ملة الإسلام

السورة 82 · 19 آية · Abdolmohammad Ayati

سورة الانفطار باللغة الطاجيكية

السورة بالعربية مع التفسير استمع إلى سورة الانفطار (1,366 قارئاً)
مكيةسورة الانفطار١٩ آية

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنفَطَرَتۡ ١Он гоҳ, ки осмон бишикофад وَإِذَا ٱلۡكَوَاكِبُ ٱنتَثَرَتۡ ٢ва он гоҳ ки ситоратон пароканда шаванд وَإِذَا ٱلۡبِحَارُ فُجِّرَتۡ ٣ва он гоҳ, ки дарёҳо ба ҳам бипайванданд وَإِذَا ٱلۡقُبُورُ بُعۡثِرَتۡ ٤ва он гоҳ, ки қабрҳо зеру забар (шикофта) гардаид عَلِمَتۡ نَفۡسٌ مَّا قَدَّمَتۡ وَأَخَّرَتۡ ٥ҳар кас медонад, чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бар ҷой гузоштааст يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ ٱلۡكَرِيمِ ٦Эй одамӣ, чӣ чиз туро ба Парвардигори каримат мағрур кардааст? (фирефтааст) ٱلَّذِي خَلَقَكَ فَسَوَّىٰكَ فَعَدَلَكَ ٧Он кӣ туро биёфарид, ва аъзоят дуруст кард ва туро мӯътадил қомат кард فِيٓ أَيِّ صُورَةٍ مَّا شَآءَ رَكَّبَكَ ٨Ва ба ҳар сурате, ки хост, аъзои туро ба ҳам андохт (таркиб дод) كـَلَّا بَلۡ تُكَذِّبُونَ بِٱلدِّينِ ٩Не, не шумо рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобед وَإِنَّ عَلَيۡكُمۡ لَحَٰفِظِينَ ١٠Ҳол он ки бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд كِرَامًا كَٰتِبِينَ ١١котибоне бузургвор يَعۡلَمُونَ مَا تَفۡعَلُونَ ١٢медонанд, ки шумо чӣ мекунед إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمٍ ١٣Албатта некӯкорон дар неъматанд وَإِنَّ ٱلۡفُجَّارَ لَفِي جَحِيمٍ ١٤ва гуноҳкорон дар ҷаҳаннам يَصۡلَوۡنَهَا يَوۡمَ ٱلدِّينِ ١٥Дар рӯзи шумор (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд وَمَا هُمۡ عَنۡهَا بِغَآئِبِينَ ١٦ва аз он ғоиб нашаванд وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ ١٧Ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист ثُمَّ مَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ ١٨Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист يَوۡمَ لَا تَمۡلِكُ نَفۡسٌ لِّنَفۡسٍ شَيۡـًٔاۖ وَٱلۡأَمۡرُ يَوۡمَئِذٍ لِّلَّهِ ١٩Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре натаванад кард ва дар он рӯз фармон фармони Худо бошад

الترجمة: Abdolmohammad Ayati.