بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمُدَّثِّرُ ١Эй ҷома дар сар кашида قُمۡ فَأَنذِرۡ ٢бархез аз ҷои хобат, пас бим деҳ одамонро аз азоби Аллоҳ وَرَبَّكَ فَكَبِّرۡ ٣Ва такбиру таъзиму ибодатро махсуси Парвардигорат гардон وَثِيَابَكَ فَطَهِّرۡ ٤Ва ҷомаатро аз наҷосатҳо покиза дор وَٱلرُّجۡزَ فَٱهۡجُرۡ ٥Ва давомат кун дурӣ ҷӯстанро аз бутҳо ва аз корҳои ширк, пас ба онҳо наздикӣ макун وَلَا تَمۡنُن تَسۡتَكۡثِرُ ٦Ва чизе мадеҳ, ки беш аз он чашм дошта бошӣ وَلِرَبِّكَ فَٱصۡبِرۡ ٧Ва барои розигии Парвардигорат бар амру наҳйҳояш собир бош فَإِذَا نُقِرَ فِي ٱلنَّاقُورِ ٨Пас он гоҳ ки дар сур (карнай) барои аз нав зинда шудан, дамида шавад فَذَٰلِكَ يَوۡمَئِذٍ يَوۡمٌ عَسِيرٌ ٩пас он рӯз рӯзи сахте хоҳад буд عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ غَيۡرُ يَسِيرٍ ١٠Барои кофирон осон нест, ки халос шаванд аз муноқишаи ҳисобу китоб ذَرۡنِي وَمَنۡ خَلَقۡتُ وَحِيدًا ١١Маро эй Паёмбар, бо он ки дар шиками модараш танҳояш бе молу фарзанд, офаридаам, вогузор وَجَعَلۡتُ لَهُۥ مَالًا مَّمۡدُودًا ١٢Ва ӯро моли бисёре додам وَبَنِينَ شُهُودًا ١٣Ва писароне ҳама дар Макка назди ӯ ҳозир وَمَهَّدتُّ لَهُۥ تَمۡهِيدًا ١٤Ва васоили зиндагиро аз ҳар ҷиҳат барои ӯ фароҳам сохтаам ثُمَّ يَطۡمَعُ أَنۡ أَزِيدَ ١٥Он гоҳ тамаъ мебандад, ки бар неъматаш биафзоям كـَلَّآۖ إِنَّهُۥ كَانَ لِأٓيَٰتِنَا عَنِيدًا ١٦Ҳаргиз, ки ҳамоно, ӯ дар баробари Қуръон ва оёти Мо саркашӣ карду ситеза ҷӯст سَأُرۡهِقُهُۥ صَعُودًا ١٧Зуд аст, ки ба сараш машаққатҳоеро аз навъҳои азобе, ки дар он роҳат нест меорем إِنَّهُۥ فَكَّرَ وَقَدَّرَ ١٨Ҳароина, ӯ андешид ва нақшае кашид فَقُتِلَ كَيۡفَ قَدَّرَ ١٩Пас марг бар ӯбод, чӣ гуна нақшае кашид ثُمَّ قُتِلَ كَيۡفَ قَدَّرَ ٢٠Боз ҳам марг барӯ бод, чӣ нақшае кашид ثُمَّ نَظَرَ ٢١Сипас он гоҳ, ки нигарист, (яъне, фикр карду нақша кашид ва тайёрӣ дид дар таъна задани Қуръон) ثُمَّ عَبَسَ وَبَسَرَ ٢٢Сипас рӯй турш кард ва пешонӣ дарҳам кашид. Баъд аз он, ки чизе наёфт, ки ба он Қуръонро таъна занад ثُمَّ أَدۡبَرَ وَٱسۡتَكۡبَرَ ٢٣Сипас рӯй гардонид аз ҳақ ва гарданкашӣ кард аз эътироф шудан ба мағлубияташ فَقَالَ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٌ يُؤۡثَرُ ٢٤Пас гуфт дар бораи Қуръон: «Ин чизе, ки Муҳаммад мегӯяд, ҷуз ҷодуе, манқул аз пешиниён ривоят шуда, ҳеҷ нест إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا قَوۡلُ ٱلۡبَشَرِ ٢٥Ин сухани махлуқон аст, ки Муҳаммад онро таълим гирифтаасту, баъд аз он даъво мекунад, ки он аз назди Аллоҳ аст سَأُصۡلِيهِ سَقَرَ ٢٦Ба зудӣ ӯро ба сақар (дӯзах) бияфканам. То бисӯзад дар оташаш وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا سَقَرُ ٢٧Ту чӣ медонӣ, ки сақар чи гӯна аст لَا تُبۡقِي وَلَا تَذَرُ ٢٨На, гӯштеро боқӣ мегузорад ва на устухонеро раҳо месозад لَوَّاحَةٌ لِّلۡبَشَرِ ٢٩Тағйирдиҳанда ва сиёҳкунандаи пӯст аст عَلَيۡهَا تِسۡعَةَ عَشَرَ ٣٠Нуздаҳ фаришта барои азоби онҳо муваккаланд وَمَا جَعَلۡنَآ أَصۡحَٰبَ ٱلنَّارِ إِلَّا مَلَٰٓئِكَةًۖ وَمَا جَعَلۡنَا عِدَّتَهُمۡ إِلَّا فِتۡنَةً لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ لِيَسۡتَيۡقِنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَيَزۡدَادَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِيمَٰنًا وَلَا يَرۡتَابَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَلِيَقُولَ ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ وَٱلۡكَٰفِرُونَ مَاذَآ أَرَادَ ٱللَّهُ بِهَٰذَا مَثَلًاۚ كَذَٰلِكَ يُضِلُّ ٱللَّهُ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ وَمَا يَعۡلَمُ جُنُودَ رَبِّكَ إِلَّا هُوَۚ وَمَا هِيَ إِلَّا ذِكۡرَىٰ لِلۡبَشَرِ ٣١Муваккалони дӯзахро ҷуз аз фариштагони сахтгир қарор надодем. Ва шумори онҳо ҷуз барои имтиҳони кофирон нест. То аҳли китоб (Яҳуд ва Насоро) бовар кунанд ва бар имони мӯъминон бияфзояд ва ахди китобу мӯъминон шак накунанд. Ва то он мунофиқон ва кофирон, ки дар дилҳояшон маразест, бигӯянд: «Аллоҳ аз ин шумораи аҷоиб чӣ мехостааст?» Аллоҳ инчунин ҳар касро, ки бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки бихоҳад роҳ менамояд. Ва шумори лашкари Парвардигоратро ҷуз Ӯ кассе надонад. Ва ин ҷаҳаннам ҷуз ҳушдор ва панде аз барои мардум нест كـَلَّا وَٱلۡقَمَرِ ٣٢Инчунин нест, ки онҳо мепиндоранд, савганд ба моҳ وَٱلَّيۡلِ إِذۡ أَدۡبَرَ ٣٣Ва савганд ба шаб, чун пушт кунад рӯй ба рафтан орад وَٱلصُّبۡحِ إِذَآ أَسۡفَرَ ٣٤Ва савганд ба субҳ, чун парда барафканад إِنَّهَا لَإِحۡدَى ٱلۡكُبَرِ ٣٥ки ҳароина, ин дӯзах яке аз ҳодисаҳои бузург аст نَذِيرًا لِّلۡبَشَرِ ٣٦Тарсонандаи одамиён аст لِمَن شَآءَ مِنكُمۡ أَن يَتَقَدَّمَ أَوۡ يَتَأَخَّرَ ٣٧Барои ҳар касе аз шумо, ки бихоҳад, наздик шудан ба Парвардигорашро бо амали нек ё бозпас монад бо куфру нофармонӣ كُلُّ نَفۡسِۭ بِمَا كَسَبَتۡ رَهِينَةٌ ٣٨Ҳар кас гаравгони корест, ки кардааст, хоҳ нек аст, хоҳ бад аз он раҳо намеёбад, то он вақте ки ҳаққашро бидиҳад إِلَّآ أَصۡحَٰبَ ٱلۡيَمِينِ ٣٩Ғайри мусалмонони холис онҳое, ки худашонро бо амалҳои шоиста наҷот доданд فِي جَنَّٰتٍ يَتَسَآءَلُونَ ٤٠Онҳо дар биҳиштҳо нишастаанд ва аз якдигарашон мепурсанд عَنِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ ٤١аз кофироне, ки дар ҳаққи худашон гуноҳ кардаанд مَا سَلَكَكُمۡ فِي سَقَرَ ٤٢Чӣ чизҳое шуморо ба ҷаҳаннам даровард قَالُواْ لَمۡ نَكُ مِنَ ٱلۡمُصَلِّينَ ٤٣Гӯянд гунаҳкорон: "Мо дар дунё аз намозгузорон набудем وَلَمۡ نَكُ نُطۡعِمُ ٱلۡمِسۡكِينَ ٤٤ва ба дарвешону камбағалон таъом намедодем وَكُنَّا نَخُوضُ مَعَ ٱلۡخَآئِضِينَ ٤٥ва бо онон, ки сухани ботил мегуфтанд, ҳамовоз мешудем وَكُنَّا نُكَذِّبُ بِيَوۡمِ ٱلدِّينِ ٤٦ва рӯзи қиёматро дӯруғ мешуморидем حَتَّىٰٓ أَتَىٰنَا ٱلۡيَقِينُ ٤٧то марги мо фаро расид ва мо дар ҳамон гумроҳӣ будем فَمَا تَنفَعُهُمۡ شَفَٰعَةُ ٱلشَّٰفِعِينَ ٤٨Пас, шафоъати шафоаткунандагон фоидаашон набахшад. Зеро шафоъат барои онҳоест, ки Аллоҳ таъоло аз онҳо розист ва барои шафоаткунанда иҷозат додааст فَمَا لَهُمۡ عَنِ ٱلتَّذۡكِرَةِ مُعۡرِضِينَ ٤٩Пас он мушриконро чӣ шудааст, ки аз Қуръон ва пандҳои он рӯй гардонанд كَأَنَّهُمۡ حُمُرٌ مُّسۡتَنفِرَةٌ ٥٠Монанди харони ваҳшие, ки рамида فَرَّتۡ مِن قَسۡوَرَةِۭ ٥١аз шер мегурезанд بَلۡ يُرِيدُ كُلُّ ٱمۡرِيٍٕ مِّنۡهُمۡ أَن يُؤۡتَىٰ صُحُفًا مُّنَشَّرَةً ٥٢Балки ҳар як аз он мушрикҳо мехоҳанд, ки аз сӯйи Аллоҳ китоби кушодае ба ӯ дода шавад كـَلَّاۖ بَل لَّا يَخَافُونَ ٱلۡأٓخِرَةَ ٥٣На чунин аст, ки онҳо мепиндоранд, балки онҳо аз охират наметарсанд. Ва ба баъсу ҷазо боварӣ надоранд كـَلَّآ إِنَّهُۥ تَذۡكِرَةٌ ٥٤На чунин аст, ки онҳо дар бораи Қуръон меандешанд албатта, ки ин Қуръон пандест агар саъодати худро бихоҳанд فَمَن شَآءَ ذَكَرَهُۥ ٥٥пас ҳар кӣ бихоҳад, онро бихонад ва аз он андарз бигирад ва аз ҳидояташ фоида бибарад وَمَا يَذۡكُرُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُۚ هُوَ أَهۡلُ ٱلتَّقۡوَىٰ وَأَهۡلُ ٱلۡمَغۡفِرَةِ ٥٦Ва панд нагиранд, магар ин ки Аллоҳ хоҳад ҳидояти онҳоро. Ӯ таъоло шоёни он аст, ки аз Ӯ битарсанд ва итоъаташ кунанд. Ва Ӯ шоёни омӯрзидан аст касонеро, ки ба Ӯ имон оранду итоъаташ кунанд