بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
إِذَا زُلۡزِلَتِ ٱلۡأَرۡضُ زِلۡزَالَهَا ١Он гоҳ ки замин ларзонда шавад ба сахттарин ларзаҳояш وَأَخۡرَجَتِ ٱلۡأَرۡضُ أَثۡقَالَهَا ٢ва замин борҳои сангинашро берун резад وَقَالَ ٱلۡإِنسَٰنُ مَا لَهَا ٣ва одамӣ аз тарс бигӯяд, ки заминро чӣ шудааст يَوۡمَئِذٍ تُحَدِّثُ أَخۡبَارَهَا ٤Дар ин рӯз замин хабарҳои худро аз неку бад ҳикоят мекунад بِأَنَّ رَبَّكَ أَوۡحَىٰ لَهَا ٥Зеро Парвардигорат ба ӯ амр кардааст, ки хабар бидиҳад дар рӯи ӯ он чи карда шудааст يَوۡمَئِذٍ يَصۡدُرُ ٱلنَّاسُ أَشۡتَاتًا لِّيُرَوۡاْ أَعۡمَٰلَهُمۡ ٦Дар он рӯз мардум пароканда аз қабрҳо берун меоянд, то амалҳояшонро ба онҳо нишон диҳанд فَمَن يَعۡمَلۡ مِثۡقَالَ ذَرَّةٍ خَيۡرًا يَرَهُۥ ٧Пас ҳар кас ба андозаи заррае некӣ карда бошад, подоши онро дар охират мебинад وَمَن يَعۡمَلۡ مِثۡقَالَ ذَرَّةٍ شَرًّا يَرَهُۥ ٨Ва ҳар кас ба андозаи заррае бадӣ карда бошад, азобашро дар охират мебинад