بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
وَيۡلٌ لِّلۡمُطَفِّفِينَ ١Вой бар камфурӯшон ٱلَّذِينَ إِذَا ٱكۡتَالُواْ عَلَى ٱلنَّاسِ يَسۡتَوۡفُونَ ٢онон, ки чун аз мардум кайл (паймона) меситонанд, онро пур мекунанд وَإِذَا كَالُوهُمۡ أَو وَّزَنُوهُمۡ يُخۡسِرُونَ ٣ва чун барои мардум мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд أَلَا يَظُنُّ أُوْلَٰٓئِكَ أَنَّهُم مَّبۡعُوثُونَ ٤Оё инҳо намедонанд, ки зинда мешаванд لِيَوۡمٍ عَظِيمٍ ٥дар он рӯзи бузург يَوۡمَ يَقُومُ ٱلنَّاسُ لِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٦Рӯзе, ки мардум ба пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд كـَلَّآ إِنَّ كِتَٰبَ ٱلۡفُجَّارِ لَفِي سِجِّينٍ ٧Ҳаққо, ки албатта аъмоли бадкорон навишташуда дар сиҷҷин аст وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا سِجِّينٌ ٨Ту чӣ медонӣ, ки сиҷҷин чист كِتَٰبٌ مَّرۡقُومٌ ٩Китобест навишта وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ١٠Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон (дурӯғбарорандагон) ٱلَّذِينَ يُكَذِّبُونَ بِيَوۡمِ ٱلدِّينِ ١١онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд وَمَا يُكَذِّبُ بِهِۦٓ إِلَّا كُلُّ مُعۡتَدٍ أَثِيمٍ ١٢Ва он рӯзро фақат аз ҳад гузарандаи гуноҳкор дурӯғ меҳисобад إِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِ ءَايَٰتُنَا قَالَ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٣Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, гуфт: «Афсонаҳои пешиниён аст!» كـَلَّاۖ بَلۡۜ رَانَ عَلَىٰ قُلُوبِهِم مَّا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ ١٤Ҳаққо, ки корҳое, ки карда буданд, бар дилҳошон (ғолиб шуда) занг бастааст كـَلَّآ إِنَّهُمۡ عَن رَّبِّهِمۡ يَوۡمَئِذٍ لَّمَحۡجُوبُونَ ١٥Ҳаққо, ки дар он рӯз аз (дидори) Парвардигорашон маҳҷуб (маҳрум) бошанд ثُمَّ إِنَّهُمۡ لَصَالُواْ ٱلۡجَحِيمِ ١٦Пас онҳо ба ҷаҳаннам дароянд ثُمَّ يُقَالُ هَٰذَا ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ ١٧Ва онҳоро гӯянд: «Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!» كـَلَّآ إِنَّ كِتَٰبَ ٱلۡأَبۡرَارِ لَفِي عِلِّيِّينَ ١٨Ҳаққо, ки амалҳои некон дар иллийин мактуб аст وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا عِلِّيُّونَ ١٩Ва ту чӣ медонӣ, ки иллийин чист كِتَٰبٌ مَّرۡقُومٌ ٢٠Китобест навишта يَشۡهَدُهُ ٱلۡمُقَرَّبُونَ ٢١Ки муқаррабони (наздикшудагони) Худо дар он менигаранд إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمٍ ٢٢Албатта некон дар неъматанд عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِ يَنظُرُونَ ٢٣бар тахтҳо нишаста ва назора мекунанд تَعۡرِفُ فِي وُجُوهِهِمۡ نَضۡرَةَ ٱلنَّعِيمِ ٢٤Бар чеҳраҳошон таровати неъматро бишиносӣ يُسۡقَوۡنَ مِن رَّحِيقٍ مَّخۡتُومٍ ٢٥Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, сероб мешаванд خِتَٰمُهُۥ مِسۡكٌۚ وَفِي ذَٰلِكَ فَلۡيَتَنَافَسِ ٱلۡمُتَنَٰفِسُونَ ٢٦Мӯҳри он аз мушк аст ва пешдастӣ кунандагон дар он бар якдигар пешдастӣ кунанд وَمِزَاجُهُۥ مِن تَسۡنِيمٍ ٢٧Омезаи он тасним аст, (яъне ботасним омехта) عَيۡنًا يَشۡرَبُ بِهَا ٱلۡمُقَرَّبُونَ ٢٨чашмаест, ки муқаррабони (наздикони даргоҳи) Худо аз он меошоманд إِنَّ ٱلَّذِينَ أَجۡرَمُواْ كَانُواْ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ يَضۡحَكُونَ ٢٩Гуноҳкорон ба мӯъминон механдиданд وَإِذَا مَرُّواْ بِهِمۡ يَتَغَامَزُونَ ٣٠Ва чун бар онҳо мегузаштанд, ба чашму абрӯ ишора мекарданд (бо нияти масхара) وَإِذَا ٱنقَلَبُوٓاْ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِمُ ٱنقَلَبُواْ فَكِهِينَ ٣١ва чун назди касонашон бозмегаштанд, шодмона бозмегаштанд وَإِذَا رَأَوۡهُمۡ قَالُوٓاْ إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ لَضَآلُّونَ ٣٢Ва чун ононро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо гумроҳанд وَمَآ أُرۡسِلُواْ عَلَيۡهِمۡ حَٰفِظِينَ ٣٣Ва ҳол он ки ононро ба нигаҳбониву муҳофизати амалҳои мӯъминон нафиристода буданд فَٱلۡيَوۡمَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنَ ٱلۡكُفَّارِ يَضۡحَكُونَ ٣٤Ва имрӯз мӯъминон ба кофирон механданд عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِ يَنظُرُونَ ٣٥бар тахтҳо такя задаанд ва менигаранд هَلۡ ثُوِّبَ ٱلۡكُفَّارُ مَا كَانُواْ يَفۡعَلُونَ ٣٦Оё кофирон баробари амалҳояшон ҷазо ёфтаанд