بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
وَٱلنَّٰزِعَٰتِ غَرۡقًا ١Аллоҳ савганд ёд мекунад ба фариштагоне, ки ҷонҳои кофиронро ба сахтӣ мегиранд وَٱلنَّٰشِطَٰتِ نَشۡطًا ٢ва савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳои мӯъминонро ба осонӣ мегиранд وَٱلسَّٰبِحَٰتِ سَبۡحًا ٣ва савганд ба фариштагоне, ки барои расонидани фармони Аллоҳ шинокунон ва шитобон аз осмон фуруд меоянд فَٱلسَّٰبِقَٰتِ سَبۡقًا ٤ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар сабқат мекунанд дар иҷро намудани амрҳои Парвардигор فَٱلۡمُدَبِّرَٰتِ أَمۡرًا ٥ва савганд ба фариштагоне, ки ҳамаи корҳоро тадбир мекунанд يَوۡمَ تَرۡجُفُ ٱلرَّاجِفَةُ ٦ки он рӯз, ки нахустин нафхаи қиёмат, ки нафхаи миронидан аст, заминро биларзонад تَتۡبَعُهَا ٱلرَّادِفَةُ ٧ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд, мардум аз нав зинда хоҳанд шуд قُلُوبٌ يَوۡمَئِذٍ وَاجِفَةٌ ٨Дар он рӯз дилҳои кофирон аз сахтии тарс дар ларза бошанд أَبۡصَٰرُهَا خَٰشِعَةٌ ٩ва азобу даҳшатҳои рӯзи қиёматро мушоҳида кунанд, бар чашмонашон хорӣ ва фурӯафтодагӣ намоён шавад يَقُولُونَ أَءِنَّا لَمَرۡدُودُونَ فِي ٱلۡحَافِرَةِ ١٠Мункирони рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз миронидан мегӯянд: Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем أَءِذَا كُنَّا عِظَٰمًا نَّخِرَةً ١١он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем قَالُواْ تِلۡكَ إِذًا كَرَّةٌ خَاسِرَةٌ ١٢Гӯянд: Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар فَإِنَّمَا هِيَ زَجۡرَةٌ وَٰحِدَةٌ ١٣Пас танҳо як овози баланд аст فَإِذَا هُم بِٱلسَّاهِرَةِ ١٤ва онгоҳ онон дар замини ҳамвор (саҳрои қиёмат) меоянд هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ مُوسَىٰٓ ١٥Эй Паёмбар, оё қиссаи Мӯсо (алайҳис салом) ба ту расидааст إِذۡ نَادَىٰهُ رَبُّهُۥ بِٱلۡوَادِ ٱلۡمُقَدَّسِ طُوًى ١٦Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво садо кард ٱذۡهَبۡ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ إِنَّهُۥ طَغَىٰ ١٧Ба сӯи Фиръавн бирав, ки ӯ дар гуноҳ аз ҳад гузаштааст فَقُلۡ هَل لَّكَ إِلَىٰٓ أَن تَزَكَّىٰ ١٨Бигӯ: Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ ва ба имон нафси худро ороста кунӣ وَأَهۡدِيَكَ إِلَىٰ رَبِّكَ فَتَخۡشَىٰ ١٩ва ман туро ба сӯи Парвардигорат роҳ бинамоям ва то ту битарсӣ аз Ӯ فَأَرَىٰهُ ٱلۡأٓيَةَ ٱلۡكُبۡرَىٰ ٢٠Пас, Мӯсо ба Фиръавн он мӯъҷизаи бузург; асо ва дастро нишон дод فَكَذَّبَ وَعَصَىٰ ٢١Ва Фиръавн паёмбари Аллоҳ Мӯсо (алайҳиссалом)-ро дурӯғ бароварду нофармонӣ кард ثُمَّ أَدۡبَرَ يَسۡعَىٰ ٢٢Сипас пушт гардонд аз имон ва бар зидди Мӯсо саъй ва талош мекард فَحَشَرَ فَنَادَىٰ ٢٣Пас ҳама аҳли мамлакаташро ҷамъ кард ва нидо дод فَقَالَ أَنَا۠ رَبُّكُمُ ٱلۡأَعۡلَىٰ ٢٤ва Гуфт: Ман Парвардигори бузурги шумо ҳастам فَأَخَذَهُ ٱللَّهُ نَكَالَ ٱلۡأٓخِرَةِ وَٱلۡأُولَىٰٓ ٢٥Пас Парвардигораш ӯро ба азоби охирату дунё гирифтор кард إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَعِبۡرَةً لِّمَن يَخۡشَىٰٓ ٢٦Бегумон дар ин кирдори Фиръавн ва он азобе, ки бар вай нозил шуд, панди бузургест барои касе, ки аз Аллоҳ метарсад ءَأَنتُمۡ أَشَدُّ خَلۡقًا أَمِ ٱلسَّمَآءُۚ بَنَىٰهَا ٢٧Эй одамон, оё офариниши шумо сахттар аст ё офариниши осмоне ки Аллоҳ онро сохтааст رَفَعَ سَمۡكَهَا فَسَوَّىٰهَا ٢٨Баландии онро барафрошт ва онро устувор кард وَأَغۡطَشَ لَيۡلَهَا وَأَخۡرَجَ ضُحَىٰهَا ٢٩шабашро торик кард ба фурӯ рафтани офтоб ва рӯзашро равшан кард ба баромадани офтоб وَٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ ذَٰلِكَ دَحَىٰهَآ ٣٠ва баъд аз халқи осмон заминро паҳн кард أَخۡرَجَ مِنۡهَا مَآءَهَا وَمَرۡعَىٰهَا ٣١ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид овард وَٱلۡجِبَالَ أَرۡسَىٰهَا ٣٢ва кӯҳҳоро устувор сохт مَتَٰعًا لَّكُمۡ وَلِأَنۡعَٰمِكُمۡ ٣٣барои фоидаи шумо ва чорпоёнатон. Аз нав зинда гардонидани шумо рӯзи қиёмат дар назди Аллоҳ осонтараст аз офариниши ин чизҳо فَإِذَا جَآءَتِ ٱلطَّآمَّةُ ٱلۡكُبۡرَىٰ ٣٤Чун он ҳодисаи бузурги қиёмат даррасад يَوۡمَ يَتَذَكَّرُ ٱلۡإِنسَٰنُ مَا سَعَىٰ ٣٥рӯзе, ки одамӣ ҳамаи амалҳои худро аз неку бад ба ёд оварад وَبُرِّزَتِ ٱلۡجَحِيمُ لِمَن يَرَىٰ ٣٦ва дӯзах барои ҳар фарди бино ошкор ва намоён мегардад فَأَمَّا مَن طَغَىٰ ٣٧Пас ҳар кӣ аз ҳад гузашта бошад дар куфру исён وَءَاثَرَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا ٣٨ва зиндагии инҷаҳонро бар зиндагии охират ихтиёр карда бошад فَإِنَّ ٱلۡجَحِيمَ هِيَ ٱلۡمَأۡوَىٰ ٣٩бегумон ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст وَأَمَّا مَنۡ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِۦ وَنَهَى ٱلنَّفۡسَ عَنِ ٱلۡهَوَىٰ ٤٠Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида бошад ва нафси худро аз ҳаво ва ҳавас боздошта бошад فَإِنَّ ٱلۡجَنَّةَ هِيَ ٱلۡمَأۡوَىٰ ٤١пас бегумон биҳишт ҷойгоҳи ӯст يَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلسَّاعَةِ أَيَّانَ مُرۡسَىٰهَا ٤٢Эй Паёмбар, туро мушрикон тамасхуромезона аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад فِيمَ أَنتَ مِن ذِكۡرَىٰهَآ ٤٣Аз воқеъ шудани он туро чӣ хабарест إِلَىٰ رَبِّكَ مُنتَهَىٰهَآ ٤٤Балки, огоҳӣ аз замони барпо шавии қиёмат ба Парвардигорат аст إِنَّمَآ أَنتَ مُنذِرُ مَن يَخۡشَىٰهَا ٤٥Ту танҳо бимдиҳандаи касе ҳастӣ, ки аз қиёмат метарсад كَأَنَّهُمۡ يَوۡمَ يَرَوۡنَهَا لَمۡ يَلۡبَثُوٓاْ إِلَّا عَشِيَّةً أَوۡ ضُحَىٰهَا ٤٦Рӯзе, ки онро бубинанд, аз ҳавли қиёмат пиндоранд дар ин ҷаҳон фақат як шомгоҳ ё чоштгоҳ истодаанд