Millat al-Islam

Chapter 100 · 11 verses · Khoja Mirov

Surah Al-Adiyat in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah Al-Adiyat (1269 reciters)

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

وَٱلۡعَٰدِيَٰتِ ضَبۡحًا ١Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба аспони тозандае ки нафасзанон ба тарафи душман ҳамла мекунанд فَٱلۡمُورِيَٰتِ قَدۡحًا ٢Савганд, ба аспоне, ки ба наъли худ сангро зада оташ мебароранд فَٱلۡمُغِيرَٰتِ صُبۡحًا ٣Пас савганд ба аспоне, ки бар муқобили душман бомдодон ҳуҷум оваранд فَأَثَرۡنَ بِهِۦ نَقۡعًا ٤ва он гоҳ дар он ҷо ғубор бархезонанд فَوَسَطۡنَ بِهِۦ جَمۡعًا ٥ва он гоҳ дар он ҷо дар миён дароянд ва душманро сарнагун созанд إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لِرَبِّهِۦ لَكَنُودٌ ٦Ба дурустӣ, ки одамӣ Парвардигори худро шукр намегӯяд وَإِنَّهُۥ عَلَىٰ ذَٰلِكَ لَشَهِيدٌ ٧Ба дурустӣ, ӯ худ бар ин гувоҳ аст وَإِنَّهُۥ لِحُبِّ ٱلۡخَيۡرِ لَشَدِيدٌ ٨Ва ӯ алоқаи сахт бо дороӣ ва мол дорад ۞ أَفَلَا يَعۡلَمُ إِذَا بُعۡثِرَ مَا فِي ٱلۡقُبُورِ ٩Оё инсоне, ки мағрур аст намедонад Аллоҳ таъоло мурдагонро аз гурҳояшон барои ҳисобу ҷазо берун меоварад وَحُصِّلَ مَا فِي ٱلصُّدُورِ ١٠ва он чӣ дар дилҳо аз неку бад пинҳон аст, ошкор шавад إِنَّ رَبَّهُم بِهِمۡ يَوۡمَئِذٍ لَّخَبِيرُۢ ١١Парвардигорашон дар он рӯз аз ҳоли онҳо ва амалҳояшон огоҳ аст. Ва ҳеҷ чизе аз Ӯ пинҳон нахоҳад монд

Translation: Khoja Mirov.