Millat al-Islam

Chapter 75 · 40 verses · Khoja Mirov

Surah Al-Qiyama in Tajik

Arabic with tafsir Listen to Surah Al-Qiyama (1375 reciters)

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

لَآ أُقۡسِمُ بِيَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ ١Аллоҳ таъоло савганд ёд мекунад: Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат рӯзе, ки ҳисобу ҷазо аст وَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلنَّفۡسِ ٱللَّوَّامَةِ ٢Ва қасам мехӯрам ба нафси мӯъмини парҳезгор, ки соҳибашро бар тарки тоъатҳо ва муртакиб шудани гуноҳҳо маломатгар аст أَيَحۡسَبُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَلَّن نَّجۡمَعَ عِظَامَهُۥ ٣Оё инсони кофир мепиндорад, ки Мо ҳаргиз устухонҳояшро гирд нахоҳем овард, баъд аз он ки пӯсид ва парокандагардид بَلَىٰ قَٰدِرِينَ عَلَىٰٓ أَن نُّسَوِّيَ بَنَانَهُۥ ٤Оре, мо тамоми устухонҳои пӯсидаи инсонро гирд меоварем ва ҳатто аз ин ҳам фаротар қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем, чунонки пеш аз марг дар ҳаёти дунё буданд بَلۡ يُرِيدُ ٱلۡإِنسَٰنُ لِيَفۡجُرَ أَمَامَهُۥ ٥Балки, инсони мункир ба рӯзи баъс мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад يَسۡـَٔلُ أَيَّانَ يَوۡمُ ٱلۡقِيَٰمَةِ ٦Инсони кофир аз рӯи такаббур ва ришханд мепурсад: «Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?» فَإِذَا بَرِقَ ٱلۡبَصَرُ ٧Рӯзе, ки чашмҳо аз шиддати сахтии рӯзи қиёмат хира шавад وَخَسَفَ ٱلۡقَمَرُ ٨ва моҳ тира шавад ва нураш аз байн равад وَجُمِعَ ٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُ ٩ва офтобу моҳ бо рафтани нурашон дар як ҷой гирд оянд يَقُولُ ٱلۡإِنسَٰنُ يَوۡمَئِذٍ أَيۡنَ ٱلۡمَفَرُّ ١٠Инсон дар он рӯз мегӯяд: «Роҳи гурез аз азоб куҷост?» كـَلَّا لَا وَزَرَ ١١Амр на чунон аст, ки эй инсон, ту таманно мекунӣ. Ҳаргиз (дар он рӯз паноҳгоҳе нест) إِلَىٰ رَبِّكَ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡمُسۡتَقَرُّ ١٢Қароргоҳи ҳама дар он рӯз назди Парвардигори туст! Пас ҳар якеро тибқи амалҳояш ҷазои муносиб хоҳад дод يُنَبَّؤُاْ ٱلۡإِنسَٰنُ يَوۡمَئِذِۭ بِمَا قَدَّمَ وَأَخَّرَ ١٣Дар он рӯз одамиро аз тамоми амалҳои неку баде, ки он чӣ пешопеш дар ҳаёти худ фиристода ва он чӣ баъд аз хеш гузоштааст, хабар дода мешавад بَلِ ٱلۡإِنسَٰنُ عَلَىٰ نَفۡسِهِۦ بَصِيرَةٌ ١٤Балки инсон бар нафси худ бино аст ва ҳақиқати коре, ки аз тоъат ё маъсият анҷом додааст, медонад وَلَوۡ أَلۡقَىٰ مَعَاذِيرَهُۥ ١٥Ҳарчанд узрҳои худро дар миён оварад, ба ҳолаш ҳеҷ фоидае намекунад لَا تُحَرِّكۡ بِهِۦ لِسَانَكَ لِتَعۡجَلَ بِهِۦٓ ١٦Эй Паёмбар ҳангоми фуруд омадани ваҳй башитоб забон ба хондани Қуръон маҷунбон, ба хотири он ки ҳифзи он аз ёди ту наравад إِنَّ عَلَيۡنَا جَمۡعَهُۥ وَقُرۡءَانَهُۥ ١٧ки ҳароина, ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост, баъд аз он ҳар куҷо ки хоҳӣ бихон, аз хотират намеравад فَإِذَا قَرَأۡنَٰهُ فَٱتَّبِعۡ قُرۡءَانَهُۥ ١٨чун онро ба забони Ҷабраил алайҳиссалом бар ту бихондем, ба диққат гӯш фаро деҳ ва аз хондани он пайравӣ кун ثُمَّ إِنَّ عَلَيۡنَا بَيَانَهُۥ ١٩сипас баёни маъноҳо ва ҳукмҳои он бар ӯҳдаи Мост كـَلَّا بَلۡ تُحِبُّونَ ٱلۡعَاجِلَةَ ٢٠Ҳаргиз чунин нест, ки шумо мушрикон мепиндоред, ки дубора зинда шудан ва ҷазо нест, балки шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред وَتَذَرُونَ ٱلۡأٓخِرَةَ ٢١ва охиратро бо неъматҳояш тарк мекунед وُجُوهٌ يَوۡمَئِذٍ نَّاضِرَةٌ ٢٢Дар он рӯз барои мӯъминони саъодатманд чеҳраҳое ҳаст зебову дурахшон إِلَىٰ رَبِّهَا نَاظِرَةٌ ٢٣ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд وَوُجُوهٌ يَوۡمَئِذِۭ بَاسِرَةٌ ٢٤Ва дар он рӯз барои кофирони бадбахт чеҳраҳое ҳаст абусу турш, (пешонӣ дар ҳам кашида, зиштрӯй) تَظُنُّ أَن يُفۡعَلَ بِهَا فَاقِرَةٌ ٢٥ки медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд كـَلَّآ إِذَا بَلَغَتِ ٱلتَّرَاقِيَ ٢٦Оре, чун ҷон ба ҳалқум (ба гулӯ) расад وَقِيلَ مَنۡۜ رَاقٍ ٢٧ва гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад ва ӯро наҷот диҳад وَظَنَّ أَنَّهُ ٱلۡفِرَاقُ ٢٨Ва одами миранда яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида وَٱلۡتَفَّتِ ٱلسَّاقُ بِٱلسَّاقِ ٢٩ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд إِلَىٰ رَبِّكَ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡمَسَاقُ ٣٠он рӯз, рӯзи рондан ва бозгаштан ба сӯи Парвардигори туст. Ва оқибати кори бандагон ба ҷаннат аст ё ба дӯзах فَلَا صَدَّقَ وَلَا صَلَّىٰ ٣١На тасдиқ кардааст ин инсони кофир ба паёмбар ва Қуръон ва рӯзи охират ва на барои Парвардигораш намоз гузоридааст وَلَٰكِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ ٣٢Вале Қуръонро дурӯғ бароварда ва аз имон рӯй гардонидааст ثُمَّ ذَهَبَ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ يَتَمَطَّىٰٓ ٣٣Он гоҳ ба рафтори хиромон ва сармаст назди аҳли худ рафтааст أَوۡلَىٰ لَكَ فَأَوۡلَىٰ ٣٤Вой (ҳалок) бар ту, пас вой (ҳалок) бар ту ثُمَّ أَوۡلَىٰ لَكَ فَأَوۡلَىٰٓ ٣٥Боз ҳам вой (ҳалок) бар ту, пас вой (ҳалок) бар ту أَيَحۡسَبُ ٱلۡإِنسَٰنُ أَن يُتۡرَكَ سُدًى ٣٦Оё инсони мункир ба рӯзи баъс мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ вогузоштаанд? Пас на мавриди амру наҳй ва на мавриди ҳисобу ҷазо қарор хоҳад гирифт أَلَمۡ يَكُ نُطۡفَةً مِّن مَّنِيٍّ يُمۡنَىٰ ٣٧Оё ӯ нутфае аз манӣ, ки дар бачадоне рехта мешуд, набуд ثُمَّ كَانَ عَلَقَةً فَخَلَقَ فَسَوَّىٰ ٣٨Сипас баъд аз нутфа ба сурати хуни баста даромад. Пас Аллоҳ ӯро офарид ва дуруст ва устувор сохт فَجَعَلَ مِنۡهُ ٱلزَّوۡجَيۡنِ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰٓ ٣٩Пас аз ӯ ду ҷуфт: нару мода падид овард أَلَيۡسَ ذَٰلِكَ بِقَٰدِرٍ عَلَىٰٓ أَن يُحۡـِۧيَ ٱلۡمَوۡتَىٰ ٤٠Оё чунин Офаридагор қодир нест, ки мурдагонро зинда созад? Оре бар ин кор тавоност, зеро бозгардонидани офариниш аз эҷоди нахустини он осонтар аст

Translation: Khoja Mirov.