Millat al-Islam

Chapter 78 · 40 verses · Abdolmohammad Ayati

Surah An-Naba in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah An-Naba (1413 reciters)
Meccanسورة النبأ40 verses

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

عَمَّ يَتَسَآءَلُونَ ١Аз чӣ чиз (ҳамдигарро) мепурсанд عَنِ ٱلنَّبَإِ ٱلۡعَظِيمِ ٢Аз он хабари бузург, (қиёмат) ٱلَّذِي هُمۡ فِيهِ مُخۡتَلِفُونَ ٣ки дар он ихтилоф мекунанд كـَلَّا سَيَعۡلَمُونَ ٤Оре, ба зудӣ хоҳад донист ثُمَّ كـَلَّا سَيَعۡلَمُونَ ٥Боз ҳам, оре, ба зудӣ хоҳанд донист أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ مِهَٰدًا ٦Оё Мо заминрро бистаре насохтем وَٱلۡجِبَالَ أَوۡتَادًا ٧Ва кӯҳҳоро мехҳое وَخَلَقۡنَٰكُمۡ أَزۡوَٰجًا ٨Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт офаридем وَجَعَلۡنَا نَوۡمَكُمۡ سُبَاتًا ٩Ва хобатонро оссишатон гардонидем وَجَعَلۡنَا ٱلَّيۡلَ لِبَاسًا ١٠Ва шабро пӯшишатон қарор додем وَجَعَلۡنَا ٱلنَّهَارَ مَعَاشًا ١١Ва рӯзро вақти талаби маъишат. (касб) وَبَنَيۡنَا فَوۡقَكُمۡ سَبۡعًا شِدَادًا ١٢Ва бар болои саратон ҳафт осмони устувор бино кардем وَجَعَلۡنَا سِرَاجًا وَهَّاجًا ١٣Ва чароғе равшан офаридем. (офтоб) وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلۡمُعۡصِرَٰتِ مَآءً ثَجَّاجًا ١٤Аз абрҳои боронзой обе фаровон нозил кардем لِّنُخۡرِجَ بِهِۦ حَبًّا وَنَبَاتًا ١٥то бо он донаву набот бирӯёнем وَجَنَّٰتٍ أَلۡفَافًا ١٦ва бӯстонҳои анбӯҳ (сердарахт) إِنَّ يَوۡمَ ٱلۡفَصۡلِ كَانَ مِيقَٰتًا ١٧Албатта рӯзи доварӣ рӯзест муъайян يَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِ فَتَأۡتُونَ أَفۡوَاجًا ١٨Рӯзе, ки дар сур дамида шавад, ва шумо гурӯҳгурӯҳ биёед وَفُتِحَتِ ٱلسَّمَآءُ فَكَانَتۡ أَبۡوَٰبًا ١٩Осмон шикофта шавад ва ҳар шикоф даре бошад وَسُيِّرَتِ ٱلۡجِبَالُ فَكَانَتۡ سَرَابًا ٢٠Ва куҳҳо равон шаванд ва сароб гарданд إِنَّ جَهَنَّمَ كَانَتۡ مِرۡصَادًا ٢١Ҷаҳаннам дар интизор бошад لِّلطَّٰغِينَ مَـَٔابًا ٢٢Саркашонро бозгаштангоҳест لَّٰبِثِينَ فِيهَآ أَحۡقَابًا ٢٣Замоне дароз дар он ҷо бошанд لَّا يَذُوقُونَ فِيهَا بَرۡدًا وَلَا شَرَابًا ٢٤На хунукӣ чашанду на об إِلَّا حَمِيمًا وَغَسَّاقًا ٢٥фақат оби ҷӯшону хуну чирк. (нӯшанд) جَزَآءً وِفَاقًا ٢٦Ин ҷазоест мувофиқи кирдор إِنَّهُمۡ كَانُواْ لَا يَرۡجُونَ حِسَابًا ٢٧Зеро онон ба рӯзи ҳисоб умед надоштанд وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا كِذَّابًا ٢٨Ва оёти Моро ба сахтӣ дурӯғ мебароварданд وَكُلَّ شَيۡءٍ أَحۡصَيۡنَٰهُ كِتَٰبًا ٢٩Ва Мо ҳама чизро дар, китобе шумора кардаем فَذُوقُواْ فَلَن نَّزِيدَكُمۡ إِلَّا عَذَابًا ٣٠Пас бичашед, ки фақат бар азоби шумо хоҳем афзуд إِنَّ لِلۡمُتَّقِينَ مَفَازًا ٣١Парҳезгоронро ҷоест дар амон аз ҳар осеб حَدَآئِقَ وَأَعۡنَٰبًا ٣٢бӯстонҳову токистонҳо وَكَوَاعِبَ أَتۡرَابًا ٣٣ва духтароне ҳамсол бо пистонҳои баромада وَكَأۡسًا دِهَاقًا ٣٤ва ҷомҳои пур لَّا يَسۡمَعُونَ فِيهَا لَغۡوًا وَلَا كِذَّٰبًا ٣٥На сухани беҳуда шунаванд ва на дурӯғ جَزَآءً مِّن رَّبِّكَ عَطَآءً حِسَابًا ٣٦ва ин мукофотест кофӣ аз ҷониби Парвардигорат— رَّبِّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا ٱلرَّحۡمَٰنِۖ لَا يَمۡلِكُونَ مِنۡهُ خِطَابًا ٣٧Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Он Худои раҳмон, ки касро ба Ӯ ёрои хитоб набошад يَوۡمَ يَقُومُ ٱلرُّوحُ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ صَفًّاۖ لَّا يَتَكَلَّمُونَ إِلَّا مَنۡ أَذِنَ لَهُ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَقَالَ صَوَابًا ٣٨рӯзе, ки рӯҳ ва фариштагон ба саф меистанд ва кас сухан намегӯяд, ғайри он ки Худои раҳмон ба ӯ рухсат диҳад, ва ӯ сухан ба савоб гӯяд ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمُ ٱلۡحَقُّۖ فَمَن شَآءَ ٱتَّخَذَ إِلَىٰ رَبِّهِۦ مَـَٔابًا ٣٩Он рӯз рӯзест омаданӣ. Пас ҳар кӣ хоҳад ба сӯи Парвардигораш бозгардад إِنَّآ أَنذَرۡنَٰكُمۡ عَذَابًا قَرِيبًا يَوۡمَ يَنظُرُ ٱلۡمَرۡءُ مَا قَدَّمَتۡ يَدَاهُ وَيَقُولُ ٱلۡكَافِرُ يَٰلَيۡتَنِي كُنتُ تُرَٰبَۢا ٤٠Мо шуморо аз азобе наздик метарсонем: рӯзе, ки одамӣ ҳар чиро пешопеш фиристодааст, менигарад ва кофир мегӯяд: «Эй кош, ман хок мебудам!»

Translation: Abdolmohammad Ayati.