ملة الإسلام

السورة 69 · 52 آية · Khoja Mirov

سورة الحاقة باللغة الطاجيكية

السورة بالعربية مع التفسير استمع إلى سورة الحاقة (1,346 قارئاً)
مكيةسورة الحاقة٥٢ آية

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

ٱلۡحَآقَّةُ ١Он рӯзи барҳақ, (яъне қиёмате, ки омадани он ҳақ аст ва савобу азоб ва ҳақиқат дар он рӯз ошкор мешавад) مَا ٱلۡحَآقَّةُ ٢Чист аҳвол ва сифатҳои он рӯзи барҳақ وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡحَآقَّةُ ٣Ва чӣ чиз туро эй Расул огоҳ кард, аз ҳақиқат ва сахтии он рӯзи барҳақ كَذَّبَتۡ ثَمُودُ وَعَادُۢ بِٱلۡقَارِعَةِ ٤Қавми Самуду Од сахтии рӯзи қиёматро дурӯғ шумориданд فَأَمَّا ثَمُودُ فَأُهۡلِكُواْ بِٱلطَّاغِيَةِ ٥Пас, аммо қавми Самуд ба он бонги сахт қавӣ ва ҳалоккунанда ҳалок шуданд وَأَمَّا عَادٌ فَأُهۡلِكُواْ بِرِيحٍ صَرۡصَرٍ عَاتِيَةٍ ٦Ва аммо қавми Од бо вазиши боди Сарсар (сахт сард) ба ҳалокат расиданд سَخَّرَهَا عَلَيۡهِمۡ سَبۡعَ لَيَالٍ وَثَمَٰنِيَةَ أَيَّامٍ حُسُومًاۖ فَتَرَى ٱلۡقَوۡمَ فِيهَا صَرۡعَىٰ كَأَنَّهُمۡ أَعۡجَازُ نَخۡلٍ خَاوِيَةٍ ٧Он азобро ҳафт шабу ҳашт рӯз пай дар пай бар онон фиристод, на қатъ мешуд ва на ором мегирифт. Он қавмро дар он шабҳову рӯзҳо аз по дар афтода чун танаҳои пӯсидаи дарахти хурмо решаканшуда медидӣ, ки афтодаанду мурдаанд فَهَلۡ تَرَىٰ لَهُم مِّنۢ بَاقِيَةٍ ٨Оё касеро мебинӣ, ки аз онҳо бар ҷой монда бошад? (Ҳаргиз) وَجَآءَ فِرۡعَوۡنُ وَمَن قَبۡلَهُۥ وَٱلۡمُؤۡتَفِكَٰتُ بِٱلۡخَاطِئَةِ ٩Ва Фиръавну мардуме, ки пеш аз ӯ буданд, аз аҳли куффор ва низ мардуми Мӯътафика гунаҳкор омаданд فَعَصَوۡاْ رَسُولَ رَبِّهِمۡ فَأَخَذَهُمۡ أَخۡذَةً رَّابِيَةً ١٠Ҳар уммате аз онҳо фиристодаи Парвардигорашонро нофармонӣ карданд, пас, Аллоҳ низ онҳоро ба ниҳоят сахтӣ фурӯ гирифт إِنَّا لَمَّا طَغَا ٱلۡمَآءُ حَمَلۡنَٰكُمۡ فِي ٱلۡجَارِيَةِ ١١Мо он гоҳ, ки об аз ҳад гузашт ва бар ҳама чиз баланд шуд, шуморо бар сулби падаратон ба киштӣ савор кардем لِنَجۡعَلَهَا لَكُمۡ تَذۡكِرَةً وَتَعِيَهَآ أُذُنٌ وَٰعِيَةٌ ١٢то наҷот додани мӯъминон ва ғарқ кардани кофиронро барои шумо панде қарор диҳем ва гӯшҳои шунаво онро бишунаванд ва ба ёд супоранд فَإِذَا نُفِخَ فِي ٱلصُّورِ نَفۡخَةٌ وَٰحِدَةٌ ١٣Пас чун як бор дар сур дамида шавад, ҳама мардум мемиранд ва олам вайрон мешавад وَحُمِلَتِ ٱلۡأَرۡضُ وَٱلۡجِبَالُ فَدُكَّتَا دَكَّةً وَٰحِدَةً ١٤ва замину кӯҳҳо бардошта шавад ва якбора дарҳам кӯбида шаванд, пас шикаста шаванд فَيَوۡمَئِذٍ وَقَعَتِ ٱلۡوَاقِعَةُ ١٥пас он рӯз он воқеъа (қиёмат) рӯй диҳад وَٱنشَقَّتِ ٱلسَّمَآءُ فَهِيَ يَوۡمَئِذٍ وَاهِيَةٌ ١٦Ва осмон шикофта мешавад, пас дар он рӯз суст мегардад ва фурӯ мерезад وَٱلۡمَلَكُ عَلَىٰٓ أَرۡجَآئِهَاۚ وَيَحۡمِلُ عَرۡشَ رَبِّكَ فَوۡقَهُمۡ يَوۡمَئِذٍ ثَمَٰنِيَةٌ ١٧Ва фариштагон дар атрофи осмон бошанд, Ва дар он рӯз ҳашт тан аз онҳо Арши Парвардигоратро бар болои сарашон мебардоранд يَوۡمَئِذٍ تُعۡرَضُونَ لَا تَخۡفَىٰ مِنكُمۡ خَافِيَةٌ ١٨Он рӯз шуморо, эй одамон барои ҳисобу ҷазо назди Парвардигоратон пеш оваранд ва ҳеҷ чиз аз асрори шумо ниҳон намонад فَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ فَيَقُولُ هَآؤُمُ ٱقۡرَءُواْ كِتَٰبِيَهۡ ١٩Пас чун ҳар касро, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, пас аз хурсандӣ мегӯяд: Номаи маро бигиреду бихонед إِنِّي ظَنَنتُ أَنِّي مُلَٰقٍ حِسَابِيَهۡ ٢٠Ман дар дунё яқин доштам, ки ҳисоби худро рӯзи қиёмат хоҳам дид ва аз барои имрӯз бо имону амали солеҳ худро омода кардаам فَهُوَ فِي عِيشَةٍ رَّاضِيَةٍ ٢١Пас, ӯ дар як зиндагии писандидаву хуш хоҳад буд فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٍ ٢٢дар биҳиште олӣ قُطُوفُهَا دَانِيَةٌ ٢٣ки меваҳояш дастрас бошад كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَآ أَسۡلَفۡتُمۡ فِي ٱلۡأَيَّامِ ٱلۡخَالِيَةِ ٢٤Барояшон гуфта мешавад: Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти аъмолест, ки дар айёми гузашта дар дунё пеш фиристода будед وَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِشِمَالِهِۦ فَيَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي لَمۡ أُوتَ كِتَٰبِيَهۡ ٢٥Ва аммо он кас, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш диҳанд, (аз рӯи ҳасрат) мегӯяд: «Эй кош, номаи маро ба дасти ман надода буданд وَلَمۡ أَدۡرِ مَا حِسَابِيَهۡ ٢٦ва надониста будам, ки тҳисоби ман чист يَٰلَيۡتَهَا كَانَتِ ٱلۡقَاضِيَةَ ٢٧Эй кош, ҳамон марг дар дунё мебуду бас! Ва дар охират зинда намешудам مَآ أَغۡنَىٰ عَنِّي مَالِيَهۡۜ ٢٨Дороии ман, ки дар дунё ҷамъ намуда будам, маро суд набахшид هَلَكَ عَنِّي سُلۡطَٰنِيَهۡ ٢٩қудрат ва ҳуҷҷати ман аз дасти ман рафт ва ба куллӣ нобуд шуд ва маро ҳуҷҷате нест, ки ба он ҳуҷҷатоварӣ намоям خُذُوهُ فَغُلُّوهُ ٣٠Ба нигаҳбонони дӯзах гуфта мешавад: «Бигиред ва дастони ӯро бар гарданаш бо занҷирҳо бубандед ثُمَّ ٱلۡجَحِيمَ صَلُّوهُ ٣١Ба баъд аз он ба ҷаҳаннамаш дароред, то гармии онро бичашад ثُمَّ فِي سِلۡسِلَةٍ ذَرۡعُهَا سَبۡعُونَ ذِرَاعًا فَٱسۡلُكُوهُ ٣٢Ва ӯро бо занҷире, ки дарозии он ҳафтод зироъ аст, бикашед إِنَّهُۥ كَانَ لَا يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ ٱلۡعَظِيمِ ٣٣Зеро ба Аллоҳи бузург имон надошт ва ба гуфтаҳои Ӯ амал намекард وَلَا يَحُضُّ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِينِ ٣٤ва дар дунё ба таъом додан ба мискинон касеро тарғиб намекард فَلَيۡسَ لَهُ ٱلۡيَوۡمَ هَٰهُنَا حَمِيمٌ ٣٥Пас барои кофир имрӯз дар ин ҷо дар рӯзи қиёмат дӯсти самиме ва меҳрубоне надорад, ки аз азоби Аллоҳ ӯро наҷот диҳад وَلَا طَعَامٌ إِلَّا مِنۡ غِسۡلِينٍ ٣٦Таъомаш чизе ҷуз чирку хуни ахди дӯзах нест لَّا يَأۡكُلُهُۥٓ إِلَّا ٱلۡخَٰطِـُٔونَ ٣٧Танҳо хатокорон, ки бар куфри худ пойдоранд аз он таъом мехӯранд فَلَآ أُقۡسِمُ بِمَا تُبۡصِرُونَ ٣٨Пас, Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба он чӣ мебинед аз диданиҳо وَمَا لَا تُبۡصِرُونَ ٣٩ва он чӣ намебинед, аз нодиданиҳо إِنَّهُۥ لَقَوۡلُ رَسُولٍ كَرِيمٍ ٤٠ки албатта, ин ҳароина, Қуръон сухани фиристодае бузургвор аст, ки онро паёмбари азимушшаън тиловат мекунад وَمَا هُوَ بِقَوۡلِ شَاعِرٍۚ قَلِيلًا مَّا تُؤۡمِنُونَ ٤١на сухани шоъире. Чӣ андак имон меоваред وَلَا بِقَوۡلِ كَاهِنٍۚ قَلِيلًا مَّا تَذَكَّرُونَ ٤٢Ва низ сухани коҳине (фолбин, ҷодугар) нест. Чӣ андак панд мегиред تَنزِيلٌ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٤٣Валекин аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён бар фиристодаи худ, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст وَلَوۡ تَقَوَّلَ عَلَيۡنَا بَعۡضَ ٱلۡأَقَاوِيلِ ٤٤Агар (Муҳаммад) баъзе суханонро аз худ бофта бар мо мебаст لَأَخَذۡنَا مِنۡهُ بِٱلۡيَمِينِ ٤٥ҳароина, бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем ثُمَّ لَقَطَعۡنَا مِنۡهُ ٱلۡوَتِينَ ٤٦сипас, ҳароина, раги дилашро пора мекардем فَمَا مِنكُم مِّنۡ أَحَدٍ عَنۡهُ حَٰجِزِينَ ٤٧ва ҳеҷ як аз шуморо тавони он набувад, ки аз азоби ӯ монеъ шавад وَإِنَّهُۥ لَتَذۡكِرَةٌ لِّلۡمُتَّقِينَ ٤٨Ва албатта, Қуръон барои парҳезгорон пандест, ки онҳо фармудаҳои Аллоҳро ба ҷо меоранд ва аз манъкардаҳояш дур меистанд وَإِنَّا لَنَعۡلَمُ أَنَّ مِنكُم مُّكَذِّبِينَ ٤٩Мо, ҳароина, медонем, ки аз миёни шумо касоне ҳастанд, ки ба ин Қуръон бо вуҷуди равшан будани оёташ такзиб мекунанд, дурӯғ мешуморанд وَإِنَّهُۥ لَحَسۡرَةٌ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ ٥٠Ва албатта, Қуръон кофиронро мояи ҳасрат ва пушаймонӣ аст дар рӯзи қиёмат, онгоҳ, ки подоши мӯъминон ва азобашонро мебинанд وَإِنَّهُۥ لَحَقُّ ٱلۡيَقِينِ ٥١Ва он, ҳароина, сухани ҳақ ва яқин аст, ки дар он шакке нест فَسَبِّحۡ بِٱسۡمِ رَبِّكَ ٱلۡعَظِيمِ ٥٢Пас, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ бигӯй ва аз он чӣ ки ба Зоти поки Ӯ лоиқ нест, ба покӣ ёд кун

الترجمة: Khoja Mirov.