بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَغۡشَىٰ ١Аллоҳ савганд ёд мекунад, ба шаб, ҳангоме ки торикии он ҳама ҷоро мепӯшад وَٱلنَّهَارِ إِذَا تَجَلَّىٰ ٢ва савганд, ба рӯз, он гоҳ, ки равшан шавад وَمَا خَلَقَ ٱلذَّكَرَ وَٱلۡأُنثَىٰٓ ٣ва савганд, ба он ки нару модаро биёфарид إِنَّ سَعۡيَكُمۡ لَشَتَّىٰ ٤бегумон кӯшишу амалҳои шумо гуногун аст فَأَمَّا مَنۡ أَعۡطَىٰ وَٱتَّقَىٰ ٥Аммо касе, ки аз молаш бахшид ва парҳезгорӣ кард وَصَدَّقَ بِٱلۡحُسۡنَىٰ ٦ва оини некро (калимаи тайибаро) тасдиқ кард فَسَنُيَسِّرُهُۥ لِلۡيُسۡرَىٰ ٧пас ба зудӣ роҳи расидан ба осоишро барояш осон мегардонем وَأَمَّا مَنۢ بَخِلَ وَٱسۡتَغۡنَىٰ ٨Аммо он касе, ки бахиливу беэҳтиёҷӣ кард وَكَذَّبَ بِٱلۡحُسۡنَىٰ ٩ва ба калимаи тайиба имон наёвард فَسَنُيَسِّرُهُۥ لِلۡعُسۡرَىٰ ١٠пас ба зудӣ роҳашро ба сӯи бадӣ ва душворӣ осон мегардонем, (яъне, барои дӯзах омода месозем) وَمَا يُغۡنِي عَنۡهُ مَالُهُۥٓ إِذَا تَرَدَّىٰٓ ١١Ва чун ҳалок гардад ва дар ҷаҳаннам фурӯ афтад, дороияш ба ҳолаш фоида набахшад إِنَّ عَلَيۡنَا لَلۡهُدَىٰ ١٢Ва бегумон нишон додани роҳ ба сӯи Аллоҳ ва ҷаннати Ӯ бар дӯши мост وَإِنَّ لَنَا لَلۡأٓخِرَةَ وَٱلۡأُولَىٰ ١٣Ва аз они Мост ҳама мулки он ҷаҳону ин чаҳон فَأَنذَرۡتُكُمۡ نَارًا تَلَظَّىٰ ١٤Пас шуморо эй одамон аз оташе, ки забона мезанад, бим додем لَا يَصۡلَىٰهَآ إِلَّا ٱلۡأَشۡقَى ١٥Ба он дохил намешавад ва намесӯзад, магар бадбахттарин инсон ٱلَّذِي كَذَّبَ وَتَوَلَّىٰ ١٦Ҳамон ки Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ баровард ва аз имон овардан рӯй гардонид وَسَيُجَنَّبُهَا ٱلۡأَتۡقَى ١٧Ва парҳезгортарин мардум аз он оташе, ки шӯъла мезанад дур дошта хоҳад шуд ٱلَّذِي يُؤۡتِي مَالَهُۥ يَتَزَكَّىٰ ١٨касе, ки моли худро медиҳад, то хештанро покиза бидорад وَمَا لِأَحَدٍ عِندَهُۥ مِن نِّعۡمَةٍ تُجۡزَىٰٓ ١٩Ва ҳеҷ касро назди ӯ ҳаққи неъмате нест, то бихоҳад ба ин васила ба ӯ ҷазо дода шавад إِلَّا ٱبۡتِغَآءَ وَجۡهِ رَبِّهِ ٱلۡأَعۡلَىٰ ٢٠Ғайри ҷӯстани хушнудии Парвардигори баландмартабаи худ وَلَسَوۡفَ يَرۡضَىٰ ٢١Ва ба зудӣ дар ҷаннат хушнуд хоҳад шуд