ملة الإسلام

السورة 96 · 19 آية · Khoja Mirov

سورة العلق باللغة الطاجيكية

السورة بالعربية مع التفسير استمع إلى سورة العلق (1,283 قارئاً)
مكيةسورة العلق١٩ آية

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

ٱقۡرَأۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلَّذِي خَلَقَ ١Бихон, эй Паёмбар ба номи Парвардигорат, Он ки ҳама ҷаҳонро офаридааст خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ مِنۡ عَلَقٍ ٢одамиро аз пораи хуни баста офаридааст ٱقۡرَأۡ وَرَبُّكَ ٱلۡأَكۡرَمُ ٣Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст ٱلَّذِي عَلَّمَ بِٱلۡقَلَمِ ٤Аллоҳе, ки ба воситаи қалам халқашро таълим дод عَلَّمَ ٱلۡإِنسَٰنَ مَا لَمۡ يَعۡلَمۡ ٥ба одамӣ он чиро, ки намедонист, биёмӯхт. Ва аз торикиҳои ҷаҳл ба нури илм баровард كـَلَّآ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَيَطۡغَىٰٓ ٦Ҳаққо, ки одамӣ аз ҳад мегузарад أَن رَّءَاهُ ٱسۡتَغۡنَىٰٓ ٧ҳар гоҳ ки хештанро тавонгар бинад إِنَّ إِلَىٰ رَبِّكَ ٱلرُّجۡعَىٰٓ ٨Ҳароина, бидонад ҳар як саркаш, ки бозгашт ба сӯи Парвардигори туст. Пас ҳар як инсонро мувофиқи амалаш подошу ҷазо хоҳад дод أَرَءَيۡتَ ٱلَّذِي يَنۡهَىٰ ٩Эй Паёмбар, оё диди он касро, ки манъ мекунад عَبۡدًا إِذَا صَلَّىٰٓ ١٠бандаеро (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро), ки чун ба намоз истад أَرَءَيۡتَ إِن كَانَ عَلَى ٱلۡهُدَىٰٓ ١١Оё дидӣ эй манъкунанда, агар он мард (яъне Муҳаммад) бар роҳи ҳидоят мебуд, пас чи гуна ӯро бозмедошт أَوۡ أَمَرَ بِٱلتَّقۡوَىٰٓ ١٢Ё ин ки ба тақво ва парҳезгорӣ фармон медод أَرَءَيۡتَ إِن كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰٓ ١٣Оё дидӣ эй Муҳаммад, манъкунанда агар дурӯғ барорад ҳақро ва аз фармон рӯйгардонад. Оё аз азоби Аллоҳ наметарсад أَلَمۡ يَعۡلَم بِأَنَّ ٱللَّهَ يَرَىٰ ١٤Оё магар надонистааст, ки ҳар чиро ки мекунад, Аллоҳ мебинад? Амр чунин нест, чунонки Абӯҷаҳл мепиндорад كـَلَّا لَئِن لَّمۡ يَنتَهِ لَنَسۡفَعَۢا بِٱلنَّاصِيَةِ ١٥На, агар бознаистад аз бадбахтиаш пешонаашро хоҳем кашид نَاصِيَةٍ كَٰذِبَةٍ خَاطِئَةٍ ١٦Пешонаи дурӯғгӯи гунаҳгорро فَلۡيَدۡعُ نَادِيَهُۥ ١٧Пас ёрони худро даъват кунад سَنَدۡعُ ٱلزَّبَانِيَةَ ١٨Мо низ фариштагони маъмури дӯзахро садо мезанем كـَلَّا لَا تُطِعۡهُ وَٱسۡجُدۡۤ وَٱقۡتَرِب ۩ ١٩Фармони ӯро қабул макун, ки ҳаргиз ба ту бадӣ натавонад расонд ва саҷда куну ба Аллоҳ наздик шав

الترجمة: Khoja Mirov.