بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
إِذَا ٱلشَّمۡسُ كُوِّرَتۡ ١Чун хуршед бефурӯғ (хира) шавад وَإِذَا ٱلنُّجُومُ ٱنكَدَرَتۡ ٢ва чун ситорагон фурӯ резанд وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ سُيِّرَتۡ ٣ва чун кӯҳҳо аз ҷои худ беҷо бишаванд وَإِذَا ٱلۡعِشَارُ عُطِّلَتۡ ٤ва чун шутурони ҳомила ба ҳоли худ гузошта шаванд وَإِذَا ٱلۡوُحُوشُ حُشِرَتۡ ٥ва чун ҷонварони ваҳшӣ ҷамъ оварда шаванд وَإِذَا ٱلۡبِحَارُ سُجِّرَتۡ ٦ва чун дарёҳо оташ гиранд وَإِذَا ٱلنُّفُوسُ زُوِّجَتۡ ٧ва чун рӯҳҳо бо танҳо якҷоя гардганд وَإِذَا ٱلۡمَوۡءُۥدَةُ سُئِلَتۡ ٨ва чун аз духтари зинда ба гӯр шуда пурсида шавад, ки بِأَيِّ ذَنۢبٍ قُتِلَتۡ ٩ба чӣ гуноҳе кушта шудааст وَإِذَا ٱلصُّحُفُ نُشِرَتۡ ١٠ва чун саҳифаҳо боз шаванд وَإِذَا ٱلسَّمَآءُ كُشِطَتۡ ١١ва чун осмон аз ҷои худ канда шавад وَإِذَا ٱلۡجَحِيمُ سُعِّرَتۡ ١٢ва чун ҷаҳаннам афрӯхта гардад وَإِذَا ٱلۡجَنَّةُ أُزۡلِفَتۡ ١٣ва чун биҳиштро пеш оваранд عَلِمَتۡ نَفۡسٌ مَّآ أَحۡضَرَتۡ ١٤ҳар кас бидонад, ки чӣ ҳозир овардааст فَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلۡخُنَّسِ ١٥Савганд ба ситорагони бозгарданда ٱلۡجَوَارِ ٱلۡكُنَّسِ ١٦сайркунандаи ғойбшаванда وَٱلَّيۡلِ إِذَا عَسۡعَسَ ١٧ва савганд ба шаб, чун торик шавад وَٱلصُّبۡحِ إِذَا تَنَفَّسَ ١٨ва савганд ба субҳ чун бидамад إِنَّهُۥ لَقَوۡلُ رَسُولٍ كَرِيمٍ ١٩ки ин сухани расуле бузургвор (Ҷибрил (а)) аст ذِي قُوَّةٍ عِندَ ذِي ٱلۡعَرۡشِ مَكِينٍ ٢٠нерӯманд, дар назди Худованди арш соҳибобрӯ مُّطَاعٍ ثَمَّ أَمِينٍ ٢١он ҷо (дар назди Худо) фармонравои боваринокаст وَمَا صَاحِبُكُم بِمَجۡنُونٍ ٢٢Ва ҳамсӯҳбати шумо девона нест وَلَقَدۡ رَءَاهُ بِٱلۡأُفُقِ ٱلۡمُبِينِ ٢٣Албатта Ӯро (Ҷибрилро) дар уфуқи равшан дидааст وَمَا هُوَ عَلَى ٱلۡغَيۡبِ بِضَنِينٍ ٢٤Ва он чиро аз ғайб ба ӯ гӯянд, дареғ намедорад وَمَا هُوَ بِقَوۡلِ شَيۡطَٰنٍ رَّجِيمٍ ٢٥Ва он сухан сухани шайтони раҷим нест فَأَيۡنَ تَذۡهَبُونَ ٢٦Пас ба куҷо меравед إِنۡ هُوَ إِلَّا ذِكۡرٌ لِّلۡعَٰلَمِينَ ٢٧Ин китоб пандест барои ҷаҳониён لِمَن شَآءَ مِنكُمۡ أَن يَسۡتَقِيمَ ٢٨барои ҳар кас аз шумо, ки бихоҳад ба роҳи рост афтад وَمَا تَشَآءُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٢٩Ва шумо намехоҳед, ғайри он чиро, ки Парвардигори ҷаҳониён хоста бошад