بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنشَقَّتۡ ١Чун осмон шикофта шавад وَأَذِنَتۡ لِرَبِّهَا وَحُقَّتۡ ٢ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад وَإِذَا ٱلۡأَرۡضُ مُدَّتۡ ٣ва чун замин мунбасит (кашида ва паҳд) шавад وَأَلۡقَتۡ مَا فِيهَا وَتَخَلَّتۡ ٤ва ҳар чиро ки дар дарун дорад, берун партояд ва холӣ гардад وَأَذِنَتۡ لِرَبِّهَا وَحُقَّتۡ ٥ва ба фармони Парвардигораш гӯш диҳад ва ҳақ бувад, ки чунин кунад يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَىٰ رَبِّكَ كَدۡحًا فَمُلَٰقِيهِ ٦Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, пас мукофоти онро хоҳӣ дид فَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ ٧Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд فَسَوۡفَ يُحَاسَبُ حِسَابًا يَسِيرًا ٨ба зудӣ осон аз ӯ ҳисоб кунанд وَيَنقَلِبُ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ مَسۡرُورًا ٩ва шодмон назди касонаш бозгардад وَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ وَرَآءَ ظَهۡرِهِۦ ١٠Аммо ҳар кас, ки номааш аз пушти сар дода шавад فَسَوۡفَ يَدۡعُواْ ثُبُورًا ١١ба зудӣ, ки бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудам» وَيَصۡلَىٰ سَعِيرًا ١٢Ва ба оташи афрӯхта дарояд إِنَّهُۥ كَانَ فِيٓ أَهۡلِهِۦ مَسۡرُورًا ١٣Ӯ дар дунё назди касонаш шодмон зиста буд إِنَّهُۥ ظَنَّ أَن لَّن يَحُورَ ١٤Ва мепиндошт, ки ҳаргиз бознахоҳад гашт بَلَىٰٓۚ إِنَّ رَبَّهُۥ كَانَ بِهِۦ بَصِيرًا ١٥Оре, Парвардигораш ӯро медидааст فَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلشَّفَقِ ١٦Пас ба шафақ савганд мехӯрам وَٱلَّيۡلِ وَمَا وَسَقَ ١٧ва савганд ба шабу ҳар чиро фурӯ пӯшад وَٱلۡقَمَرِ إِذَا ٱتَّسَقَ ١٨ва савганд ба моҳ, чун пурра шавад لَتَرۡكَبُنَّ طَبَقًا عَن طَبَقٍ ١٩ки ба ҳоле баъд аз ҳоли дигар хоҳед расид فَمَا لَهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ ٢٠Чӣ мешавад онҳоро, ки имон намеоваранд وَإِذَا قُرِئَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقُرۡءَانُ لَا يَسۡجُدُونَۤ ۩ ٢١Ва чун Қуръон бар онҳо хонда шавад, саҷда намекунанд? (Саҷда) بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يُكَذِّبُونَ ٢٢Балки кофирон такзиб мекунанд (дурӯғ мебароранд) وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا يُوعُونَ ٢٣Ва Худо ба он чӣ дар дил доранд, огоҳ аст فَبَشِّرۡهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ ٢٤Пас ононро ба азобе дардовар хушхабар деҳ إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمۡ أَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُونِۭ ٢٥ғайри онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки мукофоташонро поёне нест