Millat al-Islam

Chapter 26 · 227 verses · Abdolmohammad Ayati

Surah Ash-Shu'araa in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah Ash-Shu'araa (1194 reciters)
Meccanسورة الشعراء227 verses

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

طسٓمٓ ١То, син, мим تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ ٢Инҳост оёти ин китоби равшан(-у фаҳмо) لَعَلَّكَ بَٰخِعٌ نَّفۡسَكَ أَلَّا يَكُونُواْ مُؤۡمِنِينَ ٣Шояд аз ин, ки имон намеоваранд, худро ҳалок созӣ إِن نَّشَأۡ نُنَزِّلۡ عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ ءَايَةً فَظَلَّتۡ أَعۡنَٰقُهُمۡ لَهَا خَٰضِعِينَ ٤Агар бихоҳем, аз осмон барояшон мӯъҷизае нозил мекунем, ки дар баробари он ба фармонбарӣ сар фуруд оваранд وَمَا يَأۡتِيهِم مِّن ذِكۡرٍ مِّنَ ٱلرَّحۡمَٰنِ مُحۡدَثٍ إِلَّا كَانُواْ عَنۡهُ مُعۡرِضِينَ ٥Барояшон ҳар сухани тозае аз Худои раҳмон нозил шавад, албатта аз он рӯгардонӣ мекунанд فَقَدۡ كَذَّبُواْ فَسَيَأۡتِيهِمۡ أَنۢبَٰٓؤُاْ مَا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ ٦Пас дурӯғ бароварданд. Ба зуди хабари он чизҳое, ки масхарааш мекарданд, ба онҳо бирасад أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ كَمۡ أَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوۡجٍ كَرِيمٍ ٧Оё ба замин нанигаристаанд, ки чӣ қадар аз ҳар гуна гиёҳони некӯ дар он рӯёнидаем إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةًۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ٨Дар ин ибратест, вале бештарашон мӯъмин набудаанд وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ٩Ба ростӣ Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст وَإِذۡ نَادَىٰ رَبُّكَ مُوسَىٰٓ أَنِ ٱئۡتِ ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ ١٠Ва Парвардигорат Мӯсоро нидо до, д, ки: эй Мӯсо, ба сӯи он мардуми ситамгор бирав قَوۡمَ فِرۡعَوۡنَۚ أَلَا يَتَّقُونَ ١١қавми Фиръавн. Оё намехоҳанд парҳезгор шаванд قَالَ رَبِّ إِنِّيٓ أَخَافُ أَن يُكَذِّبُونِ ١٢Гуфт: «Эй Парвардигори ман, метарсам, ки дурӯғгӯям хонанд وَيَضِيقُ صَدۡرِي وَلَا يَنطَلِقُ لِسَانِي فَأَرۡسِلۡ إِلَىٰ هَٰرُونَ ١٣Ва дили ман танг гардад ва забонам кушода нашавад. Ҳорунро пайғамбарӣ деҳ وَلَهُمۡ عَلَيَّ ذَنۢبٌ فَأَخَافُ أَن يَقۡتُلُونِ ١٤Ва бар ман ба гуноҳе даъвое доранд, метарсам, ки маро бикушанд» قَالَ كـَلَّاۖ فَٱذۡهَبَا بِـَٔايَٰتِنَآۖ إِنَّا مَعَكُم مُّسۡتَمِعُونَ ١٥Гуфт: «Ҳаргиз, оёти Маро ҳар ду назди онҳо бибаред, Мо низ бо шумо ҳастем ва гӯшкунандаем فَأۡتِيَا فِرۡعَوۡنَ فَقُولَآ إِنَّا رَسُولُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٦Пас назди Фиръавн равед ва бигӯед: «Мо расули Парвардигори ҷаҳониён ҳастем أَنۡ أَرۡسِلۡ مَعَنَا بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ١٧ки банӣ-Исроилро бо мо бифиристӣ» قَالَ أَلَمۡ نُرَبِّكَ فِينَا وَلِيدًا وَلَبِثۡتَ فِينَا مِنۡ عُمُرِكَ سِنِينَ ١٨Гуфт: «Оё ба ҳангоми кӯдакӣ назди худ парваришат надодем ва ту чанд сол аз умратро дар миёни мо нагузаронидӣ وَفَعَلۡتَ فَعۡلَتَكَ ٱلَّتِي فَعَلۡتَ وَأَنتَ مِنَ ٱلۡكَٰفِرِينَ ١٩Ва он корро, ки аз ту оар зад, накардаӣ? Пас ту кофири неъматӣ» قَالَ فَعَلۡتُهَآ إِذًا وَأَنَا۠ مِنَ ٱلضَّآلِّينَ ٢٠Гуфт: «Он вақт, ки чунон кардам, аз хатокорон будам فَفَرَرۡتُ مِنكُمۡ لَمَّا خِفۡتُكُمۡ فَوَهَبَ لِي رَبِّي حُكۡمًا وَجَعَلَنِي مِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ٢١Ва чун аз шумо тарсидам, гурехтам. Вале Парвардигори мам ба ман паёмбарӣ дод ва маро дар шумори паёмбарон овард وَتِلۡكَ نِعۡمَةٌ تَمُنُّهَا عَلَيَّ أَنۡ عَبَّدتَّ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ٢٢Ва миннати ин неъматро бар ман мекунӣ, ки банӣ-Исроилро ғулом сохтаӣ?» قَالَ فِرۡعَوۡنُ وَمَا رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٢٣Фиръавн гуфт: «Парвардигори ҷаҳониён чист?» قَالَ رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُم مُّوقِنِينَ ٢٤Гуфт: «Агар ба яқин мепазиред, Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни онҳост» قَالَ لِمَنۡ حَوۡلَهُۥٓ أَلَا تَسۡتَمِعُونَ ٢٥Ба онон, ки дар атрофаш буданд, гуфт: «Оё нашунидед?» قَالَ رَبُّكُمۡ وَرَبُّ ءَابَآئِكُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ ٢٦Гуфт; «Парвардпгори шумо ва Парвардигори падарони аввалини шумо» قَالَ إِنَّ رَسُولَكُمُ ٱلَّذِيٓ أُرۡسِلَ إِلَيۡكُمۡ لَمَجۡنُونٌ ٢٧Фиръазн гуфт: «Ин паёмбаре, ки бар шумо фиристода шуда, девона аст» قَالَ رَبُّ ٱلۡمَشۡرِقِ وَٱلۡمَغۡرِبِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُمۡ تَعۡقِلُونَ ٢٨Гуфт: «Ӯст Парвардигори машрику мағриб ва ҳар чӣ миёни он дӯст, агар ақл кунед» قَالَ لَئِنِ ٱتَّخَذۡتَ إِلَٰهًا غَيۡرِي لَأَجۡعَلَنَّكَ مِنَ ٱلۡمَسۡجُونِينَ ٢٩Фиръавн гуфт: «Агар ба ҷои ман каси дигареро ба худои гири, ба зиндонат меафканам» قَالَ أَوَلَوۡ جِئۡتُكَ بِشَيۡءٍ مُّبِينٍ ٣٠Гуфт: «Ҳатто агар мӯъҷизае равшан барои ту оварда бошам?» قَالَ فَأۡتِ بِهِۦٓ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ ٣١Гуфт; Агар рост мегӯӣ, онро биёвар» فَأَلۡقَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ ثُعۡبَانٌ مُّبِينٌ ٣٢Асояшро партофт. Ба ошкоро аждаҳое шуд وَنَزَعَ يَدَهُۥ فَإِذَا هِيَ بَيۡضَآءُ لِلنَّٰظِرِينَ ٣٣Ва дасташро берун овард. Дар назари бинандагон сафед менамуд قَالَ لِلۡمَلَإِ حَوۡلَهُۥٓ إِنَّ هَٰذَا لَسَٰحِرٌ عَلِيمٌ ٣٤Ба бузургони қавмаш, ки канораш буданд, гуфт: «Ин мард ҷодугаре доност يُرِيدُ أَن يُخۡرِجَكُم مِّنۡ أَرۡضِكُم بِسِحۡرِهِۦ فَمَاذَا تَأۡمُرُونَ ٣٥Мехоҳад ба ҷодуи. худ шуморо аз сарзаминатон берун кунад. Чӣ раъй медиҳед?» قَالُوٓاْ أَرۡجِهۡ وَأَخَاهُ وَٱبۡعَثۡ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ ٣٦Гуфтанд: «Аз ӯ ва ба бародараш мӯҳлат бихоҳ ва касон ба шаҳрҳо бифирист يَأۡتُوكَ بِكُلِّ سَحَّارٍ عَلِيمٍ ٣٧то ҳар ҷодугари доноеро, ки ҳаёт, назди ту биёранд» فَجُمِعَ ٱلسَّحَرَةُ لِمِيقَٰتِ يَوۡمٍ مَّعۡلُومٍ ٣٨Ҷодугаронро дар рӯзе муъайян ба ваъдагоҳ оварданд وَقِيلَ لِلنَّاسِ هَلۡ أَنتُم مُّجۡتَمِعُونَ ٣٩Ва мардумро гуфтанд: «Оё шумо низ ҷамъ меоед لَعَلَّنَا نَتَّبِعُ ٱلسَّحَرَةَ إِن كَانُواْ هُمُ ٱلۡغَٰلِبِينَ ٤٠То агар ҷодугарон пирӯз омаданд, ҳама ба онҳо пайравӣ кунем!» فَلَمَّا جَآءَ ٱلسَّحَرَةُ قَالُواْ لِفِرۡعَوۡنَ أَئِنَّ لَنَا لَأَجۡرًا إِن كُنَّا نَحۡنُ ٱلۡغَٰلِبِينَ ٤١Чун ҷодугарон омаданд, ба Фиръавн гуфтанд: «Оё агар мо пирӯз шавем, моро музде хоҳад буд?» قَالَ نَعَمۡ وَإِنَّكُمۡ إِذًا لَّمِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ ٤٢Гуфт: «Оре, ҳама аз наздиконам хоҳед буд» قَالَ لَهُم مُّوسَىٰٓ أَلۡقُواْ مَآ أَنتُم مُّلۡقُونَ ٤٣Мӯсо ба онҳо гуфт: «Ҳар чӣ мехоҳед, партофтан, бипартоед!» فَأَلۡقَوۡاْ حِبَالَهُمۡ وَعِصِيَّهُمۡ وَقَالُواْ بِعِزَّةِ فِرۡعَوۡنَ إِنَّا لَنَحۡنُ ٱلۡغَٰلِبُونَ ٤٤Онон ресмонҳову чубҳои худ бияфканданд ва гуфтанд: «Ба иззати Фиръавн, ки мо пирӯз шудем!» فَأَلۡقَىٰ مُوسَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ تَلۡقَفُ مَا يَأۡفِكُونَ ٤٥Ва Мӯсо асояшро партофт. Ногоҳ ҳамаи он дурӯғҳоеро, ки сохта буданд, фурӯ бурд فَأُلۡقِيَ ٱلسَّحَرَةُ سَٰجِدِينَ ٤٦Ҷодугарон ба саҷда афтоданд قَالُوٓاْ ءَامَنَّا بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٤٧Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем رَبِّ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ ٤٨Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун!» قَالَ ءَامَنتُمۡ لَهُۥ قَبۡلَ أَنۡ ءَاذَنَ لَكُمۡۖ إِنَّهُۥ لَكَبِيرُكُمُ ٱلَّذِي عَلَّمَكُمُ ٱلسِّحۡرَ فَلَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَۚ لَأُقَطِّعَنَّ أَيۡدِيَكُمۡ وَأَرۡجُلَكُم مِّنۡ خِلَٰفٍ وَلَأُصَلِّبَنَّكُمۡ أَجۡمَعِينَ ٤٩Гуфт: «Оё пеш аз он, ки шуморо рухсат диҳам, имон овардед? Албатта он мард бузурги шумост, ки шуморо ҷоду омӯхтааст. Хоҳед дид. Акнун дастҳову поҳоятонро аз чапу рост хоҳам бурид ва ҳамаатонро бар дор хоҳам кард!» قَالُواْ لَا ضَيۡرَۖ إِنَّآ إِلَىٰ رَبِّنَا مُنقَلِبُونَ ٥٠Гуфтанд: «Боке нест, мо назди Парвардигорамон бозмегардем إِنَّا نَطۡمَعُ أَن يَغۡفِرَ لَنَا رَبُّنَا خَطَٰيَٰنَآ أَن كُنَّآ أَوَّلَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٥١Мо умед медорем, ки Парвардигорамон хатоҳои моро бубахшад, ки мо нахустин касоне ҳастем, ки имон овардем» ۞ وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنۡ أَسۡرِ بِعِبَادِيٓ إِنَّكُم مُّتَّبَعُونَ ٥٢Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки шабҳангом бандагони Маро берун бибар, ки аз паи шумо биёянд فَأَرۡسَلَ فِرۡعَوۡنُ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ ٥٣Ва Фиръавн ҷамъоварандагони сипоҳро ба шаҳрҳо фиристод إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ لَشِرۡذِمَةٌ قَلِيلُونَ ٥٤ки инҳо гурӯҳе андаканд وَإِنَّهُمۡ لَنَا لَغَآئِظُونَ ٥٥ва моро ба хашм овардаанд وَإِنَّا لَجَمِيعٌ حَٰذِرُونَ ٥٦ва мо ҳамагӣ омодаи ҷангем فَأَخۡرَجۡنَٰهُم مِّن جَنَّٰتٍ وَعُيُونٍ ٥٧Пас онҳоро аз борҳову чашмасорҳо берун кардем وَكُنُوزٍ وَمَقَامٍ كَرِيمٍ ٥٨ва аз ганҷҳову хонаҳои некӯ كَذَٰلِكَۖ وَأَوۡرَثۡنَٰهَا بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ٥٩ба ин тарз ҳамаро ба банӣ-Исроил вогузоштем فَأَتۡبَعُوهُم مُّشۡرِقِينَ ٦٠Фиръавниён ба ҳангоми баромадани офтоб аз паи онҳо рафтанд فَلَمَّا تَرَٰٓءَا ٱلۡجَمۡعَانِ قَالَ أَصۡحَٰبُ مُوسَىٰٓ إِنَّا لَمُدۡرَكُونَ ٦١Чун он ду гурӯҳ якдигарро диданд, ёрони Мӯсо гуфтанд: «Гирифтор омадем!» قَالَ كـَلَّآۖ إِنَّ مَعِيَ رَبِّي سَيَهۡدِينِ ٦٢Гуфт: «Ҳаргиз, Парвардигори ман бо ман аст ва маро роҳ хоҳад нишон дод» فَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنِ ٱضۡرِب بِّعَصَاكَ ٱلۡبَحۡرَۖ فَٱنفَلَقَ فَكَانَ كُلُّ فِرۡقٍ كَٱلطَّوۡدِ ٱلۡعَظِيمِ ٦٣Пас ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асоятро ба дарё бизан. Дарё бишикофт ва ҳар пора чун кӯҳе азим гашт وَأَزۡلَفۡنَا ثَمَّ ٱلۡأٓخَرِينَ ٦٤Ва он гурӯҳи дигарро низ ба дарё расонидем وَأَنجَيۡنَا مُوسَىٰ وَمَن مَّعَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ ٦٥Мӯсо ва ҳамаи ҳамроҳонашро наҷот додем ثُمَّ أَغۡرَقۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ ٦٦Ва он дигаронро ғарк сохтем إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةًۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ٦٧Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наоварданд وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ٦٨Албатта Парвардигори ту пирӯзманду бахшанда аст وَٱتۡلُ عَلَيۡهِمۡ نَبَأَ إِبۡرَٰهِيمَ ٦٩Ва достони Иброҳимро барояшон тиловат кун إِذۡ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦ مَا تَعۡبُدُونَ ٧٠Он гоҳ ки ба падару қавми худ гуфт: «Чӣ мепарастед?» قَالُواْ نَعۡبُدُ أَصۡنَامًا فَنَظَلُّ لَهَا عَٰكِفِينَ ٧١Гуфтачкд: «Бутонеро мепарастем ва муқими остонашон ҳастем» قَالَ هَلۡ يَسۡمَعُونَكُمۡ إِذۡ تَدۡعُونَ ٧٢Гуфт: «Оё вақте онҳоро мехонед, садоятонро мешунаванд أَوۡ يَنفَعُونَكُمۡ أَوۡ يَضُرُّونَ ٧٣Ё барои шумо фоидаву зиёне доранд?» قَالُواْ بَلۡ وَجَدۡنَآ ءَابَآءَنَا كَذَٰلِكَ يَفۡعَلُونَ ٧٤Гуфтанд: «На, падаронамонро дидаем, ки чунин мекардаанд» قَالَ أَفَرَءَيۡتُم مَّا كُنتُمۡ تَعۡبُدُونَ ٧٥Гуфт: Оё медонед, ки чӣ мепарастидаед أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُمُ ٱلۡأَقۡدَمُونَ ٧٦шумо ва падаронатон فَإِنَّهُمۡ عَدُوٌّ لِّيٓ إِلَّا رَبَّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٧٧Онҳо душманони мананд, вале Парвардигори ҷаҳониён дӯсти ман аст ٱلَّذِي خَلَقَنِي فَهُوَ يَهۡدِينِ ٧٨Он, ки маро биёфарида, сипас роҳнамоиям мекунад وَٱلَّذِي هُوَ يُطۡعِمُنِي وَيَسۡقِينِ ٧٩ва он, ки ба ман таъом медиҳад ва маро об медиҳад وَإِذَا مَرِضۡتُ فَهُوَ يَشۡفِينِ ٨٠ва чун бемор шавам, шифоям мебахшад وَٱلَّذِي يُمِيتُنِي ثُمَّ يُحۡيِينِ ٨١ва он, ки маро мемиронад ва сипас зинда мекунад وَٱلَّذِيٓ أَطۡمَعُ أَن يَغۡفِرَ لِي خَطِيٓـَٔتِي يَوۡمَ ٱلدِّينِ ٨٢ва он, ки умед медорам, ки дар рӯзи қиёмат хатоямро бибахшояд رَبِّ هَبۡ لِي حُكۡمًا وَأَلۡحِقۡنِي بِٱلصَّٰلِحِينَ ٨٣Эй Парвардигори ман, маро ҳикмат бахш ва маро ба шоистагон бипайванд وَٱجۡعَل لِّي لِسَانَ صِدۡقٍ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ ٨٤Ва зикри неки маро дар даҳони ояндагон андоз وَٱجۡعَلۡنِي مِن وَرَثَةِ جَنَّةِ ٱلنَّعِيمِ ٨٥ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат қарор деҳ وَٱغۡفِرۡ لِأَبِيٓ إِنَّهُۥ كَانَ مِنَ ٱلضَّآلِّينَ ٨٦ва падарамро биёмурз, ки аз гумроҳон аст وَلَا تُخۡزِنِي يَوۡمَ يُبۡعَثُونَ ٨٧ва дар рӯзи қиёмат маро расво масоз يَوۡمَ لَا يَنفَعُ مَالٌ وَلَا بَنُونَ ٨٨рӯзе, ки на мол нафъ медиҳад ва на фарзандон إِلَّا مَنۡ أَتَى ٱللَّهَ بِقَلۡبٍ سَلِيمٍ ٨٩ғайри он кас, ки бо қалбе покиза аз ширк ба назди Худо биёяд!» وَأُزۡلِفَتِ ٱلۡجَنَّةُ لِلۡمُتَّقِينَ ٩٠Ва биҳиштро барои парҳезгорон наздик оранд وَبُرِّزَتِ ٱلۡجَحِيمُ لِلۡغَاوِينَ ٩١Ва ҷаҳаннамро дар назари кофирон ошкор кунанд وَقِيلَ لَهُمۡ أَيۡنَ مَا كُنتُمۡ تَعۡبُدُونَ ٩٢Ба онҳо гӯянд: Чизҳое, ки ба ҷои Худои якто мепарастидед, куҷоянд مِن دُونِ ٱللَّهِ هَلۡ يَنصُرُونَكُمۡ أَوۡ يَنتَصِرُونَ ٩٣Оё ёриатон мекунанд, ё худ ёрӣ меҷӯянд?» فَكُبۡكِبُواْ فِيهَا هُمۡ وَٱلۡغَاوُۥنَ ٩٤Онҳо ва кофиронро сармагун дар ҷаҳаннам андозанд وَجُنُودُ إِبۡلِيسَ أَجۡمَعُونَ ٩٥ва ҳамаи лашкари Иблисро قَالُواْ وَهُمۡ فِيهَا يَخۡتَصِمُونَ ٩٦Ва дар ҳоле, ки дар ҷаҳаннам бо якдигар ҳусумат мекунанду, мегӯянд تَٱللَّهِ إِن كُنَّا لَفِي ضَلَٰلٍ مُّبِينٍ ٩٧«Ба Худо савганд, ки мо дар гумроҳии ошкор будем إِذۡ نُسَوِّيكُم بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٩٨он гоҳ ки шуморо бо Парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем وَمَآ أَضَلَّنَآ إِلَّا ٱلۡمُجۡرِمُونَ ٩٩Ва моро бадкорон гумроҳ сохтанд فَمَا لَنَا مِن شَٰفِعِينَ ١٠٠ва акнун моро шафеъоне (халоскунандаҳое) нест وَلَا صَدِيقٍ حَمِيمٍ ١٠١ва моро дӯсти меҳрубоне нест فَلَوۡ أَنَّ لَنَا كَرَّةً فَنَكُونَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١٠٢Кош бори дигар ба дунё бозгардем, то аз мӯъминон гардем» إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةًۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٠٣Дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٠٤Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст كَذَّبَتۡ قَوۡمُ نُوحٍ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٠٥Қавми Нӯҳ паёмбаронро дурӯғ барозарданд إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ نُوحٌ أَلَا تَتَّقُونَ ١٠٦Он гоҳ ки бародарашон Нӯҳ ба онҳо гуфт: «Оё наметарсед إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٌ ١٠٧Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٠٨Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٠٩Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١١٠Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!» ۞ قَالُوٓاْ أَنُؤۡمِنُ لَكَ وَٱتَّبَعَكَ ٱلۡأَرۡذَلُونَ ١١١Гуфтанд: «Оё ба ту имон биёварем ва ҳол он ки камбағалон пайрави ту ҳастанд?» قَالَ وَمَا عِلۡمِي بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ١١٢Гуфт: «Дониши ман ба корҳое, ки мекунанд, намерасад إِنۡ حِسَابُهُمۡ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّيۖ لَوۡ تَشۡعُرُونَ ١١٣Агар мефаҳмед, ҳисобаш танҳо бо Парвардигори ман аст وَمَآ أَنَا۠ بِطَارِدِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١١٤Ва ман мӯъминонро дур намекунам إِنۡ أَنَا۠ إِلَّا نَذِيرٌ مُّبِينٌ ١١٥Бимдиҳандае ошкор ҳастам» قَالُواْ لَئِن لَّمۡ تَنتَهِ يَٰنُوحُ لَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمَرۡجُومِينَ ١١٦Гуфтанд: «Эй Нӯҳ агар бас накунӣ, сангсор мешавӣ» قَالَ رَبِّ إِنَّ قَوۡمِي كَذَّبُونِ ١١٧Гуфт: «Эй Парвардигори ман, қавми ман маро дурӯғ мебароранд فَٱفۡتَحۡ بَيۡنِي وَبَيۡنَهُمۡ فَتۡحًا وَنَجِّنِي وَمَن مَّعِيَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١١٨Миёни ману онҳо роҳе баркушой ва марову мӯъминони ҳамроҳи маро наҷот бидеҳ» فَأَنجَيۡنَٰهُ وَمَن مَّعَهُۥ فِي ٱلۡفُلۡكِ ٱلۡمَشۡحُونِ ١١٩Ӯ ва ҳамроҳонашро дар он киштии пур наҷот додем ثُمَّ أَغۡرَقۡنَا بَعۡدُ ٱلۡبَاقِينَ ١٢٠Ва боқиро ғарк, кардем إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةًۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٢١Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٢٢Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст كَذَّبَتۡ عَادٌ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٢٣Қавми Од паёмбаронро такзиб карданд (дурӯғ бароварданд) إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ هُودٌ أَلَا تَتَّقُونَ ١٢٤Он гоҳ, ки бародарашон Ҳуд гуфт: «Оё наметарсед إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٌ ١٢٥Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٢٦Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٢٧Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст أَتَبۡنُونَ بِكُلِّ رِيعٍ ءَايَةً تَعۡبَثُونَ ١٢٨Оё бар сари ҳар баландӣ ба беҳудагӣ биное баланд месозед وَتَتَّخِذُونَ مَصَانِعَ لَعَلَّكُمۡ تَخۡلُدُونَ ١٢٩Ва бад-ин пиндор, ки ҳамеша зиндаед, қасрхое бино мекунед وَإِذَا بَطَشۡتُم بَطَشۡتُمۡ جَبَّارِينَ ١٣٠Ва ҳар гоҳ интиқом гиред, чун бераҳмон интиқом мегиред فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٣١Пас аз Худо битарсед ва аз ман итоъат кунед وَٱتَّقُواْ ٱلَّذِيٓ أَمَدَّكُم بِمَا تَعۡلَمُونَ ١٣٢Ва битарсед аз он Худое, ки он чиро, ки медонед, ба шумо ато кардааст أَمَدَّكُم بِأَنۡعَٰمٍ وَبَنِينَ ١٣٣Ва ба шумо чорпоёну фарзандон ато кардааст وَجَنَّٰتٍ وَعُيُونٍ ١٣٤ва боғҳову чашмасорон إِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٍ ١٣٥Ман аз азоби рӯзе бузург бар шумо бимнокам» قَالُواْ سَوَآءٌ عَلَيۡنَآ أَوَعَظۡتَ أَمۡ لَمۡ تَكُن مِّنَ ٱلۡوَٰعِظِينَ ١٣٦Гуфтанд: «Барюй мо яксон аст, ки моро панд диҳӣ ё панд надиҳӣ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا خُلُقُ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٣٧Инҳо ҷуз ҳамон дурӯғу найранги пешиниён нест وَمَا نَحۡنُ بِمُعَذَّبِينَ ١٣٨Ва мо азоб нахоҳем шуд» فَكَذَّبُوهُ فَأَهۡلَكۡنَٰهُمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةًۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٣٩Пас дурӯғаш бароварданд ва Мо ононро ҳалок кардем. Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٤٠Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст كَذَّبَتۡ ثَمُودُ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٤١Қавми Самуд паёмбаронро дурӯғ бароварданд إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ صَٰلِحٌ أَلَا تَتَّقُونَ ١٤٢Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ гуфт: «Оё наметарсед إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٌ ١٤٣Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٤٤Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٤٥Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст أَتُتۡرَكُونَ فِي مَا هَٰهُنَآ ءَامِنِينَ ١٤٦Оё пиндоред, ки шуморо дар ин неъматҳо эмин раҳо мекунанд فِي جَنَّٰتٍ وَعُيُونٍ ١٤٧Дар боғҳову чашмасорҳо وَزُرُوعٍ وَنَخۡلٍ طَلۡعُهَا هَضِيمٌ ١٤٨Ва киштзорҳову наҳлҳо (хурмозорҳо) бо он шукуфаҳои нарму латиф وَتَنۡحِتُونَ مِنَ ٱلۡجِبَالِ بُيُوتًا فَٰرِهِينَ ١٤٩Ва шодмон дар кӯҳҳо хонаҳое метарошед فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٥٠Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед وَلَا تُطِيعُوٓاْ أَمۡرَ ٱلۡمُسۡرِفِينَ ١٥١Ва фармони ин исрофкоронро қабул накунед ٱلَّذِينَ يُفۡسِدُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا يُصۡلِحُونَ ١٥٢Инҳо, ки дар замин фасод мекунанд ва ислоҳ намекунанд» قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مِنَ ٱلۡمُسَحَّرِينَ ١٥٣Гуфтанд: «Ғайри ин нест, ки туро ҷоду кардаанд مَآ أَنتَ إِلَّا بَشَرٌ مِّثۡلُنَا فَأۡتِ بِـَٔايَةٍ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ ١٥٤Ту низ башаре монанди мо ҳастӣ. Агар рост мегӯӣ, нишонае биёвар» قَالَ هَٰذِهِۦ نَاقَةٌ لَّهَا شِرۡبٌ وَلَكُمۡ شِرۡبُ يَوۡمٍ مَّعۡلُومٍ ١٥٥Гуфт: «Ин модашутури ман аст. Як рӯз об хӯрдан ҳаққи ӯ бошад ва як рӯз ҳаққи шумо وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوٓءٍ فَيَأۡخُذَكُمۡ عَذَابُ يَوۡمٍ عَظِيمٍ ١٥٦Ба он осебе нарасонед, ки азоби рӯзе бузург шуморо фурӯ мегирад» فَعَقَرُوهَا فَأَصۡبَحُواْ نَٰدِمِينَ ١٥٧Онро куштанд ва пушаймон шуданд فَأَخَذَهُمُ ٱلۡعَذَابُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةًۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٥٨Пас азоб онҳоро фурӯ гирифт., Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٥٩Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст كَذَّبَتۡ قَوۡمُ لُوطٍ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٦٠Қавми Лут паёмбаронро дурӯғ бароварданд إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ لُوطٌ أَلَا تَتَّقُونَ ١٦١Он гоҳ, ки бародарашон Лут гуфт: «Оё наметарсед إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٌ ١٦٢Мам барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٦٣Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٦٤Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯхдаи Парвардигори ҷаҳониён аст أَتَأۡتُونَ ٱلذُّكۡرَانَ مِنَ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٦٥Чаро аз миёни мардуми ҷаҳон бо мардон меомезед وَتَذَرُونَ مَا خَلَقَ لَكُمۡ رَبُّكُم مِّنۡ أَزۡوَٰجِكُمۚ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٌ عَادُونَ ١٦٦Ва ҳамсаронеро, ки Парвардигоратон бароятон офаридааст, тарк мегӯед? На, шумо мардуме таҷовузкор ҳастед!» قَالُواْ لَئِن لَّمۡ تَنتَهِ يَٰلُوطُ لَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُخۡرَجِينَ ١٦٧Гуфтанд: «Эй Лут, агар бас накунӣ, аз шаҳр берунат мекунем» قَالَ إِنِّي لِعَمَلِكُم مِّنَ ٱلۡقَالِينَ ١٦٨Гуфт: «Ман бо кори шумо душманам رَبِّ نَجِّنِي وَأَهۡلِي مِمَّا يَعۡمَلُونَ ١٦٩Эй Парвардигори ман, маро ва касонамро аз оқибати амале, ки мекунанд, наҷот бахш!» فَنَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ ١٧٠Ӯ ва ҳамаи касонашро наҷот додем إِلَّا عَجُوزًا فِي ٱلۡغَٰبِرِينَ ١٧١ғайри пиразане, ки хост бимонад ثُمَّ دَمَّرۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ ١٧٢Сипас дигаронро ҳалок кардем وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهِم مَّطَرًاۖ فَسَآءَ مَطَرُ ٱلۡمُنذَرِينَ ١٧٣бар онҳо бороне боронидем ва чӣ бад буд борони таҳдидшудагон إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةًۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٧٤Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٧٥Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст كَذَّبَ أَصۡحَٰبُ لۡـَٔيۡكَةِ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٧٦Мардуми Айка паёмбаронро дурӯғ бароварданд إِذۡ قَالَ لَهُمۡ شُعَيۡبٌ أَلَا تَتَّقُونَ ١٧٧Он гоҳ ки Шуъайб ба онҳо гуфт: «Оё аз Худо наметарсед إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٌ ١٧٨Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٧٩Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٨٠Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст ۞ أَوۡفُواْ ٱلۡكَيۡلَ وَلَا تَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُخۡسِرِينَ ١٨١Паймонаро (зарфи ченкуниро) тамом бипардозед ва камфурӯшӣ макунед وَزِنُواْ بِٱلۡقِسۡطَاسِ ٱلۡمُسۡتَقِيمِ ١٨٢Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед وَلَا تَبۡخَسُواْ ٱلنَّاسَ أَشۡيَآءَهُمۡ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَ ١٨٣Ба мардум кам мадиҳед ва бебокона дар замин фасод макунед وَٱتَّقُواْ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ وَٱلۡجِبِلَّةَ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٨٤Аз он кас, ки шумо ва офаридагони пеш аз шуморо офаридааст, битарсед» قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مِنَ ٱلۡمُسَحَّرِينَ ١٨٥Гуфтанд: «Ғайри ин нест, ки туро ҷоду кардаанд وَمَآ أَنتَ إِلَّا بَشَرٌ مِّثۡلُنَا وَإِن نَّظُنُّكَ لَمِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ ١٨٦Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ ва мепиндорем, ки дурӯғ мегӯӣ فَأَسۡقِطۡ عَلَيۡنَا كِسَفًا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ ١٨٧Агар рост мегӯӣ, порае аз осмонро бар сари мо андоз» قَالَ رَبِّيٓ أَعۡلَمُ بِمَا تَعۡمَلُونَ ١٨٨Гуфт: «Парвардигори ман ба коро, ки мекунед, донотар аст» فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمۡ عَذَابُ يَوۡمِ ٱلظُّلَّةِۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٍ ١٨٩Пас дурӯғаш бароварданд ва дар он рӯзи абрӣ азоб ононро фурӯ гирифг. Ва он азоби рӯзе бузург буд إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةًۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٩٠Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٩١Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст وَإِنَّهُۥ لَتَنزِيلُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٩٢Ва ин китоб нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст نَزَلَ بِهِ ٱلرُّوحُ ٱلۡأَمِينُ ١٩٣Онро рӯҳуламин нозил кардааст عَلَىٰ قَلۡبِكَ لِتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُنذِرِينَ ١٩٤бар дили ту, то аз бимдиҳандагон бошӣ بِلِسَانٍ عَرَبِيٍّ مُّبِينٍ ١٩٥ба забони арабии равшан وَإِنَّهُۥ لَفِي زُبُرِ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٩٦Ва он дар навиштаҳои пешиниён низ ҳаст أَوَلَمۡ يَكُن لَّهُمۡ ءَايَةً أَن يَعۡلَمَهُۥ عُلَمَٰٓؤُاْ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ١٩٧Оё ин нишона бар онҳо басанда нест, ки уламои банӣ-Исроил аз он огоҳанд وَلَوۡ نَزَّلۡنَٰهُ عَلَىٰ بَعۡضِ ٱلۡأَعۡجَمِينَ ١٩٨Агар онро бар яке аз аҷамон (ғайри арабҳо) нозил карда будем فَقَرَأَهُۥ عَلَيۡهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ مُؤۡمِنِينَ ١٩٩ва барояшон онро мехонд, ба он имон намеоварданд كَذَٰلِكَ سَلَكۡنَٰهُ فِي قُلُوبِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ ٢٠٠Ба ин тарз Қуръонро дар дилҳои гунаҳкорон роҳ додем لَا يُؤۡمِنُونَ بِهِۦ حَتَّىٰ يَرَوُاْ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَلِيمَ ٢٠١Ба он имон намеоваранд то азоби дардоварро бубинанд فَيَأۡتِيَهُم بَغۡتَةً وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ ٢٠٢Ва он азоб ногаҳон ва бехабар бар онон фурӯд меояд فَيَقُولُواْ هَلۡ نَحۡنُ مُنظَرُونَ ٢٠٣Мегӯянд: «Оё моро мӯҳлате хоҳанд дод?» أَفَبِعَذَابِنَا يَسۡتَعۡجِلُونَ ٢٠٤Оё ба азоби мо мешитобанд أَفَرَءَيۡتَ إِن مَّتَّعۡنَٰهُمۡ سِنِينَ ٢٠٥Дидӣ, ки ҳарчанд солҳо баҳрамандашон сохтем ثُمَّ جَآءَهُم مَّا كَانُواْ يُوعَدُونَ ٢٠٦боз ҳам азобе, ки ба онҳо ваъда шуда буд, бар сарашон омад مَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يُمَتَّعُونَ ٢٠٧Он баҳрамандиҳо ба ҳолашон нафъ накард وَمَآ أَهۡلَكۡنَا مِن قَرۡيَةٍ إِلَّا لَهَا مُنذِرُونَ ٢٠٨Мо ҳеҷ деҳаеро ҳалок накардем, ҷуз он, ки барояшон бимдиҳандагоне буданд ذِكۡرَىٰ وَمَا كُنَّا ظَٰلِمِينَ ٢٠٩то пандашон диҳанд. Зеро мо ситамкор нестем وَمَا تَنَزَّلَتۡ بِهِ ٱلشَّيَٰطِينُ ٢١٠Ва ин Қуръонро шайтонҳо нозил накардаанд وَمَا يَنۢبَغِي لَهُمۡ وَمَا يَسۡتَطِيعُونَ ٢١١Онон на лоиқи ин коранд ва на тавони он доранд إِنَّهُمۡ عَنِ ٱلسَّمۡعِ لَمَعۡزُولُونَ ٢١٢Шайтонҳоро аз шунидани ваҳй дур доштаанд فَلَا تَدۡعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُعَذَّبِينَ ٢١٣Пас бо Худои якто худои дигареро махон, то мабод дар шумори азобшавандагон дароӣ وَأَنذِرۡ عَشِيرَتَكَ ٱلۡأَقۡرَبِينَ ٢١٤Хешовандони наздикатро битарсон وَٱخۡفِضۡ جَنَاحَكَ لِمَنِ ٱتَّبَعَكَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٢١٥Дар баробари ҳар як аз мӯъминон, ки ба ту пайравӣ мекунад, хоксору нарм бош فَإِنۡ عَصَوۡكَ فَقُلۡ إِنِّي بَرِيٓءٌ مِّمَّا تَعۡمَلُونَ ٢١٦Ва агар бар ту нофармони карданд, бигӯ: «Ман аз корҳои шумо безорам!» وَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱلۡعَزِيزِ ٱلرَّحِيمِ ٢١٧Ва бар Худои пирӯзманду меҳрубон таваккал кун ٱلَّذِي يَرَىٰكَ حِينَ تَقُومُ ٢١٨Он, ки туро мебинад, он гоҳ, ки бармехезӣ وَتَقَلُّبَكَ فِي ٱلسَّٰجِدِينَ ٢١٩ва намоз хонданатро бо дигар намозгузорон мебинад إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ٢٢٠Албатта Ӯст шунавои доно هَلۡ أُنَبِّئُكُمۡ عَلَىٰ مَن تَنَزَّلُ ٱلشَّيَٰطِينُ ٢٢١Оё шуморо огоҳ кунам, ки шайтонҳо ба назди киҳо меоянд تَنَزَّلُ عَلَىٰ كُلِّ أَفَّاكٍ أَثِيمٍ ٢٢٢Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор меоянд يُلۡقُونَ ٱلسَّمۡعَ وَأَكۡثَرُهُمۡ كَٰذِبُونَ ٢٢٣Гӯш медиҳанд ва бештаринашон дурӯғгӯёнанд وَٱلشُّعَرَآءُ يَتَّبِعُهُمُ ٱلۡغَاوُۥنَ ٢٢٤Ва гумроҳон аз паи шоирон мераванд أَلَمۡ تَرَ أَنَّهُمۡ فِي كُلِّ وَادٍ يَهِيمُونَ ٢٢٥Оё надидаӣ, ки шоирон дар ҳар водие саргаштаанд وَأَنَّهُمۡ يَقُولُونَ مَا لَا يَفۡعَلُونَ ٢٢٦Ва чизҳо мегӯянд, ки худ амал намекунанд إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَذَكَرُواْ ٱللَّهَ كَثِيرًا وَٱنتَصَرُواْ مِنۢ بَعۡدِ مَا ظُلِمُواْۗ وَسَيَعۡلَمُ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ أَيَّ مُنقَلَبٍ يَنقَلِبُونَ ٢٢٧Ғайри онҳо, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва Худоро фаровон ёд карданд ва чун мавриди ситам воқеъ шуданд, интиқом гирифтанд. Ва ситамкорон ба зуди хоҳанд донист, ки ба чӣ маконе бозмегарданд

Translation: Abdolmohammad Ayati.