بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
ٱقۡرَأۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلَّذِي خَلَقَ ١Бихон ба номи Парвардигорат, ки биёфарид خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ مِنۡ عَلَقٍ ٢одамиро аз лахтаи хуне биёфарид ٱقۡرَأۡ وَرَبُّكَ ٱلۡأَكۡرَمُ ٣Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст ٱلَّذِي عَلَّمَ بِٱلۡقَلَمِ ٤Худое, ки ба воситаи қалам омӯзиш дод عَلَّمَ ٱلۡإِنسَٰنَ مَا لَمۡ يَعۡلَمۡ ٥ба одами он чиро, ки намедонист, биёмухт كـَلَّآ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَيَطۡغَىٰٓ ٦Ҳаққо, ки одами аз ҳад мегузарад أَن رَّءَاهُ ٱسۡتَغۡنَىٰٓ ٧ҳар гоҳ ки хештанро тавонгар бинад إِنَّ إِلَىٰ رَبِّكَ ٱلرُّجۡعَىٰٓ ٨Албатта бозгашт ба сӯи Парвардигори туст أَرَءَيۡتَ ٱلَّذِي يَنۡهَىٰ ٩Оё дидӣ он касро, ки, манъ мекунад عَبۡدًا إِذَا صَلَّىٰٓ ١٠бандаеро, ки намоз мехонад أَرَءَيۡتَ إِن كَانَ عَلَى ٱلۡهُدَىٰٓ ١١Канӣ бигӯ, агар он мард бар тариқи ҳидоят бошад أَوۡ أَمَرَ بِٱلتَّقۡوَىٰٓ ١٢Ё ба парҳезгорӣ фармон диҳад أَرَءَيۡتَ إِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰٓ ١٣Канӣ бигӯ, агар дурӯғ барорад ва рӯйгардон шавад أَلَمۡ يَعۡلَم بِأَنَّ ٱللَّهَ يَرَىٰ ١٤Оё надонистааст, ки Худо мебинад كـَلَّا لَئِن لَّمۡ يَنتَهِ لَنَسۡفَعَۢا بِٱلنَّاصِيَةِ ١٥Ҳаққо, ки агар бознаистад, аз мӯи пеши сараш мегирему мекашем نَاصِيَةٍ كَٰذِبَةٍ خَاطِئَةٍ ١٦мӯи пеши сари дурӯғгӯи хатокорро فَلۡيَدۡعُ نَادِيَهُۥ ١٧Пас ҳамдамони худро даъват кунад سَنَدۡعُ ٱلزَّبَانِيَةَ ١٨Мо низ коргузоронидӯзахро даъват мекунем كـَلَّا لَا تُطِعۡهُ وَٱسۡجُدۡۤ وَٱقۡتَرِب ۩ ١٩На, ҳаргиз, аз ӯ пайравӣ макун ва саҷда куну ба Худо наздик шав! (Саҷда)