Millat al-Islam

Chapter 77 · 50 verses · Abdolmohammad Ayati

Surah Al-Mursalat in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah Al-Mursalat (1212 reciters)

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

وَٱلۡمُرۡسَلَٰتِ عُرۡفًا ١Савганд ба бодҳое, ки аз паи ҳам меоянд فَٱلۡعَٰصِفَٰتِ عَصۡفًا ٢ва савганд ба бодҳои сахти вазанда وَٱلنَّٰشِرَٰتِ نَشۡرًا ٣ва савганд ба бодҳои бороновар فَٱلۡفَٰرِقَٰتِ فَرۡقًا ٤ва савганд ба онҳо, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунанд فَٱلۡمُلۡقِيَٰتِ ذِكۡرًا ٥ва савганд ба онҳо, ки ваҳйи Худоро мефароранд عُذۡرًا أَوۡ نُذۡرًا ٦дафъ кардани узрро ё бим карданро إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَوَٰقِعٌ ٧ки он чӣ ба шумо ваъда дода шавад, воқеъ хоҳад шуд فَإِذَا ٱلنُّجُومُ طُمِسَتۡ ٨Пас он гоҳ ки ситорагон хомуш шаванд وَإِذَا ٱلسَّمَآءُ فُرِجَتۡ ٩ва он гоҳ ки осмон бишикофад وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ نُسِفَتۡ ١٠ва он гоҳ ки кӯҳҳо пора-пора гарданд وَإِذَا ٱلرُّسُلُ أُقِّتَتۡ ١١ва он гоҳ ки паёмбаронро вақте муъайян шавад لِأَيِّ يَوۡمٍ أُجِّلَتۡ ١٢Барои чӣ рӯзе муъайян шавад لِيَوۡمِ ٱلۡفَصۡلِ ١٣Барои рӯзи фасл وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِ ١٤Ва чӣ донӣ, ки рӯзи фасл чист وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ١٥Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон) أَلَمۡ نُهۡلِكِ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٦Оё аввалиёнро ҳалок накардаем ثُمَّ نُتۡبِعُهُمُ ٱلۡأٓخِرِينَ ١٧ва охириёнро низ аз паи онҳо намебарем كَذَٰلِكَ نَفۡعَلُ بِٱلۡمُجۡرِمِينَ ١٨Бо гунаҳкорон чунин рафтор мекунем وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ١٩Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон أَلَمۡ نَخۡلُقكُّم مِّن مَّآءٍ مَّهِينٍ ٢٠Оё шуморо аз обе пасту бемиқдор наёфаридаем فَجَعَلۡنَٰهُ فِي قَرَارٍ مَّكِينٍ ٢١Ва онро дар ҷойгоҳе устувор қарор надодем إِلَىٰ قَدَرٍ مَّعۡلُومٍ ٢٢то замоне муъайян فَقَدَرۡنَا فَنِعۡمَ ٱلۡقَٰدِرُونَ ٢٣Пас Мо тавоно будем ва нек тавоно будем وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ٢٤Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ كِفَاتًا ٢٥Оё заминро ҷойгоҳе насохтем أَحۡيَآءً وَأَمۡوَٰتًا ٢٦барои зиндагону мурдагон وَجَعَلۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ شَٰمِخَٰتٍ وَأَسۡقَيۡنَٰكُم مَّآءً فُرَاتًا ٢٧Дар он кӯҳҳои баланд падид овардем ва аз обе гуворо серобатон сохтем وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ٢٨Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ مَا كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ ٢٩Ба сӯи он чӣ дурӯғаш мешумурдед, ба роҳ дароед ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ ظِلٍّ ذِي ثَلَٰثِ شُعَبٍ ٣٠Ба сӯи он дуди сешуъба (се қисм) ба роҳ афтед لَّا ظَلِيلٍ وَلَا يُغۡنِي مِنَ ٱللَّهَبِ ٣١ки на аз осебатон нигаҳ дорад ва на дафъи од шӯъла кунад إِنَّهَا تَرۡمِي بِشَرَرٍ كَٱلۡقَصۡرِ ٣٢Ва ҷаҳаннам шарораҳое мепартояд ҳар як ба баландии қасре азим كَأَنَّهُۥ جِمَٰلَتٌ صُفۡرٌ ٣٣гӯӣ, ки уштуроне зард бошанд وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ٣٤Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон هَٰذَا يَوۡمُ لَا يَنطِقُونَ ٣٥Ин рӯзест, ки кас сухан нагӯяд وَلَا يُؤۡذَنُ لَهُمۡ فَيَعۡتَذِرُونَ ٣٦Онҳоро рухсат надиҳанд, то узр хоҳанд وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ٣٧Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон هَٰذَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِۖ جَمَعۡنَٰكُمۡ وَٱلۡأَوَّلِينَ ٣٨Ин рӯз рӯзи фасл аст, ки шумо ва пешиниёнатонро гирд меоварем فَإِن كَانَ لَكُمۡ كَيۡدٌ فَكِيدُونِ ٣٩Пас агар ҳилае доред, ба кор баред وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ٤٠Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي ظِلَٰلٍ وَعُيُونٍ ٤١Парҳезгорон дар сояҳову канори чашмасоронанд وَفَوَٰكِهَ مِمَّا يَشۡتَهُونَ ٤٢бо ҳар мевае, ки орзу кунанд كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٤٣Ба мукофоти корҳое, ки мекардаед, бихӯреду биёшомед, шуморо гуворо бод إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ ٤٤Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ٤٥Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон كُلُواْ وَتَمَتَّعُواْ قَلِيلًا إِنَّكُم مُّجۡرِمُونَ ٤٦Бихӯреду андак баҳрае баргиред (дар дунё), ки шумо гунаҳкоронед وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ٤٧Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱرۡكَعُواْ لَا يَرۡكَعُونَ ٤٨Ва чун гӯяндашон, ки руқӯъ кунед, руқӯъ намекунанд (намоз намехонанд) وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ٤٩Дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон فَبِأَيِّ حَدِيثِۭ بَعۡدَهُۥ يُؤۡمِنُونَ ٥٠Пас аз Қуръон ба кадом сухан имон меоваранд

Translation: Abdolmohammad Ayati.