Millat al-Islam

Chapter 26 · 227 verses · Khoja Mirov

Surah Ash-Shu'araa in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah Ash-Shu'araa (1194 reciters)
Meccanسورة الشعراء227 verses

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

طسٓمٓ ١То, Син, Мим تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ ٢Ин оёт китоби равшан аст لَعَلَّكَ بَٰخِعٌ نَّفۡسَكَ أَلَّا يَكُونُواْ مُؤۡمِنِينَ ٣Шояд аз ин ки онҳо имон намеоваранд, худро ҳалок созӣ إِن نَّشَأۡ نُنَزِّلۡ عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ ءَايَةً فَظَلَّتۡ أَعۡنَٰقُهُمۡ لَهَا خَٰضِعِينَ ٤Агар бихоҳем, аз осмон барояшон ояте (мӯъҷизае) нозил мекунем, ки гарданҳояшон дар баробари он таслим гардад, лекин инро намехоҳем, зеро имони судманд, ихтиёран ба ғайб бовар кардан аст وَمَا يَأۡتِيهِم مِّن ذِكۡرٍ مِّنَ ٱلرَّحۡمَٰنِ مُحۡدَثٍ إِلَّا كَانُواْ عَنۡهُ مُعۡرِضِينَ ٥Барояшон ҳеҷ сухане тоза аз Аллоҳи меҳрубон нозил намешавад, магар он ки аз он бо дилу ҷисмашон рӯй мегардонанд ва онро қабул намекунанд فَقَدۡ كَذَّبُواْ فَسَيَأۡتِيهِمۡ أَنۢبَٰٓؤُاْ مَا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ ٦Пас ҳамоно Қуръонро дурӯғ бароварданд. Ба зудӣ хабари он чизҳое, ки масхарааш мекарданд, ба онҳо ҳатман бирасад أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ كَمۡ أَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوۡجٍ كَرِيمٍ ٧Оё ба замин нанигаристаанд, ки чӣ қадар аз ҳар гуна гиёҳони некӯ ва фоидаовар дар он рӯёнидаем, ки ҳеҷ кас ба рӯёндани он тавоноӣ надорад, ба ҷуз Парвардигори ҷаҳониён إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةًۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ٨Дар ин нишонаҳо ибратест, вале аксари онҳо мӯъмин набудаанд وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ٩Ба ростӣ, Парвардигори ту пирӯзманд аст, ки қудрату тавоноӣ бар ҳама дорад ва меҳрубон аст, ки раҳматаш ҳама чизро фаро гирифтааст وَإِذۡ نَادَىٰ رَبُّكَ مُوسَىٰٓ أَنِ ٱئۡتِ ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ ١٠Ва ба ёд ор эй Расул барои қавмат, ки Парвардигорат Мӯсоро нидо дод, ки эй Мӯсо, ба сӯи он мардуми ситамкор бирав قَوۡمَ فِرۡعَوۡنَۚ أَلَا يَتَّقُونَ ١١қавми Фиръавн ва барояшон бигӯ: Оё намехоҳанд парҳезгор шаванд قَالَ رَبِّ إِنِّيٓ أَخَافُ أَن يُكَذِّبُونِ ١٢Мӯсо гуфт: «Эй Парвардигори ман, метарсам, ки дурӯғгӯям хонанд وَيَضِيقُ صَدۡرِي وَلَا يَنطَلِقُ لِسَانِي فَأَرۡسِلۡ إِلَىٰ هَٰرُونَ ١٣Ва дили ман танг гардад ва забонам кушода нашавад, пас бародарам Ҳорунро низ пайғамбарӣ деҳ, то маро ёрӣ кунад وَلَهُمۡ عَلَيَّ ذَنۢبٌ فَأَخَافُ أَن يَقۡتُلُونِ ١٤Ва онҳо бар гардани ман гуноҳе (даъво) доранд, пас метарсам, ки маро бикушанд» قَالَ كـَلَّاۖ فَٱذۡهَبَا بِـَٔايَٰتِنَآۖ إِنَّا مَعَكُم مُّسۡتَمِعُونَ ١٥Аллоҳ таоло гуфт: Ҳаргиз, туро натавонанд кушт, пас оёти Маро ки далолат бар ҳақиқати паёмбарии шумо мекунад, ҳарду назди онҳо биравед, Мо низ ба илм ва ҳифз ва нусрати худ бо шумо ҳастем ва мешунавем فَأۡتِيَا فِرۡعَوۡنَ فَقُولَآ إِنَّا رَسُولُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٦Пас, назди Фиръавн равед ва бигӯед: «Мо расули (фиристодаи) Парвардигори ҷаҳониён ҳастем أَنۡ أَرۡسِلۡ مَعَنَا بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ١٧ки банӣ Исроилро бо мо бифиристӣ, то Парвардигорашонро парастиш намоянд قَالَ أَلَمۡ نُرَبِّكَ فِينَا وَلِيدًا وَلَبِثۡتَ فِينَا مِنۡ عُمُرِكَ سِنِينَ ١٨Фиръавн ба Мӯсо миннат карда гуфт: «Оё ба ҳангоми кӯдакӣ назди худ парваришат надодем ва ту чанд сол аз умратро дар миёни мо нагузаронидӣ وَفَعَلۡتَ فَعۡلَتَكَ ٱلَّتِي فَعَلۡتَ وَأَنتَ مِنَ ٱلۡكَٰفِرِينَ ١٩Ва он кори кардаатро, кардӣ? Пас, ту аз носипосонӣ» قَالَ فَعَلۡتُهَآ إِذًا وَأَنَا۠ مِنَ ٱلضَّآلِّينَ ٢٠Мӯсо гуфт: Он вақт ки чунон кардам, аз саргаштагон будам. Ва он кор аз рӯи нодонӣ ва иштибоҳ буд, на қасдан فَفَرَرۡتُ مِنكُمۡ لَمَّا خِفۡتُكُمۡ فَوَهَبَ لِي رَبِّي حُكۡمًا وَجَعَلَنِي مِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ٢١Ва чун аз шумо тарсидам, ба тарафи Мадян гурехтам. Вале Парвардигори ман ба ман пайғамбарӣ дод ва маро дар шумори паёмбарон овард وَتِلۡكَ نِعۡمَةٌ تَمُنُّهَا عَلَيَّ أَنۡ عَبَّدتَّ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ٢٢Ва миннати ин неъматро бар ман мениҳӣ, ҳол он ки банӣ Исроилро ғуломи худ сохтаӣ قَالَ فِرۡعَوۡنُ وَمَا رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٢٣Фиръавн гуфт: «Парвардигори ҷаҳониён кист, ки ту даъвои паёмбарӣ мекунӣ?» قَالَ رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُم مُّوقِنِينَ ٢٤Мӯсо гуфт: «Агар ахли яқин ҳастед, пас имон оваред, ки Ӯ Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чи миёни онҳост» قَالَ لِمَنۡ حَوۡلَهُۥٓ أَلَا تَسۡتَمِعُونَ ٢٥Фиръавн ба онон, ки дар атрофаш буданд, гуфт: «Оё намешунавед, ки ин мард чӣ мегӯяд?» قَالَ رَبُّكُمۡ وَرَبُّ ءَابَآئِكُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ ٢٦Мӯсо гуфт: Парвардигоре, ки ман шуморо ба сӯи он даъват менамоям, «Парвардигори шумо ва Парвардигори ниёгони шумост» قَالَ إِنَّ رَسُولَكُمُ ٱلَّذِيٓ أُرۡسِلَ إِلَيۡكُمۡ لَمَجۡنُونٌ ٢٧Фиръавн гуфт: «Ба дурустӣ, ки ин паёмбаре, ки бар шумо фиристода шуда, девона аст» قَالَ رَبُّ ٱلۡمَشۡرِقِ وَٱلۡمَغۡرِبِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُمۡ تَعۡقِلُونَ ٢٨Мӯсо гуфт: «Ӯст Парвардигори машриқу мағриб ва ҳар чи миёни он ду аст, агар оқилона биандешед» قَالَ لَئِنِ ٱتَّخَذۡتَ إِلَٰهًا غَيۡرِي لَأَجۡعَلَنَّكَ مِنَ ٱلۡمَسۡجُونِينَ ٢٩Фиръавн ба Мӯсо таҳдид карда гуфт: «Агар ҷуз ман каси дигареро ба маъбудӣ гирӣ, ба зиндонат меафканам» قَالَ أَوَلَوۡ جِئۡتُكَ بِشَيۡءٍ مُّبِينٍ ٣٠Мӯсо гуфт: «Ҳатто агар мӯъҷизаи равшане барои ту оварда бошам, ки далолат кунад бар сиҳатии он чи овардаам, боз ҳам маро зиндонӣ мекунй?» قَالَ فَأۡتِ بِهِۦٓ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ ٣١Фиръавн гуфт: «Пас агар аз роспӯёнӣ онро биёвар» فَأَلۡقَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ ثُعۡبَانٌ مُّبِينٌ ٣٢Пас, Мӯсо асои худро биандохт, ки ногаҳон вай аждаҳои ошкоро шуд وَنَزَعَ يَدَهُۥ فَإِذَا هِيَ بَيۡضَآءُ لِلنَّٰظِرِينَ ٣٣Ва дасташро берун овард, ки ногаҳон дар назари бинандагон сафед ва равшан менамуд قَالَ لِلۡمَلَإِ حَوۡلَهُۥٓ إِنَّ هَٰذَا لَسَٰحِرٌ عَلِيمٌ ٣٤Фиръавн аз тарсе, ки қавмаш имон наоранд, ба бузургони қавмаш, ки дар атрофи ӯ буданд, гуфт: «Бегумон ин мард ҷодугари доноест, ки يُرِيدُ أَن يُخۡرِجَكُم مِّنۡ أَرۡضِكُم بِسِحۡرِهِۦ فَمَاذَا تَأۡمُرُونَ ٣٥мехоҳад ба ҷодуи худ шуморо аз сарзаминатон берун кунад. Пас, маро чӣ мефармоед?» قَالُوٓاْ أَرۡجِهۡ وَأَخَاهُ وَٱبۡعَثۡ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ ٣٦Қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Ӯ ва бародарашро мӯхлат бидеҳ ва ҷамъкунандагонро дар шаҳрҳо бифирист يَأۡتُوكَ بِكُلِّ سَحَّارٍ عَلِيمٍ ٣٧то ҳар ҷодугари моҳир ва доноеро, ки ҳаст, назди ту биёранд» فَجُمِعَ ٱلسَّحَرَةُ لِمِيقَٰتِ يَوۡمٍ مَّعۡلُومٍ ٣٨Пас ҷодугаронро дар рӯзи муайяне ба ваъдагоҳ оварданд وَقِيلَ لِلنَّاسِ هَلۡ أَنتُم مُّجۡتَمِعُونَ ٣٩Ва ба мардум гуфта шуд: «Оё шумо низ ҷамъ мешавед لَعَلَّنَا نَتَّبِعُ ٱلسَّحَرَةَ إِن كَانُواْ هُمُ ٱلۡغَٰلِبِينَ ٤٠Агар ҷодугарон ғолиб шаванд, бувад, ки пайравии онҳо кунем ва дар динамон устувор истем!» فَلَمَّا جَآءَ ٱلسَّحَرَةُ قَالُواْ لِفِرۡعَوۡنَ أَئِنَّ لَنَا لَأَجۡرًا إِن كُنَّا نَحۡنُ ٱلۡغَٰلِبِينَ ٤١Чун ҷодугарон омаданд, ба Фиръавн гуфтанд: «Оё агар мо бар Мӯсо пирӯз шавем, барои мо музде ҳаст?» قَالَ نَعَمۡ وَإِنَّكُمۡ إِذًا لَّمِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ ٤٢Фиръавн гуфт: «Оре, ба дурустӣ, ки шумо ҳама аз наздикони ман хоҳед буд» قَالَ لَهُم مُّوسَىٰٓ أَلۡقُواْ مَآ أَنتُم مُّلۡقُونَ ٤٣Мӯсо барои ботил сохтани ҷодуи онҳо ба онҳо гуфт: «Ҳар чи мехоҳед, аз ҷодуи худ бияфканед!» فَأَلۡقَوۡاْ حِبَالَهُمۡ وَعِصِيَّهُمۡ وَقَالُواْ بِعِزَّةِ فِرۡعَوۡنَ إِنَّا لَنَحۡنُ ٱلۡغَٰلِبُونَ ٤٤Онон ресмонҳову асоҳои худ бияфканданд ва гуфтанд: «Ба иззати Фиръавн, ки мо албатта, ғолибем!» فَأَلۡقَىٰ مُوسَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ تَلۡقَفُ مَا يَأۡفِكُونَ ٤٥Пас, Мӯсо асояшро афканд. Ногоҳ ба сурати аждаҳое гашт ва ҳамаи он дурӯғҳоеро, ки сохта буданд, фурӯ бурд فَأُلۡقِيَ ٱلسَّحَرَةُ سَٰجِدِينَ ٤٦Ҷодугарон ҳақро дида ва донистанд, ки ин аз амалиёти ҷодугарон нест, пас саҷдакунон ба замин афтоданд قَالُوٓاْ ءَامَنَّا بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٤٧Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем رَبِّ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ ٤٨Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун!» قَالَ ءَامَنتُمۡ لَهُۥ قَبۡلَ أَنۡ ءَاذَنَ لَكُمۡۖ إِنَّهُۥ لَكَبِيرُكُمُ ٱلَّذِي عَلَّمَكُمُ ٱلسِّحۡرَ فَلَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَۚ لَأُقَطِّعَنَّ أَيۡدِيَكُمۡ وَأَرۡجُلَكُم مِّنۡ خِلَٰفٍ وَلَأُصَلِّبَنَّكُمۡ أَجۡمَعِينَ ٤٩Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он ки шуморо рухсат диҳам, ба Мӯсо имон овардед? Албатта, ин мард (яъне, Мӯсо) бузурги шумост, ки шуморо ҷоду омӯхтааст. Ҳатман азоби маро хоҳед дид. Акнун дастҳову пойҳоятонро аз чапу рост хоҳам бурид ва албатта, ҳамаатонро бар дор хоҳам кард!» قَالُواْ لَا ضَيۡرَۖ إِنَّآ إِلَىٰ رَبِّنَا مُنقَلِبُونَ ٥٠Ҷодугарон ба Фиръавн гуфтанд: «Аз он чи ки моро метарсонӣ боке нест, ба дурустӣ, ки мо назди Парвардигорамон бозмегардем إِنَّا نَطۡمَعُ أَن يَغۡفِرَ لَنَا رَبُّنَا خَطَٰيَٰنَآ أَن كُنَّآ أَوَّلَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٥١Мо умед дорем, ки Парвардигорамон хатоҳои моро аз куфру ҷодугарӣ бубахшад, ки мо нахустин касоне ҳастем, ки имон овардем» ۞ وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنۡ أَسۡرِ بِعِبَادِيٓ إِنَّكُم مُّتَّبَعُونَ ٥٢Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки ҳангоми шаб бандагони Маро аз Миср берун бибар, ба дурустӣ, ки аз паи шумо биёянд فَأَرۡسَلَ فِرۡعَوۡنُ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ ٥٣Пас, Фиръавн аз берун рафтани онҳо огоҳ гардида гирдоварандагони сипоҳро ба шаҳрҳо фиристод إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ لَشِرۡذِمَةٌ قَلِيلُونَ ٥٤Ва гуфт: ҳароина, ки инҳо (банӣ Исроил) гурӯҳе андак ва ночиз ҳастанд وَإِنَّهُمۡ لَنَا لَغَآئِظُونَ ٥٥ва инҳо моро ба таҳқиқ, ба хашм овардаанд وَإِنَّا لَجَمِيعٌ حَٰذِرُونَ ٥٦ҳароина, ҳамаи мо бояд аз онҳо барҳазар бошем, зеро душмани мо ҳастанд فَأَخۡرَجۡنَٰهُم مِّن جَنَّٰتٍ وَعُيُونٍ ٥٧Пас, онҳо (Фиръавн ва қавмаш)-ро аз боғҳову чашмасорҳои Миср берун кардем وَكُنُوزٍ وَمَقَامٍ كَرِيمٍ ٥٨ва низ аз ганҷҳову хонаҳои некӯ ва қасрҳои бузург берун рондем كَذَٰلِكَۖ وَأَوۡرَثۡنَٰهَا بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ٥٩Оре, инчунин кардем ва банӣ Исроилро вориси онҳо сохтем فَأَتۡبَعُوهُم مُّشۡرِقِينَ ٦٠Фиръавниён ба ҳангоми баромадани офтоб аз паи онҳо рафтанд فَلَمَّا تَرَٰٓءَا ٱلۡجَمۡعَانِ قَالَ أَصۡحَٰبُ مُوسَىٰٓ إِنَّا لَمُدۡرَكُونَ ٦١Чун он ду гурӯҳ якдигарро диданд, ёрони Мӯсо гуфтанд: «Ҳароина, мо дар чанголи фиръавниён гирифтор шудем!» قَالَ كـَلَّآۖ إِنَّ مَعِيَ رَبِّي سَيَهۡدِينِ ٦٢Мӯсо барояшон гуфт: «Ҳаргиз, чунин нест, он чи ки шумо мегӯед Парвардигори ман ҳароина, бо ман аст ва маро роҳнамоӣ хоҳад кард» فَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنِ ٱضۡرِب بِّعَصَاكَ ٱلۡبَحۡرَۖ فَٱنفَلَقَ فَكَانَ كُلُّ فِرۡقٍ كَٱلطَّوۡدِ ٱلۡعَظِيمِ ٦٣Пас, ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асоятро ба баҳр бизан. Баҳр аз ҳам бишикофт ва ба адади қабилаҳои банӣ Исроил дувоздаҳ роҳ дар он боз шуд ва ҳар бахше монанди кӯҳи бузурге буд وَأَزۡلَفۡنَا ثَمَّ ٱلۡأٓخَرِينَ ٦٤Ва он гурӯҳи дигар (яъне, Фиръавн ва қавмаш)-ро низ ба баҳр расонидем وَأَنجَيۡنَا مُوسَىٰ وَمَن مَّعَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ ٦٥Мӯсо ва ҳамаи ҳамроҳонашро наҷот додем ثُمَّ أَغۡرَقۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ ٦٦Сипас он дигар (яъне, Фиръавн ва қавмаш)-ро ғарқ сохтем إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةًۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ٦٧Албатта, дар ин ҳодисаи ғарқ шудани Фиръавн ва қавмаш ибратест, вале аксарашон аз пайравони Фиръавн имон наоварданд وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ٦٨Ҳароина, Парвардигори ту пирӯзманду бахшанда аст وَٱتۡلُ عَلَيۡهِمۡ نَبَأَ إِبۡرَٰهِيمَ ٦٩Ва эй Расул, достони Иброҳимро барояшон (барои кофирон) тиловат кун إِذۡ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦ مَا تَعۡبُدُونَ ٧٠Он гоҳ ки ба падару қавми худ гуфт: «Чӣ чизро мепарастед?» قَالُواْ نَعۡبُدُ أَصۡنَامًا فَنَظَلُّ لَهَا عَٰكِفِينَ ٧١Гуфтанд: «Бутонеро мепарастем, пас ҳамеша бар ибодаташон қоим ҳастем» قَالَ هَلۡ يَسۡمَعُونَكُمۡ إِذۡ تَدۡعُونَ ٧٢Иброҳим гуфт: «Оё вақте онҳоро ба кӯмак мехонед, садоятонро мешунаванд أَوۡ يَنفَعُونَكُمۡ أَوۡ يَضُرُّونَ ٧٣Ё барои шумо фоидае медиҳанд, агар парастиши онҳо кардед, ё зиёне мерасонанд, агар тарки парастиши онҳо кардед?» قَالُواْ بَلۡ وَجَدۡنَآ ءَابَآءَنَا كَذَٰلِكَ يَفۡعَلُونَ ٧٤Гуфтанд: «На, балки падаронамонро дидаем, ки чунин мекардаанд» قَالَ أَفَرَءَيۡتُم مَّا كُنتُمۡ تَعۡبُدُونَ ٧٥Иброҳим гуфт: «Оё медонед, ки чӣ мепарастидаед أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُمُ ٱلۡأَقۡدَمُونَ ٧٦шумо ва ниёгонатон فَإِنَّهُمۡ عَدُوٌّ لِّيٓ إِلَّا رَبَّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٧٧Пас, ба дурустӣ, ки ҳамаи онҳо душманони мананд, вале Парвардигори ҷаҳониён дӯсти ман аст ٱلَّذِي خَلَقَنِي فَهُوَ يَهۡدِينِ ٧٨Ҳамон касе, ки маро биёфарид, сипас Ӯ роҳнамоиям мекунад وَٱلَّذِي هُوَ يُطۡعِمُنِي وَيَسۡقِينِ ٧٩ва ҳамон касе, ки ба ман таом медиҳад ва маро сероб месозад وَإِذَا مَرِضۡتُ فَهُوَ يَشۡفِينِ ٨٠ва чун бемор шавам, пас Ӯ маро шифо медиҳад وَٱلَّذِي يُمِيتُنِي ثُمَّ يُحۡيِينِ ٨١ва касе, ки маро мемиронад, сипас зинда мекунад وَٱلَّذِيٓ أَطۡمَعُ أَن يَغۡفِرَ لِي خَطِيٓـَٔتِي يَوۡمَ ٱلدِّينِ ٨٢ва касе, ки умед медорам, ки дар рӯзи қиёмат хатоямро бибахшояд رَبِّ هَبۡ لِي حُكۡمًا وَأَلۡحِقۡنِي بِٱلصَّٰلِحِينَ ٨٣Эй Парвардигори ман, маро ҳикмат бахш ва маро ба зумраи шоистагон дар ҷаннат бипайванд وَٱجۡعَل لِّي لِسَانَ صِدۡقٍ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ ٨٤Ва то рӯзи қиёмат барои ман дар миёни ояндагон овозаи нек ва зикри хайр қарор бидеҳ وَٱجۡعَلۡنِي مِن وَرَثَةِ جَنَّةِ ٱلنَّعِيمِ ٨٥Ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат қарор деҳ وَٱغۡفِرۡ لِأَبِيٓ إِنَّهُۥ كَانَ مِنَ ٱلضَّآلِّينَ ٨٦Ва падарамро биёмурз, ки ҳамоно ӯ аз гумроҳон аст وَلَا تُخۡزِنِي يَوۡمَ يُبۡعَثُونَ ٨٧Ва дар рӯзи қиёмат, ки мардум аз қабрҳояшон барои ҳисобу ҷазо бармехезанд, маро расво масоз يَوۡمَ لَا يَنفَعُ مَالٌ وَلَا بَنُونَ ٨٨рӯзе, ки на мол фоида медиҳад ва на фарзандон إِلَّا مَنۡ أَتَى ٱللَّهَ بِقَلۡبٍ سَلِيمٍ ٨٩магар он кас, ки бо қалби салим (холӣ аз ширк, куфр ва нифоқ) ба назди Аллоҳ биёяд وَأُزۡلِفَتِ ٱلۡجَنَّةُ لِلۡمُتَّقِينَ ٩٠Ва биҳиштҳоро барои парҳезгорон наздик оранд وَبُرِّزَتِ ٱلۡجَحِيمُ لِلۡغَاوِينَ ٩١Ва ҷаҳаннамро дар назари кофирон ошкор кунанд وَقِيلَ لَهُمۡ أَيۡنَ مَا كُنتُمۡ تَعۡبُدُونَ ٩٢Ба онҳо сарзаниш карда гӯянд: «Чизҳое, ки аз ғайри Аллоҳ мепарастидед, куҷоянд مِن دُونِ ٱللَّهِ هَلۡ يَنصُرُونَكُمۡ أَوۡ يَنتَصِرُونَ ٩٣Маъбудҳое, ғайр аз Аллоҳ ёриатон мекунанд дар баробари азоби Аллоҳ ё худ ёрӣ меҷӯянд?» فَكُبۡكِبُواْ فِيهَا هُمۡ وَٱلۡغَاوُۥنَ ٩٤Пас, онҳо (бутҳо) ва кофиронро сарнагун дар ҷаҳаннам андозанд وَجُنُودُ إِبۡلِيسَ أَجۡمَعُونَ ٩٥Ва низ андохта шавад ҳамаи лашкари Иблисро, ки барои мардум амали бадро зинат медоданд قَالُواْ وَهُمۡ فِيهَا يَخۡتَصِمُونَ ٩٦Онон дар дӯзах бо касоне, ки онҳоро ба залолат бурда буданд, ба кашмакаш мепардозанд ва мегӯянд تَٱللَّهِ إِن كُنَّا لَفِي ضَلَٰلٍ مُّبِينٍ ٩٧«Ба Аллоҳ савганд, ки мо дар гумроҳии ошкор будем إِذۡ نُسَوِّيكُم بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٩٨он гоҳ ки шуморо бо Парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем وَمَآ أَضَلَّنَآ إِلَّا ٱلۡمُجۡرِمُونَ ٩٩Ва ба ҷуз ин бадкорон касе моро гумроҳ накард فَمَا لَنَا مِن شَٰفِعِينَ ١٠٠Пас, акнун моро ҳеҷ шафоаткунандае нест وَلَا صَدِيقٍ حَمِيمٍ ١٠١ва моро дӯсти меҳрубоне нест فَلَوۡ أَنَّ لَنَا كَرَّةً فَنَكُونَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١٠٢Кош бори дигар ба дунё бозгардем, то аз мӯъминон гардем» إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةًۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٠٣Ба таҳқиқ, дар ин (қиссаи Иброҳим) ибратест ва аксари онҳо бо шунидани ин қисса ҳам имон наёварданд وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٠٤Албатта, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст كَذَّبَتۡ قَوۡمُ نُوحٍ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٠٥Қавми Нӯҳ ҳамаи паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ نُوحٌ أَلَا تَتَّقُونَ ١٠٦Он гоҳ ки бародарашон Нӯҳ ба онҳо гуфт: «Магар парҳезгорӣ намекунед, (яъне, наметарсед) إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٌ ١٠٧Ба таҳқиқ, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٠٨Аз Аллоҳ битарсед дар он чи шуморо ба он фармон медиҳад ва ё аз он наҳӣ мекунад ва аз ман итоат кунед وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٠٩Ман аз шумо дар муқобили даъвати худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١١٠Пас, аз Аллоҳ битарсед ва маро бо ба ҷо овардани фармудаҳояш ва бо парҳез кардан аз манъкардашудаҳояш итоат кунед!» ۞ قَالُوٓاْ أَنُؤۡمِنُ لَكَ وَٱتَّبَعَكَ ٱلۡأَرۡذَلُونَ ١١١Гуфтанд: «Оё ба ту имон биёварем ва ҳол он ки бенавоён (бечизу бемақом) пайрави ту ҳастанд?» قَالَ وَمَا عِلۡمِي بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ١١٢Нӯҳ гуфт: «Ман чи медонам онҳо чи кор кардаанд, вале вазифадор ҳастам, ки онҳоро ба сӯи имон даъват намоям.» إِنۡ حِسَابُهُمۡ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّيۖ لَوۡ تَشۡعُرُونَ ١١٣Агар бидонед, ҳисобашон ба ҷуз бар Парвардигори ман бар касе нест وَمَآ أَنَا۠ بِطَارِدِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١١٤Ва ман ҳаргиз мӯъминонро ба даъвати худ дур нахоҳам кард إِنۡ أَنَا۠ إِلَّا نَذِيرٌ مُّبِينٌ ١١٥Ман ба ҷуз бимдиҳандаи ошкоро каси дигар нестам قَالُواْ لَئِن لَّمۡ تَنتَهِ يَٰنُوحُ لَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمَرۡجُومِينَ ١١٦Гуфтанд: «Эй Нӯҳ, агар аз даъвати худ бас накунӣ, албатта, сангсор мешавӣ» قَالَ رَبِّ إِنَّ قَوۡمِي كَذَّبُونِ ١١٧Нӯҳ дуо карда гуфт: «Эй Парвардигори ман, қавми ман маро дурӯғгӯ мебароранд فَٱفۡتَحۡ بَيۡنِي وَبَيۡنَهُمۡ فَتۡحًا وَنَجِّنِي وَمَن مَّعِيَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١١٨Пас, миёни ману миёни онҳо (қатъӣ) ҳукм кун; ва марову ононро аз мӯъминон, ки ҳамроҳи мананд, наҷот деҳ!» فَأَنجَيۡنَٰهُ وَمَن مَّعَهُۥ فِي ٱلۡفُلۡكِ ٱلۡمَشۡحُونِ ١١٩Пас, ӯ ва ҳамроҳонашро дар он киштии пуркардашуда аз тамоми навъи махлуқот наҷот додем ثُمَّ أَغۡرَقۡنَا بَعۡدُ ٱلۡبَاقِينَ ١٢٠Ба боқимондаи ононро, ки имон наоварданд, ғарқ кардем إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةًۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٢١Албатта, дар ин нишонаи равшанест ва бештари онҳо бинобар шунидани ин қисса мӯъмин набуданд وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٢٢Албатта, Парвардигори ту пирӯзманд аст аз интиқом гирифтани кофирон ва меҳрубон аст бо бандагони мӯъминонаш كَذَّبَتۡ عَادٌ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٢٣Қавми Од низ паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ هُودٌ أَلَا تَتَّقُونَ ١٢٤Он гоҳ ки бародарашон Ҳуд гуфт: «Оё аз Аллоҳ наметарсед ва ибодати ғайри Ӯро тарк намекунед إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٌ ١٢٥Ҳароина, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам ва шумо инро медонед فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٢٦Аз Аллоҳ битарсед ва он чиро ки аз назди Аллоҳ овардаам, итоат кунед وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٢٧Ман аз шумо барои таблиғи рисолат ҳеҷ музде талаб намекунам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст أَتَبۡنُونَ بِكُلِّ رِيعٍ ءَايَةً تَعۡبَثُونَ ١٢٨Оё бар сари ҳар баландӣ ба беҳудагӣ нишонае аз рӯи ҳавову ҳавас месозед وَتَتَّخِذُونَ مَصَانِعَ لَعَلَّكُمۡ تَخۡلُدُونَ ١٢٩Ва қасрҳои маҳкам ва устувор бино мекунед, гӯё ки дар дунё ҷовидон мемонед وَإِذَا بَطَشۡتُم بَطَشۡتُمۡ جَبَّارِينَ ١٣٠Ва чун интиқом гиред, ба монанди золимон бераҳмона интиқом мегиред فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٣١Пас, аз Аллоҳ битарсед ва ба он чи ки ман шуморо даъват менамоям итоат кунед وَٱتَّقُواْ ٱلَّذِيٓ أَمَدَّكُم بِمَا تَعۡلَمُونَ ١٣٢Ва битарсед аз он Аллоҳе, ки он чиро, ки медонед, ба шумо ато кардааст أَمَدَّكُم بِأَنۡعَٰمٍ وَبَنِينَ ١٣٣Ва ба шумо чорпоёну фарзандон арзонӣ доштааст وَجَنَّٰتٍ وَعُيُونٍ ١٣٤ва низ боғҳову чашмасорон арзонӣ доштааст إِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٍ ١٣٥(Ҳуд алайҳиссалом гуфт:) Ман аз азоби рӯзи бузург бар шумо метарсам, ки ба сабаби имон наоварданатон бар шумо азоб фуруд ояд قَالُواْ سَوَآءٌ عَلَيۡنَآ أَوَعَظۡتَ أَمۡ لَمۡ تَكُن مِّنَ ٱلۡوَٰعِظِينَ ١٣٦Гуфтанд: «Барои мо яксон аст, ки моро панд диҳӣ ё панд надиҳӣ, ҳаргиз имон намеорем إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا خُلُقُ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٣٧Гуфтанд: Инҳо ҷуз ҳамон дурӯғу найранги пешиниён чизи дигаре нест وَمَا نَحۡنُ بِمُعَذَّبِينَ ١٣٨Ва мо ҳаргиз азоб нахоҳем шуд» فَكَذَّبُوهُ فَأَهۡلَكۡنَٰهُمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةًۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٣٩Пас, ӯро дурӯғгӯ бароварданд ва бар куфрашон давомат карданд, пас Мо ононро ҳалок кардем. Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٤٠Ҳароина, Парвардигори ту пирӯзманд аст ба нобуд сохтани кофирон ва меҳрубон аст ба мӯъминон كَذَّبَتۡ ثَمُودُ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٤١Қавми Самуд паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ صَٰلِحٌ أَلَا تَتَّقُونَ ١٤٢Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ гуфт: «Оё аз азоби Аллоҳ наметарсед ва танҳо Ӯро парастиш намекунед إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٌ ١٤٣Ҳароина, ман дар таблиғи рисолати Аллоҳ барои шумо паёмбари амин ҳастам فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٤٤Аз иқоби Аллоҳ битарсед ва он чиро ки ман ба шумо овардаам итоат кунед وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٤٥Ман аз шумо барои таблиғи рисолат музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст أَتُتۡرَكُونَ فِي مَا هَٰهُنَآ ءَامِنِينَ ١٤٦Оё мепиндоред, ки шумо дар ин неъматҳои ин ҷо эмин гузошта хоҳед шуд فِي جَنَّٰتٍ وَعُيُونٍ ١٤٧Дар ин боғҳову чашмасорҳо وَزُرُوعٍ وَنَخۡلٍ طَلۡعُهَا هَضِيمٌ ١٤٨Ва дар ин киштзорҳову хурмозорҳо бо он шукуфаҳои нарму латиф وَتَنۡحِتُونَ مِنَ ٱلۡجِبَالِ بُيُوتًا فَٰرِهِينَ ١٤٩Ва сармастии шумо ба ҳадде расидааст, ки моҳирона дар кӯҳҳо хонаҳое метарошед فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٥٠Пас, аз азоби Аллоҳ битарсед ва ба насиҳати ман итоат кунед وَلَا تُطِيعُوٓاْ أَمۡرَ ٱلۡمُسۡرِفِينَ ١٥١Ва фармони ин исрофкоронро мапазиред ٱلَّذِينَ يُفۡسِدُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا يُصۡلِحُونَ ١٥٢Онҳоеро, ки дар замин ба ҷои ислоҳ фасод мекунанд قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مِنَ ٱلۡمُسَحَّرِينَ ١٥٣Самудиён ба паёмбарашон Солеҳ гуфтанд: «Ҷуз ин нест, ки туро ҷоду кардаанд مَآ أَنتَ إِلَّا بَشَرٌ مِّثۡلُنَا فَأۡتِ بِـَٔايَةٍ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ ١٥٤Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ. Агар рост мегӯӣ, нишонае биёвар» قَالَ هَٰذِهِۦ نَاقَةٌ لَّهَا شِرۡبٌ وَلَكُمۡ شِرۡبُ يَوۡمٍ مَّعۡلُومٍ ١٥٥Солеҳ гуфт: «Ин модашутуре аст, ки як навбат об хӯрдан барои вай аст ва навбати рӯзи муайян барои шумо وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوٓءٍ فَيَأۡخُذَكُمۡ عَذَابُ يَوۡمٍ عَظِيمٍ ١٥٦Ба он камтарин озоре нарасонед, ки азоби рӯзи бузург ба саратон меояд» فَعَقَرُوهَا فَأَصۡبَحُواْ نَٰدِمِينَ ١٥٧Пас, онро куштанд ва пушаймон шуданд, вале пушаймонӣ барояшон фоиде набахшид فَأَخَذَهُمُ ٱلۡعَذَابُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةًۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٥٨Пас, азоби Аллоҳ онҳоро фурӯ гирифт. Албатта, дар ин ҳалок шудани Самудиён ибратест ва бисёрии онҳо имон наёварданд وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٥٩Ва албатта, Парвардигори ту пирӯзманд аст бар душманонаш ва меҳрубон аст ба ононе, ки имон оварданд كَذَّبَتۡ قَوۡمُ لُوطٍ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٦٠Қавми Лут низ паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ لُوطٌ أَلَا تَتَّقُونَ ١٦١Он гоҳ бародарашон Лут ба онҳо гуфт: «Оё аз азоби Аллоҳ наметарсед إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٌ ١٦٢Ҳароина, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٦٣Аз имон наоварданатон аз Аллоҳ битарсед ва ба он чизе, ки шуморо даъват мекунам, маро итоат кунед وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٦٤Ман аз шумо дар баробари таблиғи рисолати Аллоҳ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст أَتَأۡتُونَ ٱلذُّكۡرَانَ مِنَ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٦٥Оё ба қасди қазои шаҳват аз миёни аҳли олам ба сӯи мардон меравед وَتَذَرُونَ مَا خَلَقَ لَكُمۡ رَبُّكُم مِّنۡ أَزۡوَٰجِكُمۚ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٌ عَادُونَ ١٦٦Вале ҳамсаронеро, ки Парвардигоратон барои шумо ҳалолу покиза офаридааст, тарк мекунед? Балки, шумо мардуми таҷовузкор ҳастед!» قَالُواْ لَئِن لَّمۡ تَنتَهِ يَٰلُوطُ لَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُخۡرَجِينَ ١٦٧Қавми Лут гуфтанд: «Эй Лут, агар бас накунӣ, ҳатман, аз шаҳр берунат мекунем» قَالَ إِنِّي لِعَمَلِكُم مِّنَ ٱلۡقَالِينَ ١٦٨Лут барояшон гуфт: «Ба дурустӣ, ки ман душмани ашадии амали шумо ҳастам.» رَبِّ نَجِّنِي وَأَهۡلِي مِمَّا يَعۡمَلُونَ ١٦٩Баъд аз он Лут дуо карда гуфт: Эй Парвардигори ман, маро ва аҳламро аз оқибати амале, ки мекунанд, наҷот бидеҳ!» فَنَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ ١٧٠Пас, ӯ ва ҳамаи аҳлашро наҷот додем إِلَّا عَجُوزًا فِي ٱلۡغَٰبِرِينَ ١٧١ғайри пиразане, ки хост бимонад ثُمَّ دَمَّرۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ ١٧٢Сипас дигаронро, ки аз аҳли куффор буданд ба сахттарин азоб ҳалок кардем وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهِم مَّطَرًاۖ فَسَآءَ مَطَرُ ٱلۡمُنذَرِينَ ١٧٣Бар онҳо бороне аз санг боронидем ва чӣ бад буд борони бимдодашудагон إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةًۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٧٤Ҳароина, дар ин азоби фурудомада бар қави Лут ибратест ва аксари онҳо имон наёварданд وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٧٥Ва ҳароина, Парвардигори ту пирӯзманд аст бар кофирон ва меҳрубон аст ба мӯьминон كَذَّبَ أَصۡحَٰبُ لۡـَٔيۡكَةِ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٧٦Мардуми Айка (қавми Шуъайб) паёмбарони Аллоҳро дурӯғгӯ бароварданд إِذۡ قَالَ لَهُمۡ شُعَيۡبٌ أَلَا تَتَّقُونَ ١٧٧Он гоҳ ки Шуъайб ба онҳо гуфт: «Оё бар ширк ва маъсият оварданатон аз иқоби Аллоҳ наметарсед إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٌ ١٧٨Ҳароина, ман барои ҳидояти шумо паёмбари амин ҳастам فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٧٩Аз Аллоҳ битарсед ва ба он чи ки ман шуморо даъват менамоям, маро итоат кунед وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٨٠Ман аз шумо барои таблиғи рисолати Аллоҳ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст ۞ أَوۡفُواْ ٱلۡكَيۡلَ وَلَا تَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُخۡسِرِينَ ١٨١Шуъайб барояшон гуфт: Паймонаро тамом бипардозед ва аз зумраи зиёндиҳандагон мабошед وَزِنُواْ بِٱلۡقِسۡطَاسِ ٱلۡمُسۡتَقِيمِ ١٨٢Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед وَلَا تَبۡخَسُواْ ٱلنَّاسَ أَشۡيَآءَهُمۡ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَ ١٨٣Ба мардум ашёашонро кам мадиҳед ва дар замин ба фасод макӯшед وَٱتَّقُواْ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ وَٱلۡجِبِلَّةَ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٨٤Аз он Кас, ки шумо ва халоиқи пеш аз шуморо офаридааст, битарсед» قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مِنَ ٱلۡمُسَحَّرِينَ ١٨٥Гуфтанд: Эй Шуъайб ҷуз ин нест, ки туро ҷоду кардаанд وَمَآ أَنتَ إِلَّا بَشَرٌ مِّثۡلُنَا وَإِن نَّظُنُّكَ لَمِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ ١٨٦Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ ва мепиндорем, ки ҳамоно ту дурӯғ мегӯӣ فَأَسۡقِطۡ عَلَيۡنَا كِسَفًا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ ١٨٧Агар рост мегӯӣ, пас Аллоҳатро дуъо кун, ки пораи азобе аз осмон бар сари мо афтад, то нобуд созад моро قَالَ رَبِّيٓ أَعۡلَمُ بِمَا تَعۡمَلُونَ ١٨٨Шуъайб гуфт: «Парвардигори ман ба ҳар коре, ки мекунед, донотар аст» فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمۡ عَذَابُ يَوۡمِ ٱلظُّلَّةِۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٍ ١٨٩Пас ӯро дурӯғгӯ бароварданд ва бар куфрашон давомат карданд ва гармии сахт онҳоро фаро гирифт ва зери сояи абр қарор гирифтанд ва дар он рӯзи абрнок азоб ононро фурӯ гирифт. Ҳамоно он, азоби рӯзи бузург буд إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةًۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٩٠Албатта, дар ин азобе, ки бар онҳо фуруд омад ибратест ва аксари онҳо имон наёварданд وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٩١Албатта, Парвардигори ту пирӯзманд аст бар душманонаш ва меҳрубон аст, ба бандагони яктопарасташ وَإِنَّهُۥ لَتَنزِيلُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٩٢Ва ҳароина, ин китоб нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст نَزَلَ بِهِ ٱلرُّوحُ ٱلۡأَمِينُ ١٩٣Онро Рӯҳуламин нозил кардааст عَلَىٰ قَلۡبِكَ لِتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُنذِرِينَ ١٩٤Бар дили ту эй Муҳаммад, то аз бимдиҳандагон бошӣ ва ба василаи он мардумро ҳидоят намоӣ بِلِسَانٍ عَرَبِيٍّ مُّبِينٍ ١٩٥ба забони арабии равшан, ки беҳтарини забонҳост وَإِنَّهُۥ لَفِي زُبُرِ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٩٦Ва ҳароина, зикри Қуръон дар китобҳои паёмбарони пешиниён низ ҳаст أَوَلَمۡ يَكُن لَّهُمۡ ءَايَةً أَن يَعۡلَمَهُۥ عُلَمَٰٓؤُاْ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ١٩٧Оё ин нишона бар онҳо басанда нест, ки ту эй Муҳаммад паёмбари барҳаққӣ, ҳол он ки уламои банӣ Исроил аз он огоҳанд وَلَوۡ نَزَّلۡنَٰهُ عَلَىٰ بَعۡضِ ٱلۡأَعۡجَمِينَ ١٩٨Ва агар он Қуръонро бар яке аз аҷамиён (ғайри арабҳо) нозил карда будем فَقَرَأَهُۥ عَلَيۡهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ مُؤۡمِنِينَ ١٩٩ва барояшон онро мехонд, ба он имон намеоварданд كَذَٰلِكَ سَلَكۡنَٰهُ فِي قُلُوبِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ ٢٠٠Ба ин сон инкор кардани Қуръонро дар дилҳои гунаҳгрон роҳ додем لَا يُؤۡمِنُونَ بِهِۦ حَتَّىٰ يَرَوُاْ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَلِيمَ ٢٠١Ба хотири зулмашон ба он имон намеоваранд, то азоби дарднокро бо чашми худ бингаранд فَيَأۡتِيَهُم بَغۡتَةً وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ ٢٠٢Ва дар дунё он азоб ногаҳон ва бехабар бар онон фуруд меояд فَيَقُولُواْ هَلۡ نَحۡنُ مُنظَرُونَ ٢٠٣Пас, азобро мушоҳида карда мегӯянд: «Оё ба мо мӯҳлате дода хоҳад шуд?» أَفَبِعَذَابِنَا يَسۡتَعۡجِلُونَ ٢٠٤Оё онҳоро мӯҳлат додани Ман мағрур кардааст, ки барои фуруд омадани азоби Мо мешитобанд أَفَرَءَيۡتَ إِن مَّتَّعۡنَٰهُمۡ سِنِينَ ٢٠٥Магар намедонӣ, ки солҳо баҳрамандашон созем ثُمَّ جَآءَهُم مَّا كَانُواْ يُوعَدُونَ ٢٠٦сипас азобе, ки ба онҳо ваъда дода мешавад, бар сари онҳо биёяд مَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يُمَتَّعُونَ ٢٠٧Вақте ки аз шарик оварданашон тавба накарданд он баҳрамандиҳояшон дар ҳаёти дунё фоидае барои онҳо нахоҳад дошт وَمَآ أَهۡلَكۡنَا مِن قَرۡيَةٍ إِلَّا لَهَا مُنذِرُونَ ٢٠٨Ва Мо аҳли ҳеҷ шаҳреро ҳалок накардаем, магар ки барояшон бимдиҳандагоне буданд ذِكۡرَىٰ وَمَا كُنَّا ظَٰلِمِينَ ٢٠٩то пандашон диҳанд ва мардумро аз кори бад нигоҳ доранд. Ва Мо ситамкор набудем, ки онҳоро пеш аз бим додан нобуд созем وَمَا تَنَزَّلَتۡ بِهِ ٱلشَّيَٰطِينُ ٢١٠Ва ин Қуръонро шайтонҳо бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил накардаанд, чунон ки кофирон гумон мебаранд وَمَا يَنۢبَغِي لَهُمۡ وَمَا يَسۡتَطِيعُونَ ٢١١Онон на лоиқи ин коранд ва на тавоноии он доранд إِنَّهُمۡ عَنِ ٱلسَّمۡعِ لَمَعۡزُولُونَ ٢١٢Ҳароина, шайтонҳоро аз шунидани ваҳй дур доштаанд فَلَا تَدۡعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُعَذَّبِينَ ٢١٣Пас, ба Аллоҳи якто маъбуди дигареро махон, то мабодо дар шумори азобшавандагон дароӣ وَأَنذِرۡ عَشِيرَتَكَ ٱلۡأَقۡرَبِينَ ٢١٤Эй Паёмбар, хешовандони наздикатро битарсон, то ба сабаби куфрашон азоб бар онҳо фуруд наояд وَٱخۡفِضۡ جَنَاحَكَ لِمَنِ ٱتَّبَعَكَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٢١٥Дар баробари ҳар як аз мӯъминон, ки аз ту пайравӣ мекунад, хоксор бош فَإِنۡ عَصَوۡكَ فَقُلۡ إِنِّي بَرِيٓءٌ مِّمَّا تَعۡمَلُونَ ٢١٦Ва агар бар ту нофармонӣ карданд, бигӯ: «Ҳароина, ман аз корҳои ширки шумо безорам!» وَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱلۡعَزِيزِ ٱلرَّحِيمِ ٢١٧Ва бар Аллоҳи пирӯзманду меҳрубон таваккал кун ٱلَّذِي يَرَىٰكَ حِينَ تَقُومُ ٢١٨Ҳамоно касе, ки туро ба ҳангоме ки барои ибодат дар торикии шаб бармехезӣ мебинад وَتَقَلُّبَكَ فِي ٱلسَّٰجِدِينَ ٢١٩ва нишастану бархостани туро дар миёни саҷдакунандагон мебинад إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ٢٢٠Албатта, Ӯ шунаво аст ба тиловати ту ва доно аст, ба нияту амали ту هَلۡ أُنَبِّئُكُمۡ عَلَىٰ مَن تَنَزَّلُ ٱلشَّيَٰطِينُ ٢٢١Оё шуморо огоҳ кунам, ки шайтонҳо ба назди киҳо меоянд تَنَزَّلُ عَلَىٰ كُلِّ أَفَّاكٍ أَثِيمٍ ٢٢٢Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор меоянд يُلۡقُونَ ٱلسَّمۡعَ وَأَكۡثَرُهُمۡ كَٰذِبُونَ ٢٢٣ва шунидаҳои худро, ки аз осмон дуздиданд ба дуругӯён мепартоянд ва аксари онҳо дурӯғгӯёнанд وَٱلشُّعَرَآءُ يَتَّبِعُهُمُ ٱلۡغَاوُۥنَ ٢٢٤Ва шоирон касоне ҳастанд, ки гумроҳон аз паи онҳо мераванд أَلَمۡ تَرَ أَنَّهُمۡ فِي كُلِّ وَادٍ يَهِيمُونَ ٢٢٥Оё гумроҳии онҳоро надидаӣ, ки шоирон дар ҳар водие (аз водиҳои шеър) саргардонанд وَأَنَّهُمۡ يَقُولُونَ مَا لَا يَفۡعَلُونَ ٢٢٦Ва сифати шоирон ин аст, ки чизҳое мегӯянд, ки худ амал намекунанд إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَذَكَرُواْ ٱللَّهَ كَثِيرًا وَٱنتَصَرُواْ مِنۢ بَعۡدِ مَا ظُلِمُواْۗ وَسَيَعۡلَمُ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ أَيَّ مُنقَلَبٍ يَنقَلِبُونَ ٢٢٧Магар он шоироне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва Аллоҳро бисёр ёд карданд ва дар васфи ягонагии Аллоҳ ва дифоъ аз паёмбари Аллоҳ шеърҳо гуфтанд, ки мардумро ба ёди Аллоҳ меандозад ва чун мавриди ситам воқеъ шуданд, бо василаи шеъри худ аз мушрикону кофирон интиқом гирифтанд. Ва ситамгорон ба зудӣ хоҳанд донист, ки ба чӣ маконе бозмегарданд

Translation: Khoja Mirov.