بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
ٱلۡحَآقَّةُ ١Он рӯзи барҳақ مَا ٱلۡحَآقَّةُ ٢Чист он рӯзи барҳақ وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡحَآقَّةُ ٣Ва чӣ донӣ, ки он рӯзи барҳақ чист كَذَّبَتۡ ثَمُودُ وَعَادُۢ بِٱلۡقَارِعَةِ ٤Қавми Самуду Од рӯзи қиёматро дурӯғ бароварданд فَأَمَّا ثَمُودُ فَأُهۡلِكُواْ بِٱلطَّاغِيَةِ ٥Аммо қавми Самуд ба он бонги сахт ҳалок шуданд وَأَمَّا عَادٌ فَأُهۡلِكُواْ بِرِيحٍ صَرۡصَرٍ عَاتِيَةٍ ٦Ва аммо қавми Од бо вазиши боли сар-сяр (сахт) ба ҳалокат расиданд سَخَّرَهَا عَلَيۡهِمۡ سَبۡعَ لَيَالٍ وَثَمَٰنِيَةَ أَيَّامٍ حُسُومًاۖ فَتَرَى ٱلۡقَوۡمَ فِيهَا صَرۡعَىٰ كَأَنَّهُمۡ أَعۡجَازُ نَخۡلٍ خَاوِيَةٍ ٧Он азобро ҳафт шабу ҳашт рӯз пай дар пай бар онон фиристод. Он қавмро чун танаҳои пӯсидаи хурмо медидӣ, ки афтодаанду мурдаанд فَهَلۡ تَرَىٰ لَهُم مِّنۢ بَاقِيَةٍ ٨Оё касеро мебинӣ, ки аз онҳо бар ҷой монда бошад وَجَآءَ فِرۡعَوۡنُ وَمَن قَبۡلَهُۥ وَٱلۡمُؤۡتَفِكَٰتُ بِٱلۡخَاطِئَةِ ٩Ва Фиръявну мардуме, ки пеш аз ӯ буданд ва низ мардуми Мӯътафиқа гунаҳкор омаданд فَعَصَوۡاْ رَسُولَ رَبِّهِمۡ فَأَخَذَهُمۡ أَخۡذَةً رَّابِيَةً ١٠Фиристодаи Парвардигорашонро нофармонӣ карданд ва Худо низ ононро ба сахтӣ фуру гирифт إِنَّا لَمَّا طَغَا ٱلۡمَآءُ حَمَلۡنَٰكُمۡ فِي ٱلۡجَارِيَةِ ١١Чун об туғён кард, шуморо ба киштӣ савор кардем لِنَجۡعَلَهَا لَكُمۡ تَذۡكِرَةً وَتَعِيَهَآ أُذُنٌ وَٰعِيَةٌ ١٢то онро мояи пандатон гардонем ва гӯшнигаҳдорандаи панд онро фаро гирад فَإِذَا نُفِخَ فِي ٱلصُّورِ نَفۡخَةٌ وَٰحِدَةٌ ١٣Чун як бор дар сур дамида шавая وَحُمِلَتِ ٱلۡأَرۡضُ وَٱلۡجِبَالُ فَدُكَّتَا دَكَّةً وَٰحِدَةً ١٤ва замину кӯҳҳоро баргиранд ва якбора дар ҳам кӯбанд فَيَوۡمَئِذٍ وَقَعَتِ ٱلۡوَاقِعَةُ ١٥он рӯз он ҳодиса ба вуқӯъ пайваста бошад وَٱنشَقَّتِ ٱلسَّمَآءُ فَهِيَ يَوۡمَئِذٍ وَاهِيَةٌ ١٦ва осмон, ки дар он рӯз суст шудааст, бишикофад وَٱلۡمَلَكُ عَلَىٰٓ أَرۡجَآئِهَاۚ وَيَحۡمِلُ عَرۡشَ رَبِّكَ فَوۡقَهُمۡ يَوۡمَئِذٍ ثَمَٰنِيَةٌ ١٧Ва фариштагон дар атрофи осмон бошанд, Ва дар он рӯз ҳашт тан аз онҳо арши Парвардигоратро бар болои сарашон мебардоранд يَوۡمَئِذٍ تُعۡرَضُونَ لَا تَخۡفَىٰ مِنكُمۡ خَافِيَةٌ ١٨Он рӯз шуморо пеш оваранд ва ҳеҷ чизи шумо ниҳон намонад فَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ فَيَقُولُ هَآؤُمُ ٱقۡرَءُواْ كِتَٰبِيَهۡ ١٩Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, мегӯяд: «Ном'аи маро бигиреду бихонед إِنِّي ظَنَنتُ أَنِّي مُلَٰقٍ حِسَابِيَهۡ ٢٠Ман яқин доштам, ки ҳисоби худро хоҳам дид» فَهُوَ فِي عِيشَةٍ رَّاضِيَةٍ ٢١Пас ӯ дар як зиндагии писандидаву хуш хоҳад буд فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٍ ٢٢дар биҳиште олӣ قُطُوفُهَا دَانِيَةٌ ٢٣ки меваҳояш наздикшаванда бошад كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَآ أَسۡلَفۡتُمۡ فِي ٱلۡأَيَّامِ ٱلۡخَالِيَةِ ٢٤Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти амалҳоест, ки дар айёми гузашта ба ҷой меовардаед!» وَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِشِمَالِهِۦ فَيَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي لَمۡ أُوتَ كِتَٰبِيَهۡ ٢٥Аммо он кас, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш диҳанд, мегӯяд: «Эй кош,, номаи маро ба дасти ман намедоданд وَلَمۡ أَدۡرِ مَا حِسَابِيَهۡ ٢٦ва надониста будам, ки ҳисоби ман чист يَٰلَيۡتَهَا كَانَتِ ٱلۡقَاضِيَةَ ٢٧Эй кош, ҳамон марг мебуду бас مَآ أَغۡنَىٰ عَنِّي مَالِيَهۡۜ ٢٨Дороии ман маро фоида набахшид هَلَكَ عَنِّي سُلۡطَٰنِيَهۡ ٢٩қудрати ман аз дасти ман бирафт!» خُذُوهُ فَغُلُّوهُ ٣٠«Бигиредаш, занҷираш кунед ثُمَّ ٱلۡجَحِيمَ صَلُّوهُ ٣١Ва ба ҷаҳаннамаш дараред ثُمَّ فِي سِلۡسِلَةٍ ذَرۡعُهَا سَبۡعُونَ ذِرَاعًا فَٱسۡلُكُوهُ ٣٢Ва ӯро бо занҷире ба дарозии ҳафтод зироъ (аз оринҷ то ангушт) бикашед إِنَّهُۥ كَانَ لَا يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ ٱلۡعَظِيمِ ٣٣Зеро ба Худои бузург имон надошт وَلَا يَحُضُّ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِينِ ٣٤ва ба таъом додан ба мискинон касеро тарғиб намекард فَلَيۡسَ لَهُ ٱلۡيَوۡمَ هَٰهُنَا حَمِيمٌ ٣٥Дар он рӯз дар он ҷо ҳеҷ дӯсте нахоҳад дошт وَلَا طَعَامٌ إِلَّا مِنۡ غِسۡلِينٍ ٣٦Таъомаш чизе ғайри чирку хуни аҳли дӯзах нест لَّا يَأۡكُلُهُۥٓ إِلَّا ٱلۡخَٰطِـُٔونَ ٣٧Танҳо хатокорон аз он таъом мехӯранд فَلَآ أُقۡسِمُ بِمَا تُبۡصِرُونَ ٣٨Пас савганд ба он чи мебинед وَمَا لَا تُبۡصِرُونَ ٣٩ва он чӣ намебинед إِنَّهُۥ لَقَوۡلُ رَسُولٍ كَرِيمٍ ٤٠ки ин сухани фиристодае бузургвор аст وَمَا هُوَ بِقَوۡلِ شَاعِرٍۚ قَلِيلًا مَّا تُؤۡمِنُونَ ٤١на сухани шоире. Чӣ андак имон меоварад وَلَا بِقَوۡلِ كَاهِنٍۚ قَلِيلًا مَّا تَذَكَّرُونَ ٤٢Ва низ сухани коҳине (фолбин, ҷодугар) нест. Чӣ андак панд мегиред تَنزِيلٌ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٤٣Аз ҷониби Парвардигри ҷаҳониён нозил шуда аст وَلَوۡ تَقَوَّلَ عَلَيۡنَا بَعۡضَ ٱلۡأَقَاوِيلِ ٤٤Агар паёмбар баъзе суханонро бофта бар мо мебаст, («аз ҷониби худост» — мегуфт) لَأَخَذۡنَا مِنۡهُ بِٱلۡيَمِينِ ٤٥бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем ثُمَّ لَقَطَعۡنَا مِنۡهُ ٱلۡوَتِينَ ٤٦сипас раги дилашро пора, мекардем فَمَا مِنكُم مِّنۡ أَحَدٍ عَنۡهُ حَٰجِزِينَ ٤٧ва ҳеҷ як аз шуморо тавони он набувад, ки монеъ шавад وَإِنَّهُۥ لَتَذۡكِرَةٌ لِّلۡمُتَّقِينَ ٤٨Ва Қуръон барои парҳезгорон пандест وَإِنَّا لَنَعۡلَمُ أَنَّ مِنكُم مُّكَذِّبِينَ ٤٩Мо медонем, ки аз миёни шумо касоне ҳастанд, ки такзиб мекунанд, (дурӯғ мешумуранд) وَإِنَّهُۥ لَحَسۡرَةٌ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ ٥٠Ва Қуръон кофиронро мояи пушаймонӣ аст وَإِنَّهُۥ لَحَقُّ ٱلۡيَقِينِ ٥١Ва он сухани ҳақ ва яқин аст فَسَبِّحۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلۡعَظِيمِ ٥٢Пас ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ (бигӯй)