Millat al-Islam

Chapter 79 · 46 verses · Abdolmohammad Ayati

Surah An-Naziat in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah An-Naziat (1339 reciters)

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

وَٱلنَّٰزِعَٰتِ غَرۡقًا ١Савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳоро (ҷонҳои кофиронро) ба сахтӣ мегиранд وَٱلنَّٰشِطَٰتِ نَشۡطًا ٢ва савганд ба фариштагоне, ки чонҳоро (ҷонҳои муъминонро) ба осонӣ мегиранд وَٱلسَّٰبِحَٰتِ سَبۡحًا ٣ва савганд ба фариштагоне, ки шиноваранд فَٱلسَّٰبِقَٰتِ سَبۡقًا ٤ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар пешӣ мегиранд (дар боло бурдани ҷонҳои мӯъминон) فَٱلۡمُدَبِّرَٰتِ أَمۡرًا ٥ва савганд ба онҳо, ки тадбири корҳо мекунанд يَوۡمَ تَرۡجُفُ ٱلرَّاجِفَةُ ٦ки он рӯз, ки нахустин нафхаи қиёмат (дамидани дар сур) заминро биларзонад تَتۡبَعُهَا ٱلرَّادِفَةُ ٧ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд قُلُوبٌ يَوۡمَئِذٍ وَاجِفَةٌ ٨дар он рӯз дилҳое дар ҳарос бошанд أَبۡصَٰرُهَا خَٰشِعَةٌ ٩ва нишони хушӯъ (хорӣ) дар дидагон намоён يَقُولُونَ أَءِنَّا لَمَرۡدُودُونَ فِي ٱلۡحَافِرَةِ ١٠Мегӯянд: «Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем أَءِذَا كُنَّا عِظَٰمًا نَّخِرَةً ١١он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем?» قَالُواْ تِلۡكَ إِذًا كَرَّةٌ خَاسِرَةٌ ١٢Гӯянд: «Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар فَإِنَّمَا هِيَ زَجۡرَةٌ وَٰحِدَةٌ ١٣Фақат ин аст, ки танҳо як бонг бармеояд فَإِذَا هُم بِٱلسَّاهِرَةِ ١٤ва онҳо худро дар он саҳро хоҳанд ёфт هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ مُوسَىٰٓ ١٥Оё достони Мӯсо ба ту расидааст إِذۡ نَادَىٰهُ رَبُّهُۥ بِٱلۡوَادِ ٱلۡمُقَدَّسِ طُوًى ١٦Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво нидо дод ٱذۡهَبۡ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ إِنَّهُۥ طَغَىٰ ١٧«Ба сӯи Фиръавн бирав, ки аз ҳад гузаштааст فَقُلۡ هَل لَّكَ إِلَىٰٓ أَن تَزَكَّىٰ ١٨Бигӯ: «Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ وَأَهۡدِيَكَ إِلَىٰ رَبِّكَ فَتَخۡشَىٰ ١٩ва ман туро ба Парвардигорат роҳ бинамоям ва ту битарсӣ (аз Ӯ)?» فَأَرَىٰهُ ٱلۡأٓيَةَ ٱلۡكُبۡرَىٰ ٢٠Пас он ояти бузургро ба ӯ нишон дод فَكَذَّبَ وَعَصَىٰ ٢١Ва ӯ дурӯғ бароварду нофармонӣ кард ثُمَّ أَدۡبَرَ يَسۡعَىٰ ٢٢Сипас пушт гардонду мешитофт فَحَشَرَ فَنَادَىٰ ٢٣Пас ҳамаро ҷамъ кард ва нидо дод فَقَالَ أَنَا۠ رَبُّكُمُ ٱلۡأَعۡلَىٰ ٢٤ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам!» فَأَخَذَهُ ٱللَّهُ نَكَالَ ٱلۡأٓخِرَةِ وَٱلۡأُولَىٰٓ ٢٥Худояш ба аозби охирату дунё гирифтор кард إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَعِبۡرَةً لِّمَن يَخۡشَىٰٓ ٢٦Дар ин ибратест барои, касе, ки метарсад ءَأَنتُمۡ أَشَدُّ خَلۡقًا أَمِ ٱلسَّمَآءُۚ بَنَىٰهَا ٢٧Оё шумо ба офариниш сахттаред, ё ин осмоне, ки Ӯ бино кардааст رَفَعَ سَمۡكَهَا فَسَوَّىٰهَا ٢٨Сақфашро барафрошт ва дуруст кард وَأَغۡطَشَ لَيۡلَهَا وَأَخۡرَجَ ضُحَىٰهَا ٢٩шабашро торик кард ва рӯшноияшро ошкор сохт وَٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ ذَٰلِكَ دَحَىٰهَآ ٣٠ва пас аз он заминро бигустурд (паҳн кард) أَخۡرَجَ مِنۡهَا مَآءَهَا وَمَرۡعَىٰهَا ٣١ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид овард وَٱلۡجِبَالَ أَرۡسَىٰهَا ٣٢ва кӯҳҳоро устувор гардонид مَتَٰعًا لَّكُمۡ وَلِأَنۡعَٰمِكُمۡ ٣٣барои баҳрагирии шумо ва чорпоёнатон فَإِذَا جَآءَتِ ٱلطَّآمَّةُ ٱلۡكُبۡرَىٰ ٣٤Чун он ҳодисаи бузург даррасад يَوۡمَ يَتَذَكَّرُ ٱلۡإِنسَٰنُ مَا سَعَىٰ ٣٥рӯзе, ки одамӣ ҳамаи амалҳои худро ба ёд оварад وَبُرِّزَتِ ٱلۡجَحِيمُ لِمَن يَرَىٰ ٣٦ва ҷаҳаннамро ба ҳар кӣ мебинад нишон диҳанд فَأَمَّا مَن طَغَىٰ ٣٧Пас ҳар кй аз ҳад гузашта бошад (дар куфру исён) وَءَاثَرَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا ٣٨ва зиндагии инҷаҳонро ихтиёр карда бошад فَإِنَّ ٱلۡجَحِيمَ هِيَ ٱلۡمَأۡوَىٰ ٣٩ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст وَأَمَّا مَنۡ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِۦ وَنَهَى ٱلنَّفۡسَ عَنِ ٱلۡهَوَىٰ ٤٠Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида ва нафсро аз ҳаво (ва ҳавас) боздошта бошад فَإِنَّ ٱلۡجَنَّةَ هِيَ ٱلۡمَأۡوَىٰ ٤١биҳишт ҷойгоҳи ӯст يَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلسَّاعَةِ أَيَّانَ مُرۡسَىٰهَا ٤٢Туро аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад فِيمَ أَنتَ مِن ذِكۡرَىٰهَآ ٤٣Аз ёд кардани (илми) он туро чӣ кор аст إِلَىٰ رَبِّكَ مُنتَهَىٰهَآ ٤٤Интиҳои илми он назди Парвардигори туст إِنَّمَآ أَنتَ مُنذِرُ مَن يَخۡشَىٰهَا ٤٥Фақат ва фақат ту касонеро, ки аз он рӯз битарсанд, бим медиҳӣ كَأَنَّهُمۡ يَوۡمَ يَرَوۡنَهَا لَمۡ يَلۡبَثُوٓاْ إِلَّا عَشِيَّةً أَوۡ ضُحَىٰهَا ٤٦Чун онро бубинанд, пиндоранд дар ин ҷаҳон фақат як шомгоҳ ё чоштгоҳ истодаанд

Translation: Abdolmohammad Ayati.