بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
وَٱلضُّحَىٰ ١Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба вақти чошт وَٱلَّيۡلِ إِذَا سَجَىٰ ٢Ва савганд, ба шаб, чун бипӯшад бо торикии худ атрофро مَا وَدَّعَكَ رَبُّكَ وَمَا قَلَىٰ ٣Эй Муҳаммад, ки Парвардигорат туро тарк накардааст ба сабаби таъхири ваҳй ва бад ҳам надидааст وَلَلۡأٓخِرَةُ خَيۡرٌ لَّكَ مِنَ ٱلۡأُولَىٰ ٤Албатта охират барои ту беҳтар аз дунёст وَلَسَوۡفَ يُعۡطِيكَ رَبُّكَ فَتَرۡضَىٰٓ ٥Ба зудӣ Парвардигорат туро эй Муҳаммад аз неъматҳои гуногун ато хоҳад дод, то хушнуд шавӣ أَلَمۡ يَجِدۡكَ يَتِيمًا فَـَٔاوَىٰ ٦Оё туро қабл аз ин ятим наёфт ва ҷоят дод وَوَجَدَكَ ضَآلًّا فَهَدَىٰ ٧Ва туро роҳгумкарда ёфт, ки намедонистӣ чӣ аст китоб ва чӣ аст имон, пас таълим дод туро он чиро, ки намедонистӣ ва ба некӯтарин амалҳо ҳидоятат кард وَوَجَدَكَ عَآئِلًا فَأَغۡنَىٰ ٨Ва туро фақир ва бечиз ёфт ва ба қаноъат ва сабр сарватманд ва дороят гардонд فَأَمَّا ٱلۡيَتِيمَ فَلَا تَقۡهَرۡ ٩Пас ятимро маёзор وَأَمَّا ٱلسَّآئِلَ فَلَا تَنۡهَرۡ ١٠ва гадоро марон, балки таъом деҳ ва ҳоҷаташро баробар гардон وَأَمَّا بِنِعۡمَةِ رَبِّكَ فَحَدِّثۡ ١١ва аз неъмати Парвардигорат, ки ба ту арзонӣ кардааст, сухан бигӯй