بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
عَبَسَ وَتَوَلَّىٰٓ ١Рӯйро турш кард ва сар баргардонид أَن جَآءَهُ ٱلۡأَعۡمَىٰ ٢чун он нобино ба наздаш омад وَمَا يُدۡرِيكَ لَعَلَّهُۥ يَزَّكَّىٰٓ ٣Ва ту чӣ донӣ, шояд, ки ӯ покиза шавад أَوۡ يَذَّكَّرُ فَتَنفَعَهُ ٱلذِّكۡرَىٰٓ ٤ё панд гирад ва панди ту фоидааш кунад أَمَّا مَنِ ٱسۡتَغۡنَىٰ ٥Аммо он ки ӯ тавонгар аст فَأَنتَ لَهُۥ تَصَدَّىٰ ٦ту рӯи худ ба ӯ мекунӣ وَمَا عَلَيۡكَ أَلَّا يَزَّكَّىٰ ٧ва агар ҳам пок нагардад, чизе бар зиёни ту нест وَأَمَّا مَن جَآءَكَ يَسۡعَىٰ ٨Ва аммо он, ки шитобон ба назди ту меояд وَهُوَ يَخۡشَىٰ ٩ва метарсад, (аз худо) فَأَنتَ عَنۡهُ تَلَهَّىٰ ١٠ту аз ӯ ба дигаре рӯй, меорӣ كـَلَّآ إِنَّهَا تَذۡكِرَةٌ ١١Оре, ин Қуръон пандест فَمَن شَآءَ ذَكَرَهُۥ ١٢пас ҳар кӣ хоҳад, аз он панд гирад فِي صُحُفٍ مُّكَرَّمَةٍ ١٣Дар саҳифаҳое гиромӣ مَّرۡفُوعَةٍ مُّطَهَّرَةِۭ ١٤баландқадру покиза بِأَيۡدِي سَفَرَةٍ ١٥ба дасти котибоне كِرَامِۭ بَرَرَةٍ ١٦бузургвору некӯкор قُتِلَ ٱلۡإِنسَٰنُ مَآ أَكۡفَرَهُۥ ١٧Марг бар одамӣ бод, ки чӣ носипос (ношукр) аст مِنۡ أَيِّ شَيۡءٍ خَلَقَهُۥ ١٨Ӯро аз чӣ офаридааст مِن نُّطۡفَةٍ خَلَقَهُۥ فَقَدَّرَهُۥ ١٩Аз нутфае офарид ва ба андоза муайян кард ثُمَّ ٱلسَّبِيلَ يَسَّرَهُۥ ٢٠сипас роҳашро осон сохт ثُمَّ أَمَاتَهُۥ فَأَقۡبَرَهُۥ ٢١Он гоҳ бимирондаш ва дар гӯр кард ثُمَّ إِذَا شَآءَ أَنشَرَهُۥ ٢٢Ва он гоҳ, ки хоҳад, зиндааш созад كـَلَّا لَمَّا يَقۡضِ مَآ أَمَرَهُۥ ٢٣На ки ҳанӯз он чиро ба ӯ фармон дода буд, ба ҷой наёвардааст فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ إِلَىٰ طَعَامِهِۦٓ ٢٤Пас одамӣ ба таъоми худ бингарад أَنَّا صَبَبۡنَا ٱلۡمَآءَ صَبًّا ٢٥Мо боронро фурӯ боридем, бориданӣ ثُمَّ شَقَقۡنَا ٱلۡأَرۡضَ شَقًّا ٢٦ва заминро шикофтем, шикофтанӣ فَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا حَبًّا ٢٧ва дар он донаҳо рӯёнидем وَعِنَبًا وَقَضۡبًا ٢٨ва току сабзавот وَزَيۡتُونًا وَنَخۡلًا ٢٩ва зайтуну нахл (дарахти хурмо) وَحَدَآئِقَ غُلۡبًا ٣٠ва боғҳои пурдарахт وَفَٰكِهَةً وَأَبًّا ٣١ва меваву алаф مَّتَٰعًا لَّكُمۡ وَلِأَنۡعَٰمِكُمۡ ٣٢то шумову чорпоёнатон баҳра баред فَإِذَا جَآءَتِ ٱلصَّآخَّةُ ٣٣Чун бонги қиёмат барояд يَوۡمَ يَفِرُّ ٱلۡمَرۡءُ مِنۡ أَخِيهِ ٣٤рӯзе, ки одамӣ аз бародараш мегурезад وَأُمِّهِۦ وَأَبِيهِ ٣٥ва аз модарашу падараш وَصَٰحِبَتِهِۦ وَبَنِيهِ ٣٦ва аз занашу фарзандонаш لِكُلِّ ٱمۡرِيٍٕ مِّنۡهُمۡ يَوۡمَئِذٍ شَأۡنٌ يُغۡنِيهِ ٣٧Ҳар касро дар рӯз корест, ки ба худ машғулаш дорад وُجُوهٌ يَوۡمَئِذٍ مُّسۡفِرَةٌ ٣٨Чеҳраҳое дар он рӯз дурахшонанд ضَاحِكَةٌ مُّسۡتَبۡشِرَةٌ ٣٩хандонанду шодонанд وَوُجُوهٌ يَوۡمَئِذٍ عَلَيۡهَا غَبَرَةٌ ٤٠Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуданд تَرۡهَقُهَا قَتَرَةٌ ٤١дар сиёҳӣ фурӯ рафтаанд أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡكَفَرَةُ ٱلۡفَجَرَةُ ٤٢Инҳо кофирону фоҷиронанд (бадкорон)