги ман бимонед, ки ҳароина, ман низ азоби шуморо интизорӣ мекашам. Ва зуд аст, ки мебинед оқибати кор аз они кист أَمۡ تَأۡمُرُهُمۡ أَحۡلَٰمُهُم بِهَٰذَآۚ أَمۡ هُمۡ قَوۡمٌ طَاغُونَ ٣٢Оё мушриконро ақлҳояшон ба ин суханҳои мутаноқиз амр мекунад. Ё ки онҳо худ қавми таҷовузкор ҳастанд أَمۡ يَقُولُونَ تَقَوَّلَهُۥۚ بَل لَّا يُؤۡمِنُونَ ٣٣Ё, ки мушрикон мегӯянд: Қуръонро Муҳаммад аз пеши худ бофтааст! Балки, онҳо имон намеоваранд! Пас агар имон меоварданд, чунин суханҳоро намегуфтанд فَلۡيَأۡتُواْ بِحَدِيثٍ مِّثۡلِهِۦٓ إِن كَانُواْ صَٰدِقِينَ ٣٤Пас, сухане монанди Қуръон биёваранд, агар ростгӯй бошанд дар даъвоҳояшон, (ки Муҳаммад онро аз назди худ бофтааст) أَمۡ خُلِقُواْ مِنۡ غَيۡرِ شَيۡءٍ أَمۡ هُمُ ٱلۡخَٰلِقُونَ ٣٥Оё ин мушрикон бе ҳеҷ офаридагоре халқ карда шудаанд ё ки худашон офаридагоранд? Ҳарду эҳтимолот ботил ва номумкин мебошанд. Пас муъайян шуд, ки Аллоҳ таъоло худ онҳоро халқ кардааст ва Ӯ ягона сазовори ибодат аст أَمۡ خَلَقُواْ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَۚ بَل لَّا يُوقِنُونَ ٣٦Оё осмонҳову заминро халқ кардаанд? На! Балки, онҳо боварӣ ба азоби Аллоҳ надоранд, пас онҳо мушриканд أَمۡ عِندَهُمۡ خَزَآئِنُ رَبِّكَ أَمۡ هُمُ ٱلۡمُصَۜيۡطِرُونَ ٣٧Оё хазинаҳои Парвардигорат назди онҳост ҳар гуна, ки хоҳанд дар он тасарруф мекунанд, ё ки онҳо ғолибу пурқувват ҳастанд бар махлуқҳои Аллоҳ? На! ҳаргиз чунин нест, балки онҳо оҷизу нотавон ҳастанд أَمۡ لَهُمۡ سُلَّمٌ يَسۡتَمِعُونَ فِيهِۖ فَلۡيَأۡتِ مُسۡتَمِعُهُم بِسُلۡطَٰنٍ مُّبِينٍ ٣٨Оё нардбоне доранд, ки ба воситаи он ба сӯи осмон баромада асрори ваҳйро мешунаванд? Пас бояд шунавандаи онҳо бар ин даъво далелу ҳуҷҷати равшанеро биёрад, ки гӯё дар ҳақиқат хабардор аст аз амри Аллоҳ أَمۡ لَهُ ٱلۡبَنَٰتُ وَلَكُمُ ٱلۡبَنُونَ ٣٩Оё Аллоҳро духтарон асту шуморо писарон чунонки даъвои дурӯғ мекунед أَمۡ تَسۡـَٔلُهُمۡ أَجۡرًا فَهُم مِّن مَّغۡرَمٍ مُّثۡقَلُونَ ٤٠Оё ту эй Паёмбар аз мушрикон музде металабӣ барои таблиғи рисолат, пас онҳо аз додани он музд машаққат мекашанд أَمۡ عِندَهُمُ ٱلۡغَيۡبُ فَهُمۡ يَكۡتُبُونَ ٤١Ё илми ғайб пеши онҳост, пас онҳо ҳар чи бихоҳанд менависанд онро барои одамон ва хабардорашон мекунанд? Не, инчунин нест, пас ба дурустӣ намедонад ҳеҷ кас илми ғайбро дар замину осмонҳо, магар Аллоҳ أَمۡ يُرِيدُونَ كَيۡدًاۖ فَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ هُمُ ٱلۡمَكِيدُونَ ٤٢Ё мехоҳанд ба Расулаллоҳ ва мӯъминон ҳиллае кунанд? Пас онҳое, ки кофиранд, бармегардад ҳиллаашон ба худашон أَمۡ لَهُمۡ إِلَٰهٌ غَيۡرُ ٱللَّهِۚ سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ٤٣Ё онҳоро маъбудест, ки сазовори ибодат аст ғайр аз Аллоҳи барҳақ? Пок аст Аллоҳ аз ҳар чӣ шарикаш месозанд, пас нест Ӯро шарик дар подшоҳии Ӯ ва на дар ягонагии Ӯ ва на дар ибодати Ӯ وَإِن يَرَوۡاْ كِسۡفًا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ سَاقِطًا يَقُولُواْ سَحَابٌ مَّرۡكُومٌ ٤٤Ва агар мушрикон, порае аз абрро аз осмон, барои азобашон афтода бубинанд, боз ҳам аз куфри худ боз намеистанд, балки мегӯянд: Ин абрест бар рӯи ҳам нишастааст ва аз нишонаҳое, ки мебинанд, ибрат намегиранд فَذَرۡهُمۡ حَتَّىٰ يُلَٰقُواْ يَوۡمَهُمُ ٱلَّذِي فِيهِ يُصۡعَقُونَ ٤٥Пас, эй Паёмбар мушриконро ба ҳоли худ вогузор, то ба он рӯзе бирасанд, ки дар он рӯз аз сахтии он беҳуш мешаванд ва он рӯз қиёмат аст يَوۡمَ لَا يُغۡنِي عَنۡهُمۡ كَيۡدُهُمۡ شَيۡـًٔا وَلَا هُمۡ يُنصَرُونَ ٤٦Рӯзе, ки найрангашон чизе аз азоби Аллоҳро аз онон дур намекунад ва ба онҳо мададу ёрӣ дода намешавад وَإِنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُواْ عَذَابًا دُونَ ذَٰلِكَ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ٤٧Ва ҳароина, барои касоне, ки ситам мекунанд, азобест дар дунё пеш аз омадани азоби қиёмат, вале бештаринашон намедонанд وَٱصۡبِرۡ لِحُكۡمِ رَبِّكَ فَإِنَّكَ بِأَعۡيُنِنَاۖ وَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ حِينَ تَقُومُ ٤٨Ва эй Паёмбар дар баробари озору азияти кофирон ба фармони Парвардигорат сабр кун. Ҳароина, ту зери назари Мо ҳастӣ. Яъне, ҳамеша дар ҳифзи Мо мебошӣ. Ва чун аз хоб бармехезӣ, бо ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй وَمِنَ ٱلَّيۡلِ فَسَبِّحۡهُ وَإِدۡبَٰرَ ٱلنُّجُومِ ٤٩Ва дар қисме аз шаб Ӯро ба покӣ ёд кун ва низ баъди ғоиб шудани ситорагон дар вақти саҳар ба покӣ ёд кун

الترجمة: Khoja Mirov.